Фарҳанги рӯзадорӣ (қисмати саввум)

Файзулло Баротзода
Фарҳанги рӯзадорӣ дорои фазилатҳои зиёд мебошад. Ислом рӯзаро сипар донистааст, аз ин рӯ, рӯзадор даст ба корҳои ношоиста намезанад, зеро тарки хӯрдан ва нӯшидан кардани банда барои дарёфти ризои Худо аст ва подошашро ҳам Худо медиҳад. Рӯза инчунин василаи тавонои бахшиши гуноҳон аст. Бахшиши гуноҳон гуфтан чунин маъно дорад, ки агар шахс дар муддати то фаро расидани рӯзадорӣдар кору рафтораш баъзе гуноҳҳои хурд (ба ҷуз гуноҳҳои кабира) содир карда бошад, ба ҳурмату бузургии рӯзадорӣаз ин гуноҳҳояш пок мешавад. Ва мардуми мусулмон ҳамин фазилатҳоро ба эътибор гирифта, дар тамоми рӯзҳои он аз рӯи имону эҳтисоб ва бо ҳусни ният рӯза медоранд, зеро аз матни аҳо­ди­си набавӣба хубӣмедонанд, ки “ҳар кӣмоҳи Рамазон аз рӯи имону эҳтисоб (ба умеди савоб) рӯза дорад, ҳамаи гуноҳони қаблан содиркар­дааш омурзида мешавад”. Илова бар ин, рӯзадор бар ивази парҳезкори­яш мӯҷиби бахшидани гуноҳҳо ва сазовори со­ки­ни биҳишт будан низ мегардад. Тибқи да­ло­­ла­ти ҳадис ваъда шудааст, ки “ба ростї, дар ҷаннат даре ҳаст, онро Райён (серобї) гӯянд, аз он дар рӯзи қиёмат рӯзадорон ворид шаванд ва аз он ғайри онҳо касе надарояд. Ва чун онҳо ворид шаванд, (он дар) баста гардад ва аз он касе надарояд”. Яъне рӯзадорон аз нигоҳи маънавӣумедвории дохили биҳишт шуданро карда метаво­нанд, ки ин ҷиҳати масъала барои талқини ахлоқи ҳамида аҳамияти бузурги тарбиявӣдорад.
 
Мавсими рӯзадориро моҳи Рамазон гуфтан дуруст аст. Ҳамин матлаб дар ҳадис ба таъбири “чун моҳи Рамазон дарояд, дарҳои осмон кушода шавад, дарҳои дӯзах баста гардад ва шайтонҳоро занҷирбанд кунанд” ифодаи некӯ ёфтааст. Яъне шахси рӯзадорро «рамазонӣ» ҳам мегӯянд. Дар тасаввури мардум моҳи Рамазон маънои қудсият, парҳезко­рӣ ва тақводориро ҳам ғунҷоиш додааст. Аз рӯйи тафсири оятҳои сураи «Қадр» дар ин моҳ дарҳои осмон кушода шуда, фариштагон ва олами арвоҳ ба замин наздиктар фуруд меоянд, бо сабаби занҷирбанд шудани шайтонҳо одамон корҳои зишт анҷом намедиҳанд, аз ин рӯ дарҳои дӯзах баста мешаванд. Моҳи Рамазон ва рӯзадорӣ ҳамрадифи анҷом додани корҳои писандида мегардад.
 
Фазилати дигари ин моҳ боз дар он зоҳир шудааст, ки моҳи Рамазон дар хайр кардани тавонмандон ба ниёзмандон такони бузурге ворид мекард. Тибқи ривоятҳои мавҷуда дар китобҳои шарҳу тафсир баъд аз фарз гардидани рӯза ҳар сол тосипарӣ шуда­ни моҳи Рамазон Ҷабраил бо Пайғамбар (с) вомехӯрд. Гӯиё дар ин муддат Ҷабраил имо­ма­тӣ карда, бо ӯ Қуръонро мегузаронидааст, ки онро дар анъанаи эъти­қо­дии мазҳаби ҳанафӣ тоза кардани Қуръон мегӯянд. Ҳамин фазои маънавие, ки дар ҳуҷраи пайғамбари ислом (с) дар мавсими рӯзадорӣ иттифоқ меафтод, боиси болидарӯҳӣ, аз ҳарвақта бештар шудани корҳои хайру саховат, дастгирии эҳтиёҷмандон ва ғамхорию меҳрубонӣ аз ҷониби сарвари мусулмонон мегардид. Саҳобагон мушоҳида кардаанд, ки дар ин моҳ Пайғамбар (с) дар хайр кардан аз боди ба ваҷҳи нек вазан­да ҳам олиҳимматтар мешуд. Ҳамин ҷиҳати масъала бо анъанаҳои тоисломии миллию фарҳангии тоҷиктаборон омезиши барҷаста пайдо намуда, ба қавли устод Рӯдакӣ дар таъбири «гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ» ҷамъбаст гардид. Яъне рисолати бузурги парҳезкорӣ, тақводорӣ ва худоҷӯӣ, пеш аз ҳама, дар дасти ёрӣ расонидан ба ниёзмандон аз мав­қеи баланди инсондӯстӣ зоҳир мегардад. Ҳикмати асосии рӯзадорӣ дар моҳи шарифи Рамазон дар расидан ба баробарии иҷтимоие ифода меё­бад, ки дар он ҳамаи мусулмонон оид ба худдорӣ кардан аз хӯрдану ошо­мидан ва ифтор кардан тақрибан ҳуқуқу имтиёзҳои якхела доранд. Дорою нодор ва тавонманду ниёзманд яксон чӣ будани маҳдудиятро дар ҷисму ҷони худ эҳсос менамоянд, ки ногузир ба силаи раҳм ва тараҳҳуми онҳо тақвият мебахшад.
 
Аз рӯйи арзишҳои фарҳанги рӯзадорӣ дар ин моҳ дурӯғ гуфтан дуруст нест. Дар ҳадисе омадааст, ки “ҳар кӣ гуфтани дурӯғ ва кор бастан ба онро тарк накунад, пас Худоро ҳам ҳоҷате нест, ки он шахс хӯрдану нӯшиданашро тарк кунад”. Таъкиди мазкур аҳамияти бузурги тарбиявӣ ва ахлоқӣ дорад, зеро таъйиноти иҷтимоии рӯзадорӣ дар тақвияти ирода, парҳезкорӣ, ростқавлӣ ва дурӣ ҷустани инсонҳо аз корҳои бад зоҳир мегардад.
 
Худо рӯзаро василаи барҷастае барои наздикӣ ҷустани бандагон қарор додааст, ки ин ҳолат бегумон онҳоро раҳнамуни роҳи рост мегар­донад. Аз забони Пайғамбар (с) дар тақвияти ин гуфтаҳо ҳадиси қудсие омадааст: “Худо гуфтааст: “Ҳама амалҳои фарзанди Одам барои худаш аст – ба ғайр аз рӯза, ки барои Ман аст ва подоши онро Ман медиҳам”. Дар воқеъ, ин сухан ба шахси рӯзадор нерӯ ва тавони иловагӣмебахшад, то маҳдудиятҳои ин моҳи муборакро мӯҷиби фарохдастиҳояш гардонад.
 
Эътибори шахси рӯзадор хеле баланд аст. Аз ин рӯ мегӯянд, ки рӯзадорро ду навбат шодмонӣ бувад: «чун ифтор кунад, шодмонӣ кунад ва чун ба подоши рӯзадориаш ба дидори Парвардигораш  расад, шодмонӣ кунад». Яъне ҳолати хушҳолӣ ва қаноатмандӣ аз ин кори анҷомдодаи худоҷӯё­на ба шахси мусулмон эҳсосоти равонӣ ва эътиқодии тоза мебахшад. Масъалаи рӯзадорӣ ба танзим ва издивоҷи саривақтӣ низ иртибот дорад ва инсонро аз бадахлоқии ҷинсӣ ҳимоят менамояд. Мусал­лам аст, ки из­ди­воҷ ва оила барпо кардан чашмҳоро аз нигоҳи беҷо пӯшони­да, мардумро аз корҳои зишт бозмедорад. Вале меъёрҳои ахлоқи миллию динии мо гоҳо тавсия медиҳад, ки ҳар кас тавоноии издивоҷ кардан надошта бошад, пас бигузор дар рӯзҳои муайян рӯза дорад, зеро ки рӯза барои ӯ бурандаи шаҳват аст.
 
Хосияти дигари рӯзадорӣ оғозу анҷоми он аст, ки бо дидани моҳи нав (ҳилол) Рамазон оғоз гардида, бо дидани моҳи нав (ҳилол)-и Шаввол хӯрдани он иҷозат дода мешавад. Дар ин бора ҳадиси зерин далолат мекунад: “То ҳилол (моҳи нав)-ро набинед, рӯза надоред ва то онро набинед, рӯза нахӯред ва агар (бибинед, ки) абр бошад, худ шумор карда онро муқаррар намоед”. Ҳикмати асосии нуҳуфта дар ин ҳадис он аст, ки дар шароити имкониятҳои техникии асримиёнагӣ чунин тарзи муайян кар­­да­ни оғозу анҷоми ин моҳи муборак ва умуман дигар моҳҳои қамарӣ мардумро аз вобаста будан ба ҳар гуна унсури миёнарав бениёз мегар­донид. Ин ҷо усули осонтарини муайян кардани вақт рӯйи кор мео­мад ва ба пайванди ҳамешагии инсон бо табиат бартарият дода мешуд.
 
Ба қавли Ибни Умар муддати моҳи Рамазон 29 ё 30 рӯз мебошад. Абӯабдуллоҳ ал-Бухорӣ зимни ташреҳи ин масъала посухи бисёр равшан дода, чунин гуфтааст: “(Ҳаргиз чунин нашавад, ки дар соле) ҳар ду ноқис ба ҳам ҷамъ оянд”. Аз ин ҷо бармеояд, ки моҳи Рамазон ҳам 29 ва ҳам 30 рӯзӣ мешавад, вале ҳеҷ гоҳ соле намешавад, ки миқдори рӯзҳои моҳҳои Рамазон ва Зулҳиҷҷа 29 рӯзӣ бошанд.
 
Бояд гуфт, ки дар байни мардум таомули нодурусте ҳаст, ки рӯзаи моҳи Рамазонро чанд рӯз пештар оғоз мекунанд. Доир ба ин қабил касон дар сарчашмаҳо ва ҳадисҳо таъкиди махсус аст, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, рӯзаи моҳи Рамазонро як ё ду рӯз пештар ё қафотар барад. Аммо агар шахси мусулмон рӯзаи нафл гирифта бошад, ин масъалаи дигар аст. Рӯзаи нафл рӯзаи ихтиёрӣаст ва он дар моҳҳои дигари тақвимӣ ба муд­дат­ҳои чанд рӯз, масаланшаш рӯзи аввали моҳи Шаввол, даҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа ё рӯзҳои дигари ҳар ҳафта, ба хусус душанбеву панҷшан­беи он ва гоҳо моҳҳои Раҷабу Шаъбон ба пуррагӣ аз ҷониби му­сул­монон риоя карда мешавад. Дар бовару эътиқоди мусулмонон рӯзаи нафл ги­риф­тан барои аз нопокиҳо тоза кардани бадан ва тақвияти нафси маъна­вӣ мусоидат мекунад. Вале ҳеҷ кас бояд бо номи рӯзаи эҳтиёт як ё ду рӯз пештар ба оғоз намудани моҳи Рамазон ташаббус нишон надиҳад.
 
Савоби бузурги рӯзадорӣдар дуруст муайян кардан ва дарёфти саҳеҳи нуқтаи оғози он аст, вагарна фақеҳону муҷтаҳидон дар гузашта шаб­ҳои зиёдеро дар кӯҳу биёбон ба хотири дидани ҳилоли моҳ сипарӣ на­ме­­карданд ва дар шароити кунунӣ ҳам зарурати таъсис додани гурӯҳ­ҳои корӣ ва истифода бурдани маълумоти расадхонаҳои илмӣ аз байн мерафт. Бояд гуфт, ки дар замони садри ислом ва асрҳои миёна имко­ни­ят­­ҳои техникию технологӣ маҳдуд буданд. Аз ин рӯ, фақеҳону нуҷум­ши­носон ба донишу таҷрибаҳои назариявӣ ва амалии худ такя мекарданд.
 
Имрӯз илми муосир, ба хусус дар шароити соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имкониятҳои фаровон бархурдор аст. Расадхо­на­ҳои пуриқтидори кишвар аз уҳдаи муайян кардани оғозу анҷоми моҳ­ҳои қамарӣ ба осонӣ мебароянд. Солҳои охир шоҳиди он будем, ки маълу­мо­ти илмии хадамоти астрофизикии ҷумҳурӣ бо воқеияти рӯъяти ҳилоли моҳи Рамазон мутобиқати комил доштанд. Яъне илм бо таҷриба­ҳои амалии тоҷикони мусулмонойин омезиши некӯ пайдо кардааст.
 
Доир ба моҳият ва аҳамияти моҳи шарифи Рамазон дар китобҳои сершумори сирату ансоб, таърихнома ва тафсирҳову  маҷ­мӯаи аҳодис маълумоти возеҳу равшан мавҷуд аст, ки бештари онҳо ба сирату сурат, корнома, рафтору гуфтор ва рӯйдодҳои зиндагии Пайғамбар (с) алоқа­манд мебошанд. Дар ин бора Табарии муаррих чунин овардааст:  «Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон дар моҳи Шаъбони соли дуюми ҳиҷрӣ фарз гардонида шуд ва пайғамбар (с) дар моҳи рабеъу-л-аввали соли ёздаҳу­ми ҳиҷрӣ вафот кард. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки ӯ 9 сол рӯза доштааст».Агар оғози фарз гардидани рӯзаи моҳи Ра­ма­зонро ба тақвими мелодӣ гардонем, он ба рӯзи чоршанбеи 25 фев­­­ра­ли соли 624 рост меояд ва соли даҳуми ҳиҷрӣ бошад ба рӯзи шан­­­беи 3 декабри соли 631 мувофиқ аст. Яъне рӯзадории пайғамбар дар моҳҳои декабр, январ ва феврал рост омадааст. Ба эътирофи ҷум­ҳу­ри уламои ислом аз ин 9 маротиба 4-тоаш 29 рӯзӣ ва 5-тоаш 30 рӯзӣ будааст. Ҳамчунин вақте ки тартиби риояи рӯзаи моҳи Рамазон фарзгардид, додани закоти Фитр ҳам муайян шуд.
 
Пайғамбар (с) дар як хутбаи худ таъкид кард, ки мусулмонон ақаллан як-ду рӯз пеш аз ид закоти Фитр бидиҳанд. Ҳамчунин ӯ дар ин сол ба намозгоҳ рафта, бо мардум нахустин намози ид хонд. Ва дар ҳамин рӯзи ид дар пеши рӯйи Пайғамбар (с) аназа (найзачаи асо­мо­нанд) ниҳода буданд, ки минбаъд онро дар тамоми намозҳои ид дар рӯёрӯйи имомони намозҳои ид мегузоштанд. Сазовори гуфтан аст, ки тамоми ҷузъиёти рӯзадории му­сул­­монон ҳам тадриҷан ҳанго­ми зинда будани Пайғамбар (с) ва замо­ни ҳукмронии хулафои роши­дин ҳамчун як рукни панҷгонаи ислом аз нигоҳи меъёрҳои имонию эътиқодӣ ва фиқҳию ақидатӣтако­му­ли ниҳоӣпайдо кард.
 
Дар фарҳанги рӯзадорӣ муайян кардани миқдори рӯзҳо бисёр муҳим мебошад. Махсусан, барои мусулмонон тақвими солшумории ҳиҷрии қамарӣ аҳамияти махсус дорад. Ин тақвим аслан барои муай­ян кардани бисёре аз ойинҳои мусулмонӣ, ба мисли ҳаҷҷу рӯза ва оғози моҳҳо истифода мешавад. Дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб ба таъсиси девонхонае ба сабки дабирони сосонӣ иқдом намуданд, ки мақсади асосии он муайян кардани оғози шумори моҳо­наи божу гузина (баъдтар ҳамин истилоҳот шакли арабии боҷу хазина ва хироҷро гирифт) ба тақлид аз рӯйи мабдаи таърихи яздигурдӣ дар кишварҳои фатҳшуда буд. Ба ҳамин хотир мусулмонон рӯзи ҳиҷрати Пайғамбари исломро аз Макка ба Мадина оғози солшумории ҳиҷрӣ қарор дода, онро ҷойгузини солшуморӣ аз оғози таърихи тоҷ­гузории шоҳи сосонӣ гардониданд. Вале то оғози ислом ҳам асосан солномаи хуршедӣ ва солшумории мелодиро риоя мекар­данд, зеро санаи рӯй­дод­ҳои таърихӣ тибқи далолати ҳамин тақвимҳо сабт мешуд.
 
Бояд зикр намуд, ки гоҳшумории қамарӣ дар миёни арабҳо пеш аз ислом ривоҷ доштааст. Барои мутобиқ шудани он бо солшумории хуршедӣ ҳар се сол як моҳеро ба хотири насабе номгузорӣ карда, дар ибтидои тақвими қамарӣ қарор медоданд. Аммо дар соли даҳуми ҳиҷрӣ нозил шудани оятҳои 36-37 сураи Тавба дар ин масъала тағйи­роти куллӣ ба вуҷуд овард: «Ба дурустӣ, шумораи моҳҳо назди Худо дар Китоби Худо аз рӯзе, ки осмонҳову заминро офарид, дувоздаҳ моҳ аст…». Қуръон сароҳатан муайян кард, ки миқдори моҳҳои сол назди Худованд 12 моҳ аст ва афзудани як моҳи зиёдатии сенздаҳум дар ин тақвим амали куфр аст. Зеро ба ин восита категорияи муҳар­рам буда­ни моҳҳо омехта мешавад. Вале тақвими ҳиҷрии қамарӣ аз оғози ҳиҷ­ратба расмият надаромада буд, балки дар соли 15 ҳиҷрӣ замони хило­фа­ти Умар оғози солшумории ҳиҷрии қамариро 8 рабеъулаввал (16 июли соли 622 мелодӣ) ва моҳи нахустини солро муҳаррам унвон карданд. Тибқи ин солшуморӣ ҳар соли ҳиҷрии қамарӣ аз 12 моҳи ҳилолӣ иборат буда, миқдори рӯзҳо дар он ба 354 ва дар соли кабиса ба 355 рӯз баробар мешавад. Номи моҳҳои ин солшуморӣ дар як шеъре чунин баён шудааст:
 
Ду рабеъву ду ҷумодо зи пайи якдигар,
Зи муҳаррам чу гузаштӣ, бирасад моҳи сафар.
Пас ба зилқаъдаву зилҳиҷҷа бикун нек назар,
Раҷаб аст, аз пай шаъбон, рамазону шаввол.
 
Дар асоси муқаррароти ин тақвим шеваи ҳисобу китоби моҳҳо гоҳшумории ҳиҷрии қамарии ҳилолӣ ном дорад, ки дар кишварҳои исломӣ ба хотири муайян кардани рӯзҳои ид ва дигар муносибатҳои мазҳабӣ истифода мешавад. Рӯзи аввали ҳар моҳ дар ин гоҳшуморӣ бар асоси моҳи нав дар шомгоҳи рӯзи 29 ё 30-уми моҳи қаблӣ таъйин ме­ша­вад, ки онро мушоҳида ё пешбинии мушоҳидапазирии ҳилол ме­но­манд. Ин тарзи таъйини оғози моҳ, яъне истиҳлол то ислом дар байни қавмҳои шумерӣ, бобулӣ ва яҳудӣ низ роиҷ ва собиқаи тӯлонӣ доштааст. Пешбинии вазъияти рӯъяти ҳилол дар моҳҳои қамарӣ ба мавқеи ҷуғрофии кишварҳо дар лаҳзаи ғуруби рӯзи 29-уми моҳ вобас­тагӣ дорад ва эҳтиёткории нозуконаро тақозо менамояд. Имконияте вуҷуд дорад, ки ҳилоли моҳи нав дар як мавзеи кураи Замин рӯзи 29-ум баъди ғуруби Офтоб рӯъят шавад, вале дар макони дигар рӯъят на­ша­вад. Ин ҳолат сабаби ихтилофи якшабонарӯзӣ дар кишварҳои арабию мусулмонӣ аз нигоҳи гоҳшумории ҳиҷрии қамарии ҳилолии маҳаллӣ меша­вад. Мутобиқи ҳукми шаръӣ агар ҳилоли моҳ дар шомгоҳи рӯзи 29-уми моҳ рӯъят шавад, он моҳ поёнрасида ва фардо аввали моҳи баъдӣ аст. Вале агар ҳилоли моҳ дар шомгоҳи рӯзи 29-уми моҳ рӯъят наша­вад, моҳ сирӯза мешавад. Чунин бармеояд, ки дар тақвими ҳиҷрии қамарӣ барои таъйини моҳҳои 29 ва 30 рӯза низому қоидаи мушаххасе вуҷуд надорад. Масъалаи танзими солшумории ҳиҷрии қамариро аз соли 1420ҳ./1999м. ҳукумати Шоҳигарии Арабис­то­ни Саудӣ сарпа­растӣ мекунад. Ин тақвим солшумории ҳиҷрии қа­ма­рии «Умму-л-қуро» ном дорад, ки дар асоси фаъолияти гурӯҳи нуҷумӣ ва рӯъяти ҳилол аз мавқеи ҷойгиршавии шаҳри Макка таъйин карда мешавад, ки дар баъзе моҳҳо мумкин аст аз гоҳшумории ҳиҷ­рии қамарии киш­вар­­ҳои дигар як рӯз фарқ дошта бошад.
 
Бояд ёдовар шуд, ки тақвими қамарӣ қадимтарин ва маъмулта­рин навъи солшуморӣ будааст, ки донистани оғози моҳ бо дидани ҳилол ошкор мешавад. Бинобар ин ҳар шахси худогоҳ метавонад ба осонӣ дар асоси рӯъяти ҳилол таърихи рӯзро муайян кунад. Аз рӯйи ҳисобу китоби рӯзҳо тақвими қамарӣ аз 354 (дар соли кабиса 355) рӯз ва тақвими хуршедӣ аз 365 (дар соли кабиса 366) рӯз иборат аст. Тақвими ҳиҷрии қамарӣ дар асоси гардиши ҳалқавӣ давр задани Моҳ таҳаққуқ мепазирад, ки дар натиҷа аз тақвими хуршедӣ 11 рӯз кӯтоҳ­тар мешавад. Моҳи Рамазон ҳам мисли дигар моҳҳои тақвими қамарӣ дар фаслҳои гуногуни сол чарх задан мегирад ва баъди ҳар 33 сол ба ҳолати ибтидоии худ баргашта меояд. Рӯзи якуми моҳи Рама­зон ҳам бо рӯъяти ҳилол оғоз мешавад. Ва ҳеҷ кас ба ҷуз Худо сарша­вии моҳи ояндаро яқин намедонад, агар шабона дар осмон ба қавли Ҳофизи лисонулғайб барояш мушоҳидаи возеҳу равшани «мазраи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав» муяссар нашавад. Аз ҳамин ҷиҳат ва боз ба далели сабабҳои дигар илми нуҷуму фалакиёт дар фарҳанги исломӣ хуб рушд кард. Тадқиқотҳои астрономии ал-Киндӣ, ал-Берунӣ ва Бузҷонӣ дар пешгӯӣ намудани рӯъяти ҳилол, самти ҳаракати Моҳ ва фаза (манзил)-ҳои он ва ҷирмҳои дигари осмонӣ ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштанд. Ин самти фаъолият дар асрҳои баъдӣ тақ­вият пайдо карданд, ки имрӯз дар замони рушди бемайлони илму тех­нология идома ёфта истодааст. Ҳамин тариқ, мушоҳида кардани ҳолати Моҳ ва вежагиҳои ҳаракати он барои астрономҳо ва риёзидо­нони мусулмон ба як кори муҳими илмию имонӣ мубаддал гашт. Дар он гузаштаи дур ҳам Моҳ мисли имрӯз одамонро мафтун мекард ва ақлҳои онҳоро ба сӯйи худ мекашид, зеро ҳисобу китобҳои олимон далолат бар он мекард, ки табақаҳои осмон ва олами коинот ҳам дар асоси низому сохтори раббонӣпобарҷост.
 
Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии комил моро водор мена­мояд, ки дар муносибат ба ин қабил муқаррароти динию эътиқодӣ эҳти­ёт­кор бошем. Дар Варорӯди бостонии фарҳангсолор, ки илму маърифати мусулмонӣ дар пояи қудсияти забони тоҷикӣ ташаккул ёфта буд, ду тақвим – тақвими деҳқонӣ, ки дар асоси тақвими хуршедии наврӯзӣ амал мекард; ва тақвими имонӣ, ки дар асоси тақвими ҳиҷрии қамарӣ амал мекард, баробар дар истифода буд. Рӯҳонияти саршиноси аҳли суннату ҷамоати мовароуннаҳрӣ масъалаи оғозу анҷоми моҳҳои қа­ма­риро дар асоси талаботи бечунучарои фиқҳи ҳанафӣанҷом медоданд. Сиёсати оқилонаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дуруст анҷом додани фароизи диниро низ аз мо тақозо менамояд.
 
 (Давом дорад)