Танзим: Манфиати мардум дар мадди аввал

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тайи  даҳ соли пас аз қабул барои баланд бардоштани некуаҳволӣ, аз байн бурдани хурофотпарастӣ ва зиёдаравиҳо мусоидат намуд. Чанде пеш ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки онҳо аз ҷониби сокинони мамлакат дастгирӣ ва ҳамовозии амиқ пайдо намуданд. Вобаста ба ин мавзӯъ, бархе аз намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа ба хабарнигорони рӯзномаи «Ҷумҳурият» андешаҳои худро иброз доштанд.

Файзулло Баротзода, 
директори Маркази исломшиносӣ 
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Ҳадафи асосӣ аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешгирӣ намудани ҳама гуна худнамоӣ, зоҳирпарастӣ ва маҳдуд намудани чорабиниҳое мебошад, ки ба анъанаҳои  миллӣ ва динӣ иртиботе надоранд. Меъёрҳои наве, ки доир ба амали ин қонун ба эътибор гирифта шуда, таҷдиди назар гардиданд, аслан чанд мавзӯи калидии маъракаҳои хурсандию азодориро дар бар мегиранд. Масъалаи аввале, ки ба назари мо тағйироти ҷиддии дуруст буд, баргузории тӯйи хатнасур мебошад. Дар ҳамаи динҳои иброҳимӣ хатнасур як амалиёти пизишкии одӣ аст, ки ҳангоми дар таваллудхона будани кӯдак амалӣ карда мешавад.

Вале бо таъсиргузориҳои фарҳангу тамаддунҳои гуногун дар кишвари мо ин чорабинӣ бо номи «зодрӯзи кӯдак» як маъракаеро ба вуҷуд овард, ки бо хароҷоти зиёд баргузор мегашт. Акнун, тибқи тағйироту иловаҳои воридгашта, волидон метавонанд маросими хатнаро дар таваллудхона гузаронанд, ки, бешубҳа, ба сарфаи маблағ  мусоидат хоҳад кард. Масъалаи муҳими дигар баргузории маъракаҳои азодорӣ мебошад, ки онҳо вазнин буданд ва ҳастанд. Аз рӯи ҳисоботи мақомоти ваколатдор то давраи қабули ин қонун дар тӯли як сол тақрибан 70 чорабинии гуногун вобаста ба маросимҳои азодории се, ҳафт, бист, чил, бегоҳии ҷумъаю душанбегӣ, солшиканону соли буд барпо мешуданд. Аслан тибқи фармудаҳо ва далолатҳои сарчашмаҳои динию мазҳабӣ муддати азо 3 рӯз беш нест. Дар доираи оила бе забҳи чорво сурат гирафтани онҳо ба шахси азодор сабукӣ меорад. Ин ҳам аз нигоҳи шариату мазҳаб ва ҳам инсондӯстию фарҳангсолорӣ айни муддаост.

«Ҷумҳурият»