Экстремизми динӣ: мафҳум ва хусусиятҳои он

Ҷамшед Ашурзода
Дар Паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи таъмини амнияту сулҳу субот масъалагузорӣ карда қайд намуданд, ки дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки нахуст дар сатҳи зарурӣ ба омӯзиши масъалаи экстремизми динӣ, муайян намудани хусу-сиятҳои ташаккул, паҳншавии андешаҳои экстремистӣ ва пешгирии ин падидаи номатлуб сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон, файласуфон ва диншиносон машғул гардида буданд. Таҳлили адабиёти илмии доир ба соҳаҳои мазкури илм нашршуда нишон медиҳад, ки намояндагони онҳо нисбат ба моҳияти ин падида андешаи ягона надоранд. Чунин ҳолат оид ба хусусиятҳои экстре-мизми динӣ на танҳо ихтилофҳои назариявиро ба вуҷуд меоварад, балки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ имкон намедиҳад, то ки бар зидди ин падидаи номатлуб ба таври бояду шояд мубориза баранд.
Албатта, барои шарҳи моҳияти экстремизми динӣ, пеш аз ҳама, дарки мафҳуми экстремизм бояд ба инобат гирифта шавад. Моҳияти экстремизм аз маънои этимологии он сарчашма мегирад. Зеро ин мафҳум аз калимаи лотинӣ пайдо гардида, маънояш «канорӣ, канораҷӯӣ» мебошад. Яъне ҷонибдорӣ намудани андешаҳои канорӣ ва барои амалӣ намудани мақсадҳои сиёсии худ истифода намудани шаклҳои ғайриқонунии рафтори сиёсӣ, қатлу ғорат ва террор рафтори экстремистӣ маънидод гардидааст.
Бинобар ин, экстремизмро дар маҷмӯъ ҳамчун рафтори шахсони алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ё фаъолияти дорои умумияти мушаххас маънидод намудан мумкин аст, ки он бо анъанаҳо, урфу одат ва меъёрҳои ахлоқию ҷамъиятӣ мухолифат менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки рафтори экстремистӣ танҳо ба фаъолияти инсон алоқаманд аст. Аз ин рӯ, ин навъи рафторро дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонӣ, масалан, дар муносибат ба одамон, табиат, тағйиротҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва динӣ дидан мумкин аст. Бояд ёддовар шуд, ки рафтори экстремистӣ ҳамчун рафтори агрессивӣ дар аксар ҳолат ҷиноят маҳсуб ёбад ҳам, он аз мафҳумҳои «ҷиноят» ва «агрессия» бо як қатор хусусиятҳои худ фарқ карда меистад.
Дар энсиклопедияи сотсиологие, ки аз ҷониби оли-мони рус бо сарварии З.И Иванов таҳия гардидааст, сабабҳои зоҳир гардидани рафтори экстремистӣ хеле хуб баён ёфтаанд. Ба андешаи онҳо, «зоҳир гардидани экстремизм дар рафтори одамон, пеш аз ҳама, натиҷаи тарбияи нодуруст ва таъсири омилҳои беруна мебошад. Ҳамзамон барои шарҳи мафҳуми «экстремизми динӣ» инчунин таъсиргузории омили дин низ бояд ба инобат гирифта шавад. Ҳар як дин, пеш аз ҳама, аз ду унсури асосӣ иборат мебошад:
1) маросим ва анъанаҳои мушаххас, ки дар шакли идеология ва мифология зоҳир мегарданд;
2) пайравони анъанаҳои мазкур ва ташаккулдиҳан-дагони таълимоти динӣ.
Давлат, ҷомеа ва мазҳабҳои мухталиф баъди рӯ ба рӯ гардидан бо падидаи экстремизм кӯшиш менамоянд, ки роҳи аз байн бурдани онро ҷустуҷӯ намоянд. Аммо падидаи экстремизми динӣ хеле мураккаб аст.
Яке аз муҳаққиқони масъалаи экстремизми динӣ олими рус Забияко дар таҳқиқоти худ ба моҳияти экстремизм баҳои объективӣ додааст, ки андешаҳои ӯ то дараҷаи зарурӣ метавонад барои ифодаи ин падидаи номатлуб истифода бурда шавад. Ба ақидаи ӯ, «экстремизми динӣ – навъи махсуси идеологияи динӣ ва ё фаъолияти диние мебошад, ки радикализми канорӣ хусусияти муҳими онро ифода менамояд. Бинобар ин, экстремизми динӣ бо анъанаҳои ба тозагӣ пайдогардида муносибати оштинопазир зоҳир намуда, шиддати дохилии гурӯҳҳои динӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меоварад». Экстремизми динӣ дар бисёре аз мавридҳо бо ҷараёнҳои зерин асоснок карда мешавад:
1) дар натиҷаи радикализатсияи арзишҳо ва меъёрҳо дар дохили як мазҳаб;
2) дар натиҷаи муттаҳид намудани таълимоти гуногун ва дар заминаи он ба вуҷуд овардани доктринаи ягона.
Чунон ки дар боло таъкид гардид, экстремизми динӣ яке аз шаклҳои фаъолияти экстремистӣ дониста шуда, доимо барои баланд бардоштани афзалияти худ нисбат ба рақибон ва зиёд намудани сафи пайравону ҷонибдорони худ кӯшиш менамояд. Вобаста ба шароит ва вазъияте, ки чунин навъи фаъолият амалӣ мегардад, вай дар худ хусусияти идеологӣ мегирад. Ин аст, ки баъзан экстремизми динӣ, сиёсӣ ва миллиро ба осонӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Тӯли солҳои охир олимону муҳаққиқон ва махсусан мақомоти қудратӣ дар муносибат ба фаъолияти экстремистӣ як қатор мафҳумҳои гу-ногунро истифода менамоянд. Аз ҷумла, экстремизми динию этникӣ, динию сиёсӣ, ташкило-ти экстремистию террористӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ мисоли ин гуфтаҳо шуда метавонанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” қабул гардидааст, ки дар он муаллифони қонун ба экстремизм баҳои умумӣ додаанд. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дониста мешавад ва дар минтақаи мазкур созмону ташкилотҳои экстремистию террористии дорои характери динӣ ба фаъолиятҳои пинҳонӣ машғул мебошанд.
Мундариҷаи фаъолияти экстремистӣ ва махсусан экстремизми динӣ аллакай дар таркиби Кодекси ҷи-ноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷиноятҳои ваз-нин ворид шудааст. Бояд гуфт, ки мутобиқи моддаҳои мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 5 соли охир фаъолияти шумораи зиёди созмонҳои экстремистию террористӣ мамнӯъ эълон карда шудааст ва пайравони он пайваста ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.
Тавре ки аз баррасиҳои боло маълум гардид, раф-тори экстремистии пайравони ин ё он дин ҳамчун амали экстремистӣ ва фаъолияти созмони экстремистии динӣ маънидод мегардад. Бинобар ин, экстремизми динӣ амали тахрибкоронае мебошад, ки ҳадафмандона тарҳрезӣ гардидааст. Дар шароити муосир, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдидҳои гуногун пайдо гардида истодаанд, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ аз ҷониби як қатор давлатҳо созмон ёфта, барои ҳимояи манфиатҳои миллии онҳо истифода бурда мешавад.
 Аз ин лиҳоз, мо бояд нуқтаҳои асосии Паёми Пеш-вои миллатро сармашқи кору фаъолияти худ намуда, ҳамарӯза ва ҳамеша талаботҳои ин Паёмро иҷро на-моем ва бо ҳар роҳу усул пеши онро таъсиргузории ифротгароии диниро бигирем, то ки ҷавонон ва умуман мардуми шарифи Тоҷикистон фирефтаи доми ҳар гуна ҳизбу ташкилотҳои экстремистӣ нагардида, дар фикри ҳифзи Ватани азизамон бошанд.
 
Маҷмӯаи мақолаҳои
конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии
«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои
амалии пешгирии он дар маҳалҳо»
ш. Бохтар – 2018, саҳ. 61-64
Яндекс.Метрика