Фарҳанги рӯзадорӣ (қисмати аввал)

Фарҳанги рӯзадорӣ яке аз куҳантарин русуми башарият аст, ки баробари пайдоиши одамон дар рӯйи Замин ҳамчун ҷузви ҳукмҳои воҷиб дар бештари динҳои ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Пайравони динҳои ҷаҳонӣ бар ин ақидаанд, ки рӯзадорӣ дар замири инсонҳо ҷой додани ғолибияти рӯҳ бар нафс мебошад. Рӯзаи ҳақиқӣ ҳамон аст, ки шахс ҳангоми риояи он муртакиби корҳои зишту бад нашавад ва бо дасту дили пок худро вақфи хидмати Худованд гардонад.
Масъалаи рӯза доштан дар матни фарҳангу адёни гуногун ҷойгоҳи худро доштааст. Воҷиб шудани он дар динҳои илоҳӣ бо фитрати камолгароии инсон ҳамоҳанг аст. Инсон ҳамеша дар пайи такомулу афзудани нерӯйи худ ҷиҳати расидан ба арзишҳои баланди бовару эътиқод ва худоҷӯӣ талош доштааст. Дар байни пайравони динҳои дигар назар андохтан ба фарҳанги рӯзадорӣ метавонад бозгӯи ин ҳақиқат бошад.
Фарҳанги рӯзадорӣ дар динҳои гуногун танҳо аз ҳисоби миқдори рӯзҳо ва чигунагии риояи он фарқ мекардааст. Дар бештари сарзаминҳо ва дину фарҳангҳо ойини рӯзадорӣ тӯли қарнҳои зиёд дар шаклҳои гуногун маъмул будааст. Ҳарчанд дар дину фарҳангҳо ҷузъиёт ва тафсилоти рӯза гуногун бошанд ҳам, вале ҷавҳари аслии он парҳезкорӣ ва ҳадафаш ром кардани нафси саркаш, расидан ба покии маънавӣ мебошад.
Ба ғайр аз дини ислом дар динҳои яҳудият, масеҳият, буддоӣ ва ҳиндуӣ рӯза аз ҷумлаи заруриёти динӣ буда, василаи риёзати рӯҳию баданӣ ва обутоб додани ҷисму ҷон дониста мешудааст. Аммо баъзе донишмандонтаърихи пайдоиши рӯзадориро аз замони фуруд омадани Одами Абулбашар ба замин ҳамрадифи зиндагии инсон муаррифӣ кардаанд. Мувофиқи маълумоти ахбор аз ҳамон даврон рӯза воҷиб дониста шуда, ҳамчун ибодати бузург аз ибтидои офариниш то кунун боқӣ мондааст. Тибқи ривоятҳои дигари сарчашмаҳои муқаддас рӯза ибодати деринаи инсоният буда, пайдоиши он баробари аз биҳишт берун омадани Одам ва дар замин маскун шудани ӯ оғоз мешавад, ки бештар хусусияти парҳезкорӣ бо худ гирифта, ба тарзи зист ва одоби тановули хӯрок алоқамандӣ доштааст.
Дар фарҳанги қадима рӯза барои бошандагони Замин омодагӣ барои дарки умури маънавӣ буда, ба маънои парҳез аз хӯрдан ва ошомидан, азодорӣ барои наздикони фавтида пазируфта мешудааст. Дар зербинои корбурдҳои рӯза инсон ҳамеша барои падид овардани як шароити табиию равонӣ талош мекард, миёни Худо ва худ восита ҷуста, хостаҳои моддиашро маҳдуд менамуд.
 
Қисмати аввал
 
Дар тамаддуни бостон пешвоёни мазҳаб рӯзаро марҳалае барои омода кардани одамон ба худоҷӯӣ медонистаанд. Масалан дар тамаддуни ҳелинистӣ, ки худ натиҷаи омезиши фарҳанги юнонӣ ва ақвоми шарқӣ буд, чунин мепиндоштанд, ки худоён омӯзаҳои худро дар рӯъё танҳо пас аз рӯза гирифтан ошкор месозанд. Рӯза ҳамчунин воситаи фурӯ нишонидани хашми худоён ё эҳёи олиҳаҳои фаношуда, ба мисли олиҳаи кишоварзӣ пиндошта мешуд.
Дар ҷомеаҳое, ки ҳанӯз хондану навиштанро намедонистанд, рӯзадорӣ ҳангоми баргузории ҳар гуна маросимҳо анҷом дода мешуд. Дар анъанаи қавмҳои сибирӣ коҳинон аксаран пас аз хастагию беморӣ хоҳони рӯъё бо худоёни худ мешуданд. Пас аз ноил шудан ба рӯъёи ошкоро онҳо барои коҳиши шиддати нафс рӯзадорӣ мекарданд.
Халқҳои чанубу ғарби Амрико низ пеш аз фаро расидани замони тағйири фаслҳо рӯза медоштанд. Баъзан риояи ойини рӯзадорӣ бо мақсадҳои муайян ва дар рӯзу вақтҳои муқаддас махсус гардонида мешуд. Масалан, дар байни мардуми Чин рӯза гирифтан тибқи як барнома ва роҳу равиши хос анҷом меёфт. Бо ин роҳ шахс худро аз дунёи моддӣ ҷудо карда, барои расидан ба муҳити рӯҳафзои покии маънавӣ талош мекард.
Фарҳанги рӯзадорӣ аз ҷумлаи ибодатҳои машҳури яҳудиён ва адёни дигари иброҳимӣ низ будааст. Дар Танахи яҳудӣ (Таврот) ё Аҳди Атиқ ба он ишора шудааст. Мӯсо пеш аз дарёфти алвоҳи Аҳд аз Яҳво чиҳил шабонарӯз дар кӯҳи Тӯри Сино рӯза гирифта, аз хӯрдану ошомидан парҳез карда будааст. Довуд ҳам ҳангоми бемор будани писараш рӯза гирифтааст. Одатан дар ойини онҳо ба хотири дур кардани хашми Худованд дастури рӯза доштан ба мардум дода мешуд, ки чандин шабонарӯз идома меёфтааст. Дар шариати яҳудият яке аз роҳҳои маъмули наздикӣ ҷустан ба Худо рӯзадорӣ будааст ва он то имрӯз кирдоре бисёр ривоҷёфта дар ойини яҳудӣ боқӣ мондааст, ки дар қолабҳои воҷиб ва ихтиёрӣ баргузор мешавад.
Рӯза дар забони ибрӣ «таънит» ба маънои ранҷ додани ҷон маънидод мешавад, ки шаръан хӯрдану ошомиданро дар давоми рӯз манъ менамояд. Рӯзаи яҳудиён инсонро аз аъмоли бисёр сода, мисли хӯрдан ва ошомидан маҳдуд мекунад. Дар тақвими ибрӣ 6 рӯз ҷиҳати рӯзадорӣ воҷиб дониста шудааст. Маъруфтарин рӯзаи яҳудиён рӯзаи «Явму Кайпур» (Рӯзи Каффорат) ном дорад. Ин рӯза ба хотири бахшиши гуноҳон аз ҷониби инсон барои ризои Худо анҷом дода мешавад. Ин ҳамон рӯзаест, ки дар борааш дастури мустақими илоҳӣ дар Таврот содир шудааст. Яҳудиён дар ин рӯз, ки муҳимтарин рӯзи тақвими ибрӣ маҳсуб мегардад, рӯзаи 25 соата аз ғуруб то ғуруб гирифта, аз анҷом додани ҳар гуна кор даст мекашанд ва тамоми вақтро ба тоату ибодат сарф мекунанд. Рӯзаи дигари чаҳоррӯзаи онҳо ба сӯгвории вайроншавии маъбади Байтулмуқаддас (мазгити Илиё) алоқаманд буда, аз тарафи анбиёи банӣ Исроил муқаррар гардидааст. Яҳудиён боз чанд намуди рӯзаҳои воҷиби рӯзи ҷумъа низ доранд, ки манзур аз риояти онҳо талаби ҳоҷот ва иҷобати дуоҳост.
Ҳамин тавр, фарҳанги рӯзадорӣ ба маънои муваққатан худдорӣ кардан аз хӯрдани ғизо ё баъзе намуди ғизоҳо бо мақсади зуҳду риёзат ва фармонбардорӣ ҳамчун дастури эътиқодӣ дар миёни аксари динҳои ҷаҳон маъруф будааст. Агар рӯзаи аслӣ дар байни яҳудиён «Явму Кайпур» бошад, пас масеҳиён рӯзаи Бузург ва рӯзаи Хурдробарпо мекарданд, ки ҳар ду дар арафаи рӯзҳои ҷашну шодӣ рост меомад. Протестантҳо рӯза намегиранд, калисои католикии румӣ низ миёни рӯза гирифтан ва парҳез аз хӯрдани гӯшт тафовуте бештар қоил нестанд ва танҳо рӯзҳои ҷумъа парҳез аз хӯрдани гӯштро раво медонанд. Вале дар фарҳанги классикии масеҳият рӯзадорӣ ба рӯзаи Бузург ва рӯзаи Хурд тақсимбандӣ мешудааст. Якумӣ аз 55 рӯз иборат буда, се навъи рӯза – ҳафтаи омодагӣ, 40 рӯзи муқаддас ва ҳафтаи изҳори дарди дилро дар бар мегирад ва ҳар як ҳафтаи он дар навбати худ боз дорои номи махсус аст. Аммо дуюмӣ рӯзае будааст, ки масеҳиён дар арафаи Иди мелод анҷом медодаанд. Дар ойини православҳои Россия рӯза дар давоми сол 200 рӯзро дар бар мегирад, ки чаҳортои онҳо бисёррӯза аст. Муҳимтаринваҷиддитарини онҳо рӯзаи Боҳашамат ном дорад, ки пеш аз Пасха 7 ҳафта давом меёбад; дуюмӣ, пеш аз ҷашнҳои марбут ба мавлуди Исо оғоз гардида, муддати он 40 рӯз аст; сеюмӣ, рӯзаи бахшида ба Петр аст, ки як ҳафта баъд аз Сегона (Троитса) шурӯъ мешавад ва то рӯзи хотираи ҳаввориён – Петр ва Павел идома мепазирад; чаҳорум, рӯзаи Успенский аст, ки ба муддати 14 рӯз пеш аз иди Успения давом мекунад. Илова бар ин, рӯзҳои чоршанбе, ҷумъа ва то оғозиҷашнҳои динӣ низ гирифтани рӯза пешбинӣ шудааст.
Мафҳуми рӯза ва рӯзадорӣ дар миёни пайравони адёни гуногун, бахусус кешу мазҳабҳои роиҷ дар Эрони бостон ҳам вуҷуд доштааст. Тасаввуроти умумии рӯзадорӣ дар ойини зардуштиён ҳеҷ монандие ба шеваи рафтори адёни иброҳимӣ надорад. Онҳо бар ин боваранд, ки дар фаъолияти рӯзмарра бояд як эътидол дар хӯрдану ошомидан вуҷуд дошта бошад. Аз ин рӯ, тавсия дода мешуд, ки ҳар моҳ танҳо чаҳор рӯз аз тановули хӯрокҳои гӯштдор худдорӣ намоянд. Барои зардуштиён рӯза гирифтан ва нахӯрдани обу ғизо, ки боиси сустии бадан ва фаъолияти номатлуби кори рӯзона дар мубориза бо Аҳриман мешавад, нописанд будааст. Ин ҳолат дар ойини зардуштӣ ҷиҳати накӯҳиши сахт қарор гирифта, ҳамчун намунаи бекорию танпарварӣ наҳй шудааст. Дар Вандидод, фаргирди сеюм, фақраи 33 навишта шудааст: «Он кас ки сер ғизо мехӯрад, тавоноӣ меёбад, ки ниёиш бикунад, кишоварзӣ кунад ва фарзандон ба вуҷуд оварад. Ҷондор аз хӯрдан зинда мемонад ва аз нахӯрдан мемирад». Вале боз ҳам барои ифрот накардан дар хӯрдани гӯшти ҳайвонот рӯзҳои 2, 12, 14 ва 21 ҳар моҳ зардуштиён аз хӯрдани ҳар гуна ғизои гӯштдор парҳез мекардаанд. Ин чаҳор рӯзи мутааллиқ ба чаҳор амшоспанд – ваҳман, моҳ, гӯш ва ром рӯзҳои махсуси ҳар як моҳи сирӯзаи онҳост, ки нигаҳбонони чаҳорпоён мебошанд.
Дар дини монавӣ, ки дар аҳди Сосониён ба вуҷуд омада буд, фарҳанги рӯзадорӣ вуҷуд доштааст. Монавиён ду рӯз дар ҳафта ва ҳафт рӯз дар ҳар моҳ рӯза мегирифтанд. Онҳо рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе аз тулӯъ то ғуруби офтоб рӯзадорӣ мекардаанд. Дар ин рӯзҳо монавиёни рӯзадор комилан ба ибодат мепардохтанд. Монавиён он чиро, ки бар асари рӯзадорӣ истеъмол намекарданд, ба эҳтиёҷмандон медоданд. Ин амал як навъ ёрмандӣ ва дасти мадад дароз кардан ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳисоб мерафт.
Дар байни мардумони Суғду Бохтари қадим ва умуман манотиқи сукунати тоҷиктаборони Варорӯд дар доираи таҷлили Наврӯз суннатҳое монанд ба рӯзадорӣ, парҳезгорӣ ва тарбияи бадан вуҷуд доштааст. Ниёгони мо ҳангоми иваз шудани фаслҳои сол ҳатман реҷаи хӯрдану ошомидани худро таҷдиди назар мекардаанд. Алалхусус, дар фасли баҳорон, ки ба пиндори онҳо, мавсими эҳёи дубораи табиат ва пероҳани тоза ба бар кардани офаридаҳои зинда пиндошта мешудааст, ба истеъмоли бештари рустаниҳои хӯрдании баҳорӣ ва намудҳои шифобахши он таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамуданд. Тибқи далолати асотир ва ривоятҳои мардумӣ тоҷиктаборон нӯши ҷон кардани хӯрокҳои парҳезии аз рустаниҳои хӯрданӣ ва гиёҳҳои шифобахш омодашударо гарави поку тоза шудани ҷисму ҷони худ мешумориданд. Алалхусус, дар мавсими баҳор ҳафт шикам (яъне ҳафт бор) хӯрдани биринҷобаи бо сеалаф, сечак, модил, гӯши бузак, исфиноҷ ва хӯтхӯтак омодашуда тавсия мешудааст. Инчунин ба серӣ хӯрдани алафҳои баҳорӣ, ба мисли қоқуи кӯҳӣ, занбурӯғи баҳорӣ (хоч), ревоҷ (чукрӣ), шибит, мухаллас, куткутак ва пудинаи боғӣ ҳамчун одати маъмулӣ пазируфта мешудааст, ки барои тоза намудани ҷисми инсон аз иллатҳо ва ранҷу дардҳои зимистони сипаришуда аҳамияти солимгардонӣ доштааст. Чанд рӯз тановули шоҳтут ва тути сафеди балхӣ барои парҳез як омили дармону тавонбахшии бадан ҳисоб мешудааст.
 
(Давом дорад)