ЧАҲОР ТАРҶУМАИ КУҲАНИ ТОҶИКӢ ДАР ЯК ҶИЛДИ ҚУРЪОН

ЧАҲОР ТАРҶУМАИ КУҲАНИ ТОҶИКӢ ДАР ЯК ҶИЛДИ ҚУРЪОН

Интишороти  «Фарҳанги нашри нав» дар Теҳрон Қуръонро бо чаҳор тарҷумаи куҳан ба зевари табъ оростааст. Ин ибтикори некуро интишорот тавонистааст дар як кори ҳунармандона ба ҳам ҷамъ овардарад. Тарҷумаҳои воридшуда марбут ба Тафсири Табарӣ (асри Х), Тафсири Сурободӣ, ки аз ҷониби Абубакр Атиқи Нишопурӣ (асри XI) навишта шудааст ва Тафсири «Кафу-л-асрор»-и Абдуллоҳи Ансорӣ ва Тафсири Абулфутуҳи Розӣ (асри XII) мебошанд. Ин тарҷумаҳо дар давоми сесад сол навишта шуда, хонанда зимни хондани он метавонад таҳаввулу такомули забони модариро ба хубӣ мушоҳида кунад.  Истифода аз ин тарҷумаҳо имкон медиҳад хонанда бо калимаву вожаҳои фаровони тоҷикӣ ошно гардад. 

Тарҷумаҳои Қуръони мазкур барои қуръонпажӯҳон, фарҳангнигорон, тарҷумапажӯҳон, нависандагон ва пажӯҳандагони таърихи забон муфид буда, дар охири китоб перомуни ҳар чаҳор тарҷума низ ахбори мухтасар оварда шудааст. Феҳристи калимаҳои истифодашуда дар охири китоб ҷӯянадро ба мавзӯи мавриди назари худ мерасонад. Истихроҷу танзими ин китоб тавассути Муҳаммад Шарифӣ ва феҳристҳо низ аз ҷониби Маҳмуди Ромёр омода гардидааст. 

 

Шӯъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

    

Яндекс.Метрика