Ҷавонмарди эҳёгар ва созанда

Умри миллату давлатдории тоҷикон дар кулл ҳарчанд таърихи чандинҳазорсола дорад, вале таърихи навини давлатдории миллии онҳо баъди тобеъияти ҳазорсола ба арабу турку муғул дар садаи ХХ аз нав эҳё гашт ва ҳанӯз садсола нашудааст. Гумон мекунам, ки таърих бори дигар ба тоҷикон имконият дод, ки давлати миллии хешро бунёд созанд ва тоҷикон бояд ин имконияти таърих ба онҳо ҳадякардаро ҳамаҷониба ва самаранок истифода баранд.
Наслҳо меоянду мераванд, вале миллату давлати солим боқӣ мемонад. Бақои миллату давлат ба садҳи маърифату омодагии насли ҷавони миллат, насли худшиносу меҳанпараст ва миллатдӯст сахт вобастагӣ дорад. Зеро агар фард меҳандӯсту миллатшинос бошад, дар ниҳоди ӯ шавқу рағбати созандагиву фарҳангофарӣ реша мегирад ва миллат аз он бурд мекунад. Миллати тоҷик имрӯз маҳз ба чунин ҷавонон сахт ниёзманд аст. Чунки баъди аз даст рафтани даҳҳо шаҳру минтақахои бостонии ҳамчун маркази фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ эътирофшуда, дар як минтақаи қафомондаи сукунати таърихии худ барои тоҷикон сохтани миллату давлати миллӣ ва устувор нигоҳ доштани он кори саҳл нест.
Ба ҳамин сабаб ман аз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани як ҷавонмарди миллатдӯсту меҳанпараст ва созандаву некбин Рустами Эмомалӣ хушнуд шудам. Ӯро ҳарчанд аз наздик намешиносам, вале ҳамчун сокини шаҳри Душанбе аз тамоми фаъолияти чандсолаи ӯ дар вазифаҳои гуногун мушоҳидаҳои дақиқ дорам. Медонам, ки ӯ ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, аз замони сарвари Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ буданаш дар ин мақомотҳо тартибу низомро тибқи талаботҳои рӯз ва ниёзҳои давлати миллӣ барқарор намуд ва ҳамчун шахсияти покдилу ватандӯст ва ташкилотчӣ худро дар назди ҳамватанон муаррифӣ сохт.
Вале фаъолияти боз ҳам созандатару арзишманди худро ӯ дар давраи шаҳриёри шаҳри Душанбе буданаш ошкортар ба ҷилва гузошт. Дар давраи шаҳриёрии Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе симои худро ба сӯи ободиву зебоӣ хеле тағйир дод. Аз нав бунёд ёфтани роҳҳои сеқабатаи мавзеи Қаряи боло ва чорроҳаи микрорайёни 82, бунёди боғу гулгаштҳои зиёд, истгоҳҳои замонавии нақлиётӣ, гулзор намудани кӯчаву хиёбонҳо, бунёди биноҳои зиёди бисёрошёна, пайкараҳои арбобони фарҳанги миллӣ, зиёда аз ҳафтод майдонҳои варзишӣ барои истироҳату равнақи соҳаи варзиш ва ғайраҳо ҳусни шаҳрро даҳҳо маротибба афзоиш доданд, ки ҳамаи ин дар як вақт дар ташаккули ҳисси зебоишиносии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон нақши муҳим мебозад. Хулоса, Душанбе имрӯз шаҳре дар оғӯши гулҳо ва маркази нави тамаддуни тоҷикон баъд аз ҳазор соли бурду бохтҳо.
Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Рустами Эмомалӣ дар санъати шаҳриёрию идоракунӣ хеле сайқал ёфтааст ва метавонад минбаъд вазифаҳои аз ин ҳам мураккабро ба ӯҳда дошта бошад ва сарбаландона онро иҷро намояд. Кору пйкори созандаи ӯ барои ҷавонони тоҷик метавонад ҳамчун як сабақи ҷавонмардиву созандагӣ ва меҳанпарастиву миллатшиносӣ хизмат намоянд. Бинобар он, ба ҳайси раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҶТ интихоб шудани Рустами Эмомалӣ як амри табиӣ ва ногузир дар ҳамин зинаи рушди давлатдории миллии тоҷикон мебошад.
Аз ин рӯ, Рустами Эмомалиро барои дар ин вазифаи масъулиятнок ва арзанда интихоб шуданаш табрик гуфта, ба ӯ саломатӣ, хӯшнудӣ ва дар фаъолияти минбаъдааш барои ободу сарсабз гардонидани шаҳри Душанбе ва умуман Тоҷикистони азиз муваффақиятҳо орзу менамоем. Бигузор, панди абармарди фарҳанги тоҷик Зардушт «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» ва сухани паёмбари ислом Муҳаммад «Беҳтарин инсон дар байни мардум ҳамонест, ки барои мардум нафърасон аст» ҳамеша дар зиндагӣ барои ӯ раҳнамо бошад ва тоҷи каёнӣ насибаш гардад.
Нурулҳақов Қ.

Яндекс.Метрика