ҲИКМАТУ ФАЗИЛАТҲОИ РӮЗАДОРӢ

Масъалаи рӯза доштан дар матни фарҳангу адёни гуногун ҷойгоҳи устувор дошта, воҷиб шудани он дар динҳои илоҳӣ бо фитрати камол¬гароии инсон ҳамоҳанг аст. Инсон ҳамеша дар пайи такомулу афзудани нерӯйи худ ҷиҳати расидан ба арзишҳои баланди бовару эътиқод ва худоҷӯӣ талош доштааст. Пайравони динҳои ҷаҳонӣ бар ин ақидаанд, ки рӯзадорӣ дар замири инсонҳо ифодагари ғолибияти рӯҳ бар нафс мебошад. Рӯзаи ҳақиқӣ ҳамон аст, ки шахс ҳангоми риояи он муртакиби корҳои зишту бад нашавад ва бо дасту дили пок худро вақфи хидмати Худованд гардонад. Ба ғайр аз ислом дар динҳои яҳудият, масеҳият, буддоӣ ва ҳиндуӣ рӯза аз ҷумлаи заруриёти динӣ буда, василаи риёзати рӯҳию баданӣ ва обутоб додани ҷисму ҷон дониста мешудааст. Аммо баъзе донишмандон таърихи пайдоиши рӯзадориро аз замони фуруд омадани Одами Абулбашар ба замин ҳамрадифи зиндагии инсон муаррифӣ кардаанд. Аз ҳамон даврон рӯза ҳамчун ибодати бузург аз ибтидои офариниш то кунун боқӣ мондааст. Ривоятҳои дигар пайдоиши онро баробари аз биҳишт берун омадани Одам ва дар замин маскун шудани ӯ оғозшуда меҳисобанд, ки бештар хусусияти парҳезкорӣ бо худ гирифта, ба тарзи зист ва одоби тановули хӯрок алоқамандӣ доштааст. 

Дар фарҳанги рӯзадорӣ рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро тарзи мукаммали парҳезкорӣ донистаанд, зеро он дар дини мубини ислом барои мусулмонон рукни чаҳоруми ислом мебошад. Рӯза дар ин дин бар ҳар марду зани мусулмон, ки барои анҷом доданаш тавон дорад, воҷиб дониста шудааст. Дар фарҳанги мусулмонӣ рӯзадорӣ ва фарзияти он дар моҳи Рамазон аз далолати оятҳои Қуръон ва аҳодиси набавӣ сарчашма мегирад. Инчунин дар китобҳои фиқҳии мазҳабҳои гуно¬гун ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии он бо тамоми ҷузъиёт ва тафсилоти зарурӣ дарҷ ёфтааст. Миллати тоҷик дар ҳар давру замон фаризаву воҷиботи диниро бо ҳар роҳу восита адо мекард, арзишҳо ва муқаддасоти онро арҷгузорӣ мекард, зеро бовару эъти¬қоди динӣ бо фарҳанги миллии мо сахт омезиш доранд. Масалан, одоби рӯза¬дорӣ дар фарҳанги мо тӯли садсолаҳо ҳамчун коди генетикии нуҳуфта ҷойгузин шу¬дବаст, аксари мардуми мо онро аз мавқеи покизагию парҳезкорӣ риоя мекунанд ва дар урфи мардумӣ ба имтиҳони илоҳӣ будани ин рукни ислом бар болои бандагон сидқан боварӣ доранд. Риоя кардан ё накардани ин рукн ҳеҷ гоҳ хусусияти таҳқир ва таънаву маломат намудани дигаронро надошт. Ҳикмати маънавии чунин рафторро ҳанӯз устод Рӯдакӣ аз нигоҳи «бар сари нафси худ амирӣ» доштан оини бузурги ҷавонмардӣ ва футувват номида буд, ки ҷавҳари асосии онро тарбияи инсони комил ташкил медиҳад. Аз ҷониби дигар, ҳанӯз дар асри Х ҷанбаҳои динию эътиқодӣ ва илмию тиббии ин рукнро Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ба забони ноби тоҷикӣ ба мо баён карда буд. Яъне мо аз даврони Сомониён то имрӯз доир ба ин рукни эътиқодӣ ва рафтори парҳезкорӣ дастурамали илман асоноки динию дунявиро доштем. Дар шароити кунунӣ риояи анъанаҳои суннатӣ, ҳанафияи мовароуннаҳрии муътадилу таҳаммул¬гаро ва таълимоти исмоилия дар асоси ҳифзи манфиатҳо ва амнияти давлати миллии мабно бар принсипҳои имондории воқеӣ, ғановати ҷаҳони маънавӣ ва тарбияи шахсияти дорои одобу ахлоқи баланд ба анъанаҳои мондагори ниёгони мо пайванди ногусастанӣ дорад.

Пас одоби рӯзадорӣ ҳамчун як қисмати фарҳанги миллии мо чӣ гуна ворид гардид? Маънои истилоҳӣ ва иҷтимоии ин фаризаи ислом бо вожаҳои рӯза, Рамазон, савм ва сиём дар осори илмии мансуб ба таълимоти фиқҳи ҳанафии мовароуннаҳрӣ, тавассути тарҷумаи «Тафсир» ва «Таърих»-и Табарӣ ва намунаҳои барҷастаи назму насри замони Сомониён ҷойгу¬зини фарҳанги динию эътиқодӣ ва моддию маънавии тоҷикон ва дигар қавму миллатҳои маскуни минтақаи Хуросону Мовароуннаҳр шудааст. 

Аз ҳамон даврони дур фарҳанги рӯзадорӣ ҳикмату фазилатҳои зиёдеро дар худ таҷассум додааст. Мафҳуми фарогири рӯзаро сипар донистан чунин маъно дорад, ки  рӯзадор даст ба корҳои ношоиста намезанад, зеро худдорӣ аз хӯрдану ошомидан  ҳикмати баланди дарёфти ризои Худовандро низ ифода мекунад. Рӯза доштанро ҳамчунин василаи тавонои бахшиши гуноҳон донистаанд. Бахшиши гуноҳон гуфтан ҳамон аст, ки агар шахс дар муддати то фаро расидани рӯзадорӣ дар кору рафтораш баъзе кирдорҳои нописанд содир карда бошад, ба ҳурмату бузургии рӯзадорӣ дар замири худ умедвори пок шудан аз ин гуноҳонро масъалат мекунад. Аз ин мавқеъ, тибқи фармудаҳои мазҳаби ҳанафӣ тоҷикони мусулмон ҳамин фазилатҳоро ба эътибор гирифта, дар тамоми рӯзҳои он аз рӯи имону эҳтисоб ва бо ҳусни ният рӯза медоранд, саъй мекунанд, то ақаллан бо мардум хушмомила бошанд, кори хубу савоберо анҷом диҳанд, ба ниёзмандон дасти ёрӣ расонанд ва дар дастрасӣ ба молҳои ниёзи аввалиндараҷа бародарию баробариро ҳаддалимкон риоя мекунанд. Яъне рӯзадорон аз нигоҳи маънавӣ то андозае мусовот эҳсос мекунанд, ки ин ҷиҳати масъала барои талқини ахлоқи ҳамида аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад.

Тибқи муқаррароти фиқҳи ҳанафӣ фазилати дигари рӯзадорӣ боз дар он зоҳир шудааст, ки моҳи Рамазон дар хайр кардани тавонмандон ба ниёзмандон такони бузурге ворид мекард. Тибқи ривоятҳои мавҷуда дар китобҳои шарҳу тафсир баъд аз фарз гардидани рӯза ҳар сол то сипарӣ шуда¬ни моҳи Рамазон пайғамбар (с) матни Қуръонро дар намозҳо мегузаронидааст, ки онро дар анъанаи эъти¬қо¬дии мазҳаби ҳанафӣ тоза кардани Қуръон мегӯянд. Ҳамин фазои маънавие, ки дар ҳуҷраи пайғамбари ислом (с) дар мавсими рӯзадорӣ иттифоқ меафтод, боиси болидарӯҳӣ, аз ҳарвақта бештар шудани корҳои хайру саховат, дастгирии эҳтиёҷмандон ва ғамхорию меҳрубонӣ мегардид. Ҷанбаҳои маънавии таҷдиди назар кардан ба матни муқаддас ба пайғамбар (с) дар хайр кардан илҳоми аз ҳарвақта бештар эҳдо мекард. Ин ҷиҳати масъала бо анъанаҳои тоисломии миллию фарҳангии тоҷиктаборон омезиши барҷаста пайдо намуда, ба қавли устод Рӯдакӣ дар таъбири «гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ» ҷамъбаст гардид. Яъне рисолати бузурги парҳезкорӣ, тақводорӣ ва худоҷӯӣ, пеш аз ҳама, дар дасти ёрӣ расонидан ба ниёзмандон аз мав¬қеи баланди инсондӯстӣ зоҳир мегардад. 

Ҳикмати асосии рӯзадорӣ барои тоҷикон дар расидан ба баробарии иҷтимоие ифода меё¬бад, ки дар он ҳамаи мусулмонон оид ба худдорӣ кардан аз хӯрдану ошо-ми¬дан ва ифтор кардан тақрибан ҳуқуқу имтиёзҳои якхела доранд. Дорою нодор ва тавонманду ниёзманд яксон чӣ будани маҳдудиятро дар ҷисму ҷони худ эҳсос менамоянд, ки ногузир ба силаи раҳм ва тараҳҳуми онҳо тақвият мебахшад.     

Аз рӯйи арзишҳои фарҳанги рӯзадорӣ дар ин моҳ дурӯғ гуфтан дуруст нест. Дар ҳадисе омадааст, ки “ҳар кӣ гуфтани дурӯғ ва кор бастан ба онро тарк накунад, пас Худоро ҳам ҳоҷате нест, ки он шахс хӯрдану нӯшиданашро тарк кунад”. Таъкиди мазкур аҳамияти бузурги тарбиявӣ ва ахлоқӣ дорад, зеро таъйиноти иҷтимоии рӯзадорӣ дар тақвияти ирода, парҳезкорӣ, ростқавлӣ ва дурӣ ҷустани инсонҳо аз корҳои бад зоҳир мегардад. 

Худо рӯзаро василаи барҷастае барои наздикӣ ҷустани бандагон қарор дода-аст, ки ин воқеият бегумон масъулияти онҳоро боло бурда, рафторашонро раҳнаму-ни роҳи рост мегар¬донад. Аз забони пайғамбар (с) дар тақвияти ин гуфтаҳо ҳадиси қудсие омадааст: “Худо гуфтааст: “Ҳама амалҳои фарзанди Одам барои худаш аст – ба ғайр аз рӯза, ки барои Ман аст ва подоши онро Ман медиҳам”. Аз нигоҳи равонӣ ва ҳикмати муносибати холиқу махлуқ воқеан ин сухан ба шахси рӯзадор нерӯ ва тавони иловагӣ мебахшад, то маҳдудиятҳои ин моҳи муборакро мӯҷиби фарохдасти¬ҳояш гардонад. Яъне ҳолати хушҳолӣ ва қаноатмандӣ аз анҷом додани ин фаризаи муҳими худоҷӯё¬на ба шахси мусулмон эҳсосоти эътиқодии тоза мебахшад, садди роҳи ҳама гуна бадахлоқӣ, хушунат ва корҳои зишт мешавад. 

Ҳамчунин дар урфи мардумӣ ва муқаррароти фиқҳи ҳанафии тоҷикон дар иртибот ба фазилатҳои моҳи Рамазон мафҳуми шаби Қадр ва шабзинда¬дорӣ роиҷ аст. Тафсилоти ин шаб дар сураи алоҳидае бо номи «Қадр» баён гардидааст. Масалан, дар Масҷиду-л-Ҳаром дар даҳаи охири моҳи Рамазон намози иловагие дар дили шаб бо номи «Қиёму-л-лайл» (Истодагарии шаб) адо карда мешавад. Аммо тибқи далолати тафсирҳои гуногуни Қуръон ва сарчашмаҳои муътамади мазҳаби ҳанафӣ гӯиё шаби Қадр фариштагон ва Ҷабраили Амин (Рӯҳ) бо амри Худо ба осмони дунё фуруд меоянд. Дар ин шаб тамоми қазову қадари яксолаи ояндаи мардум, ки ризқу рӯзӣ, аҷал, ҳаводиси рӯзгор ва амсоли инҳоро дар бар мегирад, аз Лавҳи Маҳфуз ба Байтул¬иззати осмони дунё ба амри Худо фуруд оварда мешавад. Ва ҳамин шаб ғояти амну оромӣ ва хайру фаровонӣ барои мардум аст, зеро ин шаб орӣ аз иттифоқ афтодани ҳар гуна рӯйдодҳои нохушоянди олам аст. Ба хотири дастёб шудан ба мағфирату меҳрубонии Парвардигор ва тинҷию оромии марзу буми аҷдодӣ мусулмонон он шабро мухлисона шабзин¬да¬дорӣ мекунанд. Доир ба рӯзҳои тоқи даҳаи охири Рамазонро ҳамчун Лайлатулқадр донистан андешаҳо бисёр аст, вале аксари уламо онро шаби бисту ҳафтуми Рамазон муқар¬рар кардаанд. Дар Варорӯди бостонии фарҳангсолор, ки илму маърифати мусулмонӣ дар пояи қудсияти забони тоҷикӣ ташаккул ёфта буд, ин қабил арзишҳои ҷанбаи эътиқодӣ доштаи бо фарҳанги миллӣ ҳамчун гӯшту нохун омехта ва аз ҳам ҷудонашавандаро тақвими имонӣ мегӯянд, ки баръакси тақвими хуршедии деҳқонии наврӯзӣ дар асоси солшумории ҳиҷрии қамарӣ корбурди амалӣ дорад. Рӯҳонияти саршиноси аҳли суннату ҷамоати мовароуннаҳрӣ бо такя ба ба дастовардҳои илми нуҷумшиносии ниёгон масъалаи оғозу анҷоми моҳҳои қа¬ма¬риро дар асоси талаботи бечунучарои фиқҳи ҳанафӣ анҷом медоданд.    

Бояд гуфт, ки масъалаи ба се даҳа тақсим кардани ин моҳ аз ҳадисе маншаъ мегирад, ки ба Салмони Форсӣ рафта мерасад. Дар матни он аз ҷумла чунин омадааст: «Ва он моҳест, ки оғозаш раҳмат (меҳрубонӣ), миёнааш мағфират (омурзиш) ва анҷомаш итқун мина-н-нор (раҳоӣ аз оташи дӯзах) аст». Тибқи таснифоти ин ҳадис ва шарҳу тавзеҳи пайравони мазҳаби ҳанафӣ дар даҳаи якуми Ра¬ма¬зон раҳмату меҳрубонии Парвардигори оламҳо болои бандагони мусул¬мон арзонӣ дошта мешавад; маводи хӯрданию ошомидании рӯзадоронро Худо дар ин даҳа ончуноне муяссар мегардонад, ки худа¬шон дар ҳайрат мемонанд; афзудани файзу баракат ва хайру саховат дар ин даҳа низ аз нишонаҳои лутфу карам ва меҳрубонии илоҳист. Ҳикмати асосӣ дар ин даҳа иборат аз он аст, ки ҳеҷ рӯзадоре дар анҷумани мусулмонон бе ифтор намемонад. Фазилати бузурги даҳаи дуюм дар мафҳуми мағфират ифода ёфта¬аст, ки омурзиши гуноҳҳо, бахшидани ҳамдигар, талаби омурзиши воли¬дай¬ну фавтидагон ва иҷобати дуоҳо дар ҳаққи гузаштагонро дар худ ғунҷоиш додааст. Рамазон арзишҳои воло ва ҳикматҳои баланде дорад, ки тавассути он рӯзадор на танҳо барои замиру равон ва ботину зоҳири худ аз ҳама гуна зиштию бадиҳо покӣ талаб мекунад, балки дар айни замон аз баракати ин моҳ ҷӯёи мағфирати худовандӣ нахуст барои воли¬дайн, ҳамчунин хешовандону пайвандони худ ҳам мешавад. Фазилати даҳаи сеюмро дар он донистаанд, ки дар рӯзи 27-уми Рамазон, ки бо номи Лайлатулқадр маъруф аст, Китоби муқаддаси мусулмонон барои ҳидояту раҳнамоии аҳли башар нозил шудааст. Аз ин рӯ, шабзиндадорӣ дар ин шаб савоби баробар ба 1000 моҳҳои дигарро дорост. Ба хотири гиромӣ доштани фазилатҳои ёдшуда тамоми мардуми мусулмон, ба хусус шахсони тавонманд саъю талош мекунанд, ки дар ин мавсим ба шахсони ниёзманд дасти ёрӣ дароз намоянд, амалҳои инсон¬дӯс¬тона ва худоҷӯёна анҷом диҳанд, ҳим-мат бар он мениҳанд, ки касеро наранҷонанд, балки бо ҳар роҳу васи¬ла пирону барҷомондагон ва кӯдакону ятимонро мавриди дилбардорӣ ва навозиш қарор медиҳанд. Оммаи мардум бештар дар ин моҳи табаррук ба ҷониби ростию ҳақи¬қат майл мекунанд ва аз дурӯғу ботил дурӣ меҷӯянд. Чунин рафтор боиси тақ¬ви¬яти бародарӣ, баробарӣ, ҳамдигар¬фаҳмӣ, одамият ва раҳму шаф¬қат дар байни одамон ва густариши пайвандҳои иҷтимоӣ мегардад.

Олимону фақеҳони ҳавзаҳои илмӣ дар қаламрави давлати Сомониён тамоми рукнҳои дини исломро ба муқар¬ра¬роти анъанаҳои миллию фарҳангии худ дар асоси таълимоти моваро¬ун¬наҳрии мазҳаби ханафӣ мутобиқ намуданд. Ҳамин буд, ки фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва баргузории маросимҳои марбут ба он дар мат-ни фарҳанги тоҷиктаборон ҳамчун ҷузъи таркибии анъанаҳои умуми¬мил¬лӣ ҷойгоҳи муносиб пайдо кард ва дар таҳкими ахлоқу маънавиёти ҷомеа таъсиргузор гардид. Дар муайян намудани вежагиҳои ин моҳ дар фазои ҷуғрофиёии Мовароуннаҳри таърихӣ нақши фақеҳи бузург Абӯҳафси Кабир ал-Бухорӣ бисёр бузург аст. Тахмин кардан мумкин аст, ки дар заминаи мазму¬ну муҳтавои ҳадиси ривоятшуда аз Салмони Форсӣ шояд баргу¬зории намози таровеҳро дар Аморати Бухоро ва Бухорои Шарқӣ ба се даҳа табақабандӣ карда бошанд. Одатан дар даврони дури асримиёнагӣ ҳангоми баргузории намози таровеҳ дар фарҳанги тоҷиктабо¬рони Варорӯд нисбат ба тафаккуру тасаввури дар ҷойи ибодат чизе тановул кардан кароҳият доштанд ва бо қироати тасбеҳ баланд бардош¬тани рӯҳияи маъна¬ви¬ро авлотар медонистанд. Матлаби ҷолиби дигар он аст, ки дар муҳи¬ти фарҳангӣ ва динию мазҳабии мо ҳаргиз ба масъалаи рӯзадор будан ё набудани одамон аз мавқеи ҷаҳолату таассуб рафтор наме¬карданд ва чизе дар ин бобат дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳам зикр нашудааст. Шиори маъруфи орифонаи пайравони тариқати нақш-бан¬дия «дил ба ёру даст ба кор» буд. Дар баробари дигар маъниҳои баланд ин таъбирро бояд аз мавқеи ҷамъиятӣ низ пазируфторӣ кард. Яъне тавозуни маънавиёти худоҷӯёна ва корҳои ризқофарию бунёдкорӣ бояд дар матни зиндагии ҳаррӯза риоят шавад. Посдорӣ ва эҳтироми маросими динӣ «чунин маънӣ надорад, ки мо кор накунем ва ҷамъоварии ҳосил, захираи маҳсулот, кишти такрорӣ ва дигар корҳои кишоварзиро ба вақти дигар гузорем. Тибқи талаботи фиқҳи ҳанафӣ низ барои касоне, ки бо корҳои вазнин машғуланд ва онҳое, ки агар дарав накунанд, зироаташон талаф мешавад ва дар фасли зимистон ба оилаҳояшон вазнинӣ меорад, сабукӣ дода шудааст». Касби ризқу рӯзӣ ҳама вақт нисбат ба диёнату тақводорӣ бартарият дорад, зеро коҳиш ёфтани фаровонии ризқ, пеш аз ҳама, бова¬ру эътиқоди мардумро заиф мегардонад. Ва шаҳрвандони кишвари озо¬ди дунявии мо низ дар ин масъала ихтиёри комил доранд ва фазои мусо¬и¬ди озодии виҷдон ҳимояи ҳуқуқҳои онҳоро кафолат медиҳад. Ва ҳамин анъана то имрӯз идома ёфта истодааст, ки тамоми шаҳрвандони кишвар, ба хусус ходимони дин бояд дар масъалаи бе каму кост ҳифз намудани он масъулият эҳсос намоянд.   

Рамазон на танҳо моҳи тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фаризаи рӯза, балки фурсати изҳори хайру баракат, саховат ва кӯмаку ёрмандии ниёзмандон низ ҳаст. Аз ин ҷиҳат, садақаи фитрро яке аз васи¬лаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди дӯстию муҳаббат дар байни мусулмонон ҳисобидан мумкин аст. Садақаи фитр соли дуюми ҳиҷрӣ дар баробари рӯзаи моҳи Рамазон бар мусулмонон воҷиб гардид. Дар ҳадис омадааст, ки кадоме аз садақаҳо беҳтар мебошад. Дар ин бора таъкид шудааст: «Садақае, ки дар моҳи Рамазон бошад». Аз ин рӯ, ҳар мусулмоне, ки тавоноии молӣ дорад, бояд садақаи фитрашро ба хотири дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон адо намояд. Ва за-рур аст, ки ҳикмати додани садақаи фитр ҷиҳати ба шахсони мустаҳақ расо¬ни¬дани он риоя гардад, то ки таъйиноти иҷтимоии ин амал ба даст ояд: якум, тавассути додани садақаи фитр мусулмонон нисбат ба фақирону бенавоён ғамхорӣ изҳор менамоянд, то андозае ниёзмандӣ ва мӯҳтоҷии онҳоро коҳиш медиҳад ва барояшон имконияте фароҳам меоваранд, то ки иди Фитрро баробари мусулмонони дигар бо хушию хурсандӣ ҷашн гиранд; дуюм, ин амал дар замири мӯъминон ахлоқи баланд ва фазилатҳои некӯ, ба мисли караму саховатмандӣ ва меҳру ҳамдардиро тақвият мебахшад; сеюм, аз мавқеи эътиқодоти динӣ сада¬қаи фитр каффорати гуноҳ ва тақсиротест, ки дар вақти рӯза содир шудаанд, зеро ҳар гуна амали хайр хатоҳои қаблиро ҷуброн мекунад; чаҳорум, садақаи фитр шукрона ба даргоҳи Худои Мутаол барои он аст, ки ба мо тавфиқи ба тамомӣ анҷом додани рӯза ва ибодати моҳи шарифи Рамазонро муяссар гардонид. Агар садақаи Фитр таъйиноти воқеии худро ёбад, он барои дастгирии табақаҳои ниёзманд, таҳкими дӯстию бародарӣ ва ваҳдати миллию эътиқодии мусулмонони кишвар мусоидат мекунад.

Дар доираи арҷгузорӣ ба ҳамин арзишҳои волои рӯзадорӣ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар пеш аз фарорасии ин моҳи муборак ба шахсони кору фаъолияташон гуногун дастуру супориш доданд, ки дар масъалаи дасти кумак расонидан ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва анҷом додани корҳои ободонӣ суннати пойдори мазҳаби хана-фии ниёгони пурифтихорамонро пайгирӣ намоянд. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда барои анҷом додани  ҷузъиёти фаризаи моҳи шарифи Рамазон ва маҷмӯи корҳои худоҷӯёна ҷиҳати боз ҳам ободу зеботар гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани аҷдодӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда¬аст, ки он аз дуруст ба роҳ мондани муносибати давлати дунявӣ ба дин шаҳодат медиҳад. 

Файзулло БАРОТЗОДА

Яндекс.Метрика