Таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ: нигоҳи имрӯзӣ

Абдунабӣ Сатторзода

Дин яке аз рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ дар ҷомеа мебошад. Аммо чорчӯби фарҳанги динӣ ба ҳеч ваҷҳ фарогири навъҳои дигари фарҳанги миллӣ – илмӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва ғайра нахоҳад буд. Аз ин ҷиҳат агарчи аксарияти кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон худро мусулмон ва исломро дини худ медонанд ва нақши дини ислом дар соҳаҳои гуногуни ҷомеаи тоҷик дар тӯли асрҳо муассир аст, тамоми фарҳанги миллии гузашта ва имрӯзаи тоҷикро дар қолаби он наметавон гунҷонд.

Дарки дурусти таносуби фарҳанги миллӣ ва фарҳанги динӣ тақозо мекунад, ки набояд арзишҳои миллиро бо арзишҳои динӣ ва ё баръакс арзишҳои диниро бо арзишҳои миллӣ муқобил гузошт. Ё ин ки яке аз онҳоро нодида гирифт, ночиз ва дуюмдараҷа шуморид ва ё инкор кард. Маҳдуд намудани фарҳанги миллии тоҷикон танҳо бо фарҳанги динӣ, аз ҷумла исломӣ низ падидаи номатлуб аст: онҳое, ки ба ҷуз арзишҳои исломӣ дигар ҳама гуна арзишҳои миллиро инкор менамоянд, ёд аз Зардушту Авасто ва дигар осори қаблазисломӣ, ёд аз муборизаҳои ватанхоҳонаи гузаштагони мо бар зидди истилои араб, зикри шуубигарӣ, Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-аш, қадршиносӣ аз онҳо, ҷашн гирифтан, ҳайкал гузоштанро қабул надоранд ва аз ин сахт нороҳат мешаванд; ҳамчунин онҳое ҳам, ки тамоми гуноҳро ба дини ислом нисбат медиҳанд, зиёда аз ин онро «дини араб», «дини бегона ва ба ҷомеаи тоҷик таҳмилшуда» номида, даъво мекунанд, ки гӯиё ислом ифтихороти халқи моро поймол карда ва пеши роҳи пешрафти онро гирифт, ҳақ нестанд.

Мардуми тоҷик асрҳои аср барои ба ҳам пайванд додани фарҳанги миллии худ бо фарҳанги исломӣ кӯшиш намудаанд ва ба он муваффақ ҳам гардидаанд. Дини ислом, агарчи офаридаи намояндаи қавми араб аст, аз тарафи мардуми ғайриарабӣ, хоссатан гузаштагони мо дар мулки Аҷам густариш ва ривоҷ ёфт. Фарҳанги исломӣ дар ҳар яке аз кишварҳо ва фарҳангҳое, ки ба он ворид гардида буд, роҳи хоссаеро тай намуд ва ба худ хусусиятҳои миллии он кишварҳо ва фарҳангҳоро гирифт. Эронинажодон, аз ҷумла тоҷикон беш аз ҳар миллати дигар ба ислом ва фарҳанги исломӣ хидмат карданд, ки ҳатто худи арабҳо ба он дараҷа накардаанд. Исботи он осори ҳунарӣ, адабӣ, илмӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоию сиёсии мардуми эронинажод дар тӯли чордаҳ қарни охир мебошад. Аз ин рӯ, фарҳанги исломию арзишҳои исломиро аз фарҳанги миллию арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллию арзишҳои миллиро аз фарҳанги исломию арзишҳои исломӣ ҷудо ҳисобидан хатост. Ҳақ ба ҷониби Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чанд сол пеш гуфта буданд: «Исломро аз фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост».

Боиси хурсандӣ аст, ки чунин фаҳмиш ҳарчи бештар на танҳо дар байни миллигароёни ватанпараст, балки дар миёни намояндагони созмонҳои мазҳабии гуногуни Тоҷикистон ва диндорон маъмул мегардад. Ба ҳам омадани фарҳанги динию арзишҳои динӣ ва фарҳанги миллию арзишҳои миллӣ дар ҷаҳонбинии намояндагони созмонҳои динӣ ва диндорон падидаи мусбат мебошад, вале онҳо бо вуҷуди он ки мутобиқат ва ягонагии ин ду навъи фарҳангро қабул доранд, ба ҳар ҳол аз рӯйи арзиш фарҳанги диниро бар фарҳанги миллӣ боло мегузоранд.

Ақидаи ба ҳам муқобил будани фарҳанги исломӣ бо фарҳанги миллӣ, алалхусус аз тарафи гурӯҳи ифротии «Ҳизби таҳрир» ва мафкурабардорони он тарғибу ташвиқ мешавад. Гурӯҳҳои динии ифротгаро бо суиистифода аз ҷанбаҳои фаромиллии ислом кӯшиш доранд, ки ҳадафи ғайривоқеӣ ва бебунёди худ – таъсиси хилофати рӯидунёиро амалӣ гардонанд ва ба ҳамин хотир ба ҷиҳоди сартосарӣ даъват медиҳанд. Онҳо марзҳои сиёсии феълиро қабул надоранд ва барҳам заданашонро салоҳ медонанд.

Аммо таърихи беш аз чаҳордаҳасра гувоҳ бар ин аст, ки бо он ҳама хусусияти фаромиллӣ доштани арзишҳои исломӣ ин дини муқтадир натавонистааст, ки ихтилофоти мазҳабию қавмии дар миёни пайравонаш бударо рафъ намояд. Пайдоиши ҷараёни қавмие мисли «шуубия» шаҳодат бар он медиҳад, ки арабҳо дар сиёсати иҷтимоии худ аз миллатҳои дигар таслим шуданро талаб мекарданд, на мусулмон буданро ва мақому мартабаи қавму миллатҳои дигарро ба эътибор намегирифтанд. Ва ин чиз боиси бар зидди арабҳо бархостани онҳо гардидааст. Исломгароёни фаромиллӣ аз он дар ташвиш мебошанд, ки агар қавму миллатҳо ба фарҳанги миллии худ авлавият диҳанд, ғаразҳои сиёсиашон амалӣ нахоҳад шуд. Ислом барои гурӯҳҳои ифротигаро ва тундрав танҳо пӯшиши сиёсию мафкуравӣ мебошад, ки аз он ба хотири пиёда сохтани ғаразҳои сиёсӣ ва қавмии хеш истифода мекунанд.

Миллат аст, ки дин месозад ва ё динеро барои худ интихоб менамояд. Ва азбаски дин танҳо як рукни фарҳанги миллист, на тамоми он, наметавонад, ки ҳуввияти миллиро, аз ҷумла фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллиро дар худ ба пуррагӣ инъикос диҳад.

Ҳалли дурусти муаммои таносуби арзишҳои миллӣ ва арзишҳои динӣ барои ҷомеаи тоҷик хеле муҳим мебошад, зеро сарнавишти баъдинаи эътидоли вазъи иҷтимоию сиёсӣ ва таъмини рушди устувори ҷумҳурӣ аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста мебошад. Равандҳои демократӣ дар солҳои навадуми садаи ХХ дар Тоҷикистон оғозгардида ва ҳам дарёфти истиқлолияти давлатӣ омилҳои асосии рушди бесобиқаи фарҳанги динӣ ва фарҳанги миллӣ шуданд. Дар як муддати кӯтоҳ он қадар масҷиду мадраса ва мактабҳои динӣ бунёд ва боз гардиданд, ки дар тамоми давраи ҳукумати Шӯравӣ бунёд ва боз нашуда буданд. Илова бар ин, таваҷҷӯҳи ҷомеаи тоҷик ба таърих ва фарҳанги пешинаи хеш якбора афзуд. Забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ пазируфта шуд.

Давлати Тоҷикистон эҳё, тарғибу ташвиқ, таълиму тадқиқ, табъу нашр ва ҳифзи фарҳанги миллӣ, аз он ҷумла фарҳанги динии худ ва истифода аз онҳоро аз рисолати аслии худ медонад.

Даҳаи охири садаи ХХ ва солҳои аввали ҳазорсолаи севумро метавон давраи бозгашти дубора ба фарҳанги тоисломӣ, хосса тамаддуни ориёӣ дар ҷомеаи тоҷик номид. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2700-солагии китоби «Авасто» дар ҳамин давра ҷашн гирифта шуд ва соли 2006 Соли тамаддуни ориёӣ эълон гардид. Рӯ овардан ба тамаддуни тоисломӣ, ба «Авасто» ҳаргиз маънои коҳиш додани нуфузи дини исломро дар ҷомеаи тоҷик надорад, зеро ҳам тамаддуни ориёӣ ва ҳам тамаддуни исломӣ ду рукни аслии як фарҳанги миллии тоҷикии форсӣ мебошанд. Онҳоро ба ҳеч ваҷҳ ва баҳонае наметавон аз ҳам ҷудо кард ва якеро миллӣ ва дигареро бегона, якеро аслӣ ва дигареро сунъӣ номид ва ба ҳам муқобил гузошт. Ин ду тамаддун ду марҳалаи асосии инкишофи фарҳанги миллии мо ба шумор мераванд ва дар таърихи тоҷикон ҳар як ҷойгоҳи ба худ муносибе доранд. Таърихи фарҳанги миллии моро бе яке аз онҳо тасаввур намудан амри муҳол аст.

Ба таври расмӣ эътироф намудани нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи тоҷик дар дебочаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (26 марти 2009), эълони соли 2009 соли бузургдошти Имоми Аъзам ва таҷлили 1310-солагии ӯ, баргузории ҳамоиши байналмилалии «Муколамаи фарҳангҳо: ҷойгоҳи Имоми Аъзам дар фарҳанги ислом ва ҷаҳон» (28-29 майи соли 2009, Хуҷанд), таҷлили 700-солагии орифи бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (Кӯлоб, 2015), ҳамчун маркази фарҳанги исломӣ пазируфта шудани шаҳри Душанбе (майи 2010), додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон далели равшани он аст, ки давлати Тоҷикистон фарҳанги динии тоисломӣ ва исломиро аз рукнҳои асосии фарҳанги миллии худ шуморида, қадр мекунад ва зинда нигоҳ медорад.

Арзишҳои динӣ дар Тоҷикистон танҳо бо арзишҳои исломӣ маҳ-дуд намешавад. Имрӯз дар он дину мазҳабҳои гуногун мавҷуд мебошанд. Аз ин рӯ, эҳтиром гузоштан ба эътиқодоти динии пайравони онҳо ва фарҳанги онҳо шарт ва зарур мебошад. Таҳаммулпазирӣ аз ҷузъҳои аслии фарҳанги динии имрӯзӣ буда, заминаи мусоидест барои ҳамкорӣ ва муколамаҳои густурдаи дину мазҳабҳо. Таҳқиру тавҳин, нафрату хусумат, таассуб нисбат ба эътиқодоти динии якдигар норавост.

Фикри он, ки гӯиё демократия бар таълимоти насроният қарор дорад ва барои ҳамин ҳам ба ҳайсияти мусулмонон ва шарқиён мувофиқ нест, хатост. Соҳибони ин мафкураро назари рӯякӣ карданашон ба маънии истилоҳи «демократия», ки ғарбӣ-юнонист, ба иштибоҳ андохтааст. Ҳол он ки мардумсолорӣ ё худ низоми демократӣ танҳо ба дини насронӣ, ба Ғарб хос нест. Саъдии Шерозӣ нахустин касест, ки дар қаламрави забони тоҷикии форсӣ истилоҳи «одамият»-ро ба кор бурда буд, ки комилан ба истилоҳи «гуманизм» ҳаммаъност:

Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест,

Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест.

Мардумсолорӣ, ки ҷавҳари демократия мебошад, ҳеч вақт танҳо хоси як миллат ва ё ягон кишвари муайяне набуд ва барои ҳамин ҳам касе ҳақ надорад, ки демократияро маҳсули сирф Ғарб ва ё Шарқ эълон намояд. Андешаи он ки демократияи воқеӣ танҳо дар ислом ва ё дар насроният аст ва дар ҷойи дигар ёфт намешавад, низ саҳеҳ нест. Инсоф он аст эътироф намоем, ки дар раванди таҳаввули ғоя ва ниҳодҳои демократӣ, махсуан дар қарнҳои охир, кишварҳои ғарбӣ нисбат ба мамлакатҳои дигар дар такмили ниҳодҳои демократӣ, монанди интихоботи озод, парлумонгароӣ, бисёрҳизбӣ, озодии воситаҳои ахбори омма ва ғайра саҳми бузурге доранд.

Фарҳанги умумибашарӣ ва арзишҳои умумибашарӣ аз сар-чашмаҳои асосии ғановатмандӣ ва рушди фарҳанги миллӣ ба шу-мор мераванд. Дар даврони ҷаҳонишавии босуръат ва ҳуҷуми фарҳанги омиёна рушд ва тақвияти фарҳанги миллӣ омили асосии бақои миллатҳо мебошад. Бинобар ин, аз он ба баҳонаи бегона будан ба фарҳанг ва созгор набудан ба ҳайсияти миллии мо набояд сарфи назар кард. Пайванди фарҳанги миллию арзишҳои миллӣ бо фарҳанги динию арзишҳои динӣ ва фарҳанги умумибашарию арзишҳои умумибашарӣ асоси рушди ҷомеа ва давлати тоҷик мебошад.

Яндекс.Метрика