Таърихи мухтасари ҷашни Сада

Таърихи мухтасари ҷашни Сада
Ҷашни Сада яке аз куҳантарин мероси гузаштагони мо ба ҳисоб рафта, он дар оғози шаби даҳуми Баҳманмоҳ баргузор мешавад.
Баъзе донишмандон номи Садаро баргирифта аз сад медонанд. Дар ин бора Абурайҳони Берунӣ менависад: Сада гуянд, яъне сад ва он ёдгории Ардашери Бобакон аст. Дар иллати ҷашнгирии ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳаргоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд.
Ба андешаи дигарон Сада, садумин рӯзи зимистон аз гоҳшумории зардуштӣ аст. Аз дигоҳи устуравӣ бошад, Сада ба пайдоши оташ алоқаманд аст. Дар ин бора Фирдавсӣ чунин мегӯяд: Ҳушанг подшоҳи пешдодиён, ки шеваи кишту кор, кандани корез ва шинонидани дарахтро ба ӯ нисбат медиҳанд, рӯзе дар доманаи куҳе мореро дид ва сангеро гирифта, ба сӯи мор партофт, мор фирор кард. Аммо аз бархӯрди сангҳо алахчае зад ва оташ падидор шуд. Достони падид омадани оташ ва бунёд ниҳодани ҷашни Сада дар “Шоҳнома” ба ин гуна омадааст:
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ,
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизе дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
Нигаҳ кард Ҳушанг боҳушу санг,
Гирифташ яке сангу шуд тезчанг.
Ба зӯри каёнӣ раҳонид даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯй ҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг гардид хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд моркушта валекин зи роз,
Аз ин табъи санг оташ омад фароз.
Ҷаҳондор пеши Ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳаме карду хонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
Яке ҷашн кард оташу бода хӯрд,
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдкард,
Басе буд чун ӯ дигар шаҳриёр.
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Баргузории ҷашни Садаро метавон ба се давра тақсим намуд:
1. Давраи пеш аз ислом. Фирдавсӣ ҷашни Садаро ба замони подшоҳи пешдодиён Ҳушанг нисбат медиҳад, аммо Абурайҳони Берунӣ пайдоиши ин ҷашнро ба Фаридун ва расмӣ шудани онро ба замони Ардашери Бобакон алоқаманд мекунад.
2. Ҷашни Сада баъд аз ислом. Дар ин давра таърихнигороне чун Берунӣ, Байҳақӣ, Мискавайҳ ва дигарон аз шеваи ҷашни Садаи дар даврони подшоҳии Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва то даврони истьилои муғул бисёр навиштаанд. Чуноне ки манобеи таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ҷашни Сада дар он замон бо шукӯҳи тамом баргузор мегардид, ҳатто шоироне чун Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва Асҷадӣ дар тавсифи чигунагии ин ҷашн шеър гуфта, аз парандагон ва ҷонвароне, ки ба оташ мепартофтанд, ёд кардаанд. Албатта бояд ишора кард, расмҳое чун сузондани кабутарон ва дигар парадндагону ҳайвонҳо, дар ҳузури шоҳон, ба ҳеҷ ойини пешазисломии мо рабте надошт, зеро ки оташ дар назди онҳо бисёр гиромӣ буд ва дар ҳама осори гузаштагон покиза ва беолоиш нигоҳ доштани оташ таъкид карда мешуд.
3. Ҷашни Сада дар замони кунунӣ. Имрӯзҳо ҷашни Сада дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон баргузор мегардад. Аз ҷумла дар кишвари азизи мо, мутобиқи моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ин ҷашни фархундаи ниёгонамон ҳамчун ҷашни расмӣ эътироф гардида, ҳар сол бо як шукӯҳи хосса ҷашн гирифта мешавад.
Аҳтами Рамазониён – мутахассиси Шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ