Чордаҳ соли бобаракатӣ

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии мардуми кишвар қабул гардидааст, 14 сол сипарӣ шуд. Бояд қайд намуд, ки қабули қонуни мазкур дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд ва барои ба танзим даровардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” изҳор дошт: “…қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард”.

Таҷрибаи чаҳодаҳ соли амали қонун собит сохт, ки дар сатҳи қонунгузорӣ ба танзим даровардани ҷашну маросимҳо метавонад барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофкорию хароҷоти зиёдати дар тӯю маърака ва маросимҳои азодорӣ, паст кардани унсурҳои манфии худнамоӣ, тақлидкорӣ ва аз байн бурдани хурофотпарастӣ мусоидат менамояд. Дар натиҷаи татбиқи Қонуни танзим тӯю маросимҳо воқеан ҳам нисбатан камхарҷ шуданд.

Риояи қонуни мазкур ва сарфаю сариштакорӣ дар баргузории маъракаҳо ба шаҳрвандон имкон дод, ки онҳо маблағҳои бо ин роҳ сарфанамудаи худро барои беҳтар кардани шароити зист, манзилҳои истиқоматӣ, тарбияи фарзандон, ободкориҳо ва ҳалли дигар масъалаҳои нисбатан муҳими рӯзгори худ истифода баранд.

Аз нахустин рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” то имрӯз, роҷеъ ба паёмадҳои нек ва таъсири мусбати он дар баланд шудани шароити иқтисодии табақаҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа дар тамоми расонаҳо аз ҷумла васоити ахбори омма, сайтҳои давлатию хусусӣ, газетаву маҷаллаҳо пайваста мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ интишор шуда истодаанд. Бозтоби танзими ҷашну маросим дар фазои иттилоотии кишварро дар тӯли тамоми давраи пас аз қабули Қонуни танзим ва то имрӯз таҳлил намуда, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ ва паёмадҳои неку созандаи қонуни мазкурро хуб дарк намудаанд ва онро қотеъона риоя мекунанд.

 

Яндекс.Метрика