ФИҚҲИ ҲАНАФӢ ВА ТАТБИҚИ АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРӢ ДАР ҶОМЕАИ ИСЛОМӢ

ФИҚҲИ ҲАНАФӢ ВА ТАТБИҚИ АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРӢ ДАР ҶОМЕАИ ИСЛОМӢ
Аҳамияти таҳқиқи мавзӯи мазкур дар он ифода меёбад, ки то имрӯз мазмун ва моҳияти башардӯстона ва пешқадами таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, алалхусус назарияи ҳуқуқии таҳаммулгарои он, ки беш аз 90 фисади шаҳрвандони кишвари мо ва зиёда аз нисфи мусулмонони ҷаҳон пайрави он мебошанд, то имрӯз ба таври лозимӣ мавриди таҳқиқу баррасии илмӣ қарор дода нашудаанд. Бояд тазаккур дод, ки ҳуқуқи исломӣ дар давоми беш аз 1300 сол ба таври муттасил ҳамчун як низоми мустақили ҳуқуқӣ амал намуда, имрӯз низ дар қонунгузории муосири аксарияти кишварҳои исломӣ мавриди истифода қарор дорад. Мутаассифона, дар адабиёти илмии марбут ба таърихи ҳуқуқ бисёр ҷанбаҳои марбут ба таърих, мазмун ва мундариҷаи фиқҳи исломӣ, алалхусус низоми ҳуқуқии мазҳаби ҳанафӣ аз мадди назари муаррихон ва муҳаққиқони таърих ва назарияи ҳуқуқ барканор мондааст. Гузориши мазкур барои равшан кардани баъзе аз ҳамин гуна ҷанбаҳои торики ин масъала таҳия шудааст. Дар он ба таври мухтасар дар бораи таърихи ташаккули фиқҳи исломӣ, нақши фақеҳони ҳанафӣ дар густариши арзишҳои умумибашарӣ дар ҷаҳони ислом, алалхусус дар байни тоҷикон ва дигар мардуми маскуни минтақаи Осиёи Марказӣ маълумот дода мешавад.
Дар замони муосир баробари густариши раванди ҷаҳонишавӣ, аз як тараф ва раванди муколамаи байни фарҳангҳо ва дину мазоҳиб, аз тарафи дигар, хатари бархӯрди байни онҳо низ торафт афзун мегардад. Ин вазъият аз муҳаққиқони соҳаи таърихи ҳуқуқ ва ҳуқуқи исломӣ, тақозо менамояд, ки ба масъалаи таҳқиқ ва кашфи воситаҳои имконпазири ҳуқуқии ҳамзистии мусолиматомези пайравони дину мазоҳиби гуногун ҳар чи бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Барои ҳалли ин мушкилот на танҳо таҳқиқи куллӣ ва умумии ҳуқуқи исломӣ, балки таҳқиқи низом ва таълимоти ҳуқуқии ҳар як мазҳаб ё ҷараёни ҷудогонаи исломӣ низ муфид мебошад ва метавонад ба ҳайси як омили муҳими эҷоди тафоҳум ва сулҳи миёни фарҳангҳо ва дину мазоҳиби мухталиф хизмат намояд. Аз тарафи дигар, анҷом додани чунин пажӯҳишҳо барои пешгирӣ кардани низои байни пайравони дину мазоҳиби мухталиф доир ба масоили гуногуни ҳуқуқӣ ва дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ тарбия намудани онҳо мусоидат менамояд.
Таъкид кардан зурур аст, ки дар ҷомеаҳои исломӣ равандҳои иҷтимоию сиёсиро дар ҳама давру замон низоъҳои тезутунди ғоявию динии байни пайравони мазҳабҳо ва фирқаҳои мухталиф ҳамроҳӣ менамуданд. Дар байни пайравони фирқаҳо ва мазҳабҳои мухталифи исломӣ дар масоили гуногуни динӣ, фиқҳӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию ахлоқӣ ихтилофи назар вуҷуд дошт. Ҳанафия аз ҷумлаи мазҳабҳои фиқҳие мебошад, ки дар байни аҳли суннат ва ҷамоат пайдо шуда, имрӯз ҳамчун як мазҳаби воқеан ҳам таҳаммулпешаву ваҳдатгаро тавонистааст халқу миллатҳои гуногунро бо ҳам муттаҳид созад. Бо таваҷҷӯҳ ба авомили ғоявии пайдоиши ин мазҳаб, қайд кардан мумкин аст, ки дар дохили ин мазҳаб аз ибтидо як навъ анъанаи ақлгароӣ ва таҷдиди донишу эътиқодоти динӣ-ҳуқуқӣ вуҷуд доштааст. Мутафаккирон ва фақеҳону мутакаллимони пайрави ин мазҳаб зимни шарҳи масоили динӣ, фиқҳӣ, сиёсӣ ва ахлоқию иҷтимоӣ натанҳо ба таълимоти Қуръону ҳадис такя мекарданд, балки ин масоилро тибқи шароити давру замон тафсир менамуданд. Яъне, барои мазҳаби фиқҳи ҳанафӣ мутобиқшавии фаъолона бо воқеиятҳои ҷаҳони доимо дар тағйиру такомул хос мебошад.
Мазҳаби ҳанафӣ ба ҳайси яке аз мазҳабҳои асосии исломӣ ва таълимоти фалсафию илоҳиётшиносии он натанҳо назария ва амалияи мухталифи динӣ, балки як зумра принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқиро низ дар бар мегирад. Ғояҳои бунёдию ҷавҳарии он ба тамоми соҳаҳои фаъолият ва муносибатҳои ҳуқуқии пайравонаш дахолат намуда, нақши амиқи худро дар ҷаҳонбинию маънавиёт, афкору аъмол ва тарзу равиши зиндагии онҳо мегузоранд. Аксарияти кулли мусулмонони сокини Тоҷикистон пайрави ин мазҳаби таҳаммулгаро мебошанд.
Дар Тоҷикистон пайравони мазҳаби ҳанафӣ дар шароити давлати миллии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар паҳлӯи пайравони мазҳаби исмоилия ва дигар ақаллиятҳои этникию динӣ дӯстона ва осудаҳолона умр ба сар мебаранд. Муносибатҳои таърихии байни пайравони дину мазоҳиби гуногун дар Тоҷикистон, алалхусус байни пайравони мазҳабҳои ҳанафӣ ва исмоилия, инчунин муносибати мусулмонон ба пайравони мазҳабҳои дини насронӣ, яҳудӣ ва буддоӣ ва дигар ақаллиятҳои динӣ дар заминаи эҳтироми арзишҳои динии тарафайн асос ёфтаанд ва намунаи равшани ҳамзистии осоиштаи мазҳабҳо ва ҷараёнҳои мухталифи динию этникӣ ба шумор мераванд.
Мавзӯи мубрам будани ин масъалаҳоро зарурати таъйини қонунмандиҳо ва вежагиҳои раванди ташаккул ва рушди таълимоти фиқҳи ҳанафӣ дар ҳалли масоили мухталифи динию ҳуқуқӣ, алалхусус, дар шароити муборизаи ғоявии байни мазҳабҳои анъанавӣ ва ҳаракатҳои навбаромади экстремистию террористӣ, мисли ДИИШ, Толибон ва ғ., ки аъмолашон комилан хилофи принсипҳои ҳуқуқи исломист, низ тасдиқ мекунад. Боз як омили дигар, ки ба аҳамияти ин мавзӯъ таъкид мекунад, тағйиротҳое мебошанд, ки дар ҷомеаҳои мусулмонӣ, махсусан дар кишварҳои Шарқи Наздик пас аз инқилобҳои «баҳори арабӣ» ба амал омадаанд. Онҳо аз муҳаққиқон тақозо мекунад, ки ба авомили динӣ-ҳуқуқии таъсирбахш ба ин тағйироту ҳаводис таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир намоянд. Зеро бидуни таҳқиқи авомил ва хусусияти тазоҳури тундгароии динӣ, бидуни ҷавоб ба ин муқтазиёти замон ва ҳалли ин мушкил пешбинӣ намудани тағйироти минбаъдаи иҷтимоию сиёсӣ дар ин ҷомеаҳо номумкин аст. Инчунин дар илми муосири таърихи ҳуқуқ саволҳои зиёде оид ба мутобиқати фиқҳи исломӣ ва усулҳои он бо арзишҳои умумибашарӣ, талаботҳо ва ҳуқуқу озодиҳои ҳаётии ҷомеаи муосири мусулмонон вуҷуд доранд ва ин нуқта низ зарурати таҳқиқи пайгиронаи мавзӯи зикршударо таъкид менамояд, Барои ҷавоб ёфтан ба ин саволҳо таҳқиқи нақш ва мақоми фиқҳи исломӣ дар қонунгузории гузашта ва муосири кишварҳои исломӣ зарур мебошад. Дар ин самт таҳқиқи принсипҳо ва меъёрҳои фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ хеле муфид хоҳад буд, ки дар тӯли қарнҳо дар ҳалли мушкилоти сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию маишии як силсила қавму миллатҳои мухталифи мусулмон, аз ҷумла тоҷикон ва дигар миллатҳои маскуни Осиёи Миёна нақши афзалиятнокеро иҷро намудааст. Хамин тариқ, таҳқиқи фиқҳи ҳанафӣ ва умуман фиқҳи исломӣ бо ишора ба таваҷҷӯҳи зиёде, ки имрӯз ба низоми ҳуқуқи исломӣ зоҳир мегардад, барои илми назарияи муосири диншиносӣ ва исломшиносӣ муҳим буда, ба он ғановат ва навгониҳои зиёде бахшида метавонад.
Омӯзиши илмии таърих ва назарияи фиқҳи исломӣ, аз ҷумла фиқҳи ҳанафӣ барои таъйини мафҳумҳо ва усулҳои асосии он, роҳҳои таълифу танзим ва татбиқи амалии онҳо дар қонунгузории кишварҳои исломӣ ва масоили илмию амалии марбут ба мавзӯи мазкур мусоидат менамояд.
Чанде аз масъалаҳои марбут ба ин мавзӯъ, аз ҷумла мафҳуми принсипҳои ҳуқуқӣ, таснифи анвои принсипҳо ва таносуби байни онҳо, раванди таърихии таълифу танзими принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ, сарчашмаҳои ҳуқуки исломӣ ва принсипҳои ҳуқуқи исломӣ ва ғ. аз тарафи олимону муҳаққиқони ватанию хориҷӣ то як сатҳи муайян таҳқиқ ва баррасӣ шудаанд. Аз ҷумлаи асарҳои илмию таҳқиқотии ба ин мавзӯъ алоқаманд асарҳои олимону муҳаққиқони тоҷик Ф. Тоҳиров [9], А.Холиқов [11], И. Бӯриев [2], М. Ҳайдарова [10], Д. Обидов [5] ва дигаронро зикр кардан мумкин аст. Олимону муҳаққиқони зикршуда дар таҳқиқи таърихи ҳуқуқи исломӣ саҳми калон доранд. Таъкид кардан лозим аст, ки мазмун ва моҳияти илми фиқҳ ва усулҳои фиқҳи исломӣ, алалхусус мафҳуми усулҳо ва қоидаҳои фиқҳи ҳанафӣ, ки дар тӯли садсолаҳо муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳаёти ҷамъиятии тоҷикону дигар миллатҳои пайрави ин мазҳабро идора карда омадаанд, нақшу ҷойгоҳи онҳо дар қонунгузории кишварҳои исломӣ ва танзими муносибатҳои ҳуқуқии мусулмонон то андозае аз назари аҳли таҳқиқ дар канор мондаанд. Ҳол он ки бидуни таҳқиқи муфассали ин масоил шинохти комили мазмун ва моҳияти фиқҳи исломӣ ва таъйин намудани нақши он дар ҳаёти гузаштаву имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мусулмонон аз имкон берун аст. Албатта, баррасии масоили зикршуда дар як мақолаи хурд корест ғайривоқеӣ ва аз имкон берун. Аз ин рӯ, мо танҳо ба зикри мухтасари таърихи пайдоиши фиқҳи ҳанафӣ ва нақши он дар густариши арзишҳои умумибашарӣ дар ҷаҳони ислом иктифо мекунем.
Мазҳаби ҳанафӣ аз нигоҳи таърихи пайдоиш мазҳаби аввалин дар ҷаҳони ислом аст ва аз мавқеи ҳудуди ҷуғрофии густариш ва теъдоди пайравон бошад мазҳаби бонуфузтарини исломӣ мебошад. Ҳоло пайравони мазҳаби ҳанафӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Россия, Ироқ, кисмате аз Эрон, Афғонистон, Ҳинд, Покистон, Бангладеш, Индонезия, Туркия, кишварҳои Балкан ва минтақаҳои дигари ҷаҳон аксариятро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ 77 фисади мусулмонони ҷаҳон пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд.
Мазҳаби ҳанафӣ аз ибтидои зуҳури худ дар кишварҳои Мовароуннаҳру Хуросон нуфузи зиёд дошт. Ин амр бесабаб нест, зеро дар маҷлисҳои илмию эътиқодии Абӯҳанифа нафарони зиёде аз Самарқанд, Бухоро, Балх ва шаҳрҳои дигар ширкат меварзиданд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр шудааст, ки аз байни шогирдони Абӯҳанифа 18 нафар аз Балх, 16 нафар аз Марв, 9 нафарӣ аз Самарқанд ва Бухоро, 6 нафар аз Ҳирот, 4 нафар аз Нисо, 3 нафар аз Тирмиз ва дигарон сазовори мансаби қозӣ шуданд [4, 34-35]. Шогирди Абӯҳанифа қозӣ Абӯюсуф аввалин шахсест, ки дар хилофати Аббосиён ба мансаби қозиюлқуззот таъйин гардид ва бо саъйю талоши вай дидгоҳҳои фиқҳи ҳанафӣ дар маҳкама ва коргузории расмии давлатӣ татбиқ шуданд.
Аз ибтидои зуҳур се мактаби бузург дар дохили мазҳаби ҳанафӣ-ироқӣ, мовароуннаҳрӣ ва мисрӣ ба вуҷуд меояд. Минбаъд суннатҳои мактаби мовароуннаҳрии ҳанафӣ дар Ҳинд ва қаламрави империяи Усмонӣ густариш ёфтааст. Интишори мазҳаби ҳанафӣ дар минтақа ба фаъолияти фақеҳони донишманд, чун Абӯмутеи Балхӣ, Абӯлайси Самарқандӣ, Абӯмуқотили Самарқандӣ, Абӯҳафси Кабири Бухорӣ, Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ ва садҳо уламову фақеҳони дигар марбут аст. Ба андешаи аксарияти муҳаққиқон фақеҳони пайрави мазҳаби ҳанафӣ алалхусус дар тадвин ва тарвиҷи усулҳо ва қоидаҳои фиқҳӣ, ки барои ҳалли масоилу мушкилоти ҳаётии мусулмонон ҳамчун меъёр хизмат мерасонанд, саҳми бузург гузоштаанд. Аз ҷумлаи нахустин муаллифони ҳанафимазҳаби усулҳо ва меъёрҳои фиқҳӣ Абӯтоҳири Даббос, Абулҳасани Кархӣ, Абӯалӣ Аҳмад ибни Муҳаммади Шошӣ, Убайдуллоҳ ибни Умар ибни Исо Абӯзайди Дабусӣ ва Наҷмиддин Умари Кархӣ мебошанд. Абӯтоҳири Даббос нахустин фақеҳи мусулмон мебошад, ки аввалин бор зарурати коркард ва танзими усулҳои фиқҳиро дарк намуда, шахсан 17 усули фиқҳи ҳанафиро таълиф ва ироа намудааст. Баъдан шумораи усулҳо ва қоидаҳои фиқҳи ҳанафӣ давра ба давра афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, якчанд аср баъд аз Дабусӣ, фақеҳи дигари ҳанафимазҳаб – Наҷмиддин Умари Кархӣ дар як асари худ 99 усул ва қоидаи фиқҳиро баён намудааст [12, 165-166], ки ин худ далели равшани рушди муттасили низоми фиқҳи исломӣ ва саҳми фақеҳони ҳанафимазҳаб дар масъалаи шаклгирии он мебошад.
Дар давлати Сомониён мазҳаби ҳанафӣ ба унвони мазҳаби расмии давлатӣ пазируфта шуд, ки дар ин хусус дар «Китоби Саводи Аъзам»-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ чунин омадааст: «Бидон, ки сабаби таснифи ин китоб он буд, ки бероҳону мубтадеъону (бидъаткорон) ҳаводорон ба Самарқанду Бухорову Мовароуннаҳр бисёр шуданд. Пас аиммаву (имомон) фуқаҳову (фақеҳон) уламои Самарқанду Бухорову Мовароуннахр гирд омаданд ва гуфтанд: «Обо (падарон) ва аҷдод (бобоён) то буданд, бар тариқи суннат ва ҷамоат буданд. Акнун ҳавоҳои мухталиф пайдо шуд ва моро ҷойи тарс аст». Ин суханро ба амири Хуросон расониданд. Амири одил Исмоил бифармуд мар Абдуллоҳ ибни Абӯҷаъфарро ва боқӣ фуқаҳоро, ки «баён кунед мазҳаби рост ва тариқи суннату ҷамоат, он ки падарони мо бар он будаанд». Пас аимма ба ӯ ишорат карданд, ба Хоҷа Абулқосими Самарқандӣ ва онро гуфтанд: «Пайдо кун моро роҳи рости суннату ҷамоат, он ки Пайғамбар, алайҳи-с-салом, бар он буд». Ва бифармуд, то тасниф кард ин китобро ба тозӣ (арабӣ). Ва ба наздики амири Хуросон оварду арза кард. Ҳама писандиданд ва гуфтанд: «Роҳи рости суннату ҷамоат ин аст». Пас амири Хуросон бифармуд, ки «ин китобро ба порсӣ гардонед, то чунонки хосро бувад, омро низ бувад ва манфиат кунад ва мазҳабро некӯ бидонанд ва аз ҳаво ва бидъат дур бошанд» [6, 17].
Чунончи аз ин порча мебинем ҳанӯз аз замони Сомониён хатарҳои берунӣ дар либоси таълимоти мазҳабҳои исломӣ ба амният ва якпорчагии кишвар таҳдид мекарданд. Маҳз аз ин сабаб амирони сулолаи Сомониён ба мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун омили муттаҳидкунанда ва муҳофизаткунанда аз ҷараёну равияҳои гуногун такя намуданд. Амирони сомонӣ барои интишори мазҳаби ҳанафӣ, ки аз сабаби таҳаммулпазирӣ ва вусъати андешаи худ бо фарҳанг ва олами маънавии мардумони минтақа ва таъмини манфиату амнияти кишвар созгор буд, мусоидат намуданд. Ин иқдомро минбаъд сулолаҳои ҳоким дар Мовароуннаҳр, Ҳинд ва империяи Усмонӣ низ идома доданд ва ин мазҳаб унсури тавонои пайванди ҳувияти миллӣ ва динии мардумони гуногун гардид. Сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи миллат ва диёнат намунаи беҳтарини эҳёи муносибатҳои байни давлати миллии тоҷикон ва мазҳаби суннатии ҳанафӣ ба шумор меравад, ки ҳамчун рукни меҳварии ташаккули худшиносӣ ҳанӯз дар замони Сомониён оғоз ёфта буд.
Мазҳаби ҳанафӣ дар баробари маъмултарин мазҳаби исломӣ будан ҳамчунин ҷузъи хотираи таърихӣ ва хамирмояи худшиносии миллӣ ва худошиносии мост. Мазҳаби ҳанафӣ дар байни мазҳабҳои дигари исломӣ бо гароишҳои ақлонии худ машҳур аст ва аз ин сабаб онро мазҳаби аҳли раъй низ меноманд. Дар асри Абӯҳанифа мактаби ироқии фиқҳ ё ба таъбири дигар «мазҳаби ироқии ақл», ки маркази он шаҳри Кӯфа буд, шуҳрати азиме ба даст овард, ки решаи он то Алӣ ибни Абӯтолиб ва Ибни Масъуд мерасид. Устоди Абӯҳанифа Имом Ҳаммод ибни Сулаймон (ваф. 120 ҳ. / 737 м.) ҳам тарбиягирифтаи ҳамин мактаб ва шогирди барҷастаи худ Нуъмон ибни Собитро дар давоми ҳаждаҳ сол, яъне то дами маргаш дар ҳавзаи бобаракати ҳамин мактаб бо нозукиҳои илми фиқҳ ошно сохт. Ба ғайр аз ҳавзаи фиқҳии Кӯфа дар он давр боз чанд мактабҳои машҳури фиқҳии дорои гароишҳои махсус дар сарзаминҳои исломӣ вуҷуд доштанд, ки онҳоро чунин тақсимбандӣ кардан мумкин аст: «мактаби аҳли тафсир дар Макка бо сарварии саҳобии донишманд Абдуллоҳ ибни Аббос; мактаби аҳли ҳадис дар Мадина, ки поягузори он ҳазрати Оиша, Умар ибни Хаттоб, Абдуллоҳ ибни Умар ва Зайд ибни Собит буданд; мактаби аҳли раъй (ақлгароён) дар маркази шаҳри Кӯфаи Ироқ, ки роҳбарии онро Абдуллоҳ ибни Масъуд ва Алӣ ибни Абӯтолиб ба ӯҳда доштанд» [7, 159].
Мактаби Ироқ ва махсусан бахши дар Кӯфа будаи он тартибу низоми махсуси худро дошт ва дар назди олимон бо номи мактаби аҳли раъй (ақлгароён) машҳур буд. Аввалин поягузори мактаби фиқҳии Куфа Абдуллоҳ ибни Масъуд саҳобии пайғамбари ислом (с) эътироф шудааст. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ теъдоди шогирдони ба мартабаи устодӣ расидаи ин мактаб тақрибан 4000 нафарро ташкил медодааст. Абдуллоҳ ибни Масъуд шахсияти дорои донишу фазилат ва андешаи озод буда, дар ҳалли масъалаҳои фиқҳӣ дидгоҳи барҷастаи динию мазҳабӣ дошт. Вай дар мактаби фиқҳии худ шогирдони бузургеро тарбият намуд, ки яке аз машҳуртарини онҳо Алқама ибни Қайси Нахаъӣ мебошад. Дар мактаби Алқама бошад Иброҳим ибни Язиди Нахаъӣ, сипас дар мактаби вай Ҳаммод ибни Сулаймон ва ниҳоят Имом Абӯҳанифа таълиму тарбия ёфта, ба камоли олимӣ ва мартабаҳои баланди илмӣ ноил гардидаанд. Ҳар кадом аз ин нобиғагон дар роҳи ташаккул, танзим ва пешрафту шукуфоии ин мактаб заҳмат ва саъю талоши зиёде ба харҷ дода, аз чиҳати нақлию ақлӣ ин мактабро пурзӯр сохтанд. Устоди Абӯҳанифа Ҳаммод, ки вориси ҳақиқии мактаби мазкур маҳсуб мегашт, тамоми таҷриба, андеша ва дониши пешиниёнро гирд оварда, дар ихтиёри шогирди бузургаш Имом Абӯҳанифа қарор медиҳад. Имом Абӯҳанифа низ дар навбати худ онҳоро дар қолаби мазҳаби алоҳида ончунон устодона рехта тавонист, ки бо шиносномаи мустақил ва гароиши мумтоз дар ҷаҳони ислом намудор гардад.
Ба андешаи имом Абӯҳанифа қонунгузор бояд аз қиёс ва раъй дар масъалаҳое истифода намояд, ки доир ба онҳо дар дигар сарчашмаҳо дастуре дода нашуда бошад. Авлавият додани имом Абӯҳанифа ба қавли саҳоба дар қиёс ба он сабаб будааст, ки саҳобагон аз ҳукми пайғамбари ислом (с) дар бораи мавзӯи мавриди баҳс қарордошта огоҳ ва шоҳиди ҳол буданд. Имом Абӯњанифа ҳамеша “дар ҳолати пайдо кардани ҳадисе аз Пайғамбар (с) ҳарчанд он ҳадис заиф бошад ҳам, қиёсро тарк карда, бо он ҳадиси заиф амал мекард ва аз зиддият кардан бар муқобили суннат, ҳатто саҳван ҳам бошад, худро дур мегирифт. Дар ниҳояти кор аз қувваи худ дар қиёс ва раъй истифода мекард, то ҳамон қавлеро пайдо намояд, ки аз ҳама бештар ба суннат мутобиқ бошад” [1, 75].
Воқеан дар аҳди Абӯҳанифа қиёс назди фақеҳони асҳоби ҳадис низ абзори мақбул буд ва амал намудан ба он дар фиқҳи ҳадисгароёни ироқӣ чун Суфёни Саврӣ ва ҳиҷозӣ чун Молик бисёр ба назар мерасид. Фарқияти Абӯҳанифа дар масъалаи қиёс аз дигарон дар он буд, ки ӯ роҳҳои корбурд ва чигунагии бархӯрди қиёсро бо далелҳои васеътар пешниҳод намуд. Ҳамин ҷанба боис шуд, ки бархе муосирони ҳадисгарои Абӯҳанифа чун Молик бар қиёси ӯ эрод гирифтанд. Тафовути асосии истифода аз қиёс дар мазҳаби ҳанафӣ ва мазҳабҳои дигари аҳли суннат дар он аст, ки агар дар мазҳабҳои дигар танҳо аз муқоисаи аҳкоми фиқҳӣ истинбот мешуд, пас дар мазҳаби ҳанафӣ ба иллат, яъне сабабҳои он аҳком ҳам мепардохтанд. Ба ибораи дигар, қиёс дар корбурди Абӯҳанифа масъалаи робитаҳои иллат ва маълул (сабаб ва натиҷа)-ро дар бар мегирифт.
Корбурди раъй ҳамчун усули фиқҳӣ дар мазҳабҳои дигар камтар ба назар мерасад. Дар мазҳаби шофеӣ танҳо қиёси зоҳирӣ ва дар мазҳабҳои моликӣ ва ҳанбалӣ масолеҳи мурсала қабул шудаанд, вале истеҳсон ва қиёси мантиқӣ вуҷуд надорад. Истилоҳи фиқҳии масолеҳи мурсала аҳком ва қавоиди фиқҳиеро ифода мекунад, ки онҳо ба маслиҳати афроди ҷомеа истихроҷ шудаанд, вале шариат онҳоро на эътибор додааст ва на лағв кардааст. Истеҳсон қоидаи усули фиқҳӣ аст, ки истилоҳан маънояш тарки қиёс ва гузаштан ба амре беҳтар аз он мебошад. Маҳз истифодаи васеъ аз истинботи ақлӣ боиси инкишоф ва густариши васеи мазҳаби ҳанафӣ ва созгор будани аҳкоми он барои ҳар давру замон ва кавну макон гардид.
Масъалаи итоат аз ҳоким ва баромадан бар зидди ҳукумати вай яке аз масъалаҳои ихтилофӣ дар таърихи ислом мебошад, ки дар асрҳои аввали таърихи он ба вуҷуд омада, боиси ихтилоф, фитна ва хунрезиҳои зиёд гардид. Имрӯзҳо бо паҳн шудани афкори инқилобӣ ва ифротӣ дар байни мусулмонон эҳёи фикри хавориҷ дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористии гуногун ба назар мерасад. Барои пешгирӣ ва баҳои дуруст додан ба ин гуна афкору рафтори тундрав дар баробари роҳҳои қудратӣ ва ҳарбӣ истифодаи таълимоти исломи суннатӣ, ба вижа таълимоти муътадили мазҳаби ҳанафӣ аҳамияти зиёд касб мекунад.
Дар сарчашмаҳои муътабари таълимоти мазҳаби ҳанафӣ барои воҷиб будани итоат ва пайравӣ аз ҳоким ва ҷоиз набудани саркашӣ ва хуруҷ бар зидди сарвари давлат (ҳоким, султон, валиюламр) таъкид шудааст. Имом Абӯҷаъфари Таҳовӣ дар «Ақидаи Таҳовӣ», ки онро «баёну тавзеҳи ақидаи аҳли суннату ҷамоат, ки эшон бар мазҳаби Абӯҳанифаи Кӯфӣ ва Абӯюсуфи Ансорӣ ва Абӯабдуллоҳи Шайбонӣ мебошанд» номидааст, мефармояд: «Бар пешвоён ва сарварони давлат туғён карданро ҷоиз намедонем, агарчи онҳо зулму ситам намуда бошанд ва бар эшон дуои бад нахоҳем кард. Аз тоату фармонбардории онҳо даст барнамедорем ва модоме ки ба маъсияту гуноҳ фармон надиҳанд, итоати эшонро аз тарафи Худои бузург барои худ фарз медонем ва ҳамеша барояшон ба салоҳу камол дар дин дуо менамоем» [8]. Далел барои чунин шеваи рафтор бо ҳокимон баргирифта аз Қуръон ва суннат аст, ки имомони мазҳаби ҳанафӣ пайваста ба ин матлаб ишора менамуданд. Дар Қуръони карим омадааст: «Эй мӯъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва пайғамбару фармонравоёнро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед» [Нисо, 4:59]. Дар «Саҳеҳ»-и ал-Бухорӣ дар хусуси итоат ва фармонбардорӣ аз ҳоким чунин омадааст: «Ҳар кас аз ман итоат намояд, Худоро итоат кардааст ва ҳар кас аз ман нофармонӣ кунад, Худоро нофармонӣ кардааст ва ҳар кас аз амир ва фармондеҳ итоат кунад, дар ҳақиқат маро итоат кардааст ва ҳар кас аз амир ва фармондеҳ нофармонӣ кунад, маро нофармонӣ кардааст» [3, 7173]. Ҳамчунин дар боби итоат аз пешво дар Саҳеҳи Бухорӣ омадааст: «Агар ҳабашие, ки сараш мисли мавиз (сиёҳу хурд) аст, ба шумо пешво таъйин шавад, (дар тоати Худо) ба суханони ӯ гӯш диҳед ва ба ӯ итоат намоед» [3, 693]. Мувофиқи таълимоти фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ итоати пешвоён ва сарварони давлатвоҷиб аст ва ҳатто дар сурати ба мардум аз ҳад зиёд зулму ситамро раво доштани сарварон низ мардум бояд аз шӯришу туғён иҷтиноб варзанд. Чунки туғёну исёни онҳо оқибат ва натиҷаҳои бад – хунрезӣ, нооромӣ ва харобиро ба дунбол дорад. Дар чунин ҳолатҳо фиқҳи ҳанафӣ бо роҳи мусолиматомез ҳал намудани мушкилоти ба миёномадаро маслиҳат медиҳад. Ба қавли имомони ханафӣ итоату фармонбардорӣ аз онҳо то вақте воҷиб аст, ки онҳо аз Ислом рӯй нагардонида ва ба куфр майл накарда бошанд. Ҳамчунин аҳли суннат ва ҷамоат бар сарварони ҳокими худ дуои бад накарда, тоату фармонбардорӣ аз эшонро воҷиб медонанд то даме, ки онҳо ба некӯӣ амр намоянд. Ва дар ҳама ҳолат дар ҳаққи онҳо дуои хайру салоҳи кор мекунанд, зеро тавассути накӯкории онҳо уммати ислом низ ба саломат хоҳад расид ва табаҳкории онҳо уммати мусулмонро низ ба фасод хоҳанд бурд. Хулоса, дидгоҳи мазҳаби ҳанафӣ дар ин масъала мухолифи ақидаҳои хавориҷ, муътазила ва шиаи ғулот (зиёдрав) мебошад, ки дар ин равияҳо исёну эътирози мусаллаҳона бар зидди ҳукумати қонунӣ бо баҳонаи таҳкими адолат, вале дар асл барои таъмини ғаразу манфиатҳои сиёсии худ ҷоиз аст.
Ҳамчунин дар ин ҷо зикри баъзе сарчашмаҳои муътамади фиқҳии мазҳаби ҳанафиро, ки барои дарки дурусту муфассали мазмун ва матолиби ҳуқуқии ин мазҳаб ва чигунагии таносуби он бо арзишҳои умумибашарӣ кӯмак мерасонанд, мувофиқи мақсад медонем:
1. “Ал-ҳидоя ли шарҳи “Бидояту-л-мубтадӣ”-и Имом Бурҳонуддин Абулҳасан Алӣ ибни Абӯбакр ал-Марғинонӣ;
2. “Мухтасару-л-виқоя фӣ масоили-л-ҳидоя”-и аллома Убайдуллоҳ ибни Масъуд ибни Тоҷушшариат;
3. “Шарҳу-л-виқоя”-и Алӣ ибни Султон Муҳаммад ал-Қорӣ ал-Ҳунайфӣ ал-Ҳанафӣ;
4. “Ал-лубоб фӣ шарҳи-л-китоб”-и Абдулғанӣ ал-Ғунаймӣ ал-Майдонӣ;
5. “Ал-ихтиёр ли таълили-л-мухтор”-и аллома Абдуллоҳ ибни Маҳмуд ибни Мавдуд ал-Мавсилӣ ал-Ҳанафӣ;
6. “Туҳфату-лфуқаҳо”-и Абӯлайси Самарқандӣ;
7. “Бадоиъу-с-саноеъ фӣ тартиби-ш-шароеъ”-и Имом Алоуддин Абӯбакр ибни Масъуд ал-Косонӣ;
8. “Ал-Мабсут”-и Муҳаммад ибни Ҳасан Сарахсӣ;
9. “Мухтасари Қудурӣ”-и Абулҳасан ибни Аҳмад ибни Муҳаммад;
10. “Ал-ҷомеъу-л-кабир”-и Имом Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасан аш-Шайбонӣ;
11. “Ал-ҷомеъу-с-сағир”-и Имом Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасан аш-Шайбонӣ;
12. “Ал-баҳру-р-роиқ фӣ шарҳи “Канзу-д-дақоиқ”-и Зайнуддин ибни Нуҷайм ал-Ханафӣ;
13. “Табйину-л-ҳақоиқ фӣ шарҳи “Канзу-д-дақоиқ”-и Фахруддин Усмон ибни Алӣ аз-Зайлаъӣ ал-Ҳанафӣ;
14. “Ал-ашбоҳу ва-н-назоир ало мазҳаби Абиҳанифа ан-Нуъмон”-и Шайх Зайнуддин;
15. “Ал-лубоб фӣ-л-ҷамъи байна-с-суннати ва-л-Китоб”-и Абӯмуҳаммад Алӣ ибни Закариё ал-Манбаҷӣ;
16. “Ал-муҳиту-л-бурҳонӣ”-и аллома Бурҳонуддин Маҳмуди Марғинонии Ҳанафӣ.
Аз байни китобҳои дар феҳристи боло ёдшуда китоби “Ал-муҳиту-л-бурҳонӣ” яке аз муҳимтарин ва мӯътамадтарин сарчашмаҳои фиқҳи ҳанафӣ ба шумор меравад. Муаллифи китоби мазкур аллома Бурҳонуддини Марғинонӣ ба қавли Ибни Камол Пошо яке аз кибори фақеҳони мазҳаби Имоми Аъзам буда, дар таълифоти фиқҳии худ аз усули раъй ва иҷтиҳоди ақлонӣ ба таври самаранок истифода бурдааст. Як натиҷаи муҳими корбурди иҷтиҳоди ақлонӣ дар танзими фиқҳи исломӣ ва низоми ҳуқуқи исломӣ дар ҳамин ифода меёбад, ки тавассути корбурди самараноки ин усул низоми ҳуқуқи исломӣ, алалхусус фиқҳи ҳанафӣ хусусияти кушодабаёнӣ гирифта, ба он бо мурури замон аз хазинаи тоисломии миллатҳои ғайриараб, ба хусус аз фарҳанги бостонии миллатҳои эронитабор урфу одатҳо ва анъанаҳои неку созандаи ҳуқуқӣ ворид карда шудаанд. Минбаъд, тавассути корбурди муттасилонаи ин усули наҷиб фиқҳи исломӣ пайваста такмил ёфта, ба талаботи замон ва ниёзҳои нав ба нави ҷомеаи исломӣ аз тариқи коркарди усулҳо ва қоидаҳои муҷаддади шаръии ҳалли мушкилоти ҳаётии мусулмонон мувофиқ кунонида мешуд. Аз ин рӯст, ки ба ақидаи аксарияти муҳаққи-қони таърих ва назарияи ҳуқуқ низоми ҳуқуқи исломӣ дар айни замон мукаммалтарин низоми ҳуқуқи динӣ ба шумор рафта, тамоми соҳаҳои муносибат ва фаъолияти инсон ва ҷомеаро фаро мегирад. Дар раванди тӯлонии тадвин ва такмили низоми ҳуқуқи исломӣ пайравони мазҳаби Имоми Аъзам нақши аз ҳама бузургро иҷро кардаанд. Усулҳо ва қоидаҳои фиқҳие, ки онҳоро фақеҳони пайрави мазҳаби ҳанафӣ истинбот ё эҷод кардаанд, ифодагари арзишҳои волои гуманистӣ ва умумибашарӣ мебошанд ва ҳамин нукта боис гардидааст, ки аксарияти мутлақи мусулмонони ҷаҳон ин мазҳаби таҳаммулгаро ва башардӯстро мавриди эътиқоду пайравӣ қарор диҳанд.

АДАБИЁТ:

1. ал-Боҷурӣ Муҳаммад ибн Афиф. Таъриху ташриъи-л-исломӣ. Бейрут, 1998.
2. Буриев И.Б. История государства и права Таджикистана. Душанбе, 2000.
3. Ал-Бухорӣ Муҳаммад. Саҳеҳи Бухорӣ. Душанбе: “Эр-Граф, 2012.
4. Домодӣ Абдураҳмон ибни Муҳаммад. Маҷмуъу-л-анҳор ли шарҳи “Мултақа-л-абҳор”-и фиқҳи ҳанафӣ. Истанбул, 1319 ҳ.
5. Обидов Д.С. Ханафитская правовая школа и ее значение в суннитском направлении исламского права (мавераннахрское течение). Душанбе, 2008.
6. Самарқандӣ Абулқосим Ҳаким. Саводи Аъзам. Хуҷанд: “Нури Маърифат”, 2009.
7. ас-Соис Муҳаммад Алӣ. Таъриху ташриъи-л-исломӣ. Бейрут, 1324 ҳ.
8. Тахиров Ф. Т. История государства и права зарубежных стран. Душанбе: «Амри илм», 2004.
9. Хайдарова М. С. Формиравание и развитие мусулманского права в арабском халифате. М., 1985.
10. Холиқов А. Ғ. Ҳуқуқи исломӣ. Душанбе, 2003.
11. ал-Ҳанафӣ Муҳаммад ибни Абдулазиз. Шарҳу-л-ақидати-т-Таҳовӣ. Бейрут, 1996.
12. Ҳумавӣ Аҳмад ибни Муҳаммад. Ғамзу-л-уюни-л-басоир ли шарҳи китобу-л-ашбоҳ ва-н-назоир. Истанбул, 1290 ҳ.

Наҷотзода Мутеъуллоҳ – муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология.

Мақола дар Маҷмӯаи (Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон".– Душанбе: «ЭР-граф», 2017. – 292 с.) нашр шуд.