Чоҳкан зери чоҳ

Қиссае хонда будам ба ин мазмун, ки зане аз ҷиҳати дилсӯзӣ морбачаеро парвариш кард ва он морбача бо гузашти сол бузург шуд. Як муддат чизе намехӯрд ва доим аз паи он зан мерафт ва шабҳо худро дар бадани он зан мепечонид. Он зан аз чизе нахӯрдани мор нороҳат шуда, ӯро ба назди байторе бурд, байтор аз мақсади мор огоҳ шуда, занро фаҳмонд, ки ин мор қасди хурдани туро дорад ва аз барои он чизе намехӯрад ва дар бадани ту мепечад, то андозаи туро чен кунад ва рӯзе туро луқмаи худ созад.  Ӯро аз худ дур кун! Зан ба суханони байтор гӯш намуда, ӯро аз худ дур намуд. 

Ба ин монанд, мардуми тоҷик  низ мори афъиеро бо номи (ҲНИ) нафаҳмида, дар оғӯши Ватан ҷой дод ва он афъӣ бузург шуду бадани ин Ватанро оғӯштаи хун кард, яъне  дар замони ҷанги шаҳрвандӣ бо номи дину имон хуни чандин ҷавонмардону донишмандонро рехт, ки то ҳанӯз модари тоҷик аз дасти захми ин мори афъӣ месӯзад. Ин мор бори дигар хост, ки соли 2016 ба ин миллат захм занад, аммо ин миллат бо сардории Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дарк карданд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ-ро ҳизби террористӣ-экстремистӣ эълон намуд. 

Баъд аз он ин тоифа морҳову морбачаҳо рӯ оварданд ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла, Олмон. Хонандаи азиз, медонӣ фарқияти ин мор аз мори аслӣ дар чист? Алакай пай бурдӣ, ки мори аслӣ дар зоҳир низ мор аст, аммо инҳо дар зоҳир инсонанду дар ботин мор. Аз ин рӯ, Олмон ҳам фаҳмидаву нофаҳмида ин тоифаро дар оғӯши худ ҷой дод. Инҳо аз он ки Тоҷикистонро ноором сохтанд ва ҳоло ҳам ин андешаро доранд, қонеъ нашуда, ҳолати ороми Олмонро ҳам нороҳат карданд. Сухан ин ҷо дар мавриди суиқасди аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба яке аз фаъолони интернетӣ ба истилоҳ блогер Музаффар Давлатов меравад. Онҳо бо нешҳои забонӣ иктифо накарда, даст ба тиру туфанг задаанд. Ин амали эшон бори дигар аз хунхору разил будани эшон дарак дод. Дигар дар мавриди террорист будани ин тоифа чизе намегуям, зеро хонанда худ қазоват карда метавонад.

Рамазониён Аҳтам

Яндекс.Метрика