Семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи муқаррароти мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 34/10-118953(2) аз 19 ноябри соли 2018 Семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзўи “Роҳҳои мубориза бар зидди андешаҳои ифротӣ (террористӣ)”-ро 20 декабри соли 2018 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор намуд. Дар кори семинари мазкур дар баробари масъулониДастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин коршиносони вазоратукумитаҳои дахлдор ширкати фаъолона варзиданд. Дар ин чорабинии аз нигоҳи мавзўъӣ муҳим сафирони Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ, доктор Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ ва Ҷумҳурии Қазоқистон Сейтимов Нурлан, ҳамчунин котибони сеюм ва коршиносони сафоратҳои Қирѓизистон, Ўзбекистон ва  Озарбойҷон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ин ҳамоиши илмӣ ҷиҳати ба роҳ мондани табодули назари мавқеи кишварҳо доир ба мубориза бар зидди андешаҳои ифротӣ (террористӣ) таҳлилу баррасиҳои ҷолиби илман асоснокро пешниҳод намуд. 

Тибқи барномаи кории семинар ҳамоиши илмӣ ба ду қисмат – ҷаласаи умумӣ ва ҷаласаи корӣ табақабандӣ шуда буд. Дар баробари суханрониҳои ифтитоҳӣ дар ҳар ду ҷаласа шунидани ҳафт гузориши илмӣ пешбинӣ шуда буд. Ҷараёни кори семинар аз тариқи шабакаҳои телевизион ва радио инъикос гардид. 

Б А Р Н О М А И

Семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзўи

“Роҳҳои мубориза бар зидди андешаҳои ифротӣ (террористӣ)”

 

20 декабри соли 2018, ш. Душанбе,

Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

08:30-9:00

Сабти номи иштирокчиён

Ҷаласаи умумӣ

9:00-9:05

Сухани табрикотии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзулло

09:05-09:10

Сухани табрикотии корманди масъули ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Салоҳуддин

09:10-09:30

Гузориши илмии сафири Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Абдулазиз ибни Муҳаммада ал-Бодӣ

09:30-09:40

 

09:40-09:50

Суханронии сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Сейтимов Нурлан

Суханронии муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну ма­ро­сими назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонОлимзода Фарухулло

09:50-10:00.

«Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мубориза бар зидди тундгароӣ ва ифротгароии хушунатомез: таҳдидҳо, чолишҳо ва имкониятҳои ҳамкорӣ» – Баротзода Файзулло, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

10:00-11:00

Қаҳванўшӣ. Шиносоӣ бо Шуъбаи дастнависҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Ҷаласаи корӣ (Гардонанда – Азизӣ Рустам)

11:00-11:15

«Хусусиятҳои истифодаи забони душманӣ дар кори тарғибот ва зидди тарғиботи тундгароӣ» – Азизӣ Рустам, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

11:15-11:30

«Нақши ВАО дар мубориза бар зидди идеологияи тундгароӣ» – Исмоилзода Зинатулло, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

11:30-11:45

«Мазаммати андешаҳои терроризм ва тундгароӣ дар Қуръони карим» – Мавлонов Абдураҳмон, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии   Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

11:45-12:00

«Тундгарошавии муҳоҷирони меҳнатӣ: мушкилот ва имкониятҳои ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ» – Марамбеков Марамбек, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

12:00-12:15

«Шабакаи Интернет ҳамчун яке аз роҳҳои мубориза бар зидди тундгароӣ» – Амонӣ Саид Ализода, сармутахассиси Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД вилояти Суғд

12:15-12:50.

Баҳсумузокираҳо

12:50-13:00

Натиҷагирӣ ва сухани ҷамъбастии директориМаркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонБаротзода Файзулло

13:00

Хўроки нисфирўзӣ

Яндекс.Метрика