ТАБРИКНОМА

Аё МОДАР! Ки қалбат мазҳари ин бекарона, ҳамчу кайҳон,                                                                                 меҳру эҳсон аст, Аё МОДАР! Дуоят мисли ҷавшан, аз балоҳои замину осмон моро нигаҳбон аст!    Намеғунҷад бузургии ту дар маҳдудаи тафкир. Ба васфи ту қалам оҷизу ақлу дида ҳайрон аст. Аё МОДАР! Агарчӣ ҳар замон аз кӯдакиям дур мегардам, Аз он айёми заррине, ки дар домони ту худ як замон будам. Вале ман боз ҳам монанди тифли нозпарвардам, Ки дар оғӯши меҳри модарам, гӯё, биҳишти ҷовидон дорам!    Чаро ки меҳри модар ҳар замон партавфишон бошад!    Чаро ки меҳри модар ломакону ҷовидон бошад! 
БОНУВОНУ ХОНУМОНИ АЗИЗ! ШУМОРО БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ 8 МАРТ -  РӮЗИ МОДАР САМИМОНА ТАБРИК ГУФТА, БАРОЯТОН  БЕҲТАРИН ХУШИҲОИ ЗИНДАГИРО ТАМАННО ДОРЕМ!
 
Коллективи кормандони Маркази исломшиносӣ 
Яндекс.Метрика