Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мубориза бар зидди радикализм ва ифротгароии тундгароӣ: таҳдидҳо, мушкилот ва имкониятҳо

(Гузориш дар Семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Роҳҳои мубориза бар зидди андешаҳои ифротӣ (террористӣ)»

Роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Илова бар ин, Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистони ноором ҳамсарҳаданд, ҳамчунин ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои фаромарзӣ ва муносибатҳои ҳамаҷонибаи минтақавӣ барои таъмини устувории сиёсӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар саҳми арзанда мегузорад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ суханронӣ намуда, чандин маротиба афзалияти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризми ҷаҳонӣ, аҳамияти тақвияти муколамаи байни фарҳангҳо ва динҳо, эътимоди тарафайн ва ҳамкорӣ байни кишварҳоро таъкид карданд.

Нишондиҳандаи муҳими фаъолияти мақсадноки кишвари мо дар ин самт баргузории Конференсиия байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Муқовимат бар зидди терроризм ва ифротгароии хушунатомез» 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин Форум зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳоро  дар шароити мураккаб ва низоъангези муосир таъкид карда, бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки «тайи солҳоиохирмуносибатҳоибайникишварҳоиОсиёиМарказӣ, дармаҷмӯъ, хислатирушдутавсеаинаврокасбкардаанд. Ин, дар навбати худ, имкон фароҳамовард, кикишварҳоиминтақаҳамкоривуҳамоҳангиҳоисамарабахшродарсоҳаиамниятӣдарсатҳисифатаннавбароҳмонанд. ТоҷикистоназчунинравандирушдиробитаҳоимиёникишварҳоиОсиёиМарказӣистиқболменамоядваомодагиихешроҷиҳатитаҳкимутавсеаиҳамкориҳояшдаринсамтботамомикишварҳоиҳамҷавориброзмедорад».

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумхурии Тоҷи­кис­­тон муассисаи давлатии тадқиқотӣ, иттило­о­ти­ву таҳлилӣ, ташхисӣ ва машваратӣ буда, бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад. Вазифаҳои асосии Марказ инҳоянд:

– таҳлили моҳият ва хусусиятҳои омили динӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба дин;

– анҷом додани тадқиқоти илмӣ доир ба мақом ва нақши ислом дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир;

–гирдоварии маводи илмии марбут ба ислом ва фаъолияти ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани таҳлили иттилоотии он;

–таҳқиқи равияҳои динӣ, моҳият ва хусусиятҳои ҷараёнҳои динии сиёсӣ, падидаҳои терроризм ва экстремизми динӣ дар ҷомеаи муосири исломӣ, таҳлили стратегии таъсири омили исломӣ ба муносибатҳои байналмилалӣ;

–анҷом додани тадқиқоти диншиносии муқоисавии марбут ба омили динӣ ва таъсири мутақобилаи динҳо дар шароити таҳким ёфтани равандҳои глобализатсионӣ;

–пешниҳоди маводи таҳлили ва маърўзаҳо, тавсияҳо оид ба масъалаҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

–омўзиши масъалаҳои марбут ба муколамаи байни динҳо, ноил­шавӣ баэҳтиром ва таҳаммулпазирии ҳамдигар дар муносибат бай­ни намояндагони диёнатҳои мухталиф ва ѓайра.

Дар асоси муҳтавои ин вазифаҳо барои тақвияти талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои таҳлилию тахассусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма доир ба пешгирии ифротгароии хушунатомез мо мувофиқи мақсад меҳисобем, ки ба таваҷҷуҳи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳоямонро ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои зерин баён дошта бошем:

1. Ташкили Гурўҳи корӣ дар минтақа оид ба масъалаҳои танзими фаъолият ҷиҳати пешгирии ифротгароии хушунатомез, ба андешаи мо, метавонад ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳои судманди ҷонибҳои гуногунро беҳтар намояд. Маркази исломшиносӣ аз ҷониби худ метавонад доир ба ин масъала ҳамчун унсури ҳамоҳангсоз баромад намояд.

2. Абзори муҳим барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегияҳои миллӣ оид ба мубориза ба ифротгароӣ ва терроризм таҳияи тадбирҳои омӯзишӣ барои тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи тарѓиботи иттилоотӣ ва идеологии зиддиэкстремистӣ дар Интернет шуда метавонад.

3. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрони­ҳоя­шон ҳамеша зарурати якнавохт сохтани муносибатро доир ба муайян кардани рӯйхати ташкилотҳои манъшуда ва пешгирӣ  аз сиёсати стандарт­ҳои дугона иброз менамоянд. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, ба назари мо, эҷоди як феҳристи умумии истилоҳот мувофиқи мақсад менамояд, ки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор метавонанд ба он муроҷиат кунанд.

4. Барои дарёфти самаранокии беҳтар баргузор намудани фаъолиятҳои муштарак ва кумак расонидан ба платформаҳои маҳаллии таҳлилию тахассусӣ ва иттилоотӣ дар мубориза бар зидди идеологияи тундгаро ва ифротгароии хушунатомез тавассути тарҳрезии барнома ва чорабиниҳои  муштарак дар сатҳҳои минтақавӣ, миллӣ ва маҳаллӣ зарурати бештар дорад.

5. Барои ҳамоҳанг кардани фаъолиятҳо мо зарур меҳисобем, ки чораби­ниҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо фарогирии васеи онҳо дар ВАО дар инг самт доир карда шаванд.

6. Як омили муҳим барои пешгирии ифротгароии хушунатомез, ба андешаи мо, анъанаҳои дар тўли асрҳо шаклгирифтаи динӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки бо номи мактаби моваруннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ машҳур аст. Барои баланд бардоштани нақши ин мактаб дуруст роҳандозӣ кардани муколамаи муассисаҳои динӣ ва ниҳодҳои илмии кишварҳои минтақа тақозо мешавад, то ки эҳё ва таҳкими мероси маънавии ин мактаб муяссар гардад.

7. Барои мониторинги доимӣ ва дарки объективии вазъият зарур аст чунин тадқиқотҳое гузаронида шаванд, ки вазъиятро дар шакли аслии он инъикос менамоянд ва сабабҳои мушаххасеро ошкор месозанд, ки зуҳури ифротгароии хушунатомезро бармеангезанд. Натиҷаҳои чунин таҳқиқот барои тасҳеҳи мунтазам ва такмили стратегияҳо дар самти пешгирӣ аз ифротгароии хушунатомез муфид хоҳанд буд.

Дар хотима, ҳозиринро бовар мекунонем, ки Маркази исломшиносӣ  омодагии худро барои роҳандозии ҳар гуна шаклҳои созандаи ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо дар доираи имконият ва салоҳиятҳои худ иброз менамояд. Мо боварии комил дорем, ки чорабинии имрӯза барои бознигарии тадбирҳои нави муштарак дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм уфуқҳои самарабахши ҳамкориро эҷод хоҳад кард.

 

 

Файзулло БАРОТЗОДА