ҶАВОНОН – НЕРӮИ АСОСИИ МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ (дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ)

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои он, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва вазифаҳо барои соли оянда муроҷиат ва суханронӣ карданд. Онҳо зимни шарҳи вазъи имрӯзаи ҷаҳон роҷеъ ба чанд масъалаи мубрами дорои хусусияти глобалӣ изҳори андеша карданд, ки яке аз онҳо зарурати таҳким бахшидан ба муқовимати дастҷамъона бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ мебошад. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони кишварҳои гуногун, бахусус, ҷавонон, ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз сомонаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд.
Чуноне ки Пешвои миллат дар Паёми солонаи худ қайд намуданд: “Мардуми Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад.”. Воқеияту рӯӣдодҳои ҷаҳони муосир ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва тахдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто такдири тамоми аҳди башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Чӣ тавре, ки сарвари мамлакат зимни тавсифи шарҳи воқеияту рӯйдодҳои ҷаҳон таъкид карданд, терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини ислом надорад, балки ташкилотҳои террористӣ-экстремистии муосир танҳо зоҳиран худро ҳамчун созмонҳои динӣ вонамуд карда, вале дар асл аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои гаразноки сиёсии худ суиистифода мебаранд. Онҳо ба воситаи паҳн намудаи ҳаргуна видеороликҳои сохта ва аксҳои карикатуравӣ дар сомонаҳои иҷтимои аз қабили “Однокласник”, “Фейсбук” ва ғ, дини исломро ҳамчун дини терористӣ экстремистӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд. Чӣ тавре, ки Президенти кишвар таъкид карданд, пешгири хатари терроризм ва экстремизм бояд яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муштараки созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бошад. «То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад”.
Дар ҳақиқат, ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ин давраи ҳассосро паймуда истодааст. Раванди аз ҷониби идеологҳои терориризму эктремизм интишор дода шудани ѓояҳои ифротӣ ва иѓвоангез тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ моро водор месозад, ки барои пешгирӣ кардани густариши ин падидаҳои хатарнок дар ҷомеа чораҳои қатъӣ андешем, бо истифода аз ВАО, телевизион, радио ва сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки ҷавонони мо моҳияти хатаноки зиддибашарӣ ва бо асли таълимоти дини мубини ислом бегонаи терроризму экстремизмро дуруст дарк кунанд ва ба доми найранги ифротгароён гирифтор нашаванд.
Вобаста ба масъалаи мазкур, Президенти кишвар як қатор тавсияҳо ва дастурҳои муҳим доданд, ки онҳо барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷавонон, тарбияи ахлоқию маънавӣ ва камолоти илмию касбии онҳо нигаронида шудаанд. Азҷумла, барои таъмини зиндагии шоистаи ҷавонон онҳо бояд ҳарчӣ бештар ба таҳсилу омӯзиши илму донишҳо ва азхуд кардани касбу ҳунарҳои ҳаётан муҳим фаро гирифта шаванд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулху вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки сарвари давлатамон ба кувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил дошта, хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавонони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзишу тадқиқ ва ободии ватани маҳбуби хеш бошанд. Бошанд: “Мо бояд ба наврасону ҷавонон фахмонем, ки муттахид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавонон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист”.
Саъдуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанау маросим ва диншиносии муқоисавӣ.

Яндекс.Метрика