ТАНОСУБИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ДИНӢ ДАР МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ НИЁГОН

 

Марҳалаи кунунии рушди иҷтимоию гуманитарӣ, таърихию фарҳангӣ ва ахлоқию маънавии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳоло барои муаррифӣ кардани сарнавишт, интихоби роҳҳои дурусти худшиносӣ ва гуногунрангии миллӣ дар миқёси байналмилалӣ имкониятҳои васеъ фароҳам сохтааст. Анъанаҳои устувори миллӣ ва ҳамзистии қавмию мазҳабӣ дар аксари ҳолатҳо ҳамчун омили ташвиқкунанда ва нигоҳдоранда аз парокандагии номатлуб барои мардуми минтақа хидмат кардааст.  

Дар партави талаботи соњибихтиёрӣ солҳои 90-ум дар таърихи сиёсии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нишондодҳои асосӣ ҳам дар сатҳи рӯйдодҳои меҳварӣ ва ҳам тамоюлҳои созанда зуҳур намуданд, ки сарнавишти оянда ва дурнамои рушди онҳоро муайян сохтанд. Ховаршиноси машњури рус В. Наумкин «афзоиши таъсири исломи сиёсӣ ва болоравии ифротгароии исломӣ, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ташкили давлатҳои нави мустақил аз ҳайати собиқ ҷумҳуриҳои шарқии он» барин омилҳоро навгониҳои муҳимтарини равандҳои сиёсӣ дар охири садаи сипаришуда муайян кардааст. Ҳамаи халқҳои Осиёи Марказӣ барои дарёфти самтҳои асосии рушди мустақилона дар ояндаи наздик бо эҳсоси масъулият ба гузаштаи худ рӯй оварданд, то ки такрори хатоҳои эҳтимолӣ ҳангоми таҳияи стратегияи давлатсозию давлатдории навин пешгирӣ карда шавад. Пӯшида нест, ки гузаштаи асримиёнагии халқҳои Осиёи Миёна, алалхусус миллати тоҷик ба фарҳанги исломӣ пайванди устувор дорад ва эҳёи анъанаҳои мондагори фарҳанги миллии мо ҳамчунин арзишҳо ва муқаддасоти диниро дар пӯшиши мовароуннаҳрии он фаро мегирад.

Таҳкурсии фарҳангӣ ва пойдевори маънавӣ дар шароити истиқлолияти давлатӣ барои бунёди давлатдории навин ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандии дорои хусусиятҳои миллии тоҷикӣ корбурди тоза пайдо карда истодааст. Ин омилҳо барои пешниҳоди модели худвежаи фарҳангу давлатдории тоҷикӣ дар матни сиёсати ҷаҳонӣ хамирмояи меҳварии эҷоду эҷози миллат шуда метавонад. Ба таъбири Гегел, дар шароити соҳибихтиёрӣ «муроҷиат кардани «Ман»-и инсонӣ бо «шуури табиӣ»-и модарзодии худ ба ҷавҳари рӯҳонии дар мерос таҷассумёфта дар шакли анъанаҳо ва қонуниятҳои «халқи озод» ин сароғози болоравӣ аз эҳсосот ба рӯҳоният, қадами нахустин дар роҳи фарогирии мазмуни назарраси вуҷудии суннати маънавӣ аст».

Маълум аст, ки дар кори бунёди кохи баланди фарҳанги исломӣ зери унвони истилоҳи умумии «адаб», ки тақрибан асарҳои дар соҳаҳои илмҳои гуногун – риёзиёту нуҷум, фалакиёту кимиё, тиббу гиёҳдармонӣ, адабиёти араб, тоҷикии форсӣ ва туркӣ, бахшҳои мухталифи улуми исломӣ офаридашударо фаро мегирифт, мусулмонони порситабор нақши муҳим бозиданд, зеро дар фарҳанги тоисломии онҳо консепсияи миллии яккахудоӣ вуҷуд дошт ва дарки арзишҳои дини нав барояшон ҳеҷ мушкилие эҷод намекард. Тақдир чунин қазоват кард, ки забони тоҷикии амирони сомонӣ ба ҳайси забони дуюми ислом пазируфта шавад ва ба ин забон тақрибан дар сатҳи ҳамсангии баробар бо забони арабӣ анбӯҳи фаровони осори илмию адабӣ дар шакли дастнависҳои нодир таълиф гардад. Воқеияти кунунӣ чунон аст, ки имрӯз ин нусхаҳо дар атрофу акнофи кишварҳои гуногуни дунё пароканда шудаанд, вале то ҳанӯз шумораи ниҳоии онҳо дақиқан маълум нест ва дар шакли нусхабардории комили рақамӣ низ дар ихтиёри мутахассисону муҳаққиқон қарор нагирифтааст. Дар шароити истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таъкиди Пешвои миллат «аз тарафи дигар барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум ва ба ин васила таҳкими худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва иртиқои ҳувияти миллии тоҷикон донистани таърихи воқеии миллат зарур аст, ки яке аз роҳҳои асосии ба вуҷуд овардани тафаккури миллӣ, таблиғи ҳамаҷонибаи унсурҳои ваҳдатсози миллат, аз ҷумла дар умқи тафаккури миллат ҷой доштани худшиносии миллат бо роҳи эҳтиром гузоштан ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ мебошад».

Омӯзиши мероси хаттии ниёгон нишон медиҳад, ки ҳар як асари таълифнамудаи ниёгони пурифтихори мо дар шакли якчанд нусхаи қаламӣ боқӣ мондаанд, ки дар давраҳои гуногун ис-тинсох шудаанд. Масалан, китобҳои Қуръони тарҷумадор, «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома», «Маснавии Маънавӣ», девони ҳамаи шоирон ва теъдоди муайяни адабиёти динии хусусияти таълимидошта барин сарчашмаҳоро дар давраҳои гуногун рӯнависи нусхаи тоза мекарданд. Аксари ин нусхаҳо ба ғайр аз матни асли дар мобайни варақ мастарашуда боз дар ҳошияи ҳар барги худ маълумоти тафсирию тафсилотии иловагӣ ва тасҳеҳоти зарурии матнро доранд. Ва ҳамин таълиқоти дар ҳошияҳо сабтшуда чигунагии динамикаи афкори сиёсию иҷтимоии наслҳоро дар тӯли солу қарнҳои гуногун басо равшан бозтоб менамоянд. Навиштаҳои ёддоштии мазкур далели қотеи он аст, ки вобаста ба шароити таърихӣ-иҷтимоӣ ва пешрафти илму фановарӣ ҳангоми баррасии масъалаҳо зина ба зина андешаҳои тоза ва бештар таҳлилию мантиқӣ пайдо шудан гирифтааст. Ин ҷиҳати иттилоотии дастнависҳо раванди пайгирӣ намудани суннату анъанаҳоро низ устувор мегардонад ва барои канораҷӯӣ аз таворуди ақидаҳои бегона дар фазои фарҳанги миллӣ ва динӣ мусоидат мекунад. Илова бар ин, аз даврони амирони сомонӣ ба баъд аз ҷониби ҳокимони давлату сулолаҳои гуногун дар тӯли асрҳои сипаришуда истинсохи нусхаҳои Қуръон ҳам дар шакли асл ва ҳам бо овардани тарҷумаи таҳтуллафзии тоҷикии он дар зери матни арабӣ ба ҳукми анъана даромада буд. Нусхаҳои Қуръони дузабонаро намунаи барҷастаи насри адабӣ ҳисобидан мумкин аст, ки моро аз вазъи рушди забони адабии тоҷикӣ ва тарҷумаи бадеӣ дар марҳилаҳои гуногуни ташаккули фарҳанги миллиамон огоҳ месозад. Қуръонҳои тарҷумадор дар баробари анбӯҳи намунаҳои адабиёти ахлоқию ирфонӣ барои нигаҳдории қудсияти забони тоҷикӣ дар минтақа саҳми мондагор гузоштаанд.

Мафҳуми «мероси хаттӣ» асосан ҳамон дастовардҳои бузурги бадеӣ, илмӣ, ахлоқию маънавӣ, динию эътиқодӣ ва зеҳнии фарҳанги башариятро дар бар мегирад, ки барои бозтоби гузаштаи қавму миллатҳо аҳамияти бузург доранд. Ҷойи баҳс нест, ки мероси хаттии ҳар як миллат дар омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи таърихи гузаштаи он нақши муҳим мебозад. Дар асоси маводи сарчашмаҳои хаттӣ мо метавонем маълумоти муфассалро дар бораи як давраи муайяни рушди таърихии ҷомеа гирдоварӣ ва хулосабарорӣ намоем, доир ба авзои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ, инчунин ҷаҳонбинии динию эътиқодӣ ва қавмию мазҳабии гузаштаи наздику дур тасаввуроти ҷомеъ ҳосил намоем. Чизи аз ҳама пурарзиши мероси ниёгон он аст, ки фарҳехтагони илму адаби тоҷик ва халқҳои дигари минтақа вобаста ба имкониятҳои давраҳои гуногуни таърихӣ тавонистанд ахбору маълумоти пурарзишро дар матни дастнависи китобу рисолаҳо маҳфуз гардонанд, то фарзандони даврони истиқлолият аз ҳузури ин ганҷинаи нодир таматтӯъ баранд.

Дар меҳвари сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи фарҳанги миллӣ, рушди илму маориф, нашри илмии осори динӣ, шинохти дурусти ислом ва дастраси оммаи васеи мардум гардонидани осори хаттӣ мавқеи барозанда дорад. Ин муносибати дурбинона чунин маъно дорад, ки кишвари мо мероси маънавии худро соҳибӣ мекунад ва ба ҳеҷ кас иҷозати даст-дарозӣ кардан ба ин ганҷи гаронбаҳои миллатро намедиҳад. Воқеан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон тавонист ҳамаи дастовардҳои дар даврони шӯравӣ дар самти ҳифзи мероси маънавии ниёгон иҷрошударо ҳифз намояд ва ҷиҳати муаррифӣ намудани онҳо дар шароити соҳибихтиёрӣ тамоми чораҳои заруриро биандешад.

Аз ин ҷињат, мероси хаттии маҳфуз дар фондҳо ва шӯъбаҳои дастнависҳои шарқии кишвар-ҳои Осиёи Марказӣ барҳақ ганҷинаи зеҳнии ҳамаи мардумони минтақа ва рамзи ифтихори миллии онҳост. Қисмати умдаи ин таълифот мавриди омӯзиши муҳаққиқон қарор гирифтааст, аммо имрӯз адабиёти фиқҳӣ бо назардошти вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон ва боло гирифтани равандҳои ифротгароӣ ва тундгароии динӣ ниёз ба омӯзиши фарогир ва бунёдии бештар дорад. Ҳоло як шароити мусоид ва фазои бемонеа барои анҷом додани тадқиқоти ҳамаҷонибаи мероси хаттӣ тибқи гурӯҳбандии фарњангӣ ва динӣ фароҳам омадааст. Албатта, дар ҳар як кишвари соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ корҳои алоҳида дар ин самт анҷом дода мешавад. Ривоҷи ифротгароию тундгароӣ ва суиистифода аз арзишҳои дини ислом ҳамоҳанг-созии фаъолияти марказҳои тадқиқотиро доир ба омўзиши адабиёти илмӣ-динӣ тақозо мена-мояд.  

Маркази исломшиносӣ дар доираи фаъолияти тадқиқотии худ тасмим гирифтааст, ки нахуст феҳристсозии тамоми адабиёти фиқњӣ-мазҳабиро дар асоси дастнависҳои маҳфуз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад ва дар навбати дуюм чопи таълифоти муҳимтаринро аз тариқи тарҷума ва баргардони он ба забони муосири тоҷикӣ роҳандозӣ намояд. Чопи китоби «Усули дин»-и Абулюсри Баздавӣ ва «Саводи Аъзам»-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ дар тањияи А. Боқизода дар асоси маълумоти сарчашмањои хаттӣ ва нусхаҳои маҳфуз дар китобхонањои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози чунин иқдомҳои наҷиб мебошанд. Яке аз роњњои тақвияти корњо дар самти омўзиши фарњанги ниёгон њамкорӣ бо нињоду марказњои шинохтаи ҷањонӣ ва минтақавӣ мебошад. Маркази исломшиносӣ дар ин самт як қатор тадбирњоро бо мақсади ба роњ мондани њамкорӣ роњандозӣ намуд. Моњи феврали соли 2018 Ёддошти тафоњум байни муассисаи давлатии мо ва Маркази муколамаи адёни Давња (Қатар) ба имзо расид. Инчунин Маркази омўзишњои русӣ-арабии Арабистони Саудӣ ва Маркази пажўњишњои исломии Академияи илмњои Ҷумњурии Тотористон ният доранд бо муассисаи давлатии мо созишномањо ба имзо расонанд. 

Бо итминон метавон гуфт, ки нашри мероси хаттии мансуб ба мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти исмоилия барои таҳкими амнияти миллӣ-фарҳангӣ ва ҳифзи фазои иттилоотии ҷумҳурӣ аз таъсиргузории андешаҳои бегона мусоидат менамояд ва барои татбиқи амалии сиёсати фарҳангсолории Пешвои миллат заминаҳои боэътимод омода месозад.

 

Файзулло Баротзода,

директори Маркази исломшиносӣ дар

назди Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон