Шиагароӣ: идеология ва амалияи он (қисми I)

Дар баланд рафтани нақши «омили исломӣ» ва хусусияти глобалӣ касб кардани раванди сиёсисозии ислом дар охири садаи XX ва ибтидои садаи XXI таъсири «Инқилоби исломӣ»-и Эрон хеле калон аст. Инқилоби мазкур дар Ҷумҳурии исломии Эрони муосир ҳукуматеро ба сари қудрат овард, ки асоси идеологии онро таълимоти фирқаи шиа доир ба имомат ва хилофат ташкил медиҳад. Азбаски дини ислом аз ибтидо чун раванди динӣ-сиёсӣ дар байни арабҳо зуҳур карда буд, минбаъд низ дар тамоми давраҳои таърихии маҷудияташ натавонист аз ихтилофу низоъҳои дохилимазҳабӣ, ки аслан хусусияти сиёсӣ доштанд, дар канор монад. Ин низоъҳои дохилӣ махсусан дар байни ду равияи асосии он – суннӣ ва шиа ҳамеша дар шаклҳои гуногун зуҳур ёфтааст ва имрӯз низ яке аз мушкилоти ҷомеаи мусулмонон ба ҳисоб меравад. Масъалаи асосие, ки дар асоси ихтилоф ва низои ин ду равияи исломӣ қарор гирифтааст, масъалаи имомат ва хилофат мебошад, ки баъди вафоти пайғамбари ислом (с) ба вуҷуд омад. Асли масъала он буд, ки баъди пайғамбар (с) кӣ бояд ҷойнишини ӯ ва роҳбари сиёсию динии уммати исломӣ бошад. Сабаб дар он буд, ки доир ба ин масъала дар Қуръону Суннат ягон таъйиноти мушаххас вуҷуд надорад ва пайғамбар (с) низ пеш аз маргаш касеро ба таври ошкорову равшан ба ҷои худ ҷойнишин таъйин накардааст. Баҳс дар атрофи ин масъала мусулмононро ба ду гурӯҳ тақсим кард. Баҳси асосӣ доир ба ин масъала байни ҷонибдорони Алӣ ибни Абӯтолиб, ки амакбача ва домоди пайғамбар буд ва ҷонибдорони ёрони пайғамбар (с) – Абӯбакру Умару Усмон мерафт. Ҷонибдорони Абӯбакру Умару Усмон, ки бо роҳи райъдиҳӣ интихоб кардани халиф (имом )-ро пайгирӣ мекарданд, Абӯбакрро халифа интихоб намуданд. Аммо ҷонибдорони Алӣ ибни Абӯтолиб ба ин тарзи ҳалли масъала розӣ нашуданд ва даъво карданд, ки пайғамбар (с) дар ҳадиси Ғадири Хум Алиро вориси худ таъйин кардааст ва халифа интихоб шудани Абӯбакрро ғайриқонунӣ ҳисобиданд. Ихтилофҳои сиёсӣ дар атрофи масъалаи ҷойнишини пайғамбар (с) – халифа будан дар замони хилофати Усмон ба зиддияти шадиди сиёсӣ табдил ёфта, дар аҳди Умавиён ба ҳадди ниҳоии худ расид ва ин зиддиятҳои сиёсӣ ба ихтилофу зиддиятҳои динӣ-ақидавӣ табдил ёфтанд. Ниҳоят, мусулмонон ба се равия ё фирқа – ҳавориҷ, суннӣ ва шиа тақсим шуданд, ки ҳар кадоме дар бораи имомат ва хилофат дидгоҳи динӣ-ақидавии худро доштанд. Ҳарчанд Алӣ баъди қатли халифа Усмон (соли 658) ба хилофат расид, вале ҷонибдорони Алӣ, ки минбаъд бо унвони аҳли шиа маъмул гардиданд, бо тарафдорони Абӯбакру Умару Усмон, ки ба унвони суннӣ интихобӣ будани халифаро дастгирӣ мекарданд, то ба имрӯз ихтилоф меварзанд. Дар таърихи ислом дар аксари ҳолатҳо ин ихтилофу низоъҳо бо ҷангҳои хунини мазҳабӣ анҷом меёфтанд. Мавриди ёдоварист, ки заминаи иҷтимоии равияи шиаро аз ибтидо худи арабҳо, яъне ҷонибдорони Алӣ ибни Абӯтолиб ташкил медоданд ва муборизаи байни шиаю суннӣ аслан муборизаи ду гурӯҳи сиёсӣ-мазҳабии арабҳо барои ҳокимият дар хилофат буд ва он имрӯз дар шакли ба худ хос идома дорад. Вақте ки дар замони Умавиён фишори иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии арабҳо нисбат ба халқҳои истилошуда афзуд ва порснажодон ормонҳои миллию аҳдофи сиёсии худро барои эҳёи истиқлолияти миллӣ зери парчами шуубия амалӣ месохтанду ин ҳаракат тамоми Хуросону Мовароуннаҳрро фаро гирифта буд, арабҳои шиамазҳаб барои аз по афкандани хилофати суннимазҳаби Умавиён ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ онҳоро истифода бурданд. Бинобар он шиагароӣ ба мисли суннигароӣ аз ибтидо хусусияти арабгароӣ дошт ва имрӯз низ ин хусусияти худро то андозае ҳифз намудааст. Аз ин рӯ, эрониёнро заминаи иҷтимоии шиагароӣ донистан ақидаи чандон дуруст нест. Мардумони эронитабор истиқлолияту ҳувияти миллии худро на аз тариқи фирқаи шиа, балки бо роҳи эҳё кардани арзишҳои миллии худ, ки бо унвони ҳаракати «шуубия» машҳур буд, ба даст овардаанд. Ниҳоят, ин муборизаҳо хилофати Умавиёнро ба хилофати Аббосиён, ки писарони амаки пайғамбар буданд, иваз кард. Ҳатто дар дохили равияи шиа фирқаи мазҳабие ба номи «аббосиён» пайдо шуд, ки ҳаққу ҳуқуқи Аббосиёнро ба хилофат ҳамчун ворисони пайғамбар аз ҷиҳати ақидавӣ-динӣ асоснок мекард. Зиддияту ошӯбҳои тарафдорони Алӣ ва хонадони ӯ хомӯш нагардид ва низои суннию шиа давом ёфт. Зиёда аз ин, аз ҷониби фақеҳони ҳарду равия назарияҳои мухталиф доир ба масъалаи имомат ва хилофат коркард шудаанд, ки ихтилофи динӣ-ақидавии шииён ва сунниёнро дар бораи ҳокимияти исломӣ асоснок кардаанд. Аз нигоҳи аҳли ташайюъ имомат ба мисли пайғамбарӣ амри илоҳӣ буда, аз иродаи Худованд бармеояд ва дар радифи нубувват қарор дорад. Бинобар ин, имом (халифа) наметавонад интихобӣ бошад. Ба ақидаи онҳо ба Алӣ нури илоҳӣ асар кардааст ва минбаъд аз тариқи ӯ нури илоҳӣ ба имомони дигари шиа интиқол ёфтааст. Аз ин рӯ, имомат танҳо меросӣ буда метавонад, на интихобӣ. Аҳли суннат бошад, ин ақидаро қабул надоранд ва имоматро (хилофатро) танҳо интихобӣ меҳисобанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар байни аҳли суннат ва аҳли шиа фарқияту тазодҳои эътиқодию шаръӣ он қадар калон нест. Ҳарду ҷониб ба Худои ягона Аллоҳ, расули ӯ Муҳаммад (с) ва Қуръону Суннати пайғамбар эътиқоди комил доранд. Аз ин рӯ, аҳли шиаи дувоздаҳимомаро аз нигоҳи илоҳиётшиносӣ «алипараст» гуфтан дуруст нест. Мувофиқи таълимоти каломию фиқҳии Имоми Аъзам – Абӯҳанифа низ ҳеҷ кадоме аз пайравони ин фирқаҳо ҳуқуқи «кофир» гуфтани ҳамдигарро надоранд. Бидуни масъалаи асосии «имомат» дар байни онҳо дар баъзе маъсалахои ҷузъӣ чунин фарқиятҳо вуҷуд доранд. Масалан, аҳли ташайюъ даъво доранд, ки ҳангоми таҳрири матни нахустини Қуръон гӯё баъзе оятҳое, ки дар онҳо сухан доир ба имомати Алӣ меравад, таҳриф шудаанд. Дар масъалаи сарчашмаи муҳим будани Суннат бошад, аҳли шиа танҳо ба он ҳадисҳои пайғамбар боварӣ доранд, ки агар онҳо аз нақли саҳобагони наздики пайғамбар ва аҳли байти ӯ баён шуда бошанд ва онҳо маҷмӯаи ин ҳадисҳоро «Ахбор» меноманд. Зиёда аз ин, барои аҳли шиа сухану хутбаҳои Алӣ ҳамчун сарчашмаи маънавию ахлоқӣ хизмат мекунанд ва маҷмӯаи онро «Наҳҷу-л-балоға» меноманд. Дигар тафовутҳо миёни аҳли шиа ва аҳли суннат дар баёну шарҳи усул ва фурӯи дин мавҷуд аст, ба мисли мақоми имом, тарзи адои намоз, зиёрати ҷойҳои муқаддас, таҷлили иду маросимҳо ва ғайра. Вале чуноне ки ёдовар шудем, фарқи асосӣ миёни ин ду равияи маъмули исломӣ дар масъалаи имомат ва хилофат ҷой дорад, ки дар шиаи муосир он бештар дар матни «имомат ва вилояти фақеҳ» баён мегардад. «Вилояти фақеҳ» маънои ҳокимияти фақеҳон ва умуман рӯҳонияти шиаро дорад. Мувофиқи ин назария ҳокимият дар ҷомеаи мусулмонӣ хусусияти меросӣ дошта, он ҳамеша аз имом ба имоми дигар интиқол меёбад. Имомро гӯё Худованд барои ҳокимият (вилоят) кардан таъйин намудааст ва ӯ дорои қобилияту сифатҳои хос, аз ҷумла маъсум (пок, бегуноҳ) мебошад, ки хоси диндорони дигар нест. Тибқи ин таълимот дар давраи «ғайб задан»-и имоми дувоздаҳум Маҳдӣ намояндагии ӯро дар замин бояд муҷтаҳиди бонуфуз ва донишманд, ки аз ҷониби тамоми ҷомеа эътироф гардидааст, иҷро намояд. Муҷтаҳид гӯё иродаи илоҳӣ ва дастуроти имоми «ғайбзада»-ро ба мардум мерасонад. Аз ин рӯ, ба ақидаи аҳли шиа ва роҳбарони онҳо рӯҳоният тақдири давлати исломиро ҳал менамояд, ҳокимияти сиёсиро, ки сарвари он муҷтаҳиди бузург мебошад, амалӣ месозад. Бинобар ин дар шиаи муосир назарияи «имомат ва вилояти фақеҳ» имрӯз хусусияти бунёдгароӣ пайдо кардааст ва роҳбарони имрӯзаи Ҷумҳурии исломии Эрон усулгароёни шиа мебошанд. Дар навбати худ равияи шиа дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ ба чандин фирқаҳои мухталиф тақсим шудааст, ки фирқаи асосии он имомияи исноашарӣ (дувоздаҳимома) мебошад. Дар Эрони муосир маҳз ҳамин фирқа паҳн гардида, ба дини анъанавии онҳо табдил ёфтааст ва ҳанӯз дар садаи XIV мақоми дини давлатии Эронро касб карда буд. Сабаби дар садаи XIV аз ҷониби ҳукуматдорони Сафавӣ, ки аз туркҳои қизилбош буданд, мақоми давлатӣ касб кардани фирқаи исноашарии шиа он буд, ки дар ин давра давлати пуриқтидори туркони усмонӣ ташаккул ёфта буд ва аз тарафи дигар давлати туркӣ-муғулии Шайбониҳо низ густариш меёфт. Сафавиҳои қизилбошӣ, ки дар байни ду давлати туркии пайравони аҳли тасаннун қарор дошт, фирқаи шиаро ягона омили муҳими идеологии ҳифзи давлати худ медонистанд. Яъне ба дини расмии Эрон табдил ёфтани шиа дар ин давра на хусусияти эронгароӣ, балки хусусияти сиёсӣ дошт. Баръакс падидаи шиа, ки аз ибтидо дар натиҷаи муборизаи сиёсии байни арабҳо барои ҳокимияти сиёсӣ дар хилофат ба вуҷуд омада буд ва хусусияти арабгароӣ дошт, акнун дар Эрони садаи XIV ҳам бештар хусусияти сиёсӣ касб карда, бо андешаи туркӣ низ пайванд ёфт ва Эрон кишвари мазҳабии шиа шуд. Имрӯз ин фирқаи шиа дини расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад, ки соли 1979 дар натиҷаи «инқилоби исломӣ»-и Эрон ба ҳайси идеологияи давлатии он шинохта шуд. Дар ғалабаи «инқилоби исломӣ»-и Эрон ва исломисозии ҷомеаи эронӣ нақши рӯҳонияти шиа бо сарварии оятуллоҳи узмо Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ (1900-1989) хеле бузург аст. Оятуллоҳ Хумайнӣ дар асараш «Ҳукумати исломӣ» назарияи имоматро дар матни назарияи «вилояти фақеҳ» аз нав коркард намуд, ки он имрӯз асоси Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор гирифтааст. Ӯ дар назарияи «вилояти фақеҳ» зарурати ба пешвои динӣ вогузор намудани ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ, ҳуқуқи эълон кардани ҷангу сулҳ, таъйин ва иваз намудани сарфармондеҳи артиш, президент, вакилони халқ ва аъзоёни ҳукуматро асоснок намуд. Вай ҳама гуна ҳокимияти дигарро дар давраи «имоми ғоиб» ғайриқонунӣ ҳисобида, вожаи «шоҳаншоҳ»-ро як унвони зиддиилоҳӣ номид ва назарияи имоматро такмил дод. Ӯ таъқид мекард, ки дар давраи «имоми ғоиб» танҳо фақеҳон, муҷтаҳидон ва рӯҳониён ҳуқуқи дар асоси талаботҳои исломӣ ҳукумат кардан дар Эронро доранду халос. Худи ӯ ҷойнишини «имоми ғайбзада» – Маҳдӣ эълон шуд. Ҳамин тариқ, Хумайнӣ ба таълимоти шиа доир ба имомат ва умуман ҳуқуки мусулмонӣ навоварӣ ворид намуда, онро мероси қонунии пайғамбар ва имомони гузашта номид. Чуноне ки дар шиаи классикӣ маъсумият на аз Худо, балки аз фаъолияти худи инсон бармеояд, Хумайнӣ низ баён намуд, ки маъсумиятро ҳар кас метавонад ба даст орад, агар эътиқодашро ба Худо устувор созад ва бо ин роҳ ба камолоти мутлақ расад. Бояд гуфт, ки назарияи Хумайнӣ доир ба «вилояти фақеҳ», ки дар он анъанаи шиаи классикӣ бо баъзе тағйирот эҳё мегардад, як навъ навоварӣ дар бунёдгароии исломи муосир мебошад, ки онро метавон бунёдгароии ҷадид (неофундаментализм) номид. Ҳамин фундаментализми ҷадид назарияи «инқилоби исломӣ»-ро асоснок кард. Вазифаи инқилоби исломӣ бошад ба таври бунёдӣ тағйир додани ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки дар натиҷа хусусиятҳои радикалию ифротгароиро касб мекунанд. Беҳуда нест, ки қисмати зиёди зиёиёни эронӣ баъди инқилоби исломӣ ба кишварҳои Ғарбу ИМА муҳоҷират карданд. Ба таври дигар гӯем, исломисозии ҷомеаи Эрон боиси коҳиш ёфтани захираҳои зеҳнии мардуми Эрон гардид. Худо накунаду агар «инқилоби исломӣ»-и ҲНИТ дар Тоҷикистон ғалаба мекард, ҳамин фалокат ба сари миллати тоҷик низ меомад. Ҳол он ки «инқилоби наҳзатӣ»-и Тоҷикистон бо вуҷуди ғалаба накарданаш ба ҳаёти иқтисо-дию маънавии Тоҷикистон ҳисороти зиёдро ворид сохт, ки ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз дар роҳи ислоҳи он шарбати талхи онро мечашад. Вале баъзе аз шаҳрвандони кишвар то ҳанӯз аз ин таърихи сангин таҷриба набардошта, боз ба ғояҳои ифротии ҲНИТ пайравӣ мекунанд. Имрӯз бунёдгароӣ дар шиаи муосир дар шакли хумайнигароӣ ифода ёфта, тамоми ҳаёти ҷамъиятии Эронро дар зери назорати рӯҳонияти исломӣ қарор додааст ва дар ин кишвар озодии виҷдон, ҳатто озодии эътиқоди динии мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат бо ҳар роҳ маҳдуд карда мешавад. Дар ҳама ҳисоботҳое, ки аз тарафи Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи инсон доир ба Эрон ба СММ пешниҳод шудааст, риоя нашудани ҳуқуқи инсон ва озодиҳои ӯ дар ин кишвар таъкид гардидааст. Дар Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи инсон мунтазам ҳукумати Эрон мавриди танқид қарор гирифта, аз роҳбарони он риояи меъёрҳои ҳуқуқи инсон талаб карда мешавад. Бо ҳамаи маҳдудияти дохилӣ нигоҳ накарда ҳукумати Эрон боз ба худ муносиб донистааст, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии динӣ мутаҳам намояд. Вале мо мефаҳмем, ки онҳо зери мафҳуми «маҳдудиятҳои озодии динӣ» дар Тоҷикистон фақат манъ кардани фаъолияти ҲНИТ-ро дар назар доранд. Зеро онҳо вазифаи ҲНИТ-ро дар ҳамкорӣ бо исломгароёни ифротӣ дар Тоҷикистон барои озодона паҳн намудани фирқаи шиагароӣ мебинанд, то ки барои экспорти «инқилоби исломӣ» замина гузорад ва тоҷикисто¬ниён¬ро аз нав ба фоҷиаҳои солҳои 90-уми садаи ХХ гирифтор созад. «Инқилоби исломӣ» ва ташкил ёфтани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба раванди сиёсишавии ислом дар замони муосир таъсири зиёд расонида, дар охири солҳои 70-ум ва ибтидои солҳои 80-уми садаи ХХ ба фаъолшавии ислом дар миқёси байналмилалӣ мусоидат намуд. Дар ҳамаи кишварҳое, ки дар онҳо пайравони фирқаи шиа сукунат доштанд, ҷунбишҳо ба вуҷуд омаданд ва Эрон бо ҳар роҳу усул ба дастгирӣ кардани онҳо шурӯъ кард. Азбаски «инқилоби исломӣ»-и Эрон хусусияти зиддиимпералистӣ ва зиддикомунистӣ дошт, асоси идеологии консепсияи ин инқилобро ҷараёни ҷамъиятӣ-сиёсии «бунёдгароӣ»-и исломӣ ташкил медод, ки дар нимаи дуюми садаи ХХ дар ҷаҳони ислом ташаккул ёфта буд. Назараияи «бунёдгароӣ»-и исломии шиа роҳи тарақиёти ҳам капиталистӣ ва ҳам сотсиалистиро барои кишварҳои мусулмонӣ рад намуда, идеяи эҳё кардани анъанаи сиёсии фирқаи шиаи исломи ибтидоиро ягона алтернатива ба муқобили тарзи ҳаёти барои мусулмонон бегона меҳисобад. Дар назария ва илоҳиёти «инқилоби исломӣ» дар низоми ҳокимият ҷанбаи динӣ бар ҷанбаҳои сиёсӣ-давлатӣ афзалият дорад. Хумайнӣ дар асараш «Ҳукумати исломӣ» консепсияи ҳукумати исломиро асоснок карда, ҳама гуна шаклҳои зуҳури тамаддуни ғарбиро, ба ҷуз дастовардҳои технологии он рад намуд ва таъкид сохт, ки дар низоми идоракунии давлати исломӣ нақши асосиро бояд рӯҳоният бо роҳбарии илоҳиётшиносони донишманд бозанд. Тибқи ин консепсия ҳукумати исломӣ, ки аз назарияи инқилоби исломӣ бармеояд, танҳо дар доираи Эрон маҳдуд намешавад, балки ба он хусусияти умумиисломӣ дода мешавад. Як нуктаи муҳим дар консепсияи «инқилоби исломӣ» он аст, ки дар он ислом дини ҷанговарони наҷибу бошараф дониста шудааст ва чунин ҷанговарон бояд исломро аз ҳама гуна хатарҳои дохилӣ, ки бо айби ҳукуматдорони мусулмони осишуда ба вуҷуд омадааст ва ҳамчунин аз хатарҳои беруна ҳизф намоянд. Зеро тибқи ин таълимот тамаддуни исломӣ аз ҳамаи шаклҳои дигари ташкилии ҷомеаи инсонӣ бартарӣ дошта, ислом дар ҳалли ҳамаи масоили барои инсон ва ҷомеа ногузир ҷавобгӯ мебошад ва гӯё он аз иродаи илоҳӣ ва дастури пайғамбари он бармеояд. Ҳамин тариқ, дар консепсияи «инқилоби исломӣ» ва ҳукумати исломӣ, ки тибқи таълимоти хумайнигароӣ сурат мегирад, ислом хусусияти умумибашарии глобалӣ дорад. Барои вазифаи глобалии исломро анҷом додан мувофиқи ин назария бояд аввал дар ҷаҳони ислом «ваҳдати исломӣ»-ро эҳё намуд. Барои ба ин мақсад расидан муборизаи қатъӣ ва глобалии мусулмонон дар тамоми сайёра зарур буда, «инқилоби сиёсии исломӣ» бояд дар ҳама кишварҳо ғолиб ояд. Хулоса, мусулмонон дар асоси «ваҳдати исломӣ» аввал ҷаҳони исломро аз империализми Ғарбу ИМА ва Исроил озод карда, сипас ҳукумати исломиро дар миқёси глобалӣ барқарор мекунанд ва оламро мувофиқи принсипҳои шиаи исломӣ бозсозӣ менамоянд. Дар айни замон, барои барқарор намудани ҳукумати исломӣ консепсияи «инқилоби исломӣ» муборизаро ба муқобили ҳама гуна низомҳои сиёсие, ки ба таълимоти Қуръон ихтилоф доранд, ногузир месозад. Бинобар ин, ҳамаи низомҳои сиёсие, ки имрӯз вуҷуд доранд, гӯё низомҳои ғайриодилона мебошанд. Ва вазифаи аввалиндараҷаи «инқилоби сиёсии исломӣ» пурра аз байн бурдани ҳамаи он ҳукуматҳое аст, ки на танҳо хусусияти зиддиисломӣ доранд, балки дар айни замон қисман ба талаботи исломи сиёсии шиагароӣ ҷавобгӯ намебошанд. Ба хусус, ҳамаи он ҳукуматҳое, ки хусусияти дунявӣ доранд, гӯё ҳукумати атеистӣ буда, онҳоро шайтон эҷод кардааст ва онҳо бояд аз байн бурда шаванд. Беҳуда нест, ки сарварони ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳукумати дунявиро бо ҳукумати атеистӣ айният дода, дунявиятро падидаи зиддидинӣ меҳисобиданд ва ҳатто баъди расидан ба оштии миллӣ низ дар матбуоти худ ҳамеша давлати дунявиро ҳамчун падидаи зиддиисломӣ танқид карда, идеяи ваҳдати дину сиёсатро тарғиб менамуданд ва ба ин васила барои амалишавии созишномаи сулҳ халал ворид мекарданд. (идома дорад)

Нурулҳақов Қамар – номзади илмҳои фалсафа, дотсент