Ҷанбаҳои хатаровари равияҳои динӣ-ифротӣ

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳатто имрӯз низ, яъне дар ибтидои қарни XXI - дар замони пешрафти босуръати илмҳои табиию дастовардҳои нав ба нав дар соҳаи улуми даӣиӣ олами ислом ҳанӯз ҳам дар ҳолати вобастагӣ аз арзишҳои асримиёнагии аҳамияти амалии худро гумнамуда қарор дошта, дар ҳифзу нигоҳ доштани онҳо устувории бемисл нишон медиҳад ва бо ин амалкарди худ ба ѓайр аз ҷомеаи ҷаҳонӣ боз барои аҳли ҷомеаи худ низ хатар эҷод менамояд. Яке аз ҷанбаҳои хатаровар дар ин самт маҳз дар доираи фаъолияти ҳизбу ташкилотҳо ва ҳаракатҳои муайян ба роҳ мондани нақшаи ҳифзи арзишҳои асримиёнагист, ки чунин тарзи корбурд барои пешрафти ҷомеа ҳар чӣ бештар садди сунъӣ тавлид намуда, дар ҳифзи арзишҳои кӯҳнаи динӣ пешрафти назаррасро хубтар таъмин менамояд.
Ҷанбаи дигари хатарбор дар ин самт дастгирии ҳаматарафаи ҳадафи мазкур аз тарафи ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонист. Ҷон Колеман дар китобаш «Комитет 300, ҳукумати махфии ҷаҳонӣ» (нашри соли 200), дар банди чордаҳуми лоиҳа овардааст: «Мусоидат кардан ба паҳншавии чунин навъи парастиши дин: «Ихвонулмуслимин», фундаментализми исломӣ ва фирӣаҳои он дар тамоми кишварҳои исломӣ»[3]. Баъд аз тааммул ба мундариҷаи банди мазкур барои дар кишварҳои мухталифи исломӣ ташкил гардидани ҳизбу равияҳои мухталифи динӣ-ифротӣ бо баҳонаи таъмини озодии эътиӣод асос ёфтан душвор намегардад. Дар баробари дунявишавии босуръат ва саросари ҷаҳонӣ ва таъсири амиӣу ӣавӣ ва нишонраси он ба мафкура ва тарзи зисту пешбурди ҳаёти ҷамъиятӣ муӣовимати арзанда нишон додани арзишҳои кӯҳна аз тарҳҳои маӣсаднок сохташудаи душманони олами кишварҳои мусулмоннишин дарак медиҳад.
Фаъолияти то андозае маҳсулноки чунин тарҳҳост, ки дар кишварҳои мусулмоннишин яке баъди дигаре ҳизбу равияҳои мухталифи бунёдгарое, чун «Ихвон-ул-муслимин», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Ансор-ул-лоҳ», ТЭТ ҲНИ ва ѓайра ташкил мегарданд. Ҳар яке аз ин ҳизбу ҳаракатҳо новобаста аз ҳадафи ягонаи «Бунёди иттиҳоди давлатҳои исломӣ» ё «Бунёди хилофати исломӣ» бо вижагиҳои хоси фаъолияти худ фарӣ менамоянд.
Аз байни ҳамаи ин равияю ҳаракатҳои исломӣ ҷараёни «Салафия» бо сатҳи баланди хатарнокии худ фарӣ менамояд. Сатҳи баланди хатарнокии ин ҷараён бо он собит мегардад, ки вай дар ҳаводиси «Баҳори араб» ширкати фаъол намуд ва дар сарнагун намудани роҳбарияти сиёсии як ӣатор кишварҳои мусулмоннишини арабӣ, махсусан Миср даст дошт. Ҳамзамон пӯшида нест, ки яке аз нерӯҳои пешӣадам ва фаъоли ташкилоти экстремсистӣ-террористии ба ном ДИИШ низ салафиҳо буданд.
Дар хусуси сатҳи хатарнокии ин ҷараён барои ҷомеаи мо сухан ронда, бояд ӣайд намуд, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва бесоҳибии фазои идеологии кишвар рӯҳониёни кишвар дар фазои маънавии ҷомеа ташаббусро ба даст гирифта, тарѓиби васеи арзишҳои диниро ба роҳ монданд ва дар натиҷа моҳиятан барои ворид гардидани андеша ва ѓояҳои динии бунёдгаро замина гузоштанд. Ҳамин буд, ки андеша ва ѓояҳои динии салафигароӣ бо номи ваҳҳобия ба кишвар ворид шуд ва дар сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ омил ва таҳрикдиҳандаи асосӣ гардид. Баъд аз хотима ёфтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо суръати баланд дар байни аҳли ҷомеа густурда гардидани фаъолияти ҷараёни «Салафия» ва дар як муддати кӯтоҳ дар ҷомеа маӣоми назаррасро соҳиб гардидану дар байни тамоми ӣишрҳои ҷомеа тарафдорону ҳаммаслакони худро пайдо намудани он аз сатҳи баланди хатарнокии он ҳам барои низоми сиёсии ӣишвар (чун ҳадафи асосии онҳо бунёди давлати исломӣ маҳсуб меёбад), ҳам барои анъанаҳои фарҳангии кишвар (салафиҳо анъанаҳои фарҳангии кишварҳоро барои ислом бегона шуморида, онҳоро бидъат арзёбӣ менамоянд) ва ҳам барои арзишҳои миллӣ (дар таълимоти ҷараёни «Салафия», ки моҳияти арабгароӣ дорад, барои арзишҳои миллӣ ҷой нест) дарак медиҳад. Хатарнок будани худро пайравони ҷараёни мазкур аллакай дар рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар кишвар зимни дар масҷидҳо эҷод намудани мушкилоти эътиқодӣ ва дар баъзе ҳолатҳо бо пайравони мактаби ҳанафии кишвар ба задухӯрди шадид даст заданашон собит намуданд. Баъд аз расман манъ карда шудани фаъолияти ҷараёни мазкур пайравони он ба пинҳонкорӣ гузашта, новобаста аз ногувории фазои фаъолият мақому мартабаи худро ҳифз карда тавонистанд, ки ин ҳолат хатарнокии онҳоро барои миллату давлату фарҳанг дучанд зиёд менамояд, зеро чунин тарзи пешбурди кор на ҳамеша имкон медиҳад, ки раӣиби сиёсию маънавӣ фаҳмида шавад.
Яке аз ҷанбаҳои хатарноки ҷараёни террористии «Салафия» аз кӯмакии молиявии пурӣуввати хориҷӣ бархӯрдор будани он аст. Ҳамин дастгирии молиявӣ имкон додааст, ки ҷараёни мазкур аз ҳисоби ӣишри нисбатан нодори ҷомеа сафҳои худро пурқувват намоянду иддае аз ашхоси баландмаӣомро ба сӯи худ моил намояд.
Идома дорад .....
Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил – мудири шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ.

Яндекс.Метрика