Фарҳанги рӯзадорӣ (қисмати панҷум)

Як ҷиҳати муҳими одоби рӯзадорӣ дар он аст, ки он ба вазъи саломатии инсон  таъсиргузор аст. Табиист, ки маҳдудият ҷорӣкардан дар қабули хӯрокворӣ боиси нороҳатии ҷисми инсон мегардад. Таъсири ин нороҳатӣ метавонад гуногун бошад ва ҷанбаҳои тиббии масъала ҳангоми муҳокимаи мавзӯи рӯзадорӣ ногузир ба миён меоянд. Аз ҷониби дигар, баъзе мутахассисон ғизои парҳезӣ ва гуруснанишинии кӯтоҳмуд­дати рӯзонаро барои саломатӣ муфид арзёбӣ мекунанд ва ҳангоми табо­ба­ти баъзе бемориҳо онро ҳамчун усули табобатӣ тавсия мекунанд. Натиҷаи таҳқиқоти дар Донишгоҳи Калифорнияи ҷанубӣ анҷом ёфта нишондодааст, ки рӯзадории парҳезӣ дар муддати се рӯз барои барқа­рор­созии системаи масунияти инсон қодир аст. Ба сифати тарзи маъму­лии табобат дар калисоҳои православӣ рӯҳониён рӯзадориро ҳамчун роҳи наҷот аз таъсири зиёновари девҳо тавсия медодаанд.
 
Рӯзадорӣ аслан барои берун овардани энергияи нолозим аз орга­низми инсон зарур аст, ки ҳангоми нобуд кардани карбогидратҳо, махсусан қанд пайдо мешавад. Карбогидратҳои изофии дар организм ҳалношуда боиси захира шудани чарбҳои фарбеҳӣ дар мушакҳо ва пай­до­ша­вии гликоген дар ҷигар мешаванд. Инсулин ҳамчун гармоне, ки онро ғадуди зери меъда тавлид мекунад, миқдори қандро дар хун кам карда, онро дар ҷойгоҳи дигари энергия – гликоген мегузорад. Барои таъ­ми­ни самаранокии худ инсулин бояд ба раванди ошкорои мубодилаи моддаҳо дар ҷисми инсон ҷалб шавад. Масалан, одамони фарбеҳ аз халалдор шудани мубодилаи моддаҳо азият мекашанд, зеро инсулин дар бадани онҳо вазифаи худро иҷро карда наметавонад. Ҳамин ҳолат мета­во­над ба бемории диабети қанд оварда расонад. Дар мавсими рӯзадорӣ организми инсон раванди истеъмоли карбогидратҳоро ба маротиб зиёд мекунад, ки он ба кам шудани қанд ва инсулин дар хун оварда мерасо­над. Барои глюкозаро ба фоидаи энергияи барои организм зарурӣ сарф кардан ҷигар гликогенро истифода мебарад. Дар вақти рӯзадорӣ бошад, барои таъмини талаботҳои энергетикии организм равғану чарбуҳои фарбеҳӣ об шуда мерезанд. Дар асоси ҷанбаҳои дар боло зикршудаи физиологияи инсонбарои танзими вазн нимгуруснагӣ ё реҷаи ғизои кетогенӣ бомуваффақият истифода бурда мешавад. Ин тарзи дармон ба баданандозаи муайяни протеинро бобарзиёдии об, мултивитаминҳо ва баъзе моддаҳои дигар медиҳад. Парҳез аз ғизо барои раҳоӣ ёфтан аз вазни изофӣ мусоидат мекунад, сатҳи қандро дар таркиби хун коҳиш медиҳад, вале ба хотири пешгирии оризаҳои ҷонибӣ бояд танҳо зери назорати духтур гузаронида шавад. Рӯзаи мукаммал эҳсоси гуруснагиро коҳиш медиҳад ё тамоман бартараф менамояд ва боиси босуръат кам шудани вазн мегардад. Дар соли 1975 табибони амрикоӣ дар китоби «Гуруснанишинӣ– парҳези сохторӣ» таъкид кардаанд, ки «рӯза барои дастгоҳи ҳозима ва системаи марказии асаб як оромии физиологӣ муҳайё мекунад ва (метаболизм) тағйироти баданро ба мувозинат меоварад». Вале бояд донист, ки рӯзаи мукаммал як қатор оризаҳои ҷонибӣ ҳам дорад. Масалан, ғизои парҳезии калорияаш кам метавонад ба гипока­ле­мия ва аритмияи қалб оварда расонад.
 
Бояд зикр намуд, ки табибони мусулмон ҳам ба омӯзиши хусусият ва фазилатҳои рӯзадории ислом таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Доктор Су­лай­­мон аз Донишгоҳи тиббии Уммон дар Урдун як таҷриба гузаронида­аст, ки дар он 42 нафар марди синну солаш аз 15 то 64 сола ва 26 нафар зани синну солаш аз 16 то 28 сола ба таври ихтиёрӣ дар моҳи Рамазон барои муоина ва назорати тиббӣ ҷалб карда шуданд, ки он ба моҳи июн-июли соли 1984 рост омадааст. Пеш аз назорат вазни онҳоро баркашида, озмоиши таркиби хуни онҳоро барои користол, тестостерон, натрий, калтсий, карбоамид, глюкоза, сатҳи холестерин, липопротеини зичиаш баланд (HDL), липопротеини зичиаш паст (LDL) ва триглисеридҳо муай­ян карданд. Ҳамаи ин маълумот дар оғоз ва анҷоми Рамазон ба қайд гириф­та шуданд. Дар натиҷа камшавии назарраси вазн дар байни мар­дон ба андозаи 6,8-7,1 кг ва дар байни занон ба андозаи 4,2-4,8 кг ба мушо­ҳида расид. Сатҳи глюкоза бошад, дар таркиби хуни мардон аз 23,6 мг то 90,2 мг ва дар занон аз 1,1 мг то 7,0 мг афзоиш ёфт. Ҳамаи нишон­ди­ҳандаҳои дигар тақрибан бетағйир боқӣ монданд.
 
Доктор Азизӣва ёварони ӯ дар Донишгоҳи илмҳои тиб дар Теҳрон зимни таҳқиқоти худ пешакӣ сатҳи глюкоза, белурубин, калтсий, фосфор, протеин, албумин ва дигар моддаҳои муҳими таркиби хуни 9 нафар марди солимро санҷиданд. Озмоиши вазъи мизоҷон рӯзҳои 10, 20 ва 29-уми моҳи Рамазон гузаронида шуд. Андозагирии нишондиҳанда­ҳои миёнаи вазни бадан дар рӯзи 29-уми рӯза нишондод, ки дар он аз 65,4 кг то 61,6 кг кам шудааст. Сатҳи глюкоза дар шираи хун ва дигар нишондиҳандаҳо дар ин муддат тағйир ёфта бошанд ҳам, баъди чаҳор ҳафта аз моҳи Рамазон ба ҳолати муқаррарии худ бозгаштаанд. Дар сатҳи калтсий, фосфор, протеин ва албумин ягон тағйироти назаррасе ба вуқӯъ напайвастааст. Ба ақидаи доктор Азизӣ мунтазам худдорӣ кардан аз хӯрдану ошомидан ба миқдори 17 соат дар муддати 29 рӯз ба гормон­ҳои репродуктивии мардон ва мубодилаи дохилии онҳо таъсир намеку­над. Аз натиҷаи озмоишҳои болоӣ ба чунин хулоса расидан мумкин аст, ки рӯзаи исломӣ ҳеҷ гуна оризаҳои ҷонибӣ дар организми солим ворид намекардааст ва ба камшавии вазн ва табодули моддаҳо дар бадани инсон таъсири хуб мерасонидааст.
 
Дар фарҳанги рӯзадорӣ рӯзаи исломӣ аз дигар рӯзаҳо ва парҳезҳои тиббӣ комилан фарқ мекунад ва хосиятҳои барҷастаи тиббии он дар омилҳои зерин зоҳир мегардад:
 
Дар муқоиса бо намудҳои парҳезии дигар дар моҳи Рамазон норасоии ғизо ё миқдори нокифояи калория дар организм мушоҳида наме­шавад, зеро ҳангоми саҳархӯрӣ ва ифтор ҳеҷ гуна маҳдудият дар хӯрдани намудҳои ғизо вуҷуд надорад. Тибқи маълумоти ниҳодҳои тадқиқоти тиббӣ миқдори калорияи зарурӣ дар организми донишҷӯёни мусулмон дар мавсими рӯзадорӣ аз се ду ҳиссаи меъёри маъмулиро ташкил медодааст.
Рӯзадорӣ дар моҳи Рамазон ҷанбаи имонию эътиқодӣ ва тамоюли довталабона дорад, он аз ҷониби табиб таъйин карда намеша­вад. Дар қисмати гипоталамусҳои мағзисар марказе мавҷуд аст, ки он липостат ном дорад. Ҳамин қисмат вазни бадани инсонро назорат мекунад. Ҳар гоҳ бар асари парҳези комил ва шадид ба андозаи зиёд кам шудани вазн ба вуҷуд ояд, маркази ёдшуда ба интағйирот ҳамчун як фоҷеа вокуниш нишон медиҳад. Организми инсон барномаи фаъолия­таш­ро дигар мекунад ва баробари анҷом ёфтани маҳдудияти қабули хӯрок барои барқарор кардани вазни камшуда мепардозад. Аз ин рӯ, ягона роҳи самараноки кам кардани вазн ин маҳдудкунии тадриҷӣ, назоратшаванда ва давра ба давра дар реҷаи хӯрокхӯрӣ буда метавонад, ки тавассути ворид намудани тағйироти дахлдор дар рафтору муносибат ба масъала барангехта мешавад. Яъне инсон бояд худогоҳона аз тано­вули ғизои иловагӣ худдорӣ кунад. Бартарияти рӯзаи Рамазон ҳам дар моҳи худдорӣ, худидоракунӣ ва худтарбиякунӣ будани он зоҳир меёбад ва он риояи ҷиддии тартибу низомро дар қабули ғизо дар назар дорад, ба ваҷҳи некӯ ба барномарезии фаъолияти липостат таъсир расонида метавонад.
Дар фарҳанги рӯзаи исломӣ ҳеҷ гуна маҳдудияти истеъмоли озуқаворӣ, ба мисли ҷоиз будани истеъмоли танҳо сафеда, карбогид­ратҳо, мева ва ғайра вуҷуд надорад. Пеш аз намози субҳ мусулмонон субҳонаи сабук, яъне саҳархӯрӣ мекунанд ва пас аз ғуруби офтоб бо хӯрдани хурмо, мавиз, ягон намуди мева, об ва ё нӯшоба рӯзаро мекушоянд. Ин тарзи рафтор ҳолати гипогликемия (паст шудани глюкоза дар таркиби хун)-ро бартараф мекунад, ки дар заминаи хӯроки бисёри серғизо хӯрдан баъди адои намоз ба вуҷуд омаданаш мумкин аст.
Дар доираи фарҳанги рӯзадорӣ боз намозҳои иловагӣ пешбинӣ шудааст, ки он мубодилаи моддаҳои хӯрокро осон мегардонад. Мутахас­сисон ҳисоб кардаанд, ки ҳангоми адои намози таровеҳ энергияи баро­бар ба андозаи 200 калория масраф мешавад. Илова бар ин, намози му­сулмонон дар худ маҷмӯи тамринҳоеро барои мушакҳо ва бофтаҳои ба­дан ғунҷоиш додааст, ки аз нигоҳи меъёри масрафи калория онро ҳамчун як намуди варзиши ҷисмонии сабук табақабандӣ кардан мумкин аст.
Фарҳанги рӯзадорӣ дар моҳи Рамазон ба зоти худ як намуди риёзати зоҳирию ботинӣ ва худидоракунии интизоми инфиродӣ аст. Шахсоне, ки одатҳоии зишти сигору нос кашидан, шаробхорагӣ, тановули аз ҳад зиёди шириниҳо ё бисёр қаҳва нӯшидан доранд, дар ин моҳ имкони васеи тарки ин одатҳо кардан ё ақаллан коҳиш додани меъёри истеъмоли онро доранд, ки самараи таъсири он дар ҳолати аз рӯйи имону эҳтисоб рӯза гирифтан баъди Рамазон ҳам боқӣ хоҳад монд.
Моҳи Рамазон дар замири мусулмонон таъсири бузурги тарбия­вию ахлоқӣ ва равонӣ ҳам мерасонад. Онҳо иқрор мешаванд, ки фарора­сии ин моҳ эҳсосираҳму шафқат, дастгирии ҳамдигар, сулҳуамонӣ ва суботу оромиро аз ҳарвақта бештар тақвият мебахшад. Аз ин рӯ, изҳори оризаҳои душманӣ ва бадхоҳӣ нисбат ба одамони дигар коҳиш меёбад. Тибқи ҳисоботи оморӣ моҳи Рамазон дар кишварҳои мусулмонӣ шумораи ҷиноятҳои содиршуда якбора кам мешудааст.
Дар фарҳанги исломӣ тибқи далола­ти оятҳои қуръонӣ беморон аз рӯза доштан озод мебошанд. Тибқи муқар­рароти ташхисҳои тиббӣ диабетикҳо – гирифторони бемории диабе­ти қанд, ки доруи инсулин мегиранд, ба ҳеҷ ваҷҳ бояд рӯза надоранд; шахсони гирифтори бемории баландшавии хун ва намудҳои вазнини касалии дил умуман бояд рӯза нагиранд; барои беморони мубталои дарди сар ва мигрен ҳам рӯза доштан носозгор аст, зеро худдории бардавом аз хӯрдану ошомидан боиси паст шудани сатҳи қанд дар таркиби хун мегардад; муносибат ба рӯзадории занони ҳомиладоре, ки оризаҳои ҷонибӣ надоранд, бисёр нозук аст, зеро ҳомиладорӣ бемо­рии тиббӣ нест. Дар бораи қатъиян рӯза нагирифтани ҳомиладорон дар Қуръон ишорае нест ва тавсияҳои тиббии мушаххас ҳам вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин дар ҳадисҳо ишороте ба ин мазмун вуҷуд дорад, ки занони ҳомила ва ширдеҳ  рӯза доштанашон мумкин нест, зеро Худо намехоҳад, ки ҳатто як вуҷуди хурдтарин озор бинад. Дар воқеъ, муайян кардани он ки рӯза барои рушди навзод чӣ суду зиёне дорад, хеле мушкил аст, вале олимони соҳаи тиб муқаррар кардаанд, ки рӯза гирифтан барои заноне, ки дар марҳалаи семоҳаи якум ва сеюми ҳомиладорӣ қарор доранд, зараровар аст ва онҳо бояд рӯза нагиранд. Вале агар марҳалаи семоҳаи дуюм, яъне моҳҳои 4-6-уми ҳомиладорӣ ҷараён дошта бошад, зан ба ҳамон шарте рӯза гирифта метавонад, агар саломатиаш хуб бошад ва бо маслиҳату назорати духту­рони тахассусӣ ин корро анҷом диҳад. Дар ин марҳилаи ҳомиладорӣ вазни занон одатан зиёд мешавад, ки рӯза ба фоидаи кор буда метавонад, вале худдорӣ аз нӯшидани об набояд аз 10-14 соат бештар бошад. Дар ин ҳолат рӯза гирифтан ба дарозии муддати рӯз бастагӣ мегирад.
 
Рӯзадорӣ барои тақвияти сало­матии инсон воситаи муҳим мебо­шад. Рӯза системаи масунияти баданро қавӣ гардонида, аз бисёр бемори­ҳо раҳоӣ мебахшад, вазни зиёдатиро коҳиш медиҳад ва монеи дар гурда пайдо шудани сангрезаҳо мегардад. Рӯза ғаризаҳои ҷинсӣ ва талаботи шаҳвониро суст мекунад, барои истироҳати узви ҳози­ма ва системаи марказии асаб ёрӣ мерасонад ва мубодилаи моддаҳоро ба мувозинат меорад. Ҳарчанд намоз ҷанбаи бузурги маънавиро дорост, вале дар давраи рӯзадорӣ тавассути баргузории ҳар намоз то 10 калория энергияи иловагии нолозим аз бадан хориҷ мешавад. Яъне шахс ба муҷарради рӯза гирифтан на танҳо ба такомули рӯҳонии худ, балки ба манфиати обутоби ҷисмониаш ҳам саҳми сазовор мегузорад. Риояи рӯза асосан дар чанд рӯзи аввал мушкил ва ғайримуқаррарӣ менамояд, сипас аксаримардум онро осон таҳаммул мекунанд ва ба реҷаи Рамазон одат меку­нанд. Рӯза ба вазъи саломатӣ таъсири мусбат мерасонад ва ин ҷиҳати масъала ниёз ба омӯзиши бештар дорад.
 
 (Давом дорад)
Яндекс.Метрика