Чанд ҳадис аз «Китоби (анвои) хариду фурўш»-и Саҳеҳи ал-Бухорӣ

Дар «Китоби (анвои) хариду фурўш»-и Саҳеҳи ал-Бухорӣ масъалаҳои зиёди марбут ба муомилаи савдо ва додугирифт, ҳалолу ҳаром, судхўрӣ ва зикри баъзе касбу ҳунарҳо мавриди баррасии некў қарор гирифтаанд. Ҳадисҳои баргузидаи пайғамбари ислом (с) аз ин китоб, ба андешаи мо, дар матни зиндагии ҷомеаи муосири Тоҷикистон барои риояи одамият ва одобу ахлоқи муошират байни харидору фурўшанда арзишу аҳамияти тарбиявии худро маҳфуз доштааст. 
 
(2) Боб. Андар он ки ҳалол яқини ошкор асту ҳаром яқини ошкор ва дар байни ин ду чизҳои шубҳанок ҳастанд
2051. Муҳаммад ибни ал-Мусанно ба ман нақл кард: Ибни Абўадӣ ба ман нақл кард, аз Ибни Авн, аз аш-Шаъбӣ, ки гуфт: аз ан-Нўъмон ибни Башир, разия-л-Лоҳу анҳу, шунидам, ки мегуфт: аз пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, шунидам {таҳвил}.
Ва (ба исноди дигар) Алӣ ибни Абдуллоҳ ба мо нақл кард: Ибни Уяйна ба мо нақл кард: Абўфарва ба мо нақл кард, аз аш-Шаъбӣ, ки гуфт: аз ан-Нўъмон ибни Башир шунидам, аз пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам {таҳвил}.
Ва (ба исноди дигар) Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ба ман нақл кард: Ибни Уяйна ба мо нақл кард, аз Абўфарва, ки гуфт: аз аш-Шаъбӣ шунидам: аз ан-Нўъмон ибни Башир, разия-л-Лоҳу анҳумо шунидам, аз пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам {таҳвил}.
Муҳаммад ибни Касир ба мо нақл кард: Суфён ба мо хабар дод, аз Абўфарва, аз аш-Шаъбӣ, аз ан-Нўъмон ибни Башир, разия-л-Лоҳу анҳу, ки гуфт: пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт: “Ҳалол яқини ошкор асту ҳаром яқини ошкор ва дар байни ин ду чизҳои шубҳанок ҳастанд ва ҳар кӣ тарки гуноҳи шубҳанок кунад, дар воқеъ аз ҳароми зоҳир барканортар хоҳад шуд. Ва ҳар кӣ аз гуноҳон ба он чизе ҷуръат кунад, ки бар он шак дорад, пас наздики афтодан ба ҳароми зоҳир аст. Ва маъсиятҳо ҳарими Худоянд ва ҳар кӣ дар гирди ҳарим(-и дигарон) мечаронад, дур нест, ки ба он ворид шавад”.
 
(13) Боб. Ҳар кӣ хурсанд бошад, ки ризқаш фарох гардад
2067. Муҳаммад ибни Абўяъқуб ал-Кирмонӣ ба мо нақл кард: Ҳассон ба мо нақл кард: Юнус ба мо нақл кард: Муҳаммад гуфт – ў аз-Зуҳрӣ аст, аз Анас ибни Молик, разия-л-Лоҳу анҳу, ки гуфт: аз пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, шунидам, ки мегуфт: “Ҳар касро он чиз хурсанд кунад, ки ризқу рўзиаш фарох гардад ё умраш дароз бошад, пас бигузор пайванди хеширо устувор дорад”.
(16) Боб. Андар осонгирию гузашткорӣ кардан дар хариду фурўш
Ва ҳар кқ ҳаққе талаб кунад, бигузор онро дар бозистодан аз ҳаром талаб кунад.
2076.Алқ ибни Айёш ба мо нақл кард: Абўҷассон Муҳаммад ибни Мутарриф ба мо нақл карда гуфт: Муҳаммад ибни ал-Мункадир ба ман нақл кард, аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ, разия-л-Лоҳу анҳумо, ки пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт: “Худо мардеро раҳм кунад, ки чун бифурўшад, чун бихарад ва чун (ҳаққеро) тақозо кунад, (корро) осон гирад”.
(19) Боб. Ҳар гоҳ фурўшанда ва харидор – ҳар ду 
(камбудиро) пайхас намуда пинҳон накарда 
бошанду насиҳат (некхоҳӣ) кунанд
Ва аз ал-Аддо ибни Холид зикр кардаанд, ки гуфт: пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ба ман навишт: “Ин ҳамон аст, ки Муҳаммад, пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, аз ал-Аддо ибни Холид ба тариқи хариду фурўши як мусулмон аз мусулмони дигар харидорӣ кард, дар он айбе, палидие, ҷоилае нест”. Қатода гуфт: “ал-ҷоилату” (ҳаромӣ) – “зино”, “дуздӣ”, “гурезагӣ(-и ҷулом)” аст.
Ва ба Иброҳим гуфтанд: “Баъзе даллолҳо тавиларо Хуросон ва Сиистон номида мегўянд: “Дирўз ин (чаҳорпо) аз Хуросон омадааст”; ва “ҳамин рўз аз Сиистон омадааст”. Ва ў ин корро шадидан макрўҳ шуморидааст.
Ва Уқба ибни Омир гуфт: “Ба ҳеҷ кас ҳалол нест, ки айб доштани мол(-и фурўшӣ)-ро дониста (харидорро) аз он огоҳ накарда фурўшад”.
2079. Сулаймон ибни Ҳарб ба мо нақл кард: Шуъба ба мо нақл кард, аз Қатода, аз Солеҳ Абулхалил, аз Абдуллоҳ ибни ал-Ҳорис, ки вай ин (ҳадис)-ро ба Ҳаким ибни Ҳизом, разия-л-Лоҳу анҳу, марфўъ гардонида гуфт: пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт: “Фурўшандаву харидор, ки ҳанўз аз ҳам ҷудо шуда нарафтаанд – ё гуфт: “То аз ҳам ҷудо шуда рафтанашон” – имкони ихтиёр доранд; агар рост гўянд ва (айби молро) ошкор дар миён гузоранд, дар хариду фурўшашон баракат хоҳанд ёфт. Ва агар (айби молро) пинҳон кунанд ва дурўғ гўянд, баракати хариду фурўшашон нобуд гардад”.
 
(24) Боб. Андар хўранда, шоҳид ва нависандаи суд (рибо)
Суханони Худои Таъоло: “Касоне, ки суд мехўранд, барнамехезанд, магар монанди касе, ки Шайтон ба сабаби осеб расонидан ўро девона сохтааст” (2:275) – то охири оят.
2084. Муҳаммад ибни Башшор ба мо нақл кард: Ҷундар ба мо нақл кард: Шуъба ба мо нақл кард, аз Мансур, аз Абуззуҳо, аз Масруқ, аз Оиша, разия-л-Лоҳу анҳо, ки гуфт: “Вақте ки (оёти) охири (сураи) Бақара нозил шуд, пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, онро барояшон дар масҷид қироат кард. Сипас хариду фурўши хамрро ҳаром кард”.
2085. Мўсо ибни Исмоил ба мо нақл кард: Ҷарир ибни Ҳозим ба мо нақл кард: Абўраҷо ба мо нақл кард, аз Самура ибни Ҷундаб, разия-л-Лоҳу анҳу, ки гуфт: пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт: “Ман ҳамон шаб дар хоб ду мардро дидам, ки назди ман омаданду маро ба Замини Муқаддас (Байтулмуқаддас) бурданд. Пас роҳ паймудем, то ба рўди хуне расидем. Андаруни рўд марде меистод ва дар миёни рўд марде (дигар) буд, дар пешаш сангҳо. Ва он мард, ки андаруни рўд буд, пеш омада аз рўд баромаданқ мешуд, он марди дигар ба даҳонаш бо санг мезад ва ўро ба ҳамон ҷои аввалиаш бармегардонд. (Ва ҳамин тариқ) ҳар бор, ки он мард аз рўд баромаданқ мешуд, он марди дигарқ ба даҳонаш бо санг зада, ўро ба ҷои аввалиаш бармегардонд”. Ман гуфтам: “Ин чист?” Гуфт: “Он кас, ки ту ўро андаруни рўд дидқ, рибохор аст”.
 
(26) Боб.
“Худо баракати судро нобуд месозад ва (баракати) хайротро афзун мегардонад ва Худо ҳар носипоси гунаҳкорро дўст надорад” (2:276).
2087. Яҳё ибни Букайр ба мо нақл кард: ал-Лайс ба мо нақл кард, аз Юнус, аз Ибни Шиҳоб: Ибни ал-Мусайяб гуфт: ба дурустӣ, Абўҳурайра, разия-л-Лоҳу анҳу, гуфт: аз пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, шунидам, ки мегуфт: “Қасами бардурўғ барои моли фурўшӣ ривоҷдиҳанда(-и бозор) аст ва барои баракат – нобудкунанда”.
(27) Боб. Андар макрўҳ будани қасам дар савдо
2088.Амр ибни Муҳаммад ба мо нақл кард: Ҳушайм ба мо нақл кард: ал-Аввом ба мо хабар дод, аз Иброҳим ибни Абдурраҳмон, аз Абдуллоҳ ибни Абўавфо, разия-л-Лоҳу анҳу: “Марде дар бозор молеро ба савдо гузошту ба Худо қасам хўрда: “ба ин (мол) он баҳоеро доданд” гуфт, ки дар ҳақиқат он (миқдор)-ро надода буданд. Ва ин корро барои (ба доми фиребаш) афтондани марди мусулмоне мекард, пас (ин оят) нозил шуд: “Ҳамоно касоне, ки ба (ивази) паймони Худо ва савгандҳои худ баҳои андакеро меситонанд” (3:77).
(29) Боб. Андар зикри “ал-қайн” ва (он) “оҳангар” аст
2091. Муҳаммад ибни Башшор ба ман нақл кард: Ибни Абўадқ ба мо нақл кард, аз Шуъба, аз Сулаймон, аз Абуззуҳо, аз Масруқ, аз Хаббоб, ки гуфт: “Ман дар замони ҷоҳилият оҳангар будам ва ал-Осӣ ибни Воил аз ман қарздор буд ва барои тақозои он қарз наздаш омадам. Ў гуфт: “То ба Муҳаммад, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, кофир нашавӣ, онро ба ту нахоҳам дод”. Ман гуфтам: “Худо туро бимиронад, баъди он зинда гардонад ҳам, кофир нахоҳам шуд”. Гуфт: “Маро бигузор, то бимирам ва аз нав зинда гардонида шавам, он гоҳ ба ман молу фарзанд хоҳанд дод ва қарзатро хоҳам пардохт”. Пас (ин оят) нозил шуд: “Оё он касро дидӣ, ки ба оёти мо кофир шуду гуфт: “Ба ман, албатта, молу фарзанд дода шавад. Оё бар ғайб огоҳ аст ё аз наздики Худои Раҳмон аҳде гирифтааст?” (19:77/78).
 
(30) Боб. Дар бораи дўзанда
2092. Абдуллоҳ ибни Юсуф ба мо нақл кард: Молик ба мо хабар дод, аз Исҳоқ ибни Абдуллоҳ ибни Абўталҳа, ки вай аз Анас ибни Молик, разия-л-Лоҳу анҳу, шунидааст, ки мегуфт: “Ба ростӣ, дўзандае пайғамбари Худоро, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ба таоме, ки сохта буд, даъват кард. Анас ибни Молик, разия-л-Лоҳу анҳу, гуфт: “Ман ҳамроҳи пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ба (тановули) он таом рафтам. (Мизбон) ба пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, нону шўрбое аз каду ва гўшти хушк пеш овард. Пас пайғамбарро, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, дидам, ки аз гирди косаи бузург кадуро мегирифт (ва мехўрд). (Анас) гуфт: “Аз ҳамон рўз ин ҷониб кадуро дўст медорам”.
 
(31) Боб. Дар бораи бофанда
2093. Яҳё ибни Букайр ба мо нақл кард: Яъқуб ибни Абдурраҳмон ба мо нақл кард, аз Абўҳозим, ки гуфт: аз Саҳл ибни Саъд, разия-л-Лоҳу анҳу, шунидам, ки гуфт: “Зане бурдае (ҷомае) овард. – (Саҳл) гуфт: “Оё медонед, ки “бурда” чист?” Ба ў гуфтанд: “Оре, бурда шамла (ҷома)-и бофтаи шерозадор аст”. – Он зан гуфт: “Эй пайғамбари Худо, ба дурустӣ, ман инро ба дасти худ бофтам, то ба ту пўшонам”. Пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ба он бурда ниёзманд буд, онро гирифт. Пас назди мо баромад, ки онро чун изор пўшида буд. Пас марде аз қавм гуфт: “Эй пайғамбари Худо, инро ба ман пўшон”. Ў гуфт: “Бале”. Пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, дар он маҷлис бинишаст, баъди он баргашт, он бурдаро печонду ба он мард фиристод. Пас қавм ба он мард гуфтанд: “Кори хуб накардӣ, онро талаб кардӣ ва ту нек медонӣ, ки ў (талаби) ҳеҷ талабкунандаро рад намекунад”. Он мард гуфт: “Валлоҳ, ман онро фақат барои як мақсад талаб кардам: то рўзе, ки бимирам, кафани ман бошад”. Саҳл гуфт: “Дар воқеъ он кафанаш шуд”.
(32) Боб. Дар бораи дуредгар
2094. Қутайба ибни Саъид ба мо нақл кард: Абдулазиз ба мо нақл кард, аз Абўҳозим, ки гуфт: “Як гурўҳ мардон назди Саҳл ибни Саъд омада, аз ў дар бораи минбар(-и пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам) суол карданд, ў гуфт: “Пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ба назди фалона – Саъд занеро ном бурд – кас фиристод, ки ба ҷуломи дуредгарат бифармо барои ман чўбҳое дуруст кунад, то ман ҳар гоҳ ба мардум сухан гуфтанӣ шавам, бар онҳо бинишинам”. Зан ғуломашро бифармуд ва ў аз дарахти гази ҷангал(-и назди Мадина) онҳоро дуруст карду овард. Баъд зан онҳоро ба пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, фиристод. Ў бифармуд, онро гузоштанд. Ва ў бар он бинишаст”.
2095. Халлод ибни Яҳё ба мо нақл кард: Абдулвоҳид ибни Айман ба мо нақл кард, аз падараш, аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ, разия-л-Лоҳу анҳумо: “Зане аз ансориён ба пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт: “Эй пайғамбари Худо, оё бароят чизе бисозам, то бар он бинишинӣ, зеро ки ман ғуломе дуредгар дорам?!” Гуфт: “Агар чунин майл дорӣ (бисоз)”. (Ҷобир гуфт:) “Пас он зан барои ў минбар созонд”. Пас чун рўзи ҷумъа буд, пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, бар минбаре, ки сохта шуд, бинишаст. Он гоҳ нахле, ки дар назди он пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, хутба мехонд, ба андозае фарёд зад, ки наздик буд ду пора шавад. Пас пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, фуруд омаду он нахлро гирифту ба оҷўш кашид. Нахл монанди нолаи кўдаке, ки оромаш мекунанд, нолидан гирифт, то ором ёфт. Пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт: “Ба ёди он чизҳое гирист, ки аз зикр мешунид”.