Фарҳанги рӯзадорӣ (қисмати ҳафтум)

Агар дар боби фарҳанги Рамазон дар шароити Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухангӯем, пас, бояд эътироф кард, ки ин моҳи табаррук ба фарҳанги миллии мо такомул бахшидааст. Дар мавсими рӯзадорӣ анъанаи тайёр намудани шириниҳо, хӯришҳо, таомҳо ва нӯшобаҳои махсуси рамазонӣ, либосу лавозимот ва баъзе меъёрҳои муносибати иҷтимоии мансуб ба ин моҳ дар тӯли садсолаҳо ташаккулёфта, дар рагу пайванди бофтаҳои фарҳанги миллӣ омезиши некӯ пайдо кардаанд. Оши палови рамазонӣ ва умуман палови тоҷикӣ ба таъбири табиби оламшумул Абӯалӣибни Сино аслан таоми табобатӣ ва парҳезӣ буда, барои тақвияти ҷисме, ки тӯли рӯзидароз лоғару заиф мегардад, бисёр айни муддаост. Шарти асосӣ он аст, ки бояд ин таоми армуғонии тоҷикӣ тибқи меъёрҳои қоидавӣ бо риояи тамоми мураккаб оташ омода гардад. Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» аз шароби мостоба (дӯғ) ёд карда­аст, ки аҳли Бухоро онро дар ифтор баъди бо ширинӣ кушодани рӯза тановул мекардаанд. Аммо дар саҳархӯрӣ хӯрдани нахӯдшӯрак маъмул будааст, зеро он шахси рӯзадорро аз ташна мондан нигоҳ медоштааст. Дар ноҳияҳои кӯҳсори Бухорои Шарқӣ ҳам дар мавсими рӯзадорӣ омода намудани хӯроку хӯришҳо аз алафу рустаниҳои кӯҳӣ бисёрмаъмул будааст. Агар мавсими рӯза дар фасли баҳорон рост ояд, алафу рустани­ҳо дар шакли тару тоза истеъмол мешуд. Бузургсолон дастур медоданд, ки барои дастурхони ифторӣ бо истифо­да аз рустаниҳо таомҳои сабуки парҳезӣ омода намоянд, то фоидаи рӯзадорӣ барои обутоб додани ҷисму ҷони сокинон дучанд гардад. Дар байни мардуми манотиқи кӯҳсори Хатлону Бадахшон ва Ҳисору Зараф­шон дар шакли хушкшуда захира кардани алафу рустаниҳои баҳорӣ ва гиёҳҳои шифобахш ба ҳукми анъана даромада буд, ки онро бо истилоҳи умумии «завуда» ном мебурданд. Дар фаслҳои дигар ҳам истеъмол кардани завуда дар таом маззаи хуш ва то андозае таъйиноти парҳезӣ доштани алафу гиёҳҳоро барқарор мекард. Пешниҳоди меваи тару тоза барои Рамазон дар ҳамаи фаслҳои сол ба эътибор гирифта мешуд. Кишо­варзон роҳу усулҳои бобоии нигаҳдории меваро дар таҳхонаҳои заминӣ хуб медонистанд. Аз ин рӯ, дар ҳолати зарурат хоҳишмандон онро дастрас карда метавонис­танд. Тарғиби намудҳои гуногуни меваҳои хушк дар мавсими рӯзадорӣ як кори муқаррарӣ буд. Навъҳои мавиз ва ғӯлунгҳое вуҷуд доштанд, ки онро танҳо барои рӯзакушоӣ истифода мебурданд. Ҳамчунин анъанаи пухтани намудҳои гуногуни ҳалво ва нишоло низ дар мавсими рӯзадорӣ бисёр равнақ пайдо мекардааст. Ҳалвои беҳтаринро бо ширинии тут ва ангур, нишо­лои беҳ­та­ринро бо ҳамроҳ кардани зардбехи ширин бия тайёр мекар­данд, ки он асосан дар кӯҳталҳои Айвоҷ, Қубодиён ва Шаҳритус мерӯид. Дар гузаштаи на он қадар дурр бехи ин гиёҳ, ки барои кафк задан дар деги нишоло ҷузъи таркибии муҳим барои ҳосил кардани маззаи дилхоҳ дониста мешуд, аз тариқи шаҳриТирмиз ба бозорҳои Бухорову Самарқанд, Хоразму Фарғона, Қӯқанду Хуҷанд, Панҷакенту Истаравшан, Чочу Чорҷӯ, Мар­ву Ҳирот, Ҳисору Хатлонва Раштону Бадахшон паҳн мегардид.
 
Либосҳои занонаву мардонаи рамазонӣ бошад танҳо аз матоъҳои пахтагин дӯхта мешуд, ки онро либоси намозӣ ном мебурданд. Хуб ме­шуд, ки дар шароити муосир занону духтарон ҷойнамозҳои миллии худа­мон­ро дӯзонанд ва намудҳои рӯймолҳои миёнбанд ва тоқиҳои мардона­ро, ки дар он нақш­ҳои исломӣ васеъ истифода мешуданд, эҳё намоянд. Ин ҳам риояи суннат ва ҳам арҷгузорӣ ба анъанаҳои фарҳанги миллат мебошад.
 
Масъалаи тайёр кардани тасбеҳҳо низ дар анаъанаи ҳунармандони мардумӣ ҷойгоҳи махсус дошт. Маводи тасбеҳ аз маҳсулотҳои табиӣ интихоб карда мешуд. Чунин тасбеҳҳо ҳангоми гардондан ва дар даст соиш додани он барои оромӣ бахшидан ба рӯҳу равони шахс гуворо буд. Дар мавзеъҳои кӯҳӣ онро аз санг, дарахти тут, чормағз ва тӯғдона тайёр мекарданд. Дарахт­ҳои бузурги чормағзу тутро, пеш аз ҳама, барои таро­ши­дани табақ, кафлес, чумча ва қошуқ истифода мебурданд. Чӯбпораҳои боқимондаи туту чормағзро шогирдони устоҳо дар шакли хурд-хурди чоркунҷа ва тухмшакл барои тасбеҳ омода мекарданд. Дар водиҳо руста­НИИ гулшак­ле мерӯяд, ки онро «ашки Марям» мегӯянд ва мисли ҷувори­мак­кА гули донашакл ҳосил медиҳад. Донаҳои онро барои сохтани тасбеҳ дар гузаш­таи наздики мо васеъ истифода мебурданд. Дар таҷри­баи мардумсоло­рии мо мавсими рӯзадорӣ дар баробари вежагиҳои бовару эътиқодоти қавӣ буданаш боз омили муҳими таҳрикдиҳандаи фаъолиятҳои бозар­гонӣ, ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ҳам будааст. Ошпазу кадбонуҳо ва соҳибкасбони гуногун дар мавсими рӯзадорӣ, аз як тараф, тамоми ҳунару маҳорати худро тақдими таматтӯъ бардоштани мардум мекарданд ва аз тарафи дигар, нозукиҳои онро ба шогирдон меомӯзо­ниданд, то ки пайванди наслҳо гусастана гардад.
 
Дар айни замон соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ аз мо тақо­зо менамояд, ки дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ муноси­бати эҷодкорона зоҳир намоем. Дар сиёсати ояндасози Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танзими анъана ва ҷашну маросим­ҳои динӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Талаботи роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки тамоми шаҳрван­дони мамлакат дар интихобу пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқарра­роти динию маҳзабӣ ба риояи урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд, ба тақлиди кӯркӯрона, бегонапарастию булҳавасӣ роҳ надиҳанд. Эҳёи дастовардҳои хуби ниёгони пурифтихор ва пазируфтани навгониҳо дар фазои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони азизу маҳбуб бояд дар доираи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, адлу инсоф, ақлу мантиқ ва идроку ҳушёрӣ ба вуқӯъ пайвандад. Месазад иқрор намо­ем, ки имрӯз дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тамо­ми мардуми кишвар дар фазои тинҷию оромӣ ва ваҳдати дастаҷамъӣ рӯзгори хубу ҳаёти осоишта доранд ва ободию шукуфоии ватани аҷдодӣ маншаи ифтихормандии онҳост. Садоқат ба халқу Ватан, афзун наму­дани дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллию фарҳангӣ ва осебнопазирии ваҳдати эътиқодии динию мазҳабӣ аз ҳар фар­ди бонангу номус ба ваҷҳи некӯ анҷом додани қарзи фарзандию шаҳр­ван­дии худро нисбат ба обу хоки муқаддас ва сарзамини аҷдодӣ тақозо менамояд.
 
Фарҳанг ва фазилатҳои наҷиби моҳи шарифи Рамазон ба зарурати ҳамкорию ҳамбастагӣ дар ҷомеа, тарбияи баланди ахлоқии насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва тақвою шикаста­нафсӣ, дастгирию ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон ва шахсони бепарастору оилаҳои камбизоат таъкид менамояд ва онро вазифаи ҳар шахси рӯзадори тавонманд муқаррар кардааст. Ваҳдати гуфтору кирдор, боти­ну зоҳир ва бовару имон имсол аҳамияти бештар аз пештар касб мена­мояд, зеро ба­рои мардуми шарифи кишварамон соли 2016 санаи хотир­мон – Соли таҷ­ли­ли ҷашни бисту панҷ солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Яндекс.Метрика