Шиагароӣ: идеология ва амалияи он (қисми II)

Шиагароӣ: идеология ва амалияи он (қисми II)
Баъд аз ғалабаи «инқилоби исломӣ» роҳбарияти Эрон кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод, ки ин инқилобро ба кишварҳои дигари мусулмонӣ интиқол диҳад. Дар бисёр кишварҳои мусулмонӣ, ки зери нуфузи Ғарб, ИМА ва Исроил қарор доштанд, таваҷҷуҳ ба инқилоби исломӣ низ афзуд. Бинобар он таъсири инқилоби Эрон ва сиёсати байналмилалии он торафт бештар мегашт. Дар он кишварҳое, ки қисми муайяни аҳолии онҳо пайрави шиа буданд, таъсири инқилоби мазкур бештар эҳсос мегардид. Масалан, дар Лубнон ҳаракати шиа хеле ривоҷ ёфт, ки дар ин ҷода худи сарвари инқилоби Эрон Хумайнӣ бевосита саҳмгузор буд. Бо талаби ӯ соли 1980 Ҳизби даъват, ки суннимазҳаб буд, дар Лубнон пароканда карда шуд. Хумайнӣ баъди ба сари ҳукумат омадан махсусан ба ҳаракати Амал (ҳаракати ал-Маҳрумин, ки соли 1975 соҳиби артиш низ буд ва баъд Амал ном гирифт) диққати махсус медод. Зеро ин ҳаракатро пайравони шиа ташкил медоданд. Ҳизбуллоҳ, ки соли 1980 аз ҷониби Эрон созмон дода шудааст ва зери таъсири он сохтани ҳизбҳои сиёсӣ-динӣ дар ҷаҳони ислом ба ҳукми анъана даромад, низ аз ёрию пуштибонии Эрон сахт бархурдор мебошад. Ҳатто ҳукумати Эрон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои шиаи Лубнон кӯшиш кард, ки дар байни ташкилотҳои шиа ва суннӣ «ваҳдати исломӣ»-ро ба вуҷуд оварад, ки яке аз идеяҳои асосии консепсияи «инқилоби исломӣ» мебошад. Соли 1986 бошад, онҳо саъй карданд, ки фаъолияти байни Ҳизбу-т-таҳрир ва Ҳизбуллоҳи шиаро бо ҳам мутобиқ созанд. Роҳбари ҳаракати тавҳиди Лубнон, ки суннимазҳаб буд, шиорҳои ташкилотҳои шиаро дар бораи таъсис додани давлати исломии шабеҳи Эрон дар Ливан дастгирӣ намуд. Солҳои 80-уми садаи ХХ аксари ҳаракатҳои шиа дар кишварҳои арабӣ гирифтори таъсири иҷтимоӣ-равонӣ ва идеологии Эрон шуданд. Таъсири шиаи бунёдгароии хумайнишакл торафт дар байни на танҳо пайравони шиа, балки суннимазҳабҳо ва ташкилотҳои динии суннӣ низ паҳн мешуд. Дар Эрон кӯшиши экспорт кардани таҷрибаи инқилоби исломӣ ба кишварҳои дигар ба қисми муҳими идеологияи рӯҳоният ва фаъолияти сиёсӣ-амалии он табдил ёфт. Аз ин рӯ, ҳукумат бо 165 ташкилотҳои динӣ-сиёсии Осиё ва 180 ҳамин гуна ташкилотҳо дар Африқо робита ва ҳамкориро ба роҳ монд. Баъзеи онҳо ҳатто ба абзори таблиғотии сиёсати берунии Эрон табдил ёфта буданд, ки ҲНИТ аз ҷумлаи онҳо буд. Гурӯҳ ва ҳизбҳои гуногуни муссалаҳ, ки бо дасти Эрон дар Ироқ аз ҳисоби араб ва курдҳои шиа таъсис ёфтааст, низ ҷонибдори ҳукумати исломӣ буда, намояндагони он аъзои Шӯрои Олии инқилоби исломӣ дар Ироқ мебошанд. Ҳизби Шӯрои исломӣ, ки дар Тунис фаъолият мекунад, низ Эрони хумайнишаклро тарафдорӣ менамояд. Имрӯз Эрон дар ҳамаи он кишварҳое, ки дар онҳо пайравони фирқаи шиа сукунат доранд, бо ҳар роҳу восита ба сиёсати дохилии ин давлатҳо дахолат мекунад. Имрӯз чунин дахолат дар Ироқ, Сурия, Лубнон, Яман ва ғайра баръало ба мушоҳида мерасад. Дастгирӣ ёфтани ҳаракати зиддиҳукуматии Хусиҳои шиа дар Яман аз ҷониби Эрон намунаи нави ҳамкориҳои инқилобӣ аст. Инқилоби Эрон ба ҳодисаҳои сиёсии Афғонистон бевосита таъсир расонидааст. Фаъол гардидани рӯҳонияти Афғонистон дар он давра бо таъсиргузории рӯҳонияти шиаи Эрон тавъам аст. Баъдтар дар Афғонистон ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ ба вуҷуд омаданд, ки ҳадафашон бунёд кардани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд ва оқибат чунин ҳам шуд. Ҳамин тавр, таъсири инқилоби Эрон ба Туркия, Сурия, Ироқ, Покистон, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи Қафқоз ва ғайра баръало ба мушоҳида мерасад. Зеро пешвои рӯҳонии «инқилоби исломӣ» Хумайнӣ пайваста зарурати муборизаи мусулмононро то ғалабаи пурраи ислом дар тамоми сайёра таъкид месохт ва Эрони муосир бо роҳҳои гуногун ин ақидаро тарғиб мекунад. Ба ақидаи Хумайнӣ ҷаҳони муосир дуқутба аст, дар як қутби он мусулмонон ва дар қутби дигар душманони ислом дар симои империалистон, ҳукуматдорони истибдодӣ ва муртадон, яҳудиён, насрониён ва материалистон қарор доранд, ки бо мақсади вайрон сохтан ва фиреб додани халқҳои мусулмон мутаҳид шудаанд ва онҳо «хизматгарони шайтонанд». Ин ҷо табиист, ки саволе ба миён меояд. Оё давлате, ки низоми сиёсиаш дар асоси чунин андешаи пешвои рӯҳониаш бунёд ёфтааст, метавонад давлати озод ва демократӣ бошад? Ва оё ҳуқуқи маънавие дорад, ки давлатҳои дигарро барои маҳдуд сохтани озодиҳои динӣ маҳкум намояд?! Таърихан дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон пайравони фирқаи исноашарии ниҳоят кам буданд ва дар ин кишварҳо 97-98% мусулмононро пайравони аҳли суннату ҷамоат ташкил медиҳанд. Дар Тоҷикистон бошад танҳо миқдори маҳдуди пайравони исмоилия сукунат доранд, ки бо фирқаи исноашарии шиа ихтилофи сахти ақидавӣ доранд ва бо тоҷик будани баробари аҳли суннату ҷамоат худ бештар ифтихор доштанду доранд. Аммо дар ин ҷумҳуриҳо ҳанӯз дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таъсири инқилоби Эрони солҳои 1978-1979 ба мушоҳида мерасид, ки он аз муносибати Эрон ба Иттиҳоди Шӯравӣ маншаъ мегирифт. Эрон Иттиҳоди Шӯравӣ-ро давлати «атеистӣ» номида, онро душмани ислом меҳисобид. Дар дохили Эрон бошад қувваҳои чап, аз ҷумла ҳизби комунистии Эрон «Тӯда»-ро, аз байн бурданд, ҳарчанд ки ин ҳизб ҷонибдори сиёсати зиддиимпериалистӣ ва зиддиғарбии пешвоёни инқилоби исломӣ буд. Ин сиёсати Эрон ба баланд рафтани сатҳи диндории мусулмонони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ мусоидат мекард. Зиёда аз ин, Эрон сахт талош кард, ки бо роҳи осоишта ба ҷумҳуриҳои мусулмонишини Осиёи Миёнаи Шӯравӣ «инқилоби исломӣ»-ро интиқол диҳад. Бо ин мақсад шабакаҳои радиоии пуриқтидор таъсис дода, даъват ба амал меовард, ки мусулмонони Осиёи Миёна талаботҳои Қуръону шариатро риоя намоянд ва ба ҳар гуна зуҳуроти ақидаҳои ғайридинӣ муқобилият нишон диҳанд. Чунин фаъолияти тарғиботии Эрон ба хусус дар солҳои «бозсозии горбачёвӣ», ки ошкорбаёнӣ яке аз рукнҳои асосии он буд, бештар ривоҷ гирифт. Дар зери таъсири як қатор омилҳои берунӣ, аз ҷумла «инқилоби исломӣ» ва сиёсати демократикунонию ошкорбаёнии горбачёвӣ ниҳоят моҳи феврали соли 1990 дар Душанбе намоишу гирдиҳамоиҳое барпо шуданд, ки ҲНИТ ва рӯҳонияти ҷумҳурӣ пешсаф, роҳбар ва ҳидояткунандаи ин тазоҳуротҳо буданд. Ин ҷунбишҳҳо хусусияти зиддиҳукуматӣ доштанд ва дар зери шиорҳои исломӣ баргузор мешуданд, дар онҳо даъвои бунёди «давлати исломӣ» садо медоданд, ки бевосита аз «инқилоби исломӣ»-и Эрон сарчашма мегирифтанд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери таъсири омилҳои мухталифи дохилию берунӣ рӯҳияи динӣ ва сатҳи диндории аҳолии кишвар якбора боло рафта, миқдори масҷидҳо афзуданд ва ба макони тарғиби бунёди «давлати исломӣ» табдил ёфтанд. Як нуқтаро бояд ёдовар шуд, ки дар ҳамин давра дар масҷидҳо ташкил шудани ёдбуди рӯзи қатли имом Ҳусайн – писари Алӣ ибни Абӯтолиб, ки дар фирқаи шиаи исноашарӣ яке аз маросимҳои муҳим аст, тадриҷан ба ҳукми анъана даромад. Ҳол он ки ин маросим ба мазҳабҳои аҳли суннат, аз ҷумла ҳанафӣ, ягон рабте надорад. Имом Ҳусайн бо аҳли хонавода ва ёронаш соли 680 дар дашти Карбало бо дасти сарлашкари Язид ибни Муъовия – Шимр ибн Зӣ-л-Ҷавшан кушта шуда буд, ки барои аҳли шиа ҳамчун «фоҷеаи Карбало» як навъ қудсият касб кард. Таъсири ин ҳодиса дар ташаккули равияи шиа ва ба вуҷуд омадани ошӯбу шӯришҳо ба муқобили хилофати Умавиён нақши зиёд дорад. Муссалам аст, ки дар муҳити динии Тоҷикистон роҳ ёфтани ташкили ёдбуди рӯзи қатли имоми сеюм Ҳусейн, ки маросими «Ошӯро» ном дорад, дар зери таъсири сиёсати Эрон ва миёнаравии ҲНИТ ба вуҷуд омадааст. Ин матлабро имрӯз ошкор шудани гароиши як идда аъзоёни ҳизби мазкур ба фирқаи шиа низ собит менамояд ва дар ин хусус дар ВАО маълумотҳои зиёде ба табъ расидаанд. Ҳамчунин хотиррасон бояд кард, ки сохтори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба сохтори низоми давлатдории Ҷумҳурии исломии Эрон ва ба принсипҳои «вилояти фақеҳ» шабоҳат дорад. Чуноне ки дар Эрон намояндагони блоки «хумайниҳо» роҳбари рӯҳонии «вилояти фақеҳ» буда, онҳо роҳбарони давлату мақомоти давлатиро таъйин ё номзадии президентро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ мекунанд, сохтори ҲНИТ низ ба ҳамин шакл тақлидкориҳо дорад. Далели дигари таъсири шиагароӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки солҳои охир дар кишвар аз ҷониби як зумра занону духтарон пӯшидани сару либоси сиёҳ ба ҳукми анъана даромад, ки ҳам ба фарҳанги миллӣ ва ҳам ба фарҳанги мазҳабӣ (ҳанафӣ)-и мо ихтилоф дорад. Пӯшидани сару либоси сиёҳ дар фирқаи исноашарии шиа ба муносибати қатли имом Ҳусайн ба вуҷуд омадааст. Мувофиқи ривоятҳо аҳли шиаи дувоздаҳимома савганд ёд карданд, ки то агар қасоси қатли имом Ҳусайнро аз душманонашон нагиранд, ин либосро аз тан намекашанд. Маврид ба ёдоварӣ аст, ки шиагароӣ дар асли худ падидаи арабӣ буда, хусусияти арабгароӣ ва бо фарҳанги эронӣ дар ихтилоф қарор доранд. Беҳуда нест, ки пешвоёни динӣ ва рӯҳонияти бонуфузи эронӣ ба мисли М. Мутаҳҳарӣ ва дигарон нисбат ба фарҳанги асили тоисломии эронӣ муносибати шадиди манфӣ доранд. Масалан, ӯ дар китобаш «Хадамоти матақобилаи Ислом ва Ирон» навиштааст, ки муборизони роҳи озодии мардумони эронӣ Муқаннаъ, Синдбод, Бобаки Хуррамдин, Мозиёр ва дигарон дар дили эрониён ҳаргиз ҷои Алӣ ибни Абӯтолиб, Ҳусейн ибни Алӣ ва ҳатто Салмони Форсиро нахоҳанд гирифт». Яъне Мутаҳҳарӣ аз муборизаи озодихоҳии мардумони эронӣ, ки истиқлолияти миллии Эронро поя гузоштаанд, хеле нороҳат аст. Чунки ин муборизаҳо садди роҳи арабишавии эрониён гардида буд. Ӯ тамоми фарҳанги тоисломии эрониёнро инкор карда, таъқид месозад, ки маҳз ислом эрониёнро ба худашон шиносонид. Ин ақидаи Мутаҳҳарӣ таҷассумгари муносибати ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон ва рӯҳонияти он нисбат ба фарҳангу миллати Эрон мебошад. Беҳуда нест, ки имрӯз маҳбасхонаҳои ин кишварро шаҳрвандони эронидӯст пур кардаанд. Эронситезӣ дар худи Эрон имрӯз то ҳадде аст, ки ҳатто бо ҳайкали ҳаким Фирдавсӣ, ки таърихи Эронро зинда кардааст, мубориза мебаранд. Адабиёти классикии эрониро «адабиёти исломӣ» номида, аз таърихи адабиёт дастовардҳои адабию илмии тоисломии мардумони эрониро берун сохтаанд. Сабаби чунин эронситезӣ дар он аст, ки сарварони ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон, ки оятуллоҳоянд, худро вориси қонунии имомони фирқаи шиа дониста, аз асолати арабӣ доштани хеш ифтихор мекунанд. Имрӯз ҳукумати Эрон ҳамин эронситезиро бо дасти ҲНИТ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мехоҳад таҳмил созад. Ҳарчанд Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ оид ба пешгирӣ кардан аз сирояти фарҳанги бегонаи хусусияти зиддимиллӣ ва ифротгароӣ дошта таъкид намудаанд, аммо дар ин самт ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаб зиёданд. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва пайдо шудани давлатҳои соҳибистиқлол дар минтақаи Осиёи Марказӣ Эрон ҳамчун давлати бузурги минтақавӣ талош кард, ки таъсири худро ба давлатҳои мусулмоннишини Осиёи Марказӣ афзун намояд. Ҳокимияти исломии Эрон идеяи ваҳдату баробарии мусулмононро, ки дар ибтидои садаи ХХ андешаи панисломистӣ буд, эҳё карда кӯшиш намуд, ки диққати мусулмонони Осиёи Марказиро ба худ ҷалб созад ва Эронро ба яке аз марказҳои бонуфузи ҷаҳони ислом табдил диҳад. Дар ҳамин давра Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро бо ин кишварҳо ба роҳ монда, кӯшиш намуд, ки ба мазмуни ин ҳамкориҳо ба хусус бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан хусусияти идеологӣ бахшад. Онҳо дарк мекарданд, ки дар сохтори давлати дунявӣ муносибати исломгароёнаро ба роҳ монда наметавонанд. Бинобар ин муносибатҳои Эрон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ин давра бештар дар сатҳи муносибатҳои байниҳукуматӣ сурат гирифт. Дар айни замон, Ҷумҳурии исломии Эрон барои пиёда сохтани нақшаҳои геополитикии худ дар минтақа, ба хусус Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз фаъолияти Ҳизби Наҳзати исломӣ, ки дар Тоҷикистон ошкоро ва баъдан расмӣ амал мекард, истифода намуд. Ва тавассути ин ҳизб ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат менамуд. Далели ин дахолат дар он ифода ёфт, ки ҲНИТ дар матбуоти худ идеяҳоро, ки аз «инқилоби исломӣ»-и Эрон маншаъ мегирифт ва намояндагони рӯҳонияти онро тарғиб намуда, Ҷумҳурии исломии Эронро ҳамчун намунаи беҳтарини давлатдории мусулмонӣ нишон медод. Ҳамин тариқ, исломигароӣ дар Тоҷикистон, ки баъди эълони истиқлолияти давлатӣ зуҳур ёфта буд, бо шиагароӣ, ки хусусияти «хумайнипарастӣ» дошт ва дар натиҷаи омезиш бо ваҳҳобигароии байналмилалӣ дар ибтидо заминаи ақидатии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардида буд, баъди сулҳу ваҳдати миллӣ низ дар шакли ба худ хос идома ёфт. Ин шакли шиагароӣ то ба имрӯз моҳияти худро тағйир надодааст, балки торафт заминаи фарохтарро фаро мегирад ва кӯшиш дорад мафкураи сиёсии худро ҳарчӣ бештар исломӣ ва инқилобӣ сохта, онро ба кишварҳои дигар интиқол диҳад. Чуноне ки гуфтем, Ҷумҳурии исломии Эрон мехост ҳадафи сиёсии худро дар Тоҷикистон бо дасти ҲНИТ ва бо истифода аз умумияти этно- таърихӣ ва фарҳангӣ, инчунин забони ягонаи форсӣ-тоҷикӣ пиёда созад. Ҳол он ки Эрону Тоҷикистон барои барқарор ва ташаккул додани ҳамкориҳои дуҷониба, ҳатто ҳамкориҳои аҳамияти стратегӣ дошта ба ҳеҷ гуна бозиҳои сиёсӣ-мазҳабӣ ниёз надоранд. Бидуни чунин «бозиҳо»-и мазҳабии ғаразнок мардуми тоҷик Эронро ва мардуми Эрон Тоҷикистонро дуюмин хонаи худ медонанд. Дигар ин ки ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон хуб медонад, ки дар Тоҷикистон барои паҳн кардани шиагароӣ ҳеҷ гуна заминаи иҷтимоӣ вуҷуд надорад, зеро 97,0% аҳолии Тоҷикистон суннимазҳаб буда, кӯшиши шиасозии тоҷикистониён як сиёсати кӯтоҳандешона ва ғайривоқеӣ мебошад. Пас маълум мешавад, ки дӯстию ҳамкории ҳукумати имрӯзаи Эрон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳию ғаразнок буда, дар зери коса чандин нимкоса пинҳон будааст. Аҷиб ин аст, ки ҳукумати Эрон муносибатҳои дипломатии худро бо як қатор кишварҳои дигар низ имрӯз дар асоси андешаи шиагароӣ ба роҳ мондааст, ки он метавонад дар муносибатҳои байнидавлатӣ ихтилофҳои вазнинро ба бор оварад. Ин хулосаро дахолати бевоситаи намояндагони рӯҳонияти баландпояи Ҷумҳурии исломии Эрон ба корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам собит менамоянд ва чунин дахолатҳо метавонанд дар соҳаи ҳаёти динӣ низоъро ба вуҷуд оранд. Масалан, чуноне ки васоити ахбори Тоҷикистон соли 2011 хабар дода буд, сарвари динии Ҷумҳурии исломии Эрон оятуллоҳ Гулпойгонӣ роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба исломситезӣ (исламофобия) гунаҳкор намудааст. Гулпойгонӣ ин андешаи худро бо он асоснок кардааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои миёна ва олӣ ба духтарон пӯшидани фаранҷиро манъ кардааст ва ӯ ин иқдоми роҳбарияти Тоҷикистонро боқимондаи динситезии Иттиҳоди Шӯравӣ номидааст. Ба ақидаи Гулпойгонӣ ин иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон гӯё ба истиқлолияти комил ва пешрафти Тоҷикистон монеа бунёд мекардааст. Гулпойгонӣ ҳамзамон ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» эътироз баён карда, ҳатто аз давлатҳои мусулмонӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ даъват намуд, ки ин амали роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум карда шавад. Роҳбари Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии исломии Эрон Алӣ Лориҷонӣ бошад, ҳангоми сафари худ ба Тоҷикистон низ доир ба ин қонун ёдовар шуда, таъкид сохта буд, ки мо ҳамеша ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи исломии ӯро, дар Тоҷикистон ва дигар минтақаҳо қадр менамоем. Албатта, чунин бадномсозиҳои беасос ба вазъияти динии Тоҷикистон бетаъсир нестанд ва метавонанд дар байни Ҳукумат ва қисмати муайяни диндорони ҷомеа низоъ ба вуҷуд оранд ва барои муносибати байниҳукуматӣ низ таъсиргузории манфӣ ворид созанд. Дар чунин ҳолат табиист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад бепарво бошад ва зарур мешуморад, ки барои ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва манфиатҳои давлати Тоҷикистон чораҳои қатъӣ андешад. Бинобар ин аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудани фаъолияти ҲНИТ ҳамчун ҳизби экстремистию террористӣ аз ин мавқеъ аслан як амри табиист. Вале аз ҷониби ҳукумати Эрон намоишкорона дифоъ шудани ҲНИТ ва дар оғӯши гарм гирифтани сарварони дар кофтукови ҷиноятӣ қарордоштаи он бо амали худи ҳукумати Эрон бори дигар собит сохт, ки яке аз қувваҳои берунии бо дасти ҲНИТ барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон буда, ҲНИТ то ҳанӯз бо мақсади аз нав ба амал баровардани табаддуллоти давлатӣ дар Тоҷикистон ба хотири бунёди «давлати исломӣ» аз ёрию пуштибонии ин давлат бархурдор будааст. Ҳодисаҳои мудҳиши 4-5 сентябри соли 2015 бараъло аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳамаи ин нооромиҳо на ба манфиати мардуми Эрон асту на ба манфиати мардуми Тоҷикистон. Ниҳоят, як нуқтаро ёдрас менамоем, ки сатҳи баланди исломисозии сохтори давлатии Ҷумҳурии исломии Эрон, агар аз як тараф, боиси пайдо шудани норозигӣ миёни мардуми Эрон, ба хусус зиёиёни ин кишвар, шуда бошад, аз тарафи дигар, сабаби баҳсу ихтилофҳо дар байни рӯҳонияти шиа доир ба усул ва воситаҳои расидан ба ҳадафи асосӣ, яъне бо мақсади интиқоли «инқилоби исломӣ» ба кишварҳои дигар, таъмин сохтани шароитҳои мувофиқ барои паҳн ва мустаҳкам кардани мавқеи исломи шиа дар Эрон ва кишварҳои исломӣ низ гаштааст. Ҳанӯз баъди инқилоби Эрон аз соли 1981 сар карда муқобилони низоми исломии Эрон даст ба тазоҳуроту ошӯбҳо заданд ва ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон нисбат ба мухолифони низоми исломии Эрон ва озодандешон сиёсати сахти таъқибкорию зӯровариро пиёда кардааст. Як намунаи даҳшатовари ин таъқибу зӯроварӣ мувофиқи маълумотҳо аз ҷониби ҳукумати Эрон дар соли 1988 ба қатл расонидани 30 ҳазор мухолифони низоми исломӣ мебошад. Имрӯз низ ҳабсхонаҳои кишвар аз ҳазорон мухолифони ҳукумат пур аст. Ҳоло опозитсияи ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар муҳоҷират қарор дорад, ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карда, ба ҷавобгарӣ кашидани қотилони мардумро дар соли 1988 талаб доранд, ки аз ҷониби бисёр давлатҳо дастгирӣ ёфта истодааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ метавонад ба СММ муроҷиат карда, аз Ҷумҳурии исломии Эрон ҷуброни он ҳисороти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва куштори қариб 200 ҳазор шаҳрвандонашро, ки дар натиҷаи аз ҷониби ҲНИТ бо пуштибонии Ҷумҳурии исломии Эрон роҳандозӣ шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, талаб намояд. Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳамаи амалҳои ғайринсонии худ нисбат ба мардуми Эрон ва тоҷик чашм пӯшида боз кӯшиш мекунад, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои манъ кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии террористӣ, ки ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон падархондаш мебошад, гунаҳгор карда амну суботро дар Тоҷикистон вайрон созад. Умед дорем, ки минбаъд муносибати ин ду кишвару халқи дӯсту бародар ва ҳамфарҳангу ҳамзабон бидуни бозиҳои сиёсӣ-мазҳабӣ сурат гирифта, дар асоси ҳамдигарфаҳмии бародарона ва беғаразона бо роҳи табиӣ инкишоф меёбад.
Нурулҳақов Қамар – номзади илмҳои фалсафа, дотсент