ШАКЛҲОИ НАВИ БАРХӮРДИ МАНФИАТҲО ДАР МИНТАҚА ВА ТАЪСИРИ ОН БА ТОҶИКИСТОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо қабули низоми давлатдории дунявӣ, бо тарҳи нави асосҳои ҳуқуқии конунгузории миллӣ ва қабули Конститутсия ба марҳилаи нави давлатдорӣ ворид гардид. Ин дар ҳоле буд, ки пояҳои давлатдории он дар ҳамон сатҳи ҷомеаи суннатию аграрӣ боқӣ монда буданд.

Албатта, ҷомеаи шӯравӣ як давлати воқеан иҷтимоиро бунёд карда буд, вале дунявияти он ҳамоно бо низоми худкома рӯбарӯ шуд, ки ягон асоси демократӣ ва ҳуқуқии инсон дар он ҷой надошт. Албатта, заминаҳои ҳуқуқӣ барои тарғиботи озодонаи дин зери назорат буданд, вале дар ҳаёти иҷтимоӣ дин таъсири муайян дошт. Чунин тарзи давлатдорӣ хоси тамоми минтақаи мусулмоннишини Осиёи Марказӣ буд. Аҷоиб ин аст, ки дар ҳамин давраи ҳассос ва ба буҳрони иқтисодӣ дучор гардидан маҳз эҳёи дин ва суннатҳои динию фарҳангӣ авлавият пайдо кард ва ба тараққиёти тафаккури динӣ, расму оин, маросим ва ниҳодҳои динӣ, ба мисли масҷиду мадраса ва ташаккули худшиносии динӣ такон дод. Тадқиқотҳои таҳлилӣ нишон медиҳанд, ки маҳз дар ҳамин давра идеяҳои бегонаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии хусусияти динию ифротидошта аз хориҷ ба минтақа ворид гардида, дар ин росто исломи анъанавӣ ба тарғиботи шадиди исломи сиёсӣ ва ифротӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар фаҳмиши анъанавии мардум “дин” як мафҳуми муқаддас ва таърихан ташаккулёфтаву пойдоршуда аст, аммо тарғиботи нави динӣ хеле мазмуну лаҳни гуногун доштанд. Аз муносибати инсондӯстонаву муқаддас онро то омили ҷангу ҷаҳолат ва ифротгароӣ бурда расониданд. Барои ҳамин ҳам духӯрагӣ ва нофаҳмӣ дар дарки дини ислом ва андешаи исломи сиёсӣ ба вуҷуд омад. Дар давраи солҳои 90-ум аллакай бо дастгирии кишварҳои хориљї теъдоди зиёди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва терорристии ғайриқонунӣ дар кишвар¬ҳои Осиёи Марказӣ фаъолият мекарданд. Аз љумлаи онҳо «Ҳизбу-т-Таҳрир» (1998)  «Ҳаракати тавба», «Ҷамъияти адолат» (1991), «Лашкари ислом», «Ҳизбу-т-Таҳрир» (1992) «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (1997), «Даъвати исломӣ» (1992) ҳизби исломии  «Алаш» (1991/1992) ва ѓайраро номбар кардан мумкин аст. Ҳанӯз аз садаи XVIII дар ҷаҳони ислом таъсиси чунин ҳизбу ҳаракатҳои ба ном динӣ ҳамчун қувваи зарурї дар муборизаи шадиди давлатҳои қудратманд барои пиёда сохтани манофеи геополитикии худ истифода бурда мешуданд. Маҳз табиати сиёсӣ додан ба ислом дар ҷомеаи суннатии мусулмонӣ ба давлатҳои қудратманд имконият дод, ки бо истифода аз исломи “сиёсӣ” ба дасти худи мусулмонон дар ҷаҳони ислом ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисуннатии сиёсӣ-динии ифротиро таъсис дода, дар заминаи ихтилофҳои динӣ-мазҳабӣ дар ин кишварҳо низоъҳои сиёсӣ-диниро барангезанд. Нақши баланди ислом дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии кишварҳои мусулмонӣ ба давлатҳои пешрафтаи љаҳон имконият дод, ки ҳаёти иқтисодию сиёсии ин кишварҳоро зери назорат гирифта, кишварҳои мусулмониро дар тобеияти худ нигоҳ доранд. Дар замони муосир масъалаи бо чунин усул азнавтаќсимунии љаҳон аз байн  нарафтааст, балки он ин раванд шиддати бештар аз пештар пайдо кардааст. 

Дар идомаи буҳрони солҳои охири минтақа пайдо шудани созмони экстремистӣ-террористии "Давлати исломии Ироқу Шом» дар арсаи сиёсӣ якбора вазъи сиёсии минтақаро тағйир дод. Баъд аз шикасти ДИИШ дар Сурия ва Ироқ саркардагони ин гурӯҳ ба Афғонистон паноҳ бурданд, ки ҳадафи асосияшон зери назорат қарор додани минтақаҳои муҳими сарҳадӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Суботу амният дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказї, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли обу ҳаво зарур аст. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола низ ба ин масъала ишора карданд, ки «мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чӣ дар доираи гуфтушу¬нид¬ҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналми¬ла¬лӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад». Ҳамкориҳои густурда дар ин самт аз тариќи Созмони Милали Муттаҳид, САҲА ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай метавонанд барои таҳкими суботи минтақа ҳамчун камарбанди амниятӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм нақш муҳим дошта бошанд.

 

Баҳромбеков Вафобек – мутахассиси пешбари Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика