ҶАВОНОНУ КӮДАКОНАМОНРО ҲИФЗ НАМОЕМ

Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар рӯзи 12 майи соли 2018 масъалаи аз ҷониби кишварҳои бузурги олам ҷиҳати тарғибу ташвиқи манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ суиистифода шудани муқаддасоти динӣ ҳамчун василаи ноустувор кардани низому тартиботи ҷаҳонӣ ва адли умум баҳогузорӣ гардид.  

Воқеан густариши бесобиқаи экстремизм ва терроризм аз мо шадидан тақозо менамояд, ки дар масъалаи аз нигоҳи илмӣ-назариявӣ дуруст баҳогузорӣ намудани равандҳои зуд тағйирёбандаи олами ислом ва эҳтимолияти таъсиргузор шудани онҳо дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои саривақтӣ манзур намоем. Дар ин маврид таъкиду дастурҳои Пешвои миллат зимни мулоқот бисёр бамаврид ва нишонрас буд: «дар шароите, ки арзишҳо таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат тағйир ёфта, муборизаи қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё ва неъматҳои моддӣ торафт шиддат гирифта истодааст, тавассути корҳои тарбиявию маърифатӣ ҳифз ва тарғиб намудани арзишҳои меҳварие, ки тафаккур ва амали насли имрӯзу фардои миллатро ташаккул ва рушд медиҳанд, ногузир ва ҳатмӣ мебошад».

Имрӯз вазъияти ниҳоят мураккаби байналмилалӣ, ки асосан дар заминаи суиистифода аз арзишҳои волои дини мубини ислом, кӯшишҳои бисёрҷонибаи кишварҳои манфиатдор доир ба роҳандозӣ намудани низоъҳои динию мазҳабӣ ва миллию нажодӣ дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ хусусиятҳои решадор ва буҳронӣ касб карда истодааст, моро водор менамояд, ки ба зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ таваҷҷуҳи аз ҳарвақта бештар зоҳир намоем ва муборизаи беамонро бар зидди ҷанбаҳои идеологӣ-тарғиботии созмонҳои ифротӣ ва ошкор кардани роҳу усулҳои нави таъсиррасонии онҳо пурзӯр намоем. Дар меҳвари фаъолиятҳои ташвиқотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд расидан ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои кишвари азизу маҳбубамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ қарор бигирад. Зеро ҳоло дар фазои сиёсию иттилоотии  ҷумҳурӣ тамоми шароитҳо барои тарбияи «наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба ормону ҳадафҳои давлати соҳибистиқлол» муҳайё гардидааст.

Вале дар баробари ин бояд донист, ки аксари дахолату муноқишаҳо маҳз дар қаламрави кишварҳои мусулмонӣ сурат мегиранд. Аз ин сабаб зарурати тақвияти корҳои сиёсиву идеологӣ, ҳуқуқию маърифатӣ ва ахлоқию тарбиявӣ дар самти худшиносии миллию динии мо аҳамияти беш аз ҳарвақта касб менамояд. Зеро мо барои ҳифз намудани насли ҷавони ояндасоз ва кӯдакони хушбахту солим масъулият дорем. Вақте ки мо дар бораи тарбияи наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар, тарғиби  арзиш¬ҳои бунёдии давлатдории миллӣ ва ҳадафҳои созандаи давлат сухан меронем, бояд ба эътибор гирифт, ки таъсири омилҳои манфӣ ва меъёрҳои маънавии дурӯғин низ дар матни сиёсати ҷаҳонӣ, ба хусус минтақаи Ховари Миёна ва Афғонистон мафкураву ҷаҳонбинии як қисмати ҷавононро заҳрогин кардааст. Барои дуруст баҳо додан ба вазъияти тағйирёбандаи олами ислом огоҳ будан аз равандҳои ташакку¬ли сиёсии минтақа амри зарурӣ ба назар менамояд. 

Ба марҳилаи сифатан дигар ворид шудани вазъияти сиёсию ҷангӣ дар қаламрави Сурия ва Ироқ пешгӯии хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷиконро дар иртибот ба «вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқуд¬ратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон» комилан тасдиқ мекунад. Зеро торумор ва несту нобуд шудани инфрасохтори марказии созмони террористии ДИИШ дар қаламрави Сурия манфиатҳои сиёсӣ, динию мазҳабӣ, қавмию нажодӣ, марзию ҳудудӣ ва ниҳоят иқтисодию молиявии кишварҳои калидии Ховари Миёна ва абарқуд¬рат¬ҳои пушти¬бони онҳоро мисли ойина ошкору равшан сохт. Ва акнун ҳама бо як овоз тамоми мардуми кишвари валангори Сурия – аз роҳбарияти сиёсӣ сар карда то шаҳрвандони зану мард, пиру ҷавон ва кӯдакони ҷабрдида, ҳизбу ҳаракат¬ҳои сиёсию низомии теъдодаш аз 100 адад афзуншуда ва ҳар унсури ҷони зинда доштаро ба гуфтушунид ва имзои созишномаи сулҳ даъват мекунанд. Ва боз дар ҳамин гуфтушуниди ба ном сулҳомез тарафҳои манфиатдор ихтилофоти гӯшношунид зоҳир менамоянд. Ин тарзи рафтору муносибат дар байни кишварҳои абарқудрат оид ба пиёда кардани ҳадафҳои геополитикӣ тақрибан тарҳрезӣ, банақшагирӣ ва барномаи саҳнавии ҷангу сулҳи ба ҳам монанд дорад. Манзарнамоии ин сиёсат аслан дар кишварҳои гуногун якнавохт буда, ҳадафҳо, муддати идомаи вазъияти буҳронӣ, роҳу усули ташкили нерӯҳои мухолиф, ташкили ҷабҳаву майдонҳои ҷангӣ ва эҷоди платформаи идеологии муборизаи қувваҳои гӯё ба ҳам зидду оштинопазир ба ҳаҷми масоҳату миқдори аҳолӣ, дороии захираҳои табиӣ, мавқеи созгори ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва сатҳи огоҳии зеҳнию фарҳангӣ, динию мазҳабӣ ва миллию нажодии давлатҳои ба ғазаб гирифторшаванда сахт бастагӣ дорад.

Аз ин ҷиҳат, барои муайян кардани омилҳои таҳрикдиҳандаи  пайвастшавии ҷавонон ба сафии ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ширкати нангини онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи Ховари Миёна аз аксари кишварҳои ҷаҳон нахуст бояд назар ба манзари заминаҳои субъекти¬вӣ ва объекти¬вии пайдоиши ин нуқтаи доғи бесобиқа дар таърихи буҳронҳои сиёсӣ андозем. Чунин назокати корбурд ба масъала, аз як паҳлӯ, агар барои баҳодиҳии воқеъбинонаи вазъият мусоидат намояд, пас аз паҳлӯи дигар, роҳу усулҳои гирои пешгирӣ намудани ҳолатҳои монандро дар фазои фарҳангӣ-сиёсии ҷумҳурӣ пешгӯӣ карда метаво¬над. Аз дидгоҳи мо, дар робита ба ин мавзӯи ниҳоят ҳассос андаруни ҷомеаҳои шаҳрван¬дии кишварҳои арабию мусулмонӣ ба эътибор гирифтани матлабҳои зерин ба манфиати кор хоҳад буд:  

1. Нахуст то соли 2011, яъне оғози инқилобҳои «баҳори арабӣ» кишварҳои арабии халиҷи Форс ба хотири пешгирӣ кардани ҷангу бархӯрди эҳтимолӣ аз ҷониби Эрон бо ташвиқи кишварҳои манфиатдор ба миқдори зиёд яроқу аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ харидорӣ намуданд. Табиист, ки ин арсенал бояд дар ин ё он шакл истифода шавад ва фурӯши захираҳои ҷангӣ – тиру тӯп ва бомбаву мушакҳои ҷангӣ манбаи даромади доимии фурӯшандагони аслиҳаву техникаи ҷангиро ташкил медиҳад. 

2. Ба бозори калони фурӯши яроқ табдил ёфтани Ховари Миёна ва зарурати дар ҳолати омодабоши низомӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ чандин нуқтаҳои доғро дар минтақа ба вуҷуд овард. Дар ниҳояти кор, майдони амалиёти ҷангӣ, ки дар ҳудуди Ироқу Сурия пайдо шуд, ду мақсади калидӣ дошт – истифодаи ҳарчи бештари техникаву захираҳои ҷангӣ ва фурӯ бурдани нерӯи гурӯҳакҳои қайсару саркаш дар аксари кишварҳои ҷаҳон. Ҷалб намудани ақаллиятҳои разманда аз ҳисоби миллату кишварҳои гуногун ба кушторхонаи ботло¬қӣ дар қаламрави тохтутозҳои ДИИШ танҳо барои ҷисман несту нобуд кардани онҳост. Тибқи таҳлилҳои коршиносӣ аз ҳар ду тарафи муқови¬мат¬ҳои мусаллаҳона ҷангиёни тахассусӣ меистанд, одамони бесаводи фирефташуда ҳамчун туъмаи барои корҳои дуюмдараҷа, эҷоди хусусияти оммавӣ ва дастаҷамъӣ додан ба бедодиҳои созмони «Давлати исломӣ» даъват мешаванд. Дар марҳалаи кунунӣ, ба назари мо, ду ҳадафи асосии сиёсӣ аз таъсиси ДИИШ – якум, барои як муддати муайян ноором кардани вазъияти сиёсӣ-иҷтимоӣ дар минтақа ва дуюм, дар сатҳи ҷаҳонӣ паҳн кардани ҳамафарҳангии тарсафканӣ (поп-культура ужаса) аз тари¬қи бадном сохтани дини ислом ба даст омад. Аммо манфиатҳои геополитикӣ ва иқтисодии пуштибонони ин созмон масъалаи таҷдиди назар кардан ба бунёди хат¬сайр¬ҳои нави лӯлаҳои интиқоли газ ва нафти хом барои харидорони пардохт¬пазири Аврупо аст. Дар матни ҳамин сиёсат хатари асосӣ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсиси ҷабҳаи низомӣ-динии «Хуросони бузург» мебошад. Нахуст аз ҷониби саркар¬да¬гони ДИИШ доир ба таъсиси созмонҳои «Хилофати Мовароун¬наҳр» ва «Давлати исломии Шарқ» гуфтугӯҳо доир мешуд. Аз ин мавқеъ, бояд донист, ки ҳадафи асосии «Хуросони бузург» ноором кардани кишварҳои мусулмонии ИДМ муайян шудааст. Истифодаи мафҳуму исти¬ло¬ҳоти душмансоз ва ба эътибор нагирифтани арзишҳои миллию фарҳангии кишварҳои минтақа ба хотири даҳшатнок нишон додани таъсиргузории созмонҳои террористӣ роҳандозӣ карда мешавад. 

3. Бояд эътироф намоем, ки маблағгузорӣ ва воситаҳои ахборотию иттилоотии созмони ДИИШ ва умуман ҷонибдорони идомаи нооромӣ дар минтақаи Ховари Миёна қавӣ аст. Бо такя ба ин имкониятҳо идеологҳои онҳо тавониста истодаанд, ки мардуми сайёраро дар зери идеяи ботили «Давлати Хилофати одил» ҷалб намоянд, ки дар он ҳама чиз гӯё тибқи фармудаҳои Худо ва шариат аст ва касе пайравии онҳо кунад, ҳатман «биҳишти барин»-ро дарёбад. Дар шароити зиндагии буҳронӣ ҳар ҷо одами норизо ва ноуҳдабаро (неудачники) бошад, шефтаву фирефтаи ин ваъдаҳо мешавад. Идеяи «муртазиқа» (сарбози зархарид)-и дар оғози ислом пайдошуда эҳё шуд, ки мутаассифона, як гурӯҳ шаҳр¬вандони моро ҳам ба доми фиреб ва коми маргбори худ кашидааст.

4. Дар чунин шароити муборизаи идеологии нобаробар ва манбаъҳои даромади молиявии ҳангуфт доштани доишиён мо танҳо тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии саривақтии ҳама гуна зуҳуроти ифротӣ, гузаронидани вохӯрию мулоқотҳо, аз як гиребон сар баровар¬дани тамоми қишру табақаҳои ҷомеа, ба хусус ходимони дин ва масъулони иттиҳодияҳои динӣ садди роҳи ин вабои аср шуда метавонем. Мехостем, ки моро дуруст фаҳманд, ки имрӯз вуҷуд доштани бештар аз 4000 ҳазор масҷид дар қаламрави Тоҷикистон далели раднопазир ва амри воқеӣ аст. Вале ҳамаи ин иттиҳодияҳои динӣ молиикияти бечуну¬чарои давлати Тоҷикистон аст ва бояд барои таҳкими сулҳу субот ва тинҷию оромии ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми фаъол дошта бошад. Бояд гуфта шавад, ки ихтилофи шадиди рӯҳониёни суннатӣ ҳам дар масъалаи ба ҳизбу ҳизббозӣ эҳтиёҷ надоштани ислом боиси дар муҳити масҷиду меҳроб роҳ наёфтани исломи сиёсӣ гардид. Зеро дар таърихи фарҳанги миллии мо ба ғаразҳои сиёсӣ истифода бурдани бовару эътиқод ва арзишҳои динию мазҳабии мардум дар гузашта ҳеҷ таҷриба ва собиқае надошт ва пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тафаккури дунявии замони истиқлолият низ онро қабул накард. Тибқи таҳлилҳои илмӣ ва мушоҳи¬да¬ҳои муқоисавии мо ҳоло дар байни уламои суннатӣ ва рӯҳониён гурӯҳи созандае пайдо шудааст, ки аз рӯйи имону эҳтисоб тарафдору манфиатдори оромию рушди устувори кишвар аст. Зеро онҳо амалан эҳсос кардаанд, ки обрӯю эҳтиром ва дастгирии молиявии онҳо дар шароити фазои ороми корҳои созандагию ободонии ҷумҳурии азизамон ба ваҷҳи некӯ риоя мешавад. Моро танҳо зарур аст, ки роҳу усулҳои ҳамкории судмандро бо ходимони дин барномарезӣ намоем ва онҳоро низ зарур аст, ки дар ин самт ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд. 

5. Маълум аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар дурнамои сиёсати иҷтимоию иқтисодии кишвари мо раванди доимӣ аст. Дар заминаи шиддат гирифтан ва таҷдиди назар шудани муносибатҳо дар байни кишварҳои Чин, Россия, ИМА, ИА ва идома ёфтани таҳримҳо ва андозбандиҳои бесобиқа ҳуҷуми мубаллиғон ва эмиссарҳои ифротии динӣ дар байни шаҳрвандони Россия ва муҳоҷирони меҳнатӣ пурӯр шуда истодааст. Масъалаи ба доми фиреби онҳо афтодани шаҳрвандони мо низ то ҳанӯз хотима наёфтааст. Муҳоҷирони мо дар ин шароити мушкили буҳронӣ ҳам ба маърифати ҳуқуқию ҳимояи ҳуқуқӣ ва ҳам дастгирии ҷиддии ниҳодҳои дахлдори ҳукуматӣ дар асоси муқаррароти қарордодҳои дуҷониба сахт ниёз доранд.

6. Хатари дигари бузург ҳаммарз будани мо бо Афғонистон боқӣ мемонад. Аз қазову қадар чунин ҳукм шудааст, ки ҳамсояро интихоб намекунанд. Ба назари мо, ҳолати омодабошии доимии ниҳодҳои қудратӣ ва интизомии мамлакати мо, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани  ҳушёрию зиракии сиёсӣ метавонад амнияти марзу буми моро аз номардиҳои гурӯҳу созмонҳои парокандалашкари он сӯйи дарё поку бегазанд ҳифз намояд.

7. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат оид ба ҷавонон, дастги¬рии соҳибкорӣ дар байни онҳо, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бад-ин васила афзун намудани бунёди ҷойҳои нави корӣ омилҳои муҳимтарине хоҳанд буд, ки таъсиргузории равандҳои номат¬луби бегонапрастӣ, ҳавохоҳи ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ шудан ва шефтаи таблиғоти душманони фарҳанги миллию исломи мубин буданро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурии мо нопадид мегардонад. Ҳамаи ин тадбирҳо дар ниҳояти кор намегузоранд, ки ҷавонони мо «бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ» гарданд, балки имкон медиҳанд, ки «дар баро¬бବри донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд».

 

Файзулло БАРОТЗОДА,