Фарҳанги рӯзадорӣ (қисмати дуввум)

Дар фарҳанги рӯзадорӣ рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро тарзи мукаммали парҳезкорӣ донистаанд, зеро он дар дини мубини ислом барои мусулмонон рукни чаҳоруми ислом мебошад. Рӯза дар ин дин бар ҳар марду зани мусулмон, ки барои анҷом доданаш тавон дорад, воҷиб дониста шудааст.
 
Дар фарҳанги исломӣ моҳи Рамазон ба гурӯҳи 3 моҳи муҳаррам – Раҷаб, Шаъбон ва Рамазон дохил мешавад, ки аз ҷониби пайравонаш гуфтор, кирдор ва рафтори эҳтиёткоронаро тақозо менамояд. Дар ин се моҳи «шуҳурун ҳурум» ҳатто фикр кардан дар бораи корҳои зишту нописандида дуруст нест.
 
Рамазон моҳи нӯҳуми тақвими ҳиҷрӣ аст, ки баъди моҳи Шаъбон ва пеш аз моҳи Шаввол меояд. Дар ин моҳ аз субҳидам то нишастани офтоб рӯза доштан бар ҳар фарди мусулмон фарз мебошад, ки ӯ бояд аз хӯрдану нӯшидан ва дар давоми рӯз муносибати ҷинсӣ кардан худдорӣ намояд. Дар мероси фарҳангии мусулмонон моҳи Рамазон ҳамчунин ҷойгоҳи махсуси эътиқодӣ дорад. Дар ҳамин моҳ ба Пайғамбар (с) ваҳй омада, ояту сураҳои нахустини Қуръон дар лайлатул­қад­ри соли 610 нозил гардидааст. Ҳангоми дар ғори Ҳиро будани Пайғамбар (с) Ҷабраил ба ӯ намудор шуда мегӯяд: «Иқраъ бисми Раббика-л-лазӣ халақ». Ин нахустин ояти нозилшуда аз Қуръон аст. Тибқи ривоятҳои исломӣ Қуръон маҳз дар моҳи Рамазон ба тамомӣ аз Лавҳи Маҳфуз ба Байтулиззати осмони дунё нозил шудааст. Сипас, Ҷабраил онро порча-порча вобаста ба амру наҳй, ҳукму фатво ва пурсишу посух дар муддати 23 сол ба Пайғамбар (с) аз тариқи ваҳй расонидааст.
 
Пеш аз шарҳи моҳияти рӯзадорӣ лозим дониста шуд, ки маънои калимаи «Рамазон» баён гардад. Оид ба маънои калимаи «Рамазон» дар байни олимон фикрҳои гуногун мавҷуд аст ва мегӯянд, ки он аз решаи феъли «рамиза» гирифта шудааст, ки маънои «шиддату-л-ҳарри» – «гармии сахт, гармии ҷонқоҳ»-ро дорад. Аз ин сабаб чунин ишора низ ҳаст, ки мегӯянд: «ярмазу рамазан» – «иштадда ҳарраҳу» (гармияш шид­дат гирифт); «армаза-л-ҳарру-л-қавма» – «гармӣ бар мардум шиддат ги­рифт»-ро ифода менамояд.
 
Ибни Дурайд нақл кардааст, ки вақте номҳои моҳҳоро аз забони қадима мегирифтанд, онҳоро аз рӯйи мувофиқати мавсимҳо ҷобаҷогузо­рӣ мекарданд ва моҳи Рамазон ба рӯзҳои тафсони гармӣрост омад. Дар баъзе тафсирҳо маънои луғавии онро «тобиши гармо» ва «шиддати то­биши хуршед» ҳам маънидод кардаанд. Дар мавриди дигар, маънои Рамазонро «санги гарм» гуфта, чунин шарҳ додаанд, ки «санги гарми рӯйи роҳ афтода пойи равандаро месӯзонад». Аз ин ҷо калимаи «рамаз» ба маънои сӯхтан аст, чун дар ин моҳ рӯза гуноҳонро месӯзонад.
 
Маънои истилоҳӣ ва иҷтимоии ин фаризаи ислом бо вожаҳои рӯза, Рамазон, савм ва сиём ҳанӯз тавассути тарҷумаи «Тафсир» ва «Таърих»-и Таба­рӣ ва намунаҳои барҷастаи назму насри замони Сомониён ҷойгузи­ни фарҳанги динию эътиқодӣ ва моддию маънавии тоҷикон ва дигар қавму миллатҳои маскуни минтақаи Хуросону Мовароуннаҳр шудааст.
 
Дар фарҳанги мусулмонӣ рӯзадорӣ ва фарзияти он дар моҳи Рама­зон аз далолати оятҳои Қуръон ва аҳодиси набавӣ сарчашма мегирад. Дар ин сарчашмаҳои муътамад доир ба рӯза, намози таровеҳ, фазилати шаби қадр ва эътикоф (чиланишинӣ, узлатнишинӣ) маълумоти возеҳ баён гардидааст. Инчунин дар китобҳои фиқҳии мазҳабҳои гуно­гун ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии он бо тамоми ҷузъиёт ва тафсилоти зару­рӣ дарҷ ёфтааст.
 
Доир ба воҷиб ва лозим будани рӯза (сиём) дар ояти Қуръон чунин омадааст: “Эй касоне, ки имон овардед, бар шумо рӯза доштан лозим карда шуд, чунон ки бар касоне лозим карда шуд, ки пеш аз шумо буданд, то бошад ки парҳезкорӣ кунед” (2:183). Мазмуни ин оят ишорат бар он мекунад, ки то нозил шудани ин оят анъанаи рӯзадорӣ дар байни пайра­во­ни динҳои дигар ҳам вуҷуд доштааст.
 
Қурайшиён дар ҷоҳилият даҳаи Ошӯро (10 рӯзи аввали моҳи муҳар­рам)-ро рӯза мегирифтанд. Пайғамбар (с) ҳам ба рӯза доштани рӯзи Ошӯро амр карда буд. Ба ақидаи Ибни Касир дар ибтидои ислом ӯ ва пайравонаш баъди ҳиҷрат ба Мадина ҳар моҳ се рӯз рӯза мегирифтанд. Аз ҷониби дигар, мазмуни ин оят равшан месозад, ки рӯзадорӣ танҳо махсуси мусулмонон набуда, балки он барои пешиниён ҳам машрӯият доштааст ва таъйиноти асосии он парҳезкорӣ кардан ва баркандани баҳра­ҳои шайтонӣ аз рӯҳу ҷисми инсонҳо будааст.
 
Ҳамзамон ин оят рӯзаи Ошӯро гирифтани мусулмононро ихтиёрӣ гардонид. Дар ояти баъдїчунин омадааст, ки«(рӯза доштан дар) рӯзҳои шумурда­шуда (аст). Ва ҳар ки аз шумо бемор ё мусофир бошад, пас он (рӯза доштан) аз рӯзҳои дигар лозим аст; ва бар касоне, ки метавонанд рӯза доштан,фидя лозим аст, ки (иборат аз) хӯроки як дарвеш аст; пас, ҳар ки не­кие (зиёда аз ин) ба ҷо орад, ин барои ӯ беҳтар аст. Ва агар медонед, барои шумо он беҳтар аст, ки рӯза доред» (2:184).
 
Дар ин оят ба чандин саволҳои ин рукни ибодатии мусулмонон – рӯзаи моҳи шарифи Рамазон посух дода шудааст. Нахуст ин, ки фарзияти рӯзадорӣ барои пайравони ойини муҳаммадӣ андаруни рӯзҳои шуморашон муайян муқаррар гардид. Дигар ин ки барои касоне, ки дар он рӯзҳои шумурдашуда бемор ё дар сафар бошанд, шаръан рӯза хӯрдан иҷозат дода мешавад, ба шарте ки баъди танду­руст шудан ва аз сафар баргаштан онҳо бояд рӯзаи қазо гиранд. Ҳам­чу­нин як гурӯҳи касонеанд, ки новобаста ба пирию нотавонии ҷисмӣ тоқати рӯза доштан доранд, вале мехоҳанд, ки рӯза надоранд. Аз барои онҳо дар асоси ояти шарифа фидя, яъне пардохти муайяни молӣ муқаррар гардид, ки он аз хӯрок додани як дарвеш иборат мебо­шад. Агар шахс бо рағбати худ ба хӯрок додани ду ва ё миқдори бештари дарвешон иқдом намояд, боз беҳтар аст.
 
Нозил шудани ояти “барои шумо беҳтар аст, ки рӯза доред” (2:184) арзиши бештар дошта, аз фарди мусулмон даъват ба амал оварда меша­вад, ки агар қуввату тавон дошта бошад, бояд ҳатман рӯза гирад.
 
Дар ин оят инчунин тарзи мухталифи муносибат ба рӯзадорӣ пеш­­ни­­ҳод шудааст. Чизи аз ҳама муҳим он аст, ки Худованд ба васи­лаи ин оят ба рӯзадории мусулмо­нон бартарӣ додааст, ки он як ҷиҳа­ти ҳавасмандкунии иҷтимоӣ дорад. Қудрату тавоноии шахс дар риоя карда тавонистани рӯзадорӣ нишонаи тандурусту соҳибирода ва до­рои тарзи ҳаёти солим будани ҳар як фард аст, ки сармояи бузурги инсо­нӣ мебошад.
 
Баъд аз ин оят мафҳуми «Рамазон» фақат як бор дар Қуръон дар ояти 185 сураи Бақара ёд мешавад, ки ин аст: «Моҳи Рамазон он аст, ки дар вай Қуръон (ҳамчун) раҳнамо барои мардумон ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд. Ва ҳар ки аз шумо он моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад; ва ҳар ки бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай (ба) шумори он чи фавт шуд, аз рӯзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад ва (мехоҳад, ки) шуморро тамом кунед. Ва Худоро ба шукри он, ки ба шумо роҳ намудааст, ба бузургӣёд кунед; ва бошад ки шумо сипосгузор шавед».
 
Мазмуни ин оят чунин аст, ки китоби муқаддаси мусулмонон – Қуръон ҳамчун ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил дар моҳи Рамазон фуруд оварда шудааст. Вақте ки ин моҳ фаро расад, ҳар марду зани мусулмон бояд дар он рӯза гирад; вале шахсони бемор ва мусофир, ки дар вақташ рӯза дошта наметавонанд, рӯзҳои дигар онро қазо медоранд, зеро Худо барои бандагонаш осонӣ мехоҳад, на душворӣ. Сипосгузории бандагон ба Худо бояд дар он бошад, ки онҳоро ба роҳи рости тақводо­рию парҳезгорӣ ҳидоят намудааст. Ҳамчунин ин оят рӯзҳои шумурда­шу­даро ба миқдори як моҳи пурра андаруни моҳи Рамазон ғунҷоиш медиҳад.
 
(Давом дорад)
Яндекс.Метрика