ШИДДАТИ НАВИ ВАЗЪИЯТ ДАР ҚАЛАМРАВИ СУРИЯ

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид гардида буд, ки «аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст». Ҳодисаҳои оғози соли нави 2018 дуруст будани ин баҳогузориро собит намуд. Вазъият дар қисмати шимолии Сурия ва минтақаҳои ҳамҳудуд бо Туркия якбора хусусияти буҳронӣ касб намуда, нерӯҳои низомии ин кишвар амалиёти ҷангиро бо баҳонаи мубориза бар зидди аъзои Ҳизби коргарии Курдистон оғоз бахшиданд. Ин амалиёт аз ҷониби коршиносон ва намояндагони кишварҳои гуногун ҳамчун ҷанги эълоннашуда ва дахолат ба корҳои дохилии Сурия арзёбӣ шуд. Аз ҷониби дигар, ин ҳолат аз он дарак медиҳад, ки ҳанӯз дар бораи оромии комил дар минтақа ва ба хусус ҳамин кишвари ҷангзада сухан гуфтан барвақт аст. Дар самти барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар Яман бошад, вазъият дар ҳолати гирифторӣ ба бунбаст қарор дорад. Кишварҳои арабии Халиҷ доир ба баромадан аз ин буҳрон машваратҳои зиёд баргузор карда истодаанд. Вале масъалаи ҳамчун пойтахти Исроил эълон шудани Байтулмуқаддас аз ҷониби президенти ИМА ихтилофҳои назарро дар байни кишварҳои арабию мусулмонӣ ба вуҷуд овард, ки оқибатҳои нохуб дошта метавонад. 

Вазъияти Афғонистон ҳам боиси нигаронии сахт гардидаст. Аз оғози соли 2018 анҷом додани таркишу амалиётҳои террористӣ дар ин кишвар, ба хусус пойтахти он, рӯ ба афзоиш дорад, ки қурбониҳои зиёди ҷонӣ ба бор овардааст. Илова бар ин, дар конференсияи матбуотии вазири корҳои хориҷии ФР Сергей Лавров дар СММ таъкид гардид, ки ҷангиёни созмони террористии ДИИШ-ро чархболҳои мансубияти низомияшон номаълум ба қисмати шимолии Афғонистон таҳвил дода истодаанд ва ба ин васила ҳузури гурӯҳҳои эҳтимолии ин созмонро тақвият бахшида истодаанд. Ин гуфтаҳо аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии мо тақозо менамояд, ки дар масъалаи ҳушёрии сиёсӣ ва таъмини сулҳу субот ширкати фаъол дошта бошанд.

 

Ф. Баротзода