Хурофот дар оинаи фарҳанг ва дин

Яке аз ҳадафҳои асосии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” ба низоми муайяну меъёрнок ва идорашаванда даровардани анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва динӣ, инчунин бартараф кардани хурофоти сершуморе мебошад, ки онҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба таркиби фарҳанги динӣ ва миллии мардуми тоҷик ворид шудаанд. Дар моддаи якум омадааст, ки ин санади муҳим “бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст”.

Яъне, ҳадафи асосӣ аз қабули ин қонун ба танзим даровардани равандҳои динӣ, аз ҷашну маросимҳои динӣ ҷудо намудани хурофот ва аз байн бурдани онҳо мебошад. Хурофот дар аксарияти мавридҳо мардумро ба худ гирифтор сохта, барои ба таври пайваста баланду беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо монеъ мешаванд. Барои равшан дарк намудани маънои истилоҳии вожаи “хурофот” ва фарқи он аз эътиқоду одоби динӣ, бо баъзе таърифҳои ин мафҳум шинос мешавем.

Аз нуқтаи назари таълимоти динӣ хурофот чизест, ки аз доираи дин берун аст. Аз нигоҳи илмӣ бошад, хурофот гуфта чизеро меноманд, ки илман исбот нашудааст. Хурофот дар фарҳангномаҳо маҷмўи асотиру қиссаҳо, ақидаву тасаввурот ва расму анъанаҳои ботилу беасосеро ифода мекунад, ки  ба ақл, мантиқ ва воқеият созгор нестанд. Аз ин лиҳоз, “хурофотпарастӣ  аз пайравии ақидаҳои ботил ва беасос иборат аст ва ақидаҳое, ки онҳоро шахси хурофотӣ пайравӣ мекунад, ба дараҷаи фарҳанг ва фаҳмишу дониши он ҷомеа, ки ин шахс фарди он мебошад, ҳеҷ қаробату таносубе надоранд”.

Ҳамчунин хурофотро дар китобҳои мухталиф ҳамчун ҳадиси ботил, сухани беҳуда ва сафсатаву афсона ва амсоли инҳо маънидод кардаанд. Хурофот сабаби дарки нодурусти воқеият, пайдоиши тарсу воҳимаҳои беасос аз қувваҳои номаълум ва дигар падидаҳои беморимонанди равонию маънавӣ гардида, инчунин яке аз омилҳои зуҳури ифротгароӣ ва таъсиргузори фавқулодда ба ҳаёти фарду ҷомеа ба шумор меравад. Тибқи таърифи дигари мафҳуми хурофот ин падида “ифодагари амали беақлона, воҳима ё тарси беасосу ѓайримантиқӣ аз як чизи номаълум ва пурасрору хаёлӣ, шубҳа ё одате мебошад, ки дар пояи ҷаҳолат пайдо шудааст”.

Таърифи нисбатан муфассали хурофотро муҳаққиқи англис Роберт Ингерсон пешниҳод намудааст. Ба андешаи ў хурофот аз унсурҳои зерин иборат мебошад: боварӣ ба падидаҳое, ки дарки онҳо аз доираи қудрати шуури мо берун аст; тахмини  як роз ба воситаи рози дигар; пешниҳоди фикрҳо доир ба манфиату мақсадҳое, ки моҳиятан ба он ишора шудааст; боварӣ  ба он ки зеҳн қодир аст падидаҳоро идора намояд; боварӣ ба он ки қувваҳо берун аз зоти худ ҳастанд ва ё зот аз нерўҳои худ берун аст; боварӣ ба қувваи фавқуллода. боварӣ ба муъҷиза, сеҳр, тилисм ва фолбинҳо.

Хурофот асосан аз нодонӣ ва ҷоҳилии одамоне сар мезанад, ки онҳо ба сухани ҳар гуна авомфиребон, монанди ҷодугарон, фолбинон тилисм¬шика¬нон, ки гўё онҳо илми ѓайбро медонанд, бовар мекунанд. Инчунин, хурофот аз шавқу ҳаваси зиёд, хаёлпарастӣ ва боварӣ ба чизҳое, ки дарки онҳо аз доираи қудрати шуури инсон берун мебошад, низ пайдо мешавад. Муҳаққиқи дигар Петро Кохлер хурофотро чунин шарҳ медиҳад: “Хурофот ин боварӣ ба чизи беасос ё ѓайриилмӣ дар мавриди ашё ва нақши падидаҳо дар ҷаҳон аст, ки ин боварӣ дар асоси тақлид шакл гирифта ё одатан бо манфиатҳо ҳамроҳ аст. Бинобар ин хурофот бо муъҷиза ва тилисм ҳамроҳ аст”. Аз ин ҷо, хурофот боварӣ ба қувваи фавқулоддаи сеҳромозест, ки аз олами тахайюлӣ сарчашма гирифта, бо фарҳанг омехта гардидааст ва тавассути аъзои ҷомеа ҳамчун як амри табиӣ пазируфта шудааст. Аксари кулли муҳаққиқон хурофотро муро¬дифи ақидаи ботил ва дурўѓину ѓайримантиқӣ мешуморанд.

Дар “Энсиклопедияи советии тоҷик” бошад мафҳуми хурофот чунин тафсир карда шудааст: “Хурофот фикру мафҳумҳои беасос ва боқимон¬да¬ҳои урфу одати гузаштагон мебошад, ки онҳо дар сохти нави ҷамъиятӣ низ амал карда, дар муносибатҳои иқдисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, миллӣ ва ѓайра зоҳир мешаванд”.

Дар заминаи муқоисаи андешаҳои дар боби хурофот баёншуда, мафҳуми хурофотро чунин шарҳ додан мумкин аст: “Хурофот гуфта  силсилаи бовариҳо ва ақидаҳо оид ба ин ё он мавзўи хосеро меноманд,  ки дар зеҳни ин ё он гурўҳи муайян, бо сабаби дар бораи он мавзўъ дониши кофӣ надоштанашон шакл гирифтаанд. Бо ҳамин асос метавон собит намуд, ки хурофот дар зеҳни инсон дар натиҷаи ноогоҳии инсон аз робитаҳои байни ҳодисаҳо ва падидаҳои олами айнӣ зуҳур намуда, аз лиҳози обйективӣ ва илмӣ исботнашаванда аст. Аз ҳамин ҷо чунин хулосаи мантиқӣ баровардан мумкин аст, ки хурофот дар кадом ҷомеае ки набошад, бештар дар байни афроде густариш ва нуфуз дорад, ки камтар таҳсил кардаанд ё сатҳи донишу маърифати илмиашон паст мебошад”.

Таҳлилҳо оид ба мавзўи хурофот нишон медиҳад, ки падидаи мазкур дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ба назар мерасад. Масалан, муҳаққиқи амрикоӣ Зибб Барбара зимни таҳқиқи сотсиологии падидаи хурофот дар кишвари Колумбия ба чунин натиҷа расидааст, ки “падидаи мазкур дар ин кишвар хеле маъмул буда ва аз ҳама бештар дар байни занон ривоҷ ёфтааст”. Муҳаққиқи дигар Пелтзер дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ба таҳқиқи хурофот пардохта, ба хулосае омадааст, ки хурофот дар байни хонандагони мактабҳои миёна нисбат ба донишҷуён зиёдтар ба назар мерасад. Ҳамчунин собит шудааст, ки “хурофот нисбат ба мардон дар байни занон зиёдтар аст”.

Натиҷаҳои таҳқиқоти ҷойгоҳи хурофот дар ҳаёти аҳолии шаҳри Тингхоми Британияи Кабир, ки онро муҳаққиқон Гриффитс ва Бингем аз тариқи пурсиши назари 412 бозингари бозии “Лотореяи Бинго” анҷом додаанд, чунин аст, ки дар ин кишвар низ аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа “бештар занон ва пиронсолон” гирифтори хурофот мебошанд.

Муҳаққиқи покистонӣ Бухорӣ зимни таҳқиқи масоили марбут ба ҷойгоҳи хурофот ба чунин хулосаи аҷоиб расидааст, ки 73 фоизи аҳолии таҳҷоии шаҳри Қарочӣ нисбат ба хурофот назари мусбат доранд ва ихтиёран ба он гароиш нишон медиҳанд. Ба ақидаи ў “хурофот дар беҳдошти равонии мардум таъсири бениҳоят зиёд дорад”.

Фикру андешаҳои илмии дар боби хурофот баёншуда барои таҳқиқи ҷойгоҳи хурофот дар ҳаёти ҷомеаи муосири тоҷик низ муҳим мебошад. Тамоми ақоиди хурофотиеро, ки дар байни тоҷикон ва дигар халқиятҳои сокини Тоҷикистон густариш ёфтаанд, ба чор гурўҳ тақсим кардан мумкин аст: 1) хурофотҳое, ки дар анъанаву маросимҳо ва ҷашнҳои динии тоҷикон вуҷуд доранд; 2) хурофотҳое, ки дар анъанаву маросимҳо ва ҷашнҳои миллии мо вуҷуд доранд; 3) хурофотҳое, ки ба дин ва фарҳанги миллии тоҷикон ҳеҷ гуна алоқамандӣ надошта дар натиҷаи пайравӣ ба фарҳанги бегона ё синтези фарҳанги миллии тоҷикон бо фарҳанги дигар қавму миллатҳо пайдо шудаанд; 4) хурофотҳое, ки худи мардум бофтаанд.

Қариб ҳамаи навъҳои хурофот, ки муҳаққиқон муайян кардаанд, дар байни мардуми Тоҷикистон дар ин ё он ҳад вуҷуд дошта, дар ҳаёти қишрҳои муайяни ҷомеа нақши муайянеро иҷро мекунанд. Алалхусус, дар байни занони тоҷику ўзбек эътиқод ба сеҳру ҷоду, фолбинӣ, гармкунӣ, хунуккунӣ ва дигар намудҳои хурофот аз замонҳои хеле қадим то имрўз густариш ёфтааст. Сабаби асосии ин навъи хурофотпарастӣ, камсаводӣ ва маҳдуд будани доираи донишу ҷаҳонбинии худи заноне мебошад, ки ба ин падида гирифтор мебошанд. Чунин қабил занон агар дар зиндагии онҳо ягон мушкилии хурдакак сар занад, дарҳол ба фолбинҳову ҷ

одугарон муроҷиат карда, кўшиш менамоянд, ки ба ҳамин васила роҳи ҳалли мушкилиро ёбанд. Муроҷиати занон ба фолбинҳову ҷодугарон ба онҳо ҳеҷ фоида набахшида, баръакс, мушкили онҳоро афзунтар мекунад ва боиси хонавайронии онҳо мегардад. Ин навъи хурофотро баъзеҳо ба дин мансуб медонанд, аммо дар ҳақиқат дини мубини ислом ҳама гуна сеҳру ҷоду ва фолбиниро қотеона маҳкум кардааст. Ҳеҷ дин ва ҳеҷ қонун занро маҷбур намекунад, ки барои ҳалли мушкилоти худ аз ҷодугарону фолбинҳо мадад ҷўяд.

Дигар намуди хурофот ин исрофкории аз меъёр зиёд ба ҳисоб меравад, ки барои гузаронидани ҷашну маросимҳои гуногуни миллӣ ва динӣ масраф мешаванд. Аксарияти мардум ин гуна исрофкориро ба мақсади худнамоӣ ва дар тақлид ба дигар мардуми исрофкор анҷом медиҳанд. Аммо аз нуқтаи назари таълимоти динӣ, чунин исрофкорӣ, агар ба зарари соҳиби маърака бошад, ҳеҷ гуна савоб дошта намета¬вонад. Дар Қуръон Худованд бандагонашро аз исрофкорӣ манъ намуда, мефармояд: “Исроф макунед; ба дурустӣ ки Худо исрофкунандагонро дўст надорад” (Анъом, 6:141); “Ба дурустӣ ки исрофкунандагон бародарони шаётин ҳастанд ва Шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст” (Исро, 17:27).

Илова бар ин, боз навъҳои хурофоте низ вуҷуд доранд, ки дар ҳаёти анъанавии мардуми тоҷик нақши мусбату тарбиявиро иҷро мекунанд. Масалан, анъанаи афсонагўӣ ба кўдак, ки на танҳо дар замони истиқлолият, балки дар замони шўравӣ низ дар Тоҷикистон ривоҷ дошт. Аслан мавзўи хурофот дар доираи илми диншиносӣ ва фарҳангшиносии тоҷик як мавзўи камомўхта буда, дорои ҷанбаҳои гуногун аст ва пажўҳиши нисбатан амиқу муфассалро тақозо менамояд.

Саҷҷоди Муҳаммадшарифзода – мутахассиси Шўъбаи  

пажуҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавии

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон