Таносуби низоми дунявӣ ва динӣ

Низоми дунявӣ низомест, ки бар қонунҳои аз тарафи аҳли ҷомеа  таълиф ва аз тарафи онҳо қабулгардида асос меёбад. Чун ҷомеа пешрафт намуда тағйир ёфт, вобаста ба тағйиротҳо  бо мақсади дурусттар, дақиқтар, одилонатар ба танзим даровардани муносибатҳои байниҳамдигарии шаҳрвандон дар ҳамаи соҳаи ҳаёти ҷомеа қонунҳои нав қабул мегарданд. Яъне, дар низоми дунявӣ қонунҳо догма набуда, тағйирпазиранд ва асоси такмилу дигаргун шудани  қонунҳо манфиатҳои аҳли ҷомеа маҳсуб меёбанд. Сарчашмаи қонунҳо бошад, дар низоми мазкур тафаккури инсонӣ ҳисобида мешавад.  

Баръакси низоми дунявӣ низоми динӣ низомест, ки ба қонуну қоидаҳои дар кутуби муқаддас дарҷ гардида, ки таърихи зиёда аз ҳазорсола доранд, асос меёбад. Қавонину қавоиди зикршуда хусусияти догматикӣ дошта, моҳиятан тағйирнаёбандаанд, чун онҳо, аз нигоҳи динӣ,  офаридаи худо ҳисобида мешаванд.  Ҳамин тариқ, аз лиҳози таърихӣ асоси қавонину қавоиди исломӣ 1400 сол пештар, қавонину қавоиди масеҳӣ 2000 сол пештар ва қавонину қавоиди яҳудию буддоӣ 2500 сол пештар пайдо шудаанд. Сарчашмаи бунёдии низоми динӣ ваҳйи илоҳӣ маҳсуб меёбад.

Зимни муқоисаи ду низоми таҳлилшаванда шахс бараъло дарк менамояд,  ки низоми дунявӣ бар низоми динӣ  аз ҷиҳати сохтори иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ба таври ҷиддӣ афзалият дорад. Сохтори иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа дар марҳилаи тадвини кутуби муқаддас хеле соддаву оддӣ буд. Аввалан, шумори аҳли ҷомеа хеле кам буд. Сониян, мавқеъ ва нақши занон дар умум ба сифр баробар буд. Аҳли ҷомеа аслан ба деҳқону феодал ё ғулому ғуломдор тақсим буда, аксаран бо чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул буданд. Зимни мутолиаи кутуби муқаддас ба масъалаҳои фавқуззикр, ки хеле муҳим ва бунёдӣ ҳастанд,  таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дарк менамоем, ки танзими муносибатҳои  аҳли ҷомеа дар онҳо аслан аз доираи муносиботи мазкур убур накардааст. Яъне, шумораи хеле ками аҳолӣ, паст будани  нақш ва мақоми зан дар ҷомеа ва аз ҳама муҳимтар соддаву оддӣ будани сохтори иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа дар якҷоягӣ аз муҳите дарак медиҳанд, ки дар он дин пайдо ва ташаккул ёфта метавонист. Ба қавли дигар, соддаву оддӣ будани ҷомеа бо тафаккури динии моҳиятан хоси ҷомеаҳои рушднокарда созгор буд.    

Баръакси ҳолати мазкур дар ҷомеаҳои низоми дунявии ҳукмрони имрӯза шумори аҳолӣ нисбат ба даврони пешин садчанд зиёд гардидааст, мақом ва нақши занон дар пешбурди ҳаёти ҷомеа баръакси ҷомеаҳои фавқуззикри пешин бо мардон баробар шудааст, дар ҳар соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ чандин зерсоҳаҳое пайдо гардидаанд, ки аз вуҷуди фаъолияти онҳо дар кутуби муқаддас ҳатто ишорае ҳам нест. Ин зерсоҳаҳо аз мавҷудияти қишрҳои нави иҷтимоии ҷомеа дарак дода, ҳамзамон ниёз ба қавонину қавоиде  мебошанд, ки  бо дарназардошти хусусиятҳои тахассусии онҳо  фаъолияти онҳоро ба танзим медарорад. Ҷои шубҳае нест, ки тамоми кутуби муқаддас ҳамчун поягузорони низоми динӣ  ҳатто дар якҷоягӣ бо парчамбардорони низоми динӣ дар масъалаҳои фавқуззикр ба ҷуз хомӯшӣ чорае надоранд.    

Қиёси соҳаҳои сиёсию  маънавии ду низом низ ба афзалияти назарраси низоми дунявӣ ва танҳо дар осорхона мақом додани низоми динӣ  ишора менамояд. Зарурат ба ёдоварист, ки принсипи «Подшоҳ сояи Худо дар замин аст» принсипи муайянкунанда ва тақдирсоз дар низоми динии  тамоми кишварҳои қадиму асримиёнагӣ ба ҳисоб мерафт. Принсипи мазкур, ки дар мафкураи аҳли  ҷомеа аз тарафи зимомдорони дин амиқ ҷо карда шуда буд, ба подшоҳ дар идоракунии ҷомеа имкониятҳои васеъ ва номаҳдуд медод ва табиист, ки яке аз монеаҳои асосӣ дар пешрафти ҷомеа маҳсуб меёфт. Табиист, ки сиёсати низоми мазкур бар хилофи манфиатҳои кулли ҷомеа барои ҳимои манфиатҳои ақаллияти аҳли ҷомеа нигаронида шуда буд. Ҳамзамон пӯшида нест, ки аҳли башар барои растан аз чунин низом дар тамоми тӯли таърихи худ бар зидди он мубориза бурдааст ва раҳоии имрӯзаи ҷомеаи башарӣ аз низоми динӣ маҳсули хунрезию ҷоннисоркуниҳои қишри бофарҳанг ва пешрафтаи аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад. 

Дар низоми дунявӣ бошад, соҳаи сиёсии ҳаёти кишвар аз дастуру қонунҳои он, ки аз тарафи аҳли ҷомеа ва ё намояндагони он қабул гардидаанд, маншаъ мегирад. Аз ин нуқтаи назар, вай мантиқан барои ифодаи манфиатҳои тамоми аҳли ҷомеа нигаронида шудааст. Илова ба ин, бояд қайд намуд, ки на саодати ондунёӣ ё ухравӣ, балки таъмини саодату хушбахтӣ маҳз дар ҳамин дунё  моҳияти сиёсати низоми дунявиро ташкил менамояд, ки ин ҳам яке аз афзалиятҳои бузурги низоми дунявӣ дар муқоиса ба низоми динӣ ба шумор меравад.  

Ҳамин тафовути ҷиддӣ дар соҳаи маънавии ду низоми мавриди таваҷҷуҳ  низ ба  мушоҳида мерасад. Чӣ хеле ки аз таърихи гузашта ба мо маълум аст, омили муайянкунандаи ҳаёти маънавӣ дар низоми динӣ арзишҳои эътиқодӣ маҳсуб меёбанд. Табиист, ки дин аз рӯи табиати худ  бо илм ва дастовардҳои илмӣ созиш наменамояд, зеро илм бо дастовардҳои худ имкон дорад, ки пояҳои бунёдии динро заиф созад. Маҳз ба сабаби мазкур донишмандону мутафаккирони барҷастаи аҳли башар дар асрҳои миёна аз тарафи пешвоёни дин ҳамеша мавриди таҳқир қарор мегирифту  ба онҳо ҷурми «кофир» ё «аҳли бидъат»-ро насб мекарданд. Аз ин нуқтаи назар, низоми динӣ бо муборизаҳои шадид ва оштинопазираш бар зидди илм ва намояндагонаш монеи асосии пешрафти ҷомеа ва аз ин ҷо муқобили саодату хушбахтии инсон дар ҳаёти заминӣ ба ҳисоб меравад. 

Баръакси низоми динӣ илм дар низоми дунявӣ шакли асосии ҳастии он ба ҳисоб меравад. Яъне, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа маҳз  бо истифода аз илм роҳандозӣ мегардад. Илм аз тарафи аҳли ҷомеа ҳамчун воситаи асосии сабук намудани мушкилоти зиндагӣ ва василаи ягонаи таъмини саодату хушбахтӣ пазируфта мешавад. Маҳз ба сабаби мазкур мо имрӯз ба хубӣ эҳсос менамоем, ки тамоми ҷомеаи башарӣ, ҳатто ҷомеаҳое, ки дар Конститутсияашон низоми динӣ муқаррар гардидааст, бар хилофи табиати дин ва таълимоти он  рӯ ба илм овардаанд.         

Хулоса, дар муҳити қарни XXI  тибқи муқаррароти низоми динӣ пеш бурдани ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳатто дар муайян намудани ҷаҳонбинии хеш ба он афзалият додан маънои онро дорад, ки  муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии афроди замони мазкур тавассути меъёрҳои барои афроди асрҳои миёна ва дунёи қадим мутобиқ   ба низом дароварда шаванд. Агарчанде нигоҳ ва  мавқеи мазкур хеле ва хеле хандаовар аст, лекин ҳоло ҳам чунин тафаккур дар ҳаёти воқеӣ зарфият дорад.

 

Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ  Абдулҳаев К.А.

Яндекс.Метрика