"Хилофати исломӣ" қудсияти динӣ надорад! (қисми 2)

Аввал калимаи халифа ҳамчун ҷонишин ё ба ҷои худ таъин шудани инсон аз ҷониби Худованд дар Қуръон 2-30, 3- 110 ва 7- 142 омадааст.  Ҳазрати Мусо ба бародараш гуфт: Ту ба ивази ман қавмро ҳидоят кун, дар ислоҳи он талош намо ва бадкорону мунофиқонро тобеъият накун. Инҷо қоим мақоми шахси дигар ба хотири узр ё набудани он бо ишораи шахси асосӣ таъин мешавад. Дар Қуръон низ халифаи Худо дар рӯи замин таъин шудани инсон ҳамин маъноро дорад. Яъне роҳнамоӣ кардан дар асоси дастуроти шахси аввал ва асосӣ, ки соҳиби ин таълимот аст ва ҷонишин танҳо онро мерасонад. Рисолати Паёмбар низ ҳамин аст. Таълимоти Худовандро  дар бораи зоти ягона Анбиё 25 ба мардум расонад ва дастуроти Ӯро ба мардум шарҳ диҳад, то рисолати худро дар назди Худованд иҷро кард, зеро анҷом надодани рисолат дар Қуръон сареҳан таъкид шудааст. Паёмбар барои адои вазифаи худ дар миёни  ашхосе, ки имон оварда буданд таблиғ мекард ва тибқи он аҳкоми диниро амалӣ намуд, зеро дигар ягон роҳи расонидани ин аҳкоми илоҳӣ ба мардуми парешони араб набуд. Шояд агар ин рисолат дар Рум ё Форс мешуд, дар онҷо низоми давлатдорӣ мавҷуд буд ва  дар сурати ба ҳайси дини давлатӣ пазируфта шудан, онро метавонист аз тариқи имкониятҳои давлат ҷорӣ намояд. Азбаски дар араб низоми қабилавӣ буд, барои онҳо таъсиси як низоми сиёсӣ ягона роҳи ҳалли масъала буд. Сониян ба андешаи Ибни Арабӣ  қабилаҳои араб  як анъанаи таърихӣ доштанд, ки  танҳо аз шахсе, ки ҳам  сардори қабила ва пешвои динии қабила буд, итоат мекарданд ва дигар низомро қабул надоштанд. Бинобар ин Паёмбар вобаста ба таҷрибаи мардуми худ ин иқдом кард. Гузашта аз ин  араб ва амалҳое, ки дар ҷомеа анҷом меёфтанд, воқеан ҷаҳолат буданд, чунон ки дар Қуръон. «Духтаронро мояи нангу саршикастагӣ медонистанд ва ҳангоме, ки ба яке аз онон муждаи тавваллуди духтар дода мешуд ва қавму қабила ба хотири ори ин муждаи баде, ки ба ӯ дода мешуд, хештанро пинҳон мекард оё ин нангро бар худ бипазирад ва духтарро нигоҳ дорад ва ё ӯро дар зери хок зинда ба гӯр созад. Ба ростӣ, чӣ қазовати баде, ки мекарданд» «сураи Наҳл 58-59» ишора шудааст. Ин масъалаи дар Қуръон мавриди танқид қарор гирифтааст, яке аз суннатҳои ҷоҳилонаи  қавму қабилаҳои араб буд. Пас дар ин маврид  масъалаи асосӣ, масъалаи  аз байн бурдани чунин як суннати ҷоҳилона аз миёни арабҳо буд. Азбаски ин амал дар миёни араб маъруф будааст, пас таъкиди Қуръон низ пеш аз ҳама бар қавми араб дахл дорад. Ё далели мавҷуд будани бутпаррастӣ дар мардуми  араб  дар Қуръон сареҳан бо зикри номи чандин бутҳо аз қабили Суво, Яғус, Яъуқ, Наср, Вуд, Лот, Уззо ва ғ.омадааст. Инчунин ба ғайр аз бутпарастӣ ва арвоҳпарастӣ,  мурдапарастӣ низ  дар байни арабҳо шоеъ буд. Аз ҳамин сабаб  Паёмбар (с) фармон дод, ки тамоми гӯристонҳоро ба хок яксон кунанд, дар он ҷо намоз нахонанд, аз сохтани масҷидҳо дар онҷо худдорӣ кунанд, ба хотири он ки мабодо мурдапарастӣ муҷаддадан миёни мардум бозгардад. 1(Абдулфатоҳ Таббора, Рӯҳи ислом тарҷумаи арабии Аҳмад Фатҳи Зағлул с-7,  кириллӣ Душанбе 2007, саҳ 40). 
Вале дар таърихи панҷҳазорсолаи миллати форсу тоҷик номи ягон бут дар ягон китоб зикр нашудааст. Дар ҳоле, ки араб дар давраи ҷоҳилият қарор дошт, дар ҳамон вақт  қавми эронитабору рум  эътиқод ба  Худою Паёмбар ва китоби муқаддас доштанд ва дар бораи рисолати Паёмбар баҳс мекарданд. Бинобарон  дуо хондан дар назди қабри падар ё модар  барои тоҷик ҳеҷ вақт монанди  фаҳмиши  араб, яъне мурдапарастӣ набуд ва маънои мурдапарастӣ ё бутпарастиро надошт. Дар асри VII дар Қуръон оятҳо бо мақсади мардуми арабро аз ин ҷаҳолат ва амали ширк дур кардан, омадаанд. Вале дар ҳамон замон аллакай тафаккури  динии мардуми форс ва рум  аз араб асрҳо  пешрафта  буд.  Пас чи гуна мо метавонем дар асри 21 гуфторе, ки барои боз доштани араб аз мурдапарастӣ дар  асри VII  гуфта шудааст, таҷдиди ислом маҳсуб донему аз он пайравӣ намоем. Барои возеҳтар намудани ин масъалаи рӯ ба Қуръон меорем, ки сареҳан таъкид  шудааст: «Баъзе аз мардум бидуни ҳеҷ гуна донишу ҳидоят ва китоби равшану равшангаре дар бораи Худо  роҳи ситезу ҷидолро дар пеш мегиранд» «Луқмон 20». Пас пайдоиши чунин як мактабҳо ба монанди хавориҷ, ваҳобия, салафия, такфирӣ,  ва ғ. ва андешаҳое, ки бо роҳи ситезу ҷидол ва ҳукм кардани ҳар бандаи мусулмон аз диди тафаккур ва ақидаи худ амал мекунанд,  дар ин оят ошкор баён шудааст. Вале миллатгароёни араб дар тафсири матолиби Қуръон ва Ҳадис даст зада, на танҳо гузаштаи арабҳоро ки, ҷоҳилият будани  анъанаҳои онҳо сареҳан дар Қуръон зикр шуда буд,  балки гузаштаи кулли мардуми мусулмонро ҳукм ба ҷоҳилият карданд ва аз тариқи таъсиси хилофат онро бо зулм ва куфр эълон кардан аз тариқи дин дар болои мардуми дигар татбиқ карданд. Канорагирӣ намудан аз чунин андешаҳо барои мусулмонон  беҳтар аст, вале мубаллиғони ин андешаҳо ба хусус ДОИШ  ва салафиҳо кӯшиш доранд  ҳаёти воқеии мусулмонон ва ҷаҳони тафаккури онҳоро аз дохил тағйир диҳанд ва барои хеш мақоми шоиста касб намоянд. Яъне, идеяи Хилофат аз нав зинда шуд!! Ва  низоми сиёсии динӣ ки қонун қавоиди диниро  ҳамчун меёрҳои танзимкунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ дар амал татбиқ мекард, ин равандро тақвият дод. Вале  татбиқи аҳкоми динӣ дар таҷрибаи амалии хилофат норавшаниҳои зиёд дорад. Зеро аъмоли берун аз шариъат ва хилофи ислом ё хилофи дастуроти Паёмбар зиёд буданд, аммо бо ҳазор дурӯғ онро пӯшида, онро бо дин пайванд мекарданд. Аввалин андешаҳои динӣ дар ҷомеаҳои ибтидои аллакай бо ҳокимият ва қудрат  пайваст шуда, маҳз дорои кувваи беинтиҳо будани олихаҳо ва коинону ва руҳониятро тарғиб карда, итоат аз онҳоро яке аркони динӣ маҳсуб медонистанд.  Ислом низ ҳамин таҷрибаро идома дод. Дар динҳои  қавмии мардуми шарқ бошад қаҳрамонон асотирӣ ҳамон   руҳонияту коинон мебошанд, ки ҳукумати онҳо аз ҷониби Худо таъин шудааст ва ё  сарчашмаи  қудрати  сиёсии онҳо муқддасоти худои аст. Аз ин ҷо чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳар як  дин системаи низоми сиёсии мувофиқ ба худро таъсис медиҳад ва  мавудияти худро аз лиҳози динӣ асоснок мекунад. Бинобар ин ҷангу муноқишаҳои байни мардум ки бештар хусусияти дини касб карданд солҳо идома доранд.
Ислом дорои  аҳкоме, ки онҳо мансуб ба фард, ба мисли намоз, рӯза закот, ахлоқ ва аҳкоми дастаҷамъи ҷиҳод, адои ҳуқуқи шаръӣ  мебошад. Аксари гурӯҳои сиёсӣ бар ин ақидаанд, ки шароити мувофиқи  иҷрои унсурҳои фардиро  анҷоми додани фароизи  дастаҷамъи  омода мекунад. Дар ғайр аз ин анҷом додани аҳкоми ибодатӣ-фардӣ имконнопазир аст.  Дар ин маврид мафҳуми халифаи Худо инсон ва хилофат-низоми сиёсиро бо ҳам пайванд мекунанд ва дар тақвияти андешаҳои худ онҳо  аз Қуръон 21- 92; 23- 52; 9-71;3-103 далел меоранд. Аммо шахсе, ки баъд аз Паёмбар таълимоти ӯро идома медиҳад ва он чизе ки аз дин бармедорад итоат аз он  воҷиб аст  ё нест. Агар воҷиб бошад пас  аз рӯи ҳамин далел  касе аз он итоат накард, гунаҳкор аст. Вале дар таҷрибаи мусулмонон куллан дигар аст. Баъзе аз саҳобагони Пайғамбар аз додани закот ба халифа Абубакр даст кашиданд, қисме  мусулмонон  аз хилофати Усмон ва Алӣ итоат намекарданд, вале  иддаои саҳобаи Паёмбар  доштанд ва дар миёни  мусулмонон  соҳибмартаба буданд. Пас муносибати дугона(дуқура) аз ибтидо дар ислом ҷой дошт ва масъалаи мансубияти қабилавӣ масъалаи меҳварӣ буд ва нисбат бар идеяи динӣ болотар меистод. Мисол: Таҷрибаи аввали мусулмонон дар бораи таъсиси шуро барои китобат кардани Қуръон бинем, ки вазъият куллан дигар буд. Аъзои шуро танҳо қабилаи Қурайш шуда метавонад. Яке аз саҳобаҳои Паёмбар Абдуллоҳ ибни Масъуд, ки   машҳуртарин ровии аҳодиси Паёмбар буд ва аслаш мадинагӣ буд, Барои аз қабила «Қурайш» набуданаш аъзои шӯро шуда натавонист. Ва суханони ибни Масъуд: «Вақте ки ман аз забони  Паёмбар Қуръонро қироат ва китобат мекардам, Зайд бо бозичаи чубин дар хок бозӣ мекард. Имрӯз ӯ соҳиби амр асту ман аз ин ҳуқуқ маҳрум шудам. Барои ҳамин  мусулмонон аз ибтидо натавонистанд меёрҳои ҳуқуқии низоми сиёсӣ ва вазифаи мусулмононро дар итоат аз ин низом муайян кунанд. Ҳар кас метавонист аз хилофат итоат накунад, ва ин мушкиле надошт ва баръакс аз ҷониби гурӯҳҳои дигар дастгирӣ мешуд. Дар асл хилофат ин таҷрибаи татбиқи ислом аз ҷониби мусулмонон дар ҷомеаи ибтидоии мусулмонон буд ё онро раванди  иҷтимоисозии ислом низ мегӯянд. Бе таҷрибаи амалӣ ислом ҳамчун идея метавонист дар як мӯҳлати муайян аз ҷомеа канора шавад. Чунин таҷриба хоси ҳамаи динҳост. Зеро таълимоти ислом бе  ҷамъ овардани  мусулмонон дар зери таълимоти он ва ташкил додани пояи устувори он «уммати исломӣ» амалӣ шудан наметавонист. Чунин низоми сиёсӣ барои аз буҳрони иҷтимоӣ сиёсӣ ва ахлокию фарҳанги баровардани ҷомеаи араби асри 7 ҷавобгӯ буд ва  тавонист  вобаста ба идеология динӣ намунаи низоми сиёсии мувофик  ба он давронро ташкил диҳад. Вале миёни раванди таблиғоти ислом ҳамчун дин дар минтақаҳои мухталиф ва таъсиси хилофат фарқияти калон аст. Ислом ба маънои мавҷудияти пайравони он дар як замини муайян дар давраи таърихии маҳдуд набуда, балки он меёрҳои ҳуқуқӣ-ахлоқӣ, ҷаҳонбинӣ арзишҳо, танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, анъанаву маросимҳо  ва низоми меёрҳои ибодатии хоси худро дорад, ки дар ҳар давру замон бо мавҷудияти мусулмонон  онҳо амалӣ мегарданд. Лекин идеяи хилофатро аз асри 7 гирифта, ҳамчун рукни динӣ дар асри 21 татбиқ кардан ин аввал хилофи худи дин аст, зеро дин онро ҳамчун рукн эътироф надорад.  Вале масъала баҳс ин ташкили хилофат, ки  хоси мактабҳои  арабист. Тибқи он ташкили чунин низом вазифаи имонии ҳар мусулмонон аст. Ин уммат бо рафтани низоми сиёсии ислом аз байн рафт ва танҳо дар таъсис додани низоми исломӣ аз нав вазифаи худро метавонад иҷро кунад ( Юсуф Қарзовӣ).  Бале, бояд як нуқтарро хотиррасон кард, ки ислом овардани мардумҳои араб сирф аз рӯи эътиқод ба Худои ягона набуд ва омилҳои гуногун дошт. Масалан қавму қабилаҳои зиёди араб дар ҳамон даврон ҳам барои ҳифзи манфиатҳои молӣ имон оварда буданд. Дар ривояти Ҷобир омадааст: Мухолифати қурайшиён бо Паёмбар на ба хотири дин, балки ба хотири беарзиш намудани мартабаи бутҳои Каъба, ки манбаи даромади молии ин қабилаҳо буданд, сурат гирифт. Вақте, ки ҳаҷ ҳамчун рукни исломӣ дастур шуд ва арабҳо фаҳмиданд, ки зоҳирини он аз зоҳирини бутҳои қабилавӣ зиёдтар аст ва манфиати молиявии зиёд меёфтанд, имон оварданд. Ҷобирӣ 1384/159.                                                   
Аммо баҳси мо дар сари таъсиси хилофат аст. Дар  хадиси сеҳеҳ аз Паёмбар ривоят шудааст: Баъд аз  ман хилофат си сол давом меёбад ва пас давраи мулукият оғоз мегардад. Шояд дар сахех будани ин ҳадис ягон кас баҳс надорад, вале баҳс дар мазмун ва шарҳу тафсири он вуҷуд дорад. Зеро итоат аз он чӣ ҳукм дорад, муайян нашуда буд. Аммо дар сарчашмаҳои динӣ тафсири таъкид будани хилофат танҳо  бар 30 солро маънои ин ҳадис  намедонанд. Зеро хилофат муқайад ба вақт муайян набуда,  ба таври ом аст. Бинобар ин  аз ин ҳадис хилофатро фақати 30 сол (хулафои рошшиддин) истинбот кардан низ хато аст. Яъне тамоми уммати исломӣ аз ибтидо то ҳол шомили ин ҳадисанд ва далеле дар китоби  ас- Сунна, боби «фи ал-хулафои» Абу Довуд оварданд. Аз ин ҳадис  давраи муайян истинбот карда намешавад. Аз Имом Аҳмад ривоят аст, Паёмбар гуфт: ки дар охири замон хилофат бар минҳоҷи  нубувват аз нав барқарор мешавад:  Аҳмад  ривоят кардааст: Имом Аҳмад аз Нуъмон ривоят кардааст, ки Расули Худо гуфт: Нубуват то замоне, ки Худо хоҳад дар миёни Шумо боқӣ мемонад, ва ҳар вақт бихоҳад онро мебардорад, сипас хилофат ба шеваи нубуват ҷояшро хоҳад гирифт, то то замоне, ки Худо бихоҳад, сипас ҳар вақт ки бихоҳад онро бар медорад, онгоҳ ҳокимони сахтгирӣ ба қудрат мерасанд, то замоне, ки Худованд ирода кунад мемонанд, онгоҳ ононро бардорад, пас аз он дигар хилофат бар шеваи нубуват хоҳад шуд. Муснади Аҳмад 5/188-189.  Дар масъалаи саҳеҳ будани ин ҳадис баҳсҳои зиёд мавҷуд аст. Масалан Қуртуби  хилофатро ба уммати Муҳаммад ом яъне бемаҳдуд бар вақт медонад. Тафсири Қуртуби 299/12. Вале масъала дар сари он аст, ки ҳукми хилофат чӣ ҳаст. Он чизе ки халифа аз дин мебардорад ва ба мардум мерасонад итоат аз он воҷиб аст ё не! Оё мусулмононе, ки дар ибтидо мусулмон шуданд ва мо ҳозир бозгашт ба давраи онҳоро давраи ормонӣ меҳисобем, воқеан ҳамин хел буд! Баъди реҳлати Паёмбар аллакай ихтилофҳои ақидавӣ дохили мусулмонон сар шуданд. Масалан ҳазрати Абубакр дар масъалаи напардохтани закот ва истифодаи он бо мардуми Мадина мушкилот дошт ва ниҳоят онро аз роҳи шадидан истодагарӣ ва зурӣ  кардан, ҳал намуд. Ба шаҳодат расидани халифаҳои дигар нишонгарӣ он аст, ки ин низоми ормонии мусулмонон мушкилоти сиёсии дохилӣ доштааст. Яъне ихтилофи сиёсӣ дар миёни мусулмонон аллакай ривоҷ ёфта буд, зеро ин кушторҳо на кори як кас ба хотири қасд ё хусумати шахсӣ, балки дар паси ин амалҳо ҳазорон мусулмонон бо андешаҳои нави сиёсии дигар меистоданд. Пас аз роҳи низоми динӣ «хилофат»  ҳам мутаҳид ва тобеъ як низоми сиёсӣ кардани мусулмонон ғайриимкон будааст. Агар  ба хилофати исломӣ тобеъ мешуданд, бояд ин маънои тобеъ будан ба таълимоти динро бояд медошт. Вале чунин набуд. Ба куштани хулафои рошидин, ки дар асоси раъйу иҷмои уммат интихоб гардиданд, даст намезаданд. Зеро аксарияти онҳое, ки дар  итоат накардан аз халифа даъват мекарданд ва  дар куштани хулафо даст доштанд, онҳо низ худро мусулмон мегуфтанд ва амалҳояшонро мубориза дар роҳи ислом  маънидод мекарданд. Ҳокимияти сиёсии умавиён низ ҳамчун хилофати ном бурда мешуд, дар ҳоле, ки ин як  ҳокимияти сирф арабӣ бо истифода аз ислом бо нигоҳ доштани манфиати араб буд. Дар замони уммавиён таъринависии нав бо таърифу васфи адолати давлатдории  исломӣ, ки аслан давлатдории араб буд,  сар шуда,  мусулмонон аз ҳамин сарчашмаҳо таърихро омӯхта аз рӯи он муносибаташонро бо мардумони дигар муайян мекунанд. Дигар  ҳақиқати динро ёфтан ғайриимкон шуд. Ҳол он ки  ояту аҳодиси зиёде  ишора ба  мансубияти ислом ба омма доранд  ва он қудсияте, ки араб барои худ сохтааст, воқеъияти динӣ надоштааст: Арабҳои бодиянишин кофиртару мунофиқтар аз дигаронанд ва ба бехабарӣ аз ҳукмҳое, ки Худо бар  паёмбараш нозил кардааст, сазовортаранд. Ва Худо донову ҳаким аст!» (6,9:97). Аз ин оят бармеояд, ки мусулмонии араб ин ҳанӯз ислом нест ва онҳо низ метавонистанд аз ислом суистифода баранд ва миёни онҳо кофир бошаду мунофиқ. Пас бо хилофат зикр кардани ин низоми сиёсӣ ин бори дигар қудсият надоштани низоми сиёсиро (хилофат) собит месозад. Дар ниҳоят  ҳокимияти сиёсӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ дар насроният ва ислом қудисияти динӣ надорад, зеро бо ғасб кардани хилофати рошиддин ва боз таъсис хилофати дигар чӣ маъно дорад. Инчунин низоми хилофати уммавиён бо дасти аббосиён пароканда карда шуд.    Аз рӯи ҳадис фақеҳо хостанд системаи идеологӣ таҳия намоянд, ки чунин муносибат таҷрибаи гузаштаро тазъиф кард. Пойбанд кардани фиқҳ ба масъалаҳои сиёсӣ имкони иҷтиҳоди сиёсиро дар он васеъ кард, вале арзишҳои дохили онро коста кард ва таҷрибаи татбиқи онро маҳдуд кард. Вале идеяи бунёди он дар ҷомеаи мусулмонӣ новобаста аз заъф будани наси он дар Қуръон ва суннат таблиғ мешавад. Яке аз  асосгузорони маъруфи бунёдгароӣ дар сарзамини Ҳинд ва Осиё Абӯаъло ал Мавдудӣ бо пайванд кардани хилофат бо бунёдгароӣ дар шуури насли ҷавон идеяи бунёди хилофатро ҷо кард ва мактаби таҳаммулпазири ҳанафиро дар Покистон ба як ҳаракати иртиҷоӣ табдил дод.  Ҳарчанд дар аввал мегӯяд:  «қазоватҳои хулафои рошиддин ба ҳайси қозӣ анҷом дода буданд ҳам наметавонанд қонуни исломӣ қарор гиранд; Тарҷумаи ал-Қуръон сонавия 1958. Вале дар ниҳоят низоми сиёсиро бо ислом пайванд кард.
Фарҳангу анъанаҳои мардуми бумӣ пеш аз ҳама ҳамчун  хатарҳо барои ҳокимиятӣ навӣ сиёсӣ аз байн бурда мешуд.  Вале руҳоният аз нигоҳи динӣ  ҳамин ҳокимяти истибдодиро  ҳукми шаръӣ медод  ва дар ҳамин низом барои худ мақом касб мекард. Зеро руҳонияти исломӣ ва ҳам  ҳокимияти сиёсии бегонагон  медонистанд, ки аз нигоҳи динӣ тобеъ кардани мардум аз ҳамаи қудратҳои дигар пурзӯр ва дарозумр аст. Аз ақидаи динии мардум бошад доираҳои сиёсӣ истифода мебаранд, зеро мазмунан гуё онҳо ҳамон муқаддасоти динро ҳифз мекунанд  ва мардум бояд аз зулми ғазнавиён, салҷуқиён ва шайбониён ҳамчун ҳомиёни дини мубини ислом итоат кунанд, зеро  ҳар яки инҳо бо номи ғозии ислом ном бурда мешуданд.
(Идома дорад)