Суханони пурҳикмати Имом Бухорӣ

Мақоли мардумие ҳаст: Агар  хоҳӣ  номат дар саҳифаи таърих ба некӣ ёд  шавад чизе навис, ки шоистаи хондан бошад, ё коре бикун, ки шоистаи  навиштан бошад”.

Имом Бухорӣ  бо таълифи  китоби "Ҷомеи саҳеҳ"-дар дилу дидаи мардуми мусулмонон ҷой гирфит. Ӯ истеъдоди худододӣ ва ҳофизаи қавӣ дар ҳифзу табъи ҳадисҳо дошт, ки дар як бор хонданаш, дилхоҳ матнро ҳифз  мекард. Боре аз ӯ пурсиданд: "Оё барои ҳифз давое вуҷуд дорад? Ӯ гуфт: ҳеҷ чиз судмандтар аз саъю кӯшиш, мутолиаи бисёр, андешаи устувор  ва кӯшиш нест". Чунин суханони пурҳикмати ӯ мавриди амали дӯстдорони илму ҳикмат гаштааст. 

Зимни шиносоӣ бо зиндагӣ ва таълифоти Имом Бухорӣ чанд сухани пурҳикматеро дар таълифоташ вохӯрдан мумкин аст, ки баъдан чандин донишмандони  дигар  онҳоро ривоят кардаанд:

Аз замоне, ки донистам ғайбат ҳаром аст, ҳаргиз ғайбати касеро  накардаам. 

Умедворам, ки бо Худо мулоқӣ шавам, дар ҳоле, ки бо ман ҳисоб накунад, ки касеро ғайбат карда бошам.

Барои донишмандон чизе судмандтар аз фикр ва андешаи наку  намедонам.

Дар ҳар моҳ панҷсад дирҳам аз маҳсулоти заминҳоям ба даст  меорам. Ҳамаи онҳоро дар роҳи таҳсил ва нашри дониш нафақа мекунам.

Ман дар муддати 16 сол “Ҷомеи саҳеҳ”-и худро аз миёни  шашсадҳазор ҳадис баргузидам ва онро ҳуҷҷате миёни худ ва Худованд  қарор  додам.

Умедворам  Худоро  дар  ҳолате  мулоқӣ  шавам,  ки  бароям хасме  набошад, то ба хотири он мавриди мусоҳабаам қарор диҳад.

Ман ҳаргиз донишро хор намегузорам ва онро ба дарвозаҳои  мардумон намебарам.

Ман дар китобам ҷуз ҳадиси саҳеҳро сабт ва тадвин накардаам ва  он чи аз аҳодиси саҳеҳро ба далели тӯлони шудани китоб фурӯ  гузоридам бештар будааст.

Ман  ба  назди  ҳеҷ  касе  ҷуз  “Али  ибни  Мадинӣ”  худро  ночиз  нашумурдаам  ва  аз  ҳеҷ  инсоне  ҳадиси  дилнишинтар  ва  писандидатар  аз “Алӣ  ибни Мадинӣ ” нашунидаам.

Ман чизеро намедонам, ки инсон ба он ниёз дошта бошад,  магар  ин ки он чиз дар Қуръон ва суннат вуҷуд дорад.

Ҳаргиз барои ҳадис гуфтан нанишастам, магар ин  ки саҳеҳи онро аз мустақими он боз шинохтам.

Одинаева Ш.

Яндекс.Метрика