Тарғиби илму маърифат дар Паёми имсола

                           

      Агарчанде Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дар ҳар Паёми хеш ба рушди илму маърифат, махсусан илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ  таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд,  имсол бо ташаббусҳои ҳаётан муҳим, тақдирсоз ва хирадмандонаи худ таваҷҷуҳ ва иҳтимоми тамоми аҳли ҷомеаро  ба рушди соҳаҳои мазкур ҷалб намуданд. Пеш аз ҳама бояд  қайд намуд, ки Пешвои миллат идрпорпулии магистрҳо, аспирантҳо ва докторантҳоро ба андозаи 30 дар сад зиёд намуданд, ки бешак аз ғамхорӣ нисбат ба аҳли илму маърифат ва дастгирии молиявии ҷавонони илмдӯсту  донишандӯз гувоҳӣ медиҳад.

     Ҳамзамон Пешвои миллат аз натиҷаҳои хеле хуб ва чашмраси Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб  аст!» қаноатмандӣ ва ҳатто хурсандии худро изҳор дошта, ба завқу салиқаи донишандӯзии насли ҷавони миллати тоҷик баҳои баланд доданд. Қобили зикр аст, ки асоси пешрафи иқтисодии ҷомеаро таъмин намудани рушди улуми дақиқ, риёзӣ ва табиӣ  аз тарафи Пешвои миллат ба хубӣ дарк мегардид ва зарурати рушди самтҳои зикршуда дар ҳар баромадашон пайваста  таъкид мегардид. Маҳз  ҷиҳати ноил гардидан ба дастовардҳои нек  дар самти зикршуда Пешвои миллат дар Паёми соли гузашта солҳои 2020-2040-ро солҳои рушди улуми дақиқ, риёзӣ ва табиӣ эълом намуда буданд. Имсол бошад, дар Паёми навбатӣ ҷиҳати пурсамар гардонидани сиёсати оқилонаи хеш дар самти мазкур ва даст ёфтан ба дастовардҳои нави насли ҷавони кишвар Пешвои миллат озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»-ро   эълон намуданд. Пешвои миллат аз озмуни пешина таассуроти  баланд ҳосил намуда, боз ду пешниҳоди дигар низ изҳор доштанд, ки бешак ба рушди самти мазкур такони ҷиддӣ  бахшида, озмунро боз ҳам ҷаззобтару босамартар хоҳанд намуд. Яке аз пешниҳодҳо аз он иборат буд, ки ҳаҷми мукофотпулии ғолибон нисбат ба имсола зиёдтар карда шавад, агарчанде ҳачми мукофотпулии озмуни гузашта  кам набуд. Сониян, Пешвои миллат зарур шумориданд, ки инчунин омӯзгорон ва падару модарони ғолибон низ аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардонида шаванд, ки ин ҳам аз оқилона ва дурандешона будани сиёсати мазкур дарак дода, бешак кафили боэътимоди пурсамарии сиёсати мазкур маҳсуб меёбад. Дар баробари ҳамаи ин Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки ғолибони озмун бидуни супоридани имтиҳонҳо ба Маркази миллии тестӣ ба макотиби олӣ қабул карда шаванд, ки ин пешниҳод низ азму талоши ҷавононро барои донишандӯзӣ дучанд афзун хоҳад намуд. 

    Бо итминони комил метавон гуфт, ки пешниҳодҳои мазкур эҳсоси донишандӯзӣ ва илмҷӯии насли ҷавон, кӯшишу  талош ва ғамхории падару модарон ва масъулиятшиносии касбии устодони гиромиро ба таҳрик дароварда, баҳри ба майдони васеъю амиқ ва олами пурҷаззобу пургиреҳ  ва пурасрори улуми дақиқ ва табиатшиносӣ ворид шудани насли  ҷавони кишвар имкониятҳои хуб фароҳам хоҳанд овард.     

   Ҷои шубҳае нест, ки насли ҷавони кишвар аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат рӯҳу илҳоми тоза бардошта, чун аҷдодони асримиёнагии худ парчамбардорони илму маърифати ҷаҳонӣ хоҳанд гардид. 

 

Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика