Филми “Хиёнат” гурӯҳҳи хиёнаткору ватанфурӯшро ошкор сохт

Дар кишвар имрӯз ВАО давлатӣ ва хусусӣ мавзӯъҳои ифротгароӣ ва террористиро ба як тарзи дуруст ва оммафаҳм баррасӣ намуда, барои ҷомеа, хусусан барои насли ҷавон пардаи рангинро аз чеҳраҳои аслии хиёнаткорон ва террористонро бардошта, ҳақиқатро ба мардум нишон медиҳанд. Яке аз ин баррасиҳо филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” мебошад, ки дар асоси далелҳои муътамад хиёнатҳои гушношуниди ҳизби террористӣ-экстремистии ҲНИ, ки ба номи поки ислом иснод овардааст, ошкор сохтааст. Дар фикри онҳо танҳо сарвату давлати хоҷагони хориҷиашон буд ва барои иҷрои фармонҳои онҳо, ҳатто ба занону кудакон ва нафарони маъюбу солманд раҳм намекарданд. Ин ҷанги хонумонсӯзе, ки онҳо ба сари ин миллат оварданд, то ҳол доғашро модари тоҷик фаромӯш накардааст.
Ҳангоми мушоҳидаи филм, инсон дар ҳақиқат дарк мекунад, ки ҲНИ бо сардории Муҳиддин Кабирӣ чӣ ҷафоҳое ба сари ин миллати беозор оварданд ва ду бародарро ба ҳам ҷанг монданд, то ба истилоҳ обро лой намуда, моҳиро гиранд. Онҳо ба хотири ноором сохтани вазъи пас аз шӯравии Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон тамоми роҳҳои ғайриқонунию ғайриинсониро тай намуданд. Аз сабаби он ки мардуми шарафманди кишвар пайрави дини исломи мазњаби ҳанафӣ мебошанд, ягона роҳи фирефта намудани мардумро дар таъсиси ҳизби ба ном исломӣ диданд, то мардуми сода ба онҳо бовар намоянд. Дар таҷриба собит шуд, ки ин ҳизби террористӣ аз номи поки ислом суистифода намудааст.
То замоне, ки ТТЭ ҲНИ дар дохили Тоҷикистон фаъолият мекард, лоф аз ислому мазҳабу дин мезад, тамоми андешаҳои миллӣ ва худшиносии миллати тоҷикро нодида мегирифт. Аммо дар ҳоле, ки манъ шуд ва мардуми шарафманди Тоҷикистон бо сардории Пешвои миллат ғаразҳои нопоки онҳоро дарк карданд, онҳо фирор намуданд ва боз мехоњанд аз берун вазъи ороми моро ноором созанд, аммо ин дафъа тирашон хато хурд ва ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид, зеро тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҳизбу ҳарактҳои террористии исломӣ ҳазар намуда, мақсадҳои онҳоро низ медонанд. Ин бор низ, Кабирӣ, ки мактаби найрангро хуб хондааст ва найрангҳои зиёде дар сари ӯ чарх мезананд, номи ҳизби террористияшро тағйир дод ва калимаи исломро, ки пайваста ба он иснод меовард, бардошт, то хоҷагони наве пайдо созад. Агар мақсади ӯ дар ҳақиқат Ислом мебуд, ин амалро ироа намекард, ӯ ба хотири расидан ба ғаразҳои нопоки худ, Худоро ҳам фиреб дод.
Ба таври умум, ин ҳизб хиёнатҳое, ки дар миллат кард, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва миллату Худо саркардагон ва аъзоёни ин ҳизбро ҳаргиз нахоҳад бахшид, зеро аз расули бузургвори ислом Муҳаммад (с) ривоят аст, ки се тоифа инсон аз ҳама пеш ба дӯзах медароянд, яке аз онҳо хиёнаткор аст.
Рамазониён Аҳтам – мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика