Ташаббуси беназири Пешвои Миллат дар такмили қонуни танзим

Маълуми ҳамагон аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориашон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷиҳати такмили Қонуни амалкунанда пешниҳод намуданд. Пешниҳоди мазкурро ҷамъбасти мантиқии мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон ва намоянда¬го¬ни ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабу¬ли Қонуни Ҷумҳу¬рии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11 июли соли 2017 баҳогузорӣ намудан ба маврид аст. Воқеан татбиқи амалии муқаррароти Қонуни мазкур дар тӯли марҳилаи сипаришуда як қатор дастоварду беҳбудиҳо ва камбудию норасиҳоро дар риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ошкор кард. Дар тӯли 10 сол мардуми фарҳангсолор ва меҳнат¬дӯсти тоҷик пайрави қонунмеҳварӣ будани худро собит намуда, дар масъалаи таѓйир додани мазмуну муҳтавои зиндагӣ ва қолабҳои шахшудаи хурофотӣ гардиши куллие ба вуҷуд оварданд. Зеро онҳо эҳсос карда буданд, ки Қонуни танзим ба хотири ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва дар ниҳояти кор беҳтар намуда¬ни сармояи инсонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қабул гардидааст.
Зарурати қабули як қатор меъёрҳои навро таҷрибаи рӯзгор, рафти баргузории ҷашну маросимҳо, омӯзиши афкори иҷтимоӣ дар байни қишру табақаҳои гуногун ва раванди афзояндаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ матраҳ кард. Афзун бар ин, сиёсати мардумсолории Пешвои миллат ҳангоми вохӯрию мулоқот ва дар матни суханрониҳои дорои таъйиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайгирии пайвастаи ин мавзӯъро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар ва таваҷҷуҳи махсус берун нагузошта буд. Ҳамин буд, ки ҳамраъйии Сарвари давлат бо орзуву омол ва проблемаҳои мушкилзои шаҳрвандон оид ба ҳалли вазниниҳои ҳанӯз ҷойдошта дар ин самт таҳаққуқ пазируфт. Дар рафти мулоқоти ёдшуда масъалагузорӣ ва ҳамдигарфаҳмии созанда ҷиҳати такмили бандҳои алоҳидаи ин Қонун ба амал омад, ки дар ниҳояти кор баёни истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Пешвои миллатро муҳайё сохт.
Бояд гуфта шавад, ки аксари таѓйиру иловаҳо дар ин лоиҳа ба чора¬биниҳои динию мазҳабӣ ва шахсияти мусулмонии шаҳрвандони ҷумҳурии азизи мо пайванд мегирад. Яке аз ин меъёрҳои нав ба масъалаи ҷашнгирии Идайн – Иди Фитр ва Қурбон бастагӣ дорад, зеро мардуми мо то ҳанӯз дар оростани дастурхони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ ва зиён ворид намудан ба буҷаи оилавӣ роҳ медиҳанд. Дар натиҷа ҷанбаҳои маънавӣ ва ахлоқию тарбиявии ин иди динӣ фаромӯш мешавад, фурӯта¬нию фар¬мон¬бар¬дорӣ ҳамчун хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарѓиб намегар¬дад, балки ҳама чиз дар атрофи тановул кардани хӯроки аз андоза зиёд, яъне арзишҳои истеъмолӣ фаҳмида мешавад. Бояд таъкид намуд, ки тибқи далолати аҳодиси набавӣ ва фатвоҳои фақе¬ҳо¬ни мазҳаби ҳанафӣ аслан доир ба оростани дастурхо¬ни идона ҳеҷ дастуру таъкиди махсусе мавҷуд нест. Баръакс, дар ҳадисе Имом Абӯҳанифа аз тобеии машҳур Муҳориб ибни Дисор нақл мекунад, ки ӯ дар хонаи саҳобии киром Ҷобир ибни Абдуллоҳ меҳмон шуд. Ва Ҷобир болои дастурхон нон ва сабзавоти туршишуда (хубз ва халл) гузошту гуфт: “Ҳамоно пайѓамбари Худо (с) моро аз “таклуфа”, яъне таҳаммули сарфу хароҷот ва машаққа¬ти аз тавоноӣ бештар манъ карда буд”. Аз ин рӯ, ҳангоми истиқболу омо-дагӣ ва густурдани дастурхон ба хотири ид ис¬роф¬ко¬рӣ, худнамоӣ, манма¬нию зоҳирпарастӣ нишон додан¬ро ба фарҳанги куҳани миллати тоҷик ва омӯзаҳои имонию эътиқодии он вобаста кардан камоли беэҳти¬ро¬мӣ ва ҷаҳолат аст. Арзиш¬ҳо ва муқаддасоти дини мубини ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад, ки шахси мусулмон бо дасти худаш ба сатҳи некӯаҳ¬во¬лии хонаводааш зиён ворид намояд. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳам доир ба масъа¬лаи риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷуз ғамхорӣ зоҳир намудан барои некӯаҳволии мардум ва истифодаи мақсадноки пасандозҳои онҳо ҳадафи дигаре надорад. Ҳассосияти ин масъала боз дар он аст, ки барои оростани дас¬тур¬хони идона тақрибан ҳамаи оила¬ҳои мусулмони кишвар омодагӣ меги¬ранд ва рафтори нодуруст дар хари-ди аз меъёр зиёди маводи хӯрока омили гарон шудани нархи он мегардад.   
Акнун фурсати он расидааст, ки мо ҳангоми фаро расидани идҳои Фитр ва Қурбон андаке дар масъалаи ҷунунвор пур кардани дастурхон бо анвои хӯрдании бисёр, ки дар он барои афтодани сӯзан ҷое набошад, хуб андеша кунем. Бояд идрок кардан, ки пешниҳоди маводи хӯроквории фаровон болои дастурхон ҷуз ифодаи бефарҳангӣ ва аз тариқи исрофко¬рӣ ба буҷаи худ зиён овардан чизи дигаре нест ва метавонад боиси тамасхур ва писханду накӯҳиши мардуми мо аз ҷониби намоян¬даго¬ни қавму миллатҳои дигар гардад. Бар замми ин, харидории лояъқили хӯрданию нӯшиданию пӯшиданиҳо аз раставу бозорҳо пеш аз фарорасии идҳои динӣ бо арзишҳои волои фарҳангию ахлоқии миллати мо ҳеҷ созгорие надорад. Кас рафтори мардуми моро дар арафаи фарорасии чунин идҳо мушоҳида карда, ба андешае фурӯ меравад, ки Худо нахоста, магар баъд аз гузаштани ид рӯзи қиёмат фаро мерасида бошад. Ҳангоми баргузории идҳои Рамазону Қурбон беҳтар аст, ки ба масъалаҳои аз нигоҳи маънавӣ дастгирӣ кардани эҳтиёҷман¬дон ва ба хотири “ба дарвеши тангдасту бенаво хӯронидани гӯшти қурбонӣ” (Ҳаҷ, 22:36) дастурхон биороем, то ба ризомандии Худо ноил гардем.
Хатнасур низ дар урфи мардумии мо дар шакли маъракаи хурсандӣ тарзе пазируфта шудааст, ки волидайнро гирифтори қарз ме¬гар¬¬до¬наду амалиёти анҷом додани он дар синни 5-7-солагӣ барои писарбачагон асабоният ва зиёнҳои равонӣ ворид менамояд. Аслан ин амал ҳам сунна¬ти бозмонда аз Иброҳими Халил аст. Дар байни мусулмонон анҷом додани хатнаи писар нишонаи мансубият ва пайравӣ доштани ӯ ба дини ислом аст, на бештар аз ин. Яҳудиён ва масеҳиёну мусулмонони арабта¬бор низ ин амалро иҷро мекунанд. Танҳо фарқ дар он аст, ки онҳо на дертар аз ҳафтрӯзагии таваллуди писар ин суннатро дар муҳити муасси¬са¬ҳои тиббӣ ҳамчун як амалиёти хурди пизишкӣ анҷом медиҳанд, вале мо онро баъд аз омодагии тӯлонӣ дар ѓояти серхарҷию исрофкорӣ ва худнамоию зоҳирпарастӣ бо ворид намудани зиёни моддию маънавии зиёд ба буҷаи хонаводаи худ барпо менамоем. Чунин тарзи рафтор танҳо дар минтақаҳои мусулмоннишини Иттиҳоди Шӯравии собиқ хусусияти бидъатомез дорад. Аммо волидайни кишварҳои дигари мусул¬монӣ маб¬ла¬ѓу пасандозҳои худро барои рушди сармояи инсонӣ, донишандӯзӣ ва мутахассиси варзида шудани писаронашон сарф мекунанд. Аз чунин тарзи рафтори онҳо ҳам худашон дар куҳансолӣ давлати пирӣ меронанду ҳам давлат аз илму ҳунари онҳо манфиат мебардорад. Соҳибони дини ислом хатнаро ҳамчун як амали муқаррарӣ анҷом медиҳанд ва пири мазҳаби ҳанафӣ – Имом Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит низ чунин фармудаанд. Пас барои мо низ беҳтар аст, ки хатнасури писаронамонро дар шароити ҷавобгӯ ба талаботи тиббӣ анҷом диҳем. Бар замми ин, як теъдод маъракаҳои ақиқа, номгузорӣ, гаҳ¬во¬рବбан¬дон, чиллагурезон, мӯйсарги¬ро¬ни тифл ва дигар чорабиниҳои марбут ба таваллуди кӯдак мавҷуданд, ки аз муҳити оила берун омада, доираи вусъати бештар ва хусусусияти хурофотӣ касб кардан доранд. Табиист, ки роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садди роҳи чунин тамоюлҳои ноху¬шоянд шуда, барои пешгирии ҳаштповор доман паҳн кардани онҳо дар матни фарҳанги миллӣ тамоми чораҳои заруриро хоҳанд андешид. Дар ин масъала бояд ҳеҷ кас шакку шубҳае надошта бошад.
Пешниҳоди дигари муҳим ворид намудани таѓйиротҳои ҷиддиро дар маросими дафну азодорӣ пешбинӣ менамояд. Бояд эътироф намоем, ки муносибати инсондӯстонаи шаҳрвандони кишвар дар масъалаи изҳо¬ри ҳамдар¬дӣ ва дастгирии маънавии шахсони азодор сифатан дигаргун шу¬да¬аст. Дар байни аксари мардум тӯли даҳ сол чунин таомул пазируфта шуд, ки ба маросими “се”, “чил” ва “сол” омада дуову фотеҳа мекарданд ва аз тановули таом, ба хусус агар маййит ҷавон бошад, узрхоҳӣ мекар¬данд. Аз ин ҷиҳат, пешниҳоди баргузор намудани тамоми мароси¬ми дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом аз ҷониби Пешвои миллат баъди мулоқот дар байни шаҳрвандони мамлакат зуд ҳамовозӣ ва ҷонибдории ҳамаҷониба пайдо кард. Ҳатто дар баъзе шаҳру ноҳияҳо аллакай маросими“чил” ва “сол” фақат аз тариқи дуову фотеҳа хондан баргузор шуда истодааст.
Дар асоси муқаррароти ҳадисҳои набавӣ, дидгоҳи фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ ва далолати сарчашмаҳои муътамад маросими азодорӣ се ҷанбаи муҳим дорад: якум, азодорӣ барои шахси фавтида фақат се рӯз аст ва тан¬ҳо барои зане, ки шавҳараш мемурад, чаҳор моҳу даҳ рӯз азодорӣ, яъне иззату эҳтироми шавҳар ва риоя кардани иддати шаръӣ лозим гардонида шудааст; дуюм, навҳаву гиряву зорӣ кардан ҳеҷ суде надорад, балки маййит аз чунин рафтори пайвандони худ дар қабр нороҳат ва озурда мешавад; сеюм, дар рӯзи маргу азодорӣ ҳамчун изҳори раҳму шафқат ва дилсӯзӣ ашк рехтан ҷоиз аст. Доир ба макон ва замони баёни таъзия низ фармудаҳои фиқҳӣ возеҳу равшан аст. Масалан, дар боби “Азодорӣ”-и “Фатовои оламгирӣ” чунин омадааст: “Вақти таъзия аз ҳангоми дафн то се рӯзи пас аз он аст ва баъд аз он макрӯҳ аст, ба ҷуз ҳолате, ки таъзиягӯ ва таъзияпазир ѓойиб ё аз раҳи дур бошанд… Барои соҳибони мусибат боке нест, ки дар хонаашон ё дар масҷиде се рӯз бишинанду мардум ба наздашон омада, таъзия баён кунанд, вале нишас¬тан дар назди дари хона ва ҳавлии маййит, инчунин он чи ки дар кишварҳои Аҷам аз ҷой омода кардан ва роҳ баста мардумро нишонидан анҷом медиҳанд, зишттарини амалҳои зишт (ақбаҳу-л-қабоиҳ) аст”. Яъне танҳо барои се рӯз нишастан дар мусибат ба хотири азодорӣ дуруст аст, ҳатто фақеҳон тарки ин амалро ҳам беҳтар шуморидаанд. Аммо дар бобати  оростани дастурхон ва додани таом дар “Радду-л-муҳтор”-и Ибни Обидин чунин омадааст: «Ва ба ҳамсоягон ва хешо¬вандон писан¬дида (мустаҳаб) аст, ки барои соҳибони маййит таомеро омода кунанд, ки барои шабу рӯзҳои азодорӣ (3 рӯз) басанда бошад, ба далели сухани пайѓамбар (с): «Барои хонаводаи Ҷаъфар (-и Тайёр номи маййит) таом омода кунед, зеро болои онҳо мусибате омадааст, ки онҳоро машѓул медорад». Ҳамчунин дар бораи зиёфат оростан аз ҷониби хонаводаи маййит ин фақеҳ қотеона гуфтааст: «Ва оростани зиёфат бо таом аз ҷо¬ни¬би аҳли маййит макрӯҳ аст, зеро зиёфат додан барои рӯзҳои хурсан¬дӣ аст, на барои рӯзҳои ѓаму мусибат ва ин амал бидъати зишт аст». Аз ин ҷиҳат тавсия мешавад, ки анҷом додани ин қабил рафторҳо барои зоҳир¬па¬рас¬тӣ ва худнамоӣ (сумъа ва риё) аст ва аз ин корҳо бояд дурӣ ҷуст, зеро онҳо ба хотири ризои Худо нест. Аслан садақа кардан барои маййит вақту макони муайян надорад, балки дар ҳама давру замон садақа (ба хусус садақаи ҷория) дар умум чӣ аз ҷониби шахси зинда ва чӣ аз барои маййит бояд тибқи фармудаҳои дини мубини ислом, ба хусус муқарраро¬ти ояти 60-уми сураи Тавба бошад, ки дар он ҳашт табақаи иҷтимоии мустаҳаққи садақа муайян гардидааст. Ба ҳамин сабаб дар лоиҳа таъкид гардидааст, ки бо мақсади ба низом даровардани маросими дафну азодо¬рӣ мақоми ваколатдор санади дахлдори тартиби гузаронидани онҳоро таҳия намояд. 
Тавре ки мебинем, таѓйиру иловаҳои дар лоиҳа пешниҳодшуда мутобиқати комил бо муқаррароти фарҳанги миллӣ ва омӯзаҳои динию мазҳабии мо доранд ва асосан ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои мардум таҳия шудаанд. Чунин шеваи ватанпарастӣ ва изҳори ѓамхории бепоён ба миллати худ аз истеъдоди худододи роҳбарӣ ва сиёсати мардумсолории Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад. 
 
 Файзулло Баротзода – директори Маркази исломшиносӣ 
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
 
 
    
Яндекс.Метрика