Ҷашни наврӯз дар кишварҳои арабӣ (чанд мисол дар исботи таъсири фарҳанги бостонии Аҷам ба фарҳанги мардумони араб)

Тибқи маълумоти сарчашмаҳо ҳанӯз аз давраҳои қадим дар натиҷаи густариши равобити фарҳангии мардуми эронитабор бо арабҳо бархе аз суннатҳои фарҳангии эрониёни бостон дар байни қавму қабилаҳо ва халқиятҳои араб интишор ёфта, дар фарҳанги онҳо таъсири назаррас гузоштаанд. Яке аз суннатҳои қадими мардуми эронитабор, ки дар фарҳанги мардумони араб таъсири бузург гузошта, дар он таҷассум ёфтаааст ё боиси дар фарҳанги арабҳо тавлид ёфтани суннатҳои ҳаммонанди худ шудааст, Наврӯз мебошад. Масалан, мардуми Бобули бостон дар давраҳои бисёр қадим соли навро мисли эрониҳо рӯзи якуми фарвардинмоҳ (21 март) ҷашн мегирифтанд. Он рӯз ҳамчун фарорасии баҳор, оғози соли нав ва аз хоби зимистон бедор шудани табиат пазируфта мешудааст. Тахмин кардан мумкин аст, ки ин ҷашни бо Наврӯз зоҳиран хеле монанд дар Бобули Қадим дар замони ҳукмронии Куруши Кабир ва шоҳаншоҳони дигари сулолаи Ҳахоманишиҳо пайдо шудааст. 

Дар сарзамини Миср, ки яке аз давлатҳои қадимтарини Шарқи Бостон буда, дар қисмати Шимолу Шарқии Африка воқеъ гардида, дорои таъриху тамаддуни хеле қадима ва мардуми он ба зироатчигӣ, чорводорӣ боғпарварӣ ва ҳунармандӣ машҳур аст, низ Наврӯз ё Найрӯз яке аз идҳои машҳур маҳсуб шуда, оғози Соли нав ба ҳисоб меравад. Калимаи “Найрӯз” муродиф ё шакли арабишудаи “Наврӯз” мебошад ва мисриҳо ин номро аз порсҳо иқтибос намуда, ҷашни суннатии солинавии худро “Найрӯз” ном ниҳодаанд ва онро ҳар сари сол таҷлил мекунанд. Дар “Маноҳиҷ- ал- фикр” гуфта шудааст, ки мисриён дар рӯзҳои иди худ суруру фараҳ нишон медиҳанд ва дар анъанаи оташафрӯзию обпошӣ аз форсҳо ба маротиб мегузаранд.

 

Наврӯз таҳти унвони “Нийрӯз” дар Уммон низ, ки  яке аз кишварҳои арабии соҳили Халиҷи Форс мебошад, хеле бо шукӯҳ ва хусусиятҳо ва унсурҳои маҳаллию этникии ба худ хос ҷашн гирифта мешавад. Сокинони он ин ҷашнро ба хотири даромадани фасли баҳор, файзу баракат ва ба хотири талаби боду ҳавои муътадил ҷашн мегиранд. Онҳо дар фасли сармо ба дуову ниёиш мепардозанд, то боду ҳаво муътадил гардад. Дар охирҳои фасли зимистон, ҳамзамон бо гарм шудани ҳарорати ҳаво мардуми Уммон ба ин муносибат иди Наврӯзро ҷашн мегиранд. Ҳамаи мардум, мардону занон ва тифлон пироҳанҳои нав ба бар карда, ба тарафи баҳр раҳсипор мешаванд. Занҳо шохаҳои хурмо ва баъзе шохаҳои гулро дар даст гирифта, ба хотири фаро расидани баҳор шеърҳои гуногуни роҳатбахшро замзама мекунанд. Мардон бошанд, онҳоро бо қарсак задан ҳамроҳӣ мекунанд ва баъзан суруд низ месароянд ва таблҳои муснаду раҳмониро менавозанд. Аз сабаби он, ки табли муснад бузург аст, онро дунафара менавозанд ва ҳамин тавр то расидан ба маконе, ки дар он ҷо ҷашни наврӯзиро барпо мекунанд, мераванд. Хусусияти хоси ин ҷашн он аст, ки баъзе мардон худро дар сурати ҳайвонот, аз қабили барзагов (буққа) ва шер медароранд ва нафари дигаре дар болои он савор шуда, онро ба ҳаракат медароварад. Мардҳо сурати худро бо пашм ё дигар чизҳо мепӯшонанд, то худро мисли ҳайвонҳо кунанд ва шакли одамияшон ноаён шавад.

Чеҳраи он шахсро мисли чеҳраи ягон ҳайвон оро медиҳанд ва як нафар онро дошта, ба тариқи мазҳака дар атрофи иштирокчиёни ин ҷашн давр мезанонад, мардум аз ин ҳолат шодию сурур мекунанд. Вақте онҳо ба лаби соҳил мерасанд, мардон дохили баҳр мешаванд ва то расидани сатҳи об ба миёнашон аз соҳил дур мешаванд. Сипас, иктифо намуда, дар даруни об рақсу бозӣ мекунанд ва мегӯянд: “سيح نيروزنا سيح سيح” (Биё, Наврӯзи мо, биё, биё!).

Мисолҳои зикршуда аз таъсири суннатҳои қадимаи фарҳангӣ-наврӯзии мардуми эронитабор ба фарҳанги мардуми арабтабор гувоҳӣ медиҳанд.

Саъдуллоев Аҳмадҷон - мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ.

Яндекс.Метрика