Қамар Нурулҳақов: «Дар Тоҷикистон ҳеҷ қуввае қодир нест, ки байни мазҳабҳо ихтилоф андозад»

Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ мулоқоти донишҷӯёну устодони ин донишгоҳ бо корманди Маркази исломшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Қамар Нурулҳақов баргузор шуд. Дар ҷамъомад оид ба масъалаи пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ҳаросафкану тундгаро  мубодилаи афкор намуданд. Яке аз иллатҳои ба доми чунин гурӯҳҳо, аз ҷумла, Давлати ба ном исломӣ ё ДИИШ  афтодани иддае аз ҷавонони тоҷик- ин надоштани маълумоти комил дар бораи дини мубини ислом ва арзишҳои миллӣ мебошад,- изҳор дошт Қамар Нурулҳақов ва афзуд, ки аксарияти ин ҷавонони гумроҳ танҳо пас аз шиносоӣ бо чеҳраи аслии гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ аз кори худ сахт пушаймон мегарданд. Ҳоло вазъи кунунии «Давлати исломӣ» дар давлати Сурия бисёр хароб аст ва ҳаросафканон бо ҳар роҳу восита ба кишварҳои дигар фирор мекунанд. Ба ҳар кишваре, хоҳ дар шарқ бошаду хоҳ дар ғарб, агар  қадами номубораки аъзои ин гурӯҳ расад, дар он ҷо ҳатман ҳодисаи даҳшатбор рух медиҳад.
 
Аз ин рӯ ҳар як зиёӣ имрӯз муваззаф аст, ки аҳли ҷомеа, бахусус ҷавононро  аз ҳадафҳои нопоку ғаразноки ин гурӯҳи ҳаросафкан  огоҳ кунад. Ҳоло дар дунё ҳаросафканон даҳҳо ҳизбҳои сиёсӣ таъсис дода, ба василаи он барномаҳои даҳшатбори худро амалӣ месозанд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин ҳизбҳо аст, ки мехост дуюмбора Тоҷикистонро ба оташи ҷанг тела диҳад, аммо ҳукумати кишвар сари вақт огоҳ шуд ва нагузошт  ин ҳизб ниятҳои нопокашро амалӣ сохта, барои ДИИШ роҳро ҳамвор созад. Дар давоми чанд соли охир маҳз ҳамин ҳизб  барои давлати ба ном исломӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳи тоҷик «кадрҳо» омода мекард.
 
Қамар Нурулҳақов гуфт, ки Ҳизби наҳзат барои нишон додани нуфузу эътибораш рӯйхати қалбакӣ тартиб дода, дар он номи даҳҳо нафар ҷавонони бадахшониро низ шомил кардааст. Баъди суҳбат аён гашт, ки ин ҷавонон аслан дар бораи ҳизби наҳзат маълумот надоранд. Дар ҳоле ки мақсади ниҳоии ҳизби наҳзат ихтилоф андохтан миёни  мазҳаби шиаву суннӣ дар Тоҷикистон буд. Аммо ин кор ғайриимкон аст, зеро равияҳои Ҳанафия ва исмоилия аз имтиҳони таърих гузаштаанд. Дар тӯли таърих борҳо давлати тоҷикон бо шикаст рӯ ба рӯ шуд, аммо ин ду равия китф ба китф истода, нагузоштанд Тоҷикистон аз харитаи ҷаҳон берун шавад. Имрӯз ҳеҷ қуввае қудрат надорад, ки дар байнашон низоъ афканад.
 
Дар поёни мулоқот корманди Маркази исломии Тоҷикистон Қамар Нурулҳақов ба суолҳои донишҷӯён посух гардонд ва бори дигар аз онҳо даъват намуд, ки ба мисли ниёгони худ ба ватану миллат содиқ бимонанд, арзишҳои беҳтарини миллӣ ва аз ҳама муҳим, сулҳу оромии кишварро қадр ва  ҳифз намоянд.
 
Чунин мулоқотҳои судманд бо намояндагони дин, омӯзгорон ва ҷавонони шаҳр низ доир гардиданд.
 
АМИТ "Ховар"