Тараннуми рамазон дар оинаи шеъри ниёгон

Рӯза яке аз фароиз ва дастуроти ислом буда, дар худ одоб ва қонуниятҳои хос дорад, ки ҳар мусалмони болиғ ва оқил бояд аз дамидани субҳи содиқ то ғуруби офтоб бо нияти ба љо овардани фармони Парвардигор аз аъмоли ботилкунандаи рӯза худдорӣ намояд. Далели ин гуфтаҳо сухани Паёмбари акрам (с) мебошад: “Ҳар кас рӯзаи моҳи рамазонро хос барои ризои Худованд ва бо мақсади ба даст овардани аљру савоб мегирад, тамоми гуноҳони гузаштааш бахшида мешаванд”. 

Муборак бод омад моҳи рӯза,

Раҳат хуш бод, эй ҳамроҳи рӯза.

Шудам бар бом то туро бубинем,

Ки будам ман ба ҷон дилхоҳи рӯза.

Назар кардам кӯлоҳ аз сар бияфтод,

Сарамро маст кард он шоҳи рӯза.

Мусалмонон, сарам маст аст аз он рӯз,

Зиҳӣ иқболу бахту ҷоҳи рӯза.

Дуоҳо андар ин маҳ мустаҷоб аст,

Фалакҳоро ба дарду оҳи рӯза.

Шамси Табрезӣ 

Рамазон моҳи Худо ном дорад. Бе тардид ин моҳи муборак дар зеҳни ҳар касе ба навъе ҷилвагар мегардад. Ба ибораи дигар, ҳеҷ мусулмонзодае нест, магар он ки дар зеҳни ӯ хотираҳое аз рамазони  муборак вуҷуд надошта бошад. Лаҳзаҳои фаро расидани ифтор, хоб мондан дар саҳар, маросими шаби қадр ва даҳҳо мавзӯъ ва масъалаҳое, ки дар атрофи рамазон ба вижагиҳои рӯзҳо ва шабҳояш падид меояд, дер боз то кунун дар зиндагии мардум вуҷуд дорад.  

Рамазон моҳи рӯза ва моҳи нуҳуми қамарӣ байни моҳи шаъбон ва шаввол буда, дар луғат ба маънои гармии сахт ва шиддати тобиши хуршед меояд. Баъзе гӯянд рамазон ба маънои санги гарм аст, ки пойи равандагонро месӯзонад. Шояд аз феъли “رمض  ” “рамаза” бошад, ки ба маънои сӯхтан, яъне сӯхтани гуноҳони рӯзадорон дар ин моҳи муборак мебошад. Дар истилоҳи шаръӣ вожаи рамазон ба маънои дурӣ ҷустан аз хӯрдану ошомидан ва дигар амалҳо аз дамидани субҳ то ғуруби офтоб мебошад. 

Дар Қуръони карим вожаи “рамазон” як бор ва вожаҳои “савм, сиём, соимин ва соимот” чаҳордаҳ бор омадааст. Рамазон дар худ фарҳан¬ги бузург ва ибратомӯзе дорад. Фарҳанги оганда аз ҳазорон маърифати отифию ахлоқӣ. Дар ин росто шоирони бузурги ниёгони мо дар каломи мавзуни хеш ҷилваҳоеро аз ин фарҳанги бузург ба кор гирифтанд. 

Агар тамоми шеъри шоирони ниёгонамонро ба назар бигирем, шояд ҳеҷ мазмуне дар иҳотаи мазҳаб, ба андозаи рӯзаи моҳи мубораки рамазон ва дигар мазомини марбут ба он, чун иди фитр ва шабҳои қадр мавриди таваҷҷуҳи шоирон ва истифодаи онҳо қарор нагирифта бошад. Илова бар ин мазмунсозӣ бо ин мафҳумҳо бисёр густурда буда, метавон қасидаҳоеро дар мадҳи рӯзҳои алоҳидаи ин моҳи шариф пайдо кард. Пояи илму адаб ва фарҳанги мардуми тољику форс ҳам пеш ва ҳам пас аз густариши ислом дар Мовароуннаҳру Хуросон дар раванди ташаккули мунтазам қарор дошт, рушду пешрафт ва бунёди шеъру шоирӣ асосан баъди арҳои IХ дар ашъори бузургонамон, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Хоқонӣ, Саъдӣ, Балхӣ ва дигарон дида мешавад. Устод Рӯдакӣ аз аввалин донишмандони барљастаи илму адаби мардуми порситабор ба ҳисоб меравад, ки бинои шеърро дар адабиёти тољику форс барафрохтааст. Дар оинаи шеъри устод Рӯдакӣ вожаҳои рӯза, рамазон, савм ва сиём инъикосгари моҳи мубораки рамазон мебошанд ва ин бозтоб дар тамоми навъҳои шеърӣ, чун мадҳ, ғазал, рубоӣ, марсия ва дубайтӣ мушоҳида мешавад.   

 

Рӯза ба поён расиду  омад навъид,

Ҳар рӯз бар осмонат бодо мурво!

Рӯдакӣ

Ҳамон бар дили ҳар касе буда дӯст,

Намози шабу рӯза ойини ӯст.

Фирдавсӣ

 

Бар омадани иду бурун рафтани рӯза,

Соқӣ бидиҳам бода бар боғу ба сабза.

Манучеҳрӣ

Иди Қурбон бар ӯ муборак бод,

Ҳам бар он сон, ки буд иди сиём.

Фаррухӣ

Хуҷаставу муборак қудуми моҳи сиём,

Бар авлиё ва аҳиббои шаҳриёр ном.

Наззорӣ

Тавре ки зикр кардем, дар аксари ашъори шоирони бузургамон  вожаҳои савм, сиём, рӯза ва муродифоти дигари он дар мавридҳои муайян корбаст гардидаанд. Илова бар ин, Хоқонӣ низ вожаҳои рӯза ва рамазонро дар ашъораш васф карда, рӯзаро яке аз беҳтарин роҳҳои ғолиб омадан бар нафси аммора донистааст:

Аз ҷисм, беҳтарин ҳаракоте салоҳ дон,

Ва-з нафс беҳтарин сукуноте сиём дон. 

Хоқонӣ

Дар осори Шайх Саъдӣ низ васфи моҳи шарифи рамазону рӯзаи он  ва қонуниятҳои дигари ин моҳи муборак мушоҳида мегардад. Шоир дар осори худ хаёлпардозӣ намуда, дидори рӯи дӯстро ҳамчу дидани моҳи иди рамазон муборак мешуморад ва ӯ шодию нишоти иди фитрро дар дидори рӯи дӯст мебинад:

 

Ҳар киро хотир ба рӯи дӯст рағбат мекунад,

Пас парешонӣ биёяд бурданаш чун мӯйи дӯст.

Дигаронро ид, агар фардост, моро з-ин ду ҳаст,

Рӯзадорон рӯйи моҳ бинанду мо абрӯи дӯст.

Саъдӣ

Бояд тазаккур дод, ки васфи мазмунҳои беҳтарин ва мафҳумҳои амиқ дар бораи моҳи шарифи рамазон ва рӯзадорӣ дар куллиёти Шамси Табрезӣ барљаста баён гардидааст, зеро ӯ шӯридаи мактаби ирфон ва донандаи аҳкоми шариат буд ва пайванди ногусастанӣ доштани онҳоро хуб эҳсос мекард. Аз ин рӯ, бо омадани моҳи шарифи рамазон, моҳи меъроҷи одамӣ, моҳи парвариши рӯҳ, моҳи буридан аз нону расидан ба ҷонон шоирро ба ваҷд меовард, ки чунин ба қалам додааст:

Моҳи рамазон омад, эй ёри қамарсимо, 

Барбанд сари суфра, бикшой раҳи боло,

Эй ёваи ҳарҷоӣ, вақт аст, ки боз ойӣ,

Бингар суйи ҳалвое, то ки талабӣ ҳалво.

Мурғат зи хуру ҳайза мондаст дар ин байза,

Берун шав аз ин байза, то боз шавад парҳо.

Аз дард ба соф ойем в-аз соф ба қоф ойем,

К-аз қофи сиём эй ҷон, усфур шавад анқо.

Бастем дари дӯзах, яъне тамаи хӯрдан,

Бикшой дари ҷаннат, яъне, ки дили равшан.

То суфраву нон бинӣ, кай ҷону ҷаҳон бинӣ

Рав ҷону ҷаҳонро ҷӯ, эй ҷону ҷаҳони ман.

Шамси Табрезӣ

Шамси Табрезӣ дар ғазали дигари худ рамазонро мӯҷиби ислоҳи қалбҳо ва комил намудани имон, моҳи дурӣ ҷустан аз хоҳишоти нафс, моҳи сабр, моҳи нузули Қуръон ва пок сохтани рӯҳ хондааст:

Омада шаҳри сиём, санҷақи  султон расид,

Даст бидор аз таом, моидаи ҷон расид.

Ҷон зи қатиат бираст, дасти табиат бибаст.

Қалби залолат шикаст, лашкари имон расид.

Лашкари “валъодиёт ” даст ба яғмо ниҳод,

З-оташи “валмуриёт ” нафс ба афғон расид.

“Ал-бақара” рост буд, Мусии Имрон намуд,

Мурда аз ӯ зинда шуд, чун ки ба қурбон расид.

Рӯза чу қурбони мост, зиндагии ҷони мост,

Тан ҳама қурбон кунем, чун ки ба меҳмон расид.

Сабр чу абрест хуш, ҳикмате борад зи ӯ,

З-он ки чунин моҳи сабр буд, ки Қуръон расид.

Нафс чу муҳтоҷ шуд, рӯҳ ба меъроҷ шуд,

Чун дари зиндон шикаст, ҷон ба ҷонон расид.

Пардаи зулмат дарид, дил ба фалак бар парид,

Чун зи малак буд дил, боз ба эшон расид.

Дасту даҳонро бишӯ, на бихӯрӯ на бигӯ,

Он сухану луқмаҷӯ, к-он  ба хамӯшон расид.

Шамси Табрезӣ

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ рӯзаро монанди модаре мепиндорад, ки каримона ба сӯи фарзандони хеш омадааст, пас набояд домони чунин модарро ба осонӣ аз даст дод:

Сӯйи атфол биомад ба карам модари рӯза, 

Манеҳ, эй тифл, ба сустӣ тарафи чодари рӯза.

Бинигар рӯи зарифаш, бихӯр он шири латифаш,

Ба ҳамон кӯйи ватан кун, бинишин бар дари рӯза. 

Бинигар дасти ризоро, ки баҳорест Худоро,

Бинигар ҷаннати ҷонро шуда бар абҳари рӯза.

Ҷалолуддини  Балхӣ

Лутфи сухани Мавлавӣ дар он аст, ки дар истифода аз мазомини шаръӣ ва аҳкоми ибодатӣ бо як эҳтироми хоса бархурд намуда, дар корбурди онҳо адаби шаръиро риоя кардааст, зеро маъшуқи Мавлавӣ маъшуқӣ ҳақиқӣ ва азалӣ аст ва ӯ ба тамоми фармонҳои маъшуқи худ итоат мекард:

Рӯза дорам ман, ифторам аз он лаъли лаб аст,

Оре, ифтори рутаб дар рамазон мустаҳаб аст.

Рӯзи моҳи рамазон зулф маяфшон, ки фақеҳ,

Бихӯрад рӯзаи худро ба гумонаш, ки шаб аст.

Ҷалолиддуни Балхӣ

Девони шоири ориф ва риндмазҳаби адабиёти тољику форс Ҳофизи Шерозӣ низ аз баракати моҳи рамазон бебаҳра набуда, дар тамоми ашъори ӯ панҷ бор вожаи “рӯза”, се бор “рамазон”, ду бор “сиём” ва як бор “рӯзадор” зикр шудааст. Корбурди ин вожаҳо тақрибан дар тамоми ғазалҳо яксон буда, шоир дар бештари онҳо ба омадани моҳи рамазон, барчидани ҷоми май ва дидани моҳи ид ишора кардааст:

Рӯза яксу шуду ид омаду дилҳо бархост,

Май зи ғамхона ба ҷӯш омаду май бояд хост.

Тавбаи зуҳдфурӯшони гаронҷон бигузашт,

Вақти риндию тараб кардани риндон пайдост.

Ҳофиз

Дар ғазали дигари худ Ҳофизи Шерозӣ аз поён ёфтани моҳи шарифи рамазон ва баракати он сухан карда, аз фаро расидани давраи нави зиндагӣ ва айшу нишоти умр мужда медиҳад:  

Соқӣ биёр бода, ки моҳи сиём рафт,

Дар деҳ қадаҳ, ки мавсими номусу ном рафт.

Вақти азиз рафт, биё то қазо кунем,

Умре, ки бе ҳузури суроҳиву ҷом рафт.

Дар тоби тавба чанд тавон сӯхт ҳамчу уд,

Май деҳ, ки умр дар сари савдои хом рафт.

Ҳофиз

Дар ҳақиқат ашъори бузургони ниёгонамон вобаста ба фарҳанги рӯзадорӣ саросар аз зебоӣ, ростқавлӣ, иффат, таҳаммулпазирӣ ва хислатҳои дигари инсонпарварӣ иборат буда, барои расидан ба камолоти инсонию башардӯстӣ таъсири амиқ мерасонанд. Ҳангоми омӯзишу баррасии ашъори ин бузургони адаб дар мавриди мадҳу тавсифи моҳи шарифи рамазон ва дигар хусусиятҳои он тавсифи воқеъбинонаи зеҳнию хаёлӣ дида мешавад.

Рамазониён А. Б– мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ

Яндекс.Метрика