"ХИЛОФАТИ ИСЛОМӢ" ҚУДСИЯТИ ДИНӢ НАДОРАД! (қисми 3)

Маълум аст, ки ҳақиқати таърихӣ  дар рафти  ҳаёти инсон сохта мешавад. Азбаски исломи таърихӣ бо исломи доктринавӣ мувофиқ нест, пас бештари масъалаҳои ҳаёти диниро танҳо аз тариқи таҷрибаи ҳаёти мусулмонон омӯхтан имконпазир аст.
Вале уммати исломӣ пароканда, аз қудрати араб чизе боқӣ намонда буд ва аллакай баъзе заминҳои ишғолкардаи мусулмонон аз даст рафтанд. Дар муборизаҳои  навбатии минтақавӣ  туркҳо тавонистанд  салтанати туркиро барпо карданд ва динро дар ҳифзи салтанати худ ҳамчуноне, ки араб суистифода кард, низ истифода бурданд. Бо пешрафти ҳаёти ҷомеа дар кишварҳои мусулмонӣ низомҳое руйи кор омаданд, ки барои фақеҳо куллан номуайян буданд ва наси қуръонӣ ва суннат ҳам надоштанд. Баҳсҳои фиқҳӣ аз доираи мадрасаҳо берун шуда, барои нуфуз ва машрӯяияти низоми сиёсӣ истифода мешуданд. Аммо маърифати исломӣ фарох аст ва сиёсат ҷузъи он аст, вале фақеҳо ба тақдиси хилофат ва сиёсат рӯ оварда, кӯшиши дар доираи ин низом мақоми иҷтимоии динро ҳифз кунанд. Дар ҳоле ки арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ- маърифатии дин аз андешаи сиёсӣ арзиши комилтар ва фарогири аксари мусулмонон аст. Пас аз тариқи андешаи сиёсӣ ҳифзи ислом ба ҷуз дар майдони сиёсат беарзиш ва коста кардани дин чизе дигаре нест. Ҷомеаи мусулмонӣ аз таҷрибаи сиёсии ҷаҳонӣ кам бархӯрдор аст.Вале чун дар давраи ибтидои хилофат барои ба танзим доровардани  ҳаёти иҷтимоии қабилаҳои парокандаи араб  ҷавобгӯ буд, то ҳол чунин андеша доранд, ки дар асри XXI ҳам он ҷавобгӯ хоҳад буд ва уламои исломӣ на танҳо  бунёди онро воҷиб, балки онро ягона низоми беҳамто барои ҳукумати мусулмонон меҳисобанд. Низоми мустамликадорӣ дар кишварҳои мусулмонӣ сабаби ба майдони муборизаҳои озодихоҳи баромадани миллатгароёни  ҷадид шуда буд. Вале чун ин низом барои рӯҳонияти як шароити мувофиқ ба табъашон омода карда буд, онҳо аз итоати мустамликадорӣ даъват мекарданд. Бинобар ин муборизаи миёни миллатгароён ва диндорон дар дохили кишварҳои мусулмонӣ сар шуд. Вале қувваи ягонаи пешбарандаи ҷомеа мусулмонӣ миллатгароёни озодихоҳ буданд. Вале мустамликадорон ҳамагуна ҳаракатҳои миллии озодихоҳии кишварҳои  мусулмониро бо дасти ҳаракатҳои ифротии исломӣ нобуд карданд ва майдони муборизаи идеологиро дар ихтиёри ифротгароёни исломӣ доданд ва ин таҷриба то ҳол идома дорад. Мутаассифона, мардуми мусулмон ҳадафи ҳаракатҳои миллиро, ки наҷотдиҳандаи  мусулмонон аз зулми мустамликаи қудратҳо буданд, дарк накарданд ва баръакс дар сафи ифротгароён ба муқобили онҳо истоданд. Баъдан дар зери ҳаракатҳои исломӣ-арабгароӣ ин ҳаркатҳо нест шуданд ва  идеяи фаромилии ислом имконияти ташаккули ҳувияти миллиро куллан аз байн бурд. Аммо ҳаракатҳои исломӣ, ки ҷойи миллатгароёнро гирифтанд, на ба манфиати миллат ва ё давлати мустақил, балки даст ба фалаҷ кардани ин давлатҳо аз дохил заданд. Кор то ҷое расид, ки ҳукми ҷиҳоди мусулмон алайҳи мусулмон машрӯият пайдо кард. Ҷаҳолат то куҷост, вале воқеъият ҳаст! Чунин консепсияҳо  имрӯз бо дастгирии  қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар кишварҳои мусулмонӣ амалӣ шуда истодаанд. Аз асри  XVII сар карда давраи  нави муносибатҳои ҷамъиятӣ сар шуданд, ки дар зери таъсири ин равандҳо дар Аврупо дин аз давлат ва калисо аз мактаб ҷудо шуданд. Баъдан боз дин дар шакли аҳзоби сиёсӣ ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид шуд ва ҳатто пайравони  равияи ниҳоят консервативии  дини насронӣ котуликҳо барномаҳои сиёсии худро  ба талаботи  ҷомеаи нави демократӣ  мутобиқ  карда, ҳаёт, номус озодии инсон  асоси онро ташкил медоданд. Имрӯз ғарб бо шиори дунявият дини насрониро аз ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ канора карда, арзишҳои навро ҳамчун арзишҳои умумибашарӣ рӯи кор овард, зиндагӣ доранд. Фаҳмиш ва татбиқи ин арзишҳо дар  ҷомеаи мусулмононӣ як баҳси калон ба вуҷуд овардааст. Зеро мусулмонон, хусусан пайравони ҳаракатҳои ифротгаро онҳоро куллан қабул надоранд ва онҳоро ҷойгузини ислом меҳисобанд. Хусусияти ифротгароӣ касб кардани динро муҳаққиқон навъи ҳувияти динии марбут ба вазъи гурӯҳи мусулмонон дар дохили уммати исломӣ ва ҳамчунин муайян кардани муносибат бо қувваҳои берунӣ медонанд. Маълум аст, ки ҳақиқати таърихӣ  дар рафти  ҳаёти иҷтимоӣ сохта мешавад. Азбаски исломи таърихӣ бо исломи доктринавӣ мувофиқ нест, пас бештари масъалаҳои  ҳаёти диниро танҳо аз тариқи таҷрибаи ҳаёти мусулмонон омӯхтан имконпазир аст. Чуноне ки таърих гувоҳӣ медиҳад, миллатҳои мусулмонон дар шароит ва давру замонҳои мухталиф воқеаҳои мухталиферо аз сар гузарониданд.Дар айни замон эҳёи  низоми сиёсии хилофат на фақат дунявияти ғарбро маҳкум мекунад, балки мероси фарҳангии миллатҳои дигари мусулмонро беарзиш ва берун аз ислом карда, намояндаи фарҳангу тамаддуни исломӣ фақат  арабият мемонад. Манзур аз мубориза бо ширк, фалсафа, калом, тасаввуф ирфон руҳияи муборизаи араб бо руҳияи ирофони форсӣ ва тасаввуфи туркӣ ва фалсафаи юнонӣ аст. Зеро бе нест кардани инҳо эҳёи арабият дар зери пардаи ислом ғайриимкон аст. Бинобар ин идеяи бозгашт ба исломи давраи ибтидоии ислом ин маънои бозгашт ба исломе, ки ҳануз  дар араб буд ва ҷудо кардани он аз олудагиҳои дигар мебошад.Бинобар ин араб рӯйрост ҳаракатҳои  бунёдгароии ифротии бо ном исломиро дастгирӣ мекунад. Зеро дар зери ниқоби хилофат ботил кардани мероси фарҳангии ғайриараб ва куфр эълон кардани низомҳои дунявӣ ва давлатдории миллии ин мардумон аст. Хусусан идеяи хилофат барои кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи Миёна хеле хатарнок аст. Зеро дар минтақа пайравони ин ҳаракатҳои ифротгарои динӣ фаъолият доранд ва ҳам низоми сиёсии кунунӣ дунявият аст. Яъне майдони бархӯрди идеологӣ аллакай вуҷуд дорад ва баҳсҳои сиёсӣ-динӣ дар шабакаҳои интернетӣ ба роҳ монда шудааанд. Ин шабакаҳо гурӯҳҳои муайяни идеологиро тайёр карда истодаанд, ки рӯйрост мероси фарҳангии миллати тоҷикро ҳукм ба куфр мекунанд.Масъалаи хилофат дар айни замон ба чунон бозичаи сиёсӣ дар олами ислом табдил ёфтааст, ки зарурат ба далели шаръӣ дар бораи дуруст ё нодуруст будани он намондааст. Вале саркардагони он кушиши машрӯият додани онро доранд. Новобаста аз вақту макон ҳанӯз дар давраи ибтидои ислом масъалаи бофтани ҳадиси дуруғ дар бораи таъкиди Паёмбар дар бораи мавҷудияти хилофат дар давраҳои гуногун як проблемаи калон гардида буд ва ҳатто ашхосе, ки ҳадис дурӯғ мебофтанд онҳоро низ табақабандӣ мекарданд, ки машҳуртарини онҳо Сақар ибни Абдураҳмон, Аби баҳр Каззоб, Муҳамад ибни Фазл ибни Атия ва ғ. Инҳо чандин  ҳадиси дурӯғ дар бораи никоҳ ҷиҳод, закот, мерос ва ҳатто дар бораи мартабаи шахсони алоҳида дар ислом  бофтаанд.  Азбаски ин мавзӯъи баҳси мо нест  зарурати шарҳи онро мо низ намебинем  ва онро канора мегузорем.
Дар асри 20-ум  аксари рефарматорони мусулмон  Ҷамолиддини Афғонӣ, Ҳасани Бано Саид Қутб, Мавдудӣ, Кавокибӣ, Ризо, пайвандкунандагони  арабият ба ислом буданд ва дар зери ҳокимияти арабӣ бо номи хилофат аз нав мутаҳид ва тобеъ кардани мардуми дигари мусулмон ба араб буданд. Бинобар ин аксари ҳаракатҳои муосири динӣ-сиёсӣ мисли ихвониҳо, таблиғӣ, салафӣ, такфирӣ пеш аз ҳама бар бартарияти диёнатии араб бар дигарон роҳандозӣ шуданд ва барои ҳамин аз ҷониби кишварҳои арабии ваҳобиятгаро аз нигоҳи молиявӣ ва идеологӣ дастгирӣ меёбанд. Ботил кардани таълимоти динию мазҳабии мардуми ғайриараб ва ба ширку куфр ҳукм кардани онҳо низ аз ҳамин ҳадаф сарчашма мегирад. Ширку куфр ҳукм кардани  урфу анъанаҳои милли мардуми форсу тоҷик ва турк аз ҷониби ибни Таймия на ба хотири ислом буд, зеро худи Таймия низ бидъатҳои зиёдро дар ислом ворид кард ва онҳоро машрӯияти динӣ дод. Вале ҳадаф аз эҳёи «исломи ноб» дар қолаби салафия аз доираи ислом берун кардани таълимоти мазҳабҳои дигар ва аз нав эҳё кардани қудрати сиёсии араб аст. Ваҳобият аз таърихи ислом он чизеро  асос қарор медиҳад, ки  он омилҳо пайванди гузаштаву ҳозираи ин қавм ҳастанд ва боқиро ширк ҳукм мекунад ва ин барномаи дурнамои олами ислом шудааст.
Ихвониҳо ҳам қабл аз ҳама худро наҷотдиҳандани уммати араб, ки меҳвари ислом буд, муаррифӣ мекарданд, ва сабаби бархӯрди онҳо бо низоми секулорӣ Миср дар давраи Ҷамол Абдул Носир ҳамин буд. Зеро дар низоми дунявӣ ин идеологияро татбиқ кардан ғайриимкон буд.Ба андешаи онҳо  мушкилоти мусулмонон натанҳо  дар набудани низоми сиёсии исломӣ, балки дар дур шудани мусулмонн аз ислом аст. Зеро агар мусулмонон аз ислом дур намебуданд, онҳо зиндагиашонро берун аз хилофат тасаввур карда наметавонистанд. Хилофат иззату шукух ва кудрати сиёсии ислом аст. Хилофат низомест, ки назири он набуд ва нест. Ин посухгуи хифзи сармояи моддӣ ва маънавии мусулмонон дар зери таълимоти Қуръон ва шариат аст ва метавонанд онро бо дигарон аз тариқи ҷиҳод ва таблиғ ба дигарон расонанд.Чуноне, ки таҷрибаи талхи афсарони ироқӣ шуд. Роҳбарони ҳизби Баъси Садом Хусейн бо ташкили ин ҷабҳа хостанд аз ҳукумати кунунии Ирок интиқом гиранд, вале қурбони бозиҳои абарқудратҳо гардида, имрӯз поягузори ДИИШ маҳсуб меёбанд. Вале зиёд шудани теъдоди такфириҳои афғон ва покистон дар ин ҷабҳа самти онро тағйир дода, аксари афсарони ироқӣ ба хизматгорони қатории артиши ДИИШ табдил ёфтанд. Дигар аз онҳо ягон кори дигар вобаста набуд ва ҳеҷ кас онҳоро ҳам намепурсид. Бинобар ин мардуми оддии ироқӣ ин азобу машақатӣ ҷангро хиёнати ҳамин ҷабҳаи Баъса дар ҳақи мардуми Ироқ медоданд. Вале бо дастгирии хоҷагони бегона ин ҷабҳа ба як қувваи бузург, ки даъвои таъсиси «Хилофати исломӣ» дорад, табдил ёфт. Аммо, назари дигаре ҳам  дар ҷаҳони ислом аст. Имрӯз дар кишварҳои мусулмонӣ афроди зиёд бар ин ақидаанд, ки ҳамагуна ҳаракатҳо ва ҷунбишҳое, ки дар ҷаҳони ислом барои ҳифзи ислом сар мебардоранд, аз ҷониби ғарбиҳо бо номҳои гуногуни сиёсиву террористӣ мутаҳам шуда, саркуб мешаванд. Ва низомҳои сиёсии мавҷуда низ ин бофтаҳои ғарбро бовар доранд, ки душманони асосӣ ҳамин ҳаракатҳои исломӣ ҳастанд. Ва ашхоси бегона бар фарҳанги исломӣ низ ин андешаро дастгирӣ доранд. Дар асл бошад ин ҳаракатҳо гуё барои беҳбудии ҷаҳони ислом бо пешбурди барномаҳои стратегӣ мехоҳанд ҷаҳони исломро аз буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ берун оранд. Ғарб то ҳол аз футуҳоти давраи ибтидои ислом фаромуш накардааст ва тасаввур дорад, ки ин уммат метавонад боз аз нав эҳё шавад ва барои ҳамин онҳо дар тафриқаи мусулмонон бисёр манфиат доранд. Вале  футуҳоти мусулмонон дар ғарб дер давом надошт ва ба шикасти идеологӣ дучор шуд. Чаро! Зеро пешрафти ин минтақа пеш аз ҳама ба сатҳи тафаккури ин мардум, сатҳи зиндагӣ ва таъсири фарҳангҳои гуногун, ба мисли румӣ, форсӣ, юнонӣ ва мисрӣ буд. Дар ҳоле, ки мусулмонон натавонистанд дар  кишварҳое, ки чор тарафи онҳо кишварҳои мусулмонӣ буданд, тамаддуни пешрафта созанд. Пешрафти Туркия  дар зери таъсири ғарб, Малайзия ва Индонезия дар зери  таъсири пайванди фарҳанги мардумӣ бо дини буддоӣ ва Эрони куҳан  гаҳвораи тамаддуни ҷаҳонӣ буд. Чаро чунин тамаддунҳо дар кишварҳои арабӣ ташаккул наёфт. Аввал заминаи тамадддунсозӣ надоштанд. Сониян ҳамаи низомҳои исломӣ бо ҷорӣ кардани қонуну маҳдудиятҳои зиёде, ки ҳатто ба ислом ихтилоф доштанд ва инчунин беарзиш будани илм дар доираи таасубӣ  имконияти ҳамгуна фарҳангсозиро нобуд кард. Дар айни замон дар минтақа дар зери шиори ислом боз анъанаи ҳокимияти кабилавӣ аз нав эҳё ва амалӣ шуда истодааст. Вале барои ҳифзи манфиатҳои қабилавӣ баъзе ривоятҳои қабл аз исломиро арабҳо тобиши исломӣ дода, ба муқобили миллатҳое, ки ба онҳо итоат намекарданд татбиқ мекарданд ва ҳатто мусулмонони дигари бесавод низ онро қабул карданд. Дар аксари ривоятҳои сомӣ  ва арабӣ қавмҳое, ки дар куҳҳои баланд зиндагӣ доштанд ва аз ҳокимияти арабҳо итоат намекарданд, онҳоро бо номи «ғосибон ки дар ҳарами Худо даромадаанд» мегуфтанд, яъне аз итоати Худо сар кашидаанд. Аз ҷумла намунаи ин қавмҳо ин қавми курд буд ва ин ривояти қабл аз исломиро мусулмонони араб  дар ҳақи курдҳо ташвиқ доштанд. Яъне қавме берун аз раҳмати Худо! Зеро курдҳо куллан ба ягон  давлатдорӣ, на хилофати арабӣ, ва на салатанату  амирӣ тобеъ шуданд. Ва бо ҳамаи империяҳо ки ҳуқуқи онҳоро поймол мекарданд, мубориза мебурданд. Абӯ Муъин Насафӣ дар китоби «Баҳр-ул-калом», Муҳаммад Афандӣ дар китоби «Тоҷу-л-уруз» Арталисӣ дар китоби «Шарафнома» навиштаанд: «ҷинон ба ҳарамсарои ҳазрати Сулаймон ҳамла карда буданд ва баъзе аз занон бо ин ҷинҳо робита карда, ҳомила шуданд ва фарзандҳо таваллуд карданд, ки ҳамин курдҳо мебошанд. Бинобар ин дар алами араб то ҳол «аз насли ҷин» будани курдҳоро қабул доранд ва ин ривоят баъдан дар  таълими ислом низ ҷой ёфт ва то имрӯз он амал мекунад. Яъне куштани курд ҳамчун насли ҷин барои мусулмонон дуруст аст дар асоси ҳамин далели шаръӣ ва фатвои динӣ  пайравони ДИИШ куштани онҳоро ҷиҳод меҳисобанд. Дар асл курдҳо барои ҳифзи минатақаҳои курднишин бо ДИИШ мубориза мебаранд. Ҳақиқати ҳол он аст, ки курдҳо истиқлолияти сиёсӣ касб накунанд. Ҳатто дар шабакаи интернетӣ мубаллиғони ДИИШ дар мавъизаҳояшон айнан ҳамин андешаҳоро тарғиб мекунанд. Пас барои манфиатҳои сиёсӣ метавонанд ҳар миллати мусулмонро аз насли ҷин бароварда, ҳукм ба куштан кунанд.  Фардо кадом мардуми дигарро аз насли ҷин буданашро  ҳукм карда, мекушанд! Худоё аз балоҳо ва фитнаи роҳзанони давр замини моро амон деҳ!!! Дар асри 21 ҳам чунин гумроҳӣ то ҳол дар олами ислом ҷой доштааст!  Имрӯз бархе аз муҳаққиқони исломӣ фаъолияти ҳаракатҳои ифротгароии диниро зарурати ҳаётии мусулмонон маънидод карда, ваҳшонияти онҳоро пок кардани ислом аз олудагиҳо маҳсуб медонанд.  Ин равандро ба дин баргардонидани мусулмононе, ки гӯё муртад шудаанд, ҳукм мекунанд. Аммо Паёмбари (с) ислом мефармояд: «Маъмур гаштаам, ки бо мардум то он вақт муқотила намоям, ки бигӯянд: Худои дигаре ҷуз Худои ягона нест ва Муҳаммад паёмбари Худо аст ва намоз бихонанд ва закот бидиҳанд ва агар чунин карданд, ҷон ва моли худро аз ҷониби ман ба ҷуз ҳаққе, ки ислом таъйин кардааст, дар амон доштанд ва ҳисобашон бо Худо». Пас  агар ба ин ҳадиси Паёмбар (с) пайравӣ  кард, идеяи бофтаи ҷиҳод дар ин сарзамини мусулмон ботил мешавад. Ба қавли Ибни Халдун  истилоҳи туркҳо тамоми  роҳҳои  аз тариқи ислом ба даст овардани молу мулкро барои ояндагаон намуна кард.  Араб танҳо баъди суқути империяи усмонӣ аз нав иддаои эҳёи қудрати аз даст рафта кард. Вале фазои идеологии муосири арабӣ куллан холӣ буд,  ҷомеаи араб дар умум хеле ақибмонда буд, тақлид аз низомҳо гуногун натавонистон онҳоро аз ин бӯҳрон берун созад. Пас аз нав сухани халифаи ислом Ҳазрати Умар ба ёдашон расид: Мо мардуме будем, ки ба василаи ислом иззат ва қудрат ёфтем ва ҳар гоҳ агар хоҳем иззат аз роҳи дигар ёбем Худованд моро хору заъиф мегардонад, то ин ки боз ба ислом баргардем. Дастгирии гурӯҳҳои ифротгароии динӣ дар асл кӯшиши аз нав эҳёи низоми сиёсии аз даст рафтаро дорад. Вале имрӯз ин бӯҳронҳои нави сиёсӣ хоҳад гашт ва халос шудан аз он хеле мушкил шудааст.                Яке аз бунёдгароёни хилофати исломӣ ин пайравони Ҳузбуттаҳрир мебошанд, ки ба андешаи худ тамоми барномаи назариявии хилофатро тарҳрезӣ карда, кӯшиши татбиқи онро доранд. Онҳо иддаои доранд, ки  шомили ҳизби сиёсӣ, гурӯҳи руҳонӣ, маркази илмӣ ва бахши хайрия нестанд. Ба хотири дастгирӣ моддӣ ягон кас бояд пайравӣ онҳо нашавад. Идеяи асосии дур кардани низомҳои истеъмории бегона ба тафаккури мусулмонон аз сарзамини мусулмононҳост. То ҳол ҷавонони зиёдеро дар кишварҳои гуногун ҷамъ оварда, зарурати қиёмро алайҳои низомҳои истеъморӣ тарғиб доранд ва ин  идеяи меҳварии ҳизубуттаҳрир дониста мешавад. Аъзоёни Ҳизбутаҳрир рӯзҳои 03.10.2015 ва 19.12.2015 дар пойтахти Малайзия Куала-Лампур конференсия бо номи «Ҳамкориҳо ҷиҳати куллан тағйири низоми сиёсӣ ва бунёди Хилофат бо татбиқи шариат», ки аз кишварҳои зиёд Таиланд, Сингапур, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Туркия ва ғ.иштирок доштанд. Онҳо барномаи муайяни таҳкими нақши сиёсии уммати исломӣ, исломикунонии ҷомеаи мусулмонӣ, дастгирии ҳаракатҳои тундгароӣ дар минтақаҳои дигар  таҳия намуданд, ки мушкилот нави сиёсӣ-идеологиро  дар ҷомеа паҳн мекунанд ва дар паси он чӣ бошад, танҳо соҳибони ин ҳизб медонанд!!!
(Идома дорад)