Ҷашни суруру шодмонии ниёгон

Ҷашну сурур аз замони бостон то ба ин дам яке аз омилҳои шодмона зистану ба фаромӯшӣ супурдани ғаму андӯҳ будааст. Ҷудо сохтани ойину русум аз таърихи як миллат ғайриимкон аст. Дар тӯли таърих бисёре аз ҷашну ойинҳо бо ақидаҳои динӣ ҳамроҳ гаштанд, ки як ҳодисаи табиӣ мебошад. Зеро ниёзи маънавии инсон тақозо мекард, ки ӯ ҳангоми шодиву ғам дар андешаи давом ёфтани яке ва зудтар тамом гаштани дигар бошад. Аз ин рӯ, ҷашнҳои шод низ бо розу ниёз гуфтани ӯ ба пешгоҳи Офаридагор ҳамроҳ гашт. Тоҷикон мувофиқи хулосаи донишмандон мардуме буданд, ки шод зистанро ҷузви ойини худ медонистанд ва дар сол шаст рӯз ба ҷашну шодӣ менишастанд. Фирдавсӣ ба ҳамин боварҳо ишора карда, менависад:
Ҳамеша хирадманд умедвор,
Наҷӯяд ба ҷуз шодӣ аз рӯзгор.
Муҳимтарин ҷашнҳои мо Наврӯз, Меҳргон ва Сада ба шумор меомаданд, ки қидмати онҳо ба ҳазорон соли қабл мерасад. 
Агар ба ҳикмати барпоии ҷашнҳои мардуми эронинажод бияндешем, хоҳем дид, ки он ҷанбаи асотирӣ, динӣ, табиӣ ва нуҷумӣ будаанд. Бар ин се ҷанба ваҷҳи иҷтимоиро низ метавон илова кард. Ҷанбаи табиӣ ва нуҷумӣ муассиртар аз дигар ҷанбаҳо буда, мондагории ин ҷашнҳоро боис шудааст. Муқаддас донистани об, оташ, хок ва хуршед низ дар ташаккули ҷашнҳои ниёгони мо таъсиргузор будааст. Агар Меҳргон бо Меҳр ё Хуршед ҳамнаво бошад, Наврӯз ҷашни баҳору хуррамии табиат ва Сада ба навъе муқаддас донистани оташ ва парастиши он марбут аст. Оташе, ки хомҳоро пухта ва сардиҳоро ба гармӣ мубаддал месохт. Яке аз муштаракоти дигари ҷашнҳои бостонии мо ин аст, ки онҳо ба шоҳони қадимиву асотирии таърихи мо нисбат дода мешаванд. Наврӯз ба Ҷамшед, Меҳргон ба Фаридун ва Сада ба Ҳушанг. Дар бораи ваҷҳи иҷтимоии ҷашнҳои мардумии мо ҳаминро бояд гуфт, ки дар қиёс бо ҷашнҳои сарзамини Ҳинд он аз ангезаҳои табақотиву каставӣ холӣ буда, тамоми мардумонро фаро мегирифт ва ин амр муҷиби фаротар рафтани ҷуғрофияи ин ҷашнҳо дар паҳнои таърих гаштааст. Ҷашнҳои бостонии ниёгони мо ниҳоят, сабаби ҷамъ омадани мутрибону овозхонҳову ҳунармандон мегашт, ки он дар навбати худ мероси фарҳангии моро ғановати бештар бахшид. Бо вуҷуди ин, барпоийи ҷашнҳо дар даргоҳи шоҳони худкомаву айёш тадриҷан ҷозибаву шукӯҳи онро камранг карда, харҷи ҳангуфти ин ойинҳо бар дӯши раияти ситамдида бор мешуд. Дар дарозмуддат ингуна харҷҳои газофу беинсофиҳои фармонравоён ҷашнҳои зеборо ба намоиши қудрати ситамгарон табдил дода, ойине ки аз ҷафокориҳои шоҳони кавдан пуштибонӣ мекард, ба як низоми берӯҳу ҷудо аз мардум бадал шуду аз саҳифаҳои таърих маҳв гардид.  
Ҷашни Сада ҳар сол дар рӯзи даҳуми моҳи хуршедии Баҳман (баробар бо 21-уми январ – 20 феврал) ҷашн гирифта мешуд. Абурайҳони Берунӣ донишманди машҳури аҳди Ғазнавиён менависад, ки чун ин ҷашн сад шабонарўз, яъне панҷоҳ рўз ва панҷоҳ шаб, бо Наврўз фосила дошта, Сада ном гирифтааст. Гардезии ҳамзамонаш низ ин фикрро тақвият додааст. Қавли дигар доир ба ин ҷашн он аст, ки чун ин Сада дар садумин рўзи зимистони бузурги бостонӣ воқеъ мешудааст, бо ҳамин ном машҳур шуда. Инчунин фарзияе низ вуҷуд дорад, ки номи ҷашни Сада ба хотири гузаштани сад рӯз аз пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок номгузорӣ шудааст. Зеро гирифтор шудани Заҳҳок муҷиби раҳоии мардумон аз ситами вай ва нишоту комронии тамоми ҷаҳон гардид. Фирдавсии покзод ҷашни Садаро ба шоҳи пешдодӣ Ҳушанг мансуб медонад. Бар асоси ривояти «Шоҳнома» бар асоси як тасодуф санг ба санг бархўрда, аз он оташ бархост ва Ҳушанг оташро фурӯғи рушноӣ донисту ба шукронаи падид омадани оташ:
Шаб омад барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ,
Яке ҷашн кард он шабу бода хвард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Муҳимтарин рукни ҷашни Сада оташ афрўхтан будааст, ки ба ёди ихтирои оташ баргузор мешуд. Ба ин муносибат шаҳру деҳотро меоростанд. Мардум фарорасии ҷашнро ба ҳам муборак мегуфтанд. Дар замони Сосониён, ки ойини зардуштӣ расмӣ гардид, ин ҷашн бештар характери динӣ гирифт. Берунӣ тантанаҳои бештари ин ҷашнро ба Ардашери Бобакон – муассиси силсилаи Сосониён нисбат додааст. Паридан аз болои оташ ва оростани лашкар низ аз ойинҳои маъмули ин ҷашн будааст.   
Арабҳое, ки Эрону Варорудро фатҳ карданд, нисбат ба шоҳони тоисломӣ ва ҷашну маросими онҳо бадбин буданд. Аммо ба ин содагӣ наметавонистанд, ҷашну ойинҳои ҳазорсоларо аз байн баранд ва бо вуҷуди баъзе сахтгириҳо Сада ҷойгоҳи худро дар замони тасаллути арабҳо низ ҳифз намуд. Дар замони Умавиёну Аббосиён ин ҷашн таҷлил мегардид, ки номи арабии он Сазақ буд. Расми ҳадя додан дар ин ҷашн фотеҳони тамаъҷўйи арабро хўш омаду таҷлили онро монеъ нагаштанд.
Дар дарбори Сомониён, ки эҳёкунандагони ойинҳои мардуми тоҷик буданд, Сада ҳар сола баргузор мешуд ва шуаро назди амир бор меёфтанд ва бад-ў таҳният мегуфтанд. Дар шабе, ки сивуякумин Сада дар замони ҳукумати амир Наср ибни Аҳмад ҷашн гирифта мешуд, Аббоси Урухсӣ - шоири Самарқандӣ, қасидае дар табрики ин ид суруда, ки матлаъи он ин буд: 
Меҳтаро бор Худоё малики Баѓдодо,
Сазақи сиву якум бар ту муборак бодо!
Ҷашни Сада дар дарбори дигар Бувайҳиён низ нақши муассире ифо кард ва шоирон қасоиди ѓарро дар васфи ин идҳо пардохтанд. Хонадони Зиёриён низ ҷашни Садаро хеле бошукӯҳ таҷлил мекарданд. 
Суннату русуми дарбори Сомониён бо рӯйи кор омадани Маҳмуд ба Ғазнин интиқол ёфт. Зеро Маҳмуду падараш Сабуктагин тарбиятёфтаи Сомониён ва бо ҷашну маросимҳои ин хонадон маънус буданд. Гузашта аз ин, ғуломони турк фарҳанги хоссе надоштанд, ки ҷойгузини тамаддуни дерини мардуми тоҷик кунанд. Сиёсати Ғазнавиён дар гиромидошти одобу русуми тоҷикон як навъ риояти вазъи мавҷуд ва ҳамоҳангӣ бо мардуми бумиву суннатҳои он буд. Аз ҷумла, таҷлилу гиромидошти ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Сада дар дарбори Ѓазна идома ёфт, ки аз нуфузи фарҳанги тоҷикӣ ҳикоят мекунад. Сабаби дигари баргузории ин ҷашнҳо дар азди Ғазнавиён он буд, ки бо фароз омадани ҷашнҳо навъҳои гуногуни саргармӣ ва айшу нӯш барои амирону аҳли дарбор пеш меомад. Дар ин рӯз султон ба тахт менишаст ва аҳли дарбор ба табрику таҳният фароз омада, ба фармонравои худ ҳадяву нисор мекарданду табъи вайро хӯш месохтанд. 
Ҷашни Сада дар моҳи Баҳман (тақрибан байни 27 то 29-уми феврал) ҷашн гирифта мешуд. Ба ривояти сарчашмаҳо қабл аз фарорасии Сада ҷашни дигаре бо номи Баҳманҷана таҷлил мешуд. Баҳманҷана номи рӯзи дувуми Баҳманмоҳ буд, ки «аҷамон дар ин рӯз ид кунанду ҷашн созанд. Бинобар қоидаи куллия, ки назди эшон аст собит аст, ки чун номи рӯз бо номи моҳ мувофиқ ояд, ид бояд карданду онро баҳманҷана низ гӯянд. Дар ин рӯ сипандро бо шир бояд хӯрд ба ҷиҳати зиёдатии ҳофиза ва дар баъзе аз билод дар ин рӯз меҳмонӣ кунанд ба таоме ки дар он ҷамъи ҳубубот бошад ва баъзе гӯянд номи рӯзи дуюм аз ҳар моҳи шамсӣ аст». Гардезӣ низ ойинҳои баҳманмоҳро навъе барқарор доштани беҳдошт ва тандурустии мардумон медонад. «Андар ин рӯз баҳмани сурх бо шири тоза бихӯранду онро муборак донанд ва чунин гӯянд, ки ҳифзро суд дорад ва чашми бад боз дорад».
Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ ҷашни Сада дар шаб баргузор мегардид. Чанд рӯз қабл аз фарорасии ин ҷашн ҳезумро аз гӯшаву канор фароҳам мекарданд. Ҳезуме, ки тавассути он оташ фурӯзон мешуд, аз чуби махсуси дарахти газ бояд афрӯхта мешуд. Дар тарофи ин оташ мардум, аз ҷумла мутрибону ҳунармандон ҷамъ омада, ба шодиву тараб мепардохтанд. 
Унсурии Балхӣ дар як қасидаии маъруфи худ ойини куҳани мардуми тоҷик будани ин ҷашнро таъкид карда, ба ойину маросимҳои ин ҷашн ишора мекунад:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Замин гӯи ту имшаб кӯҳи Тур аст,
К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.
Гар ин рӯз аст шаб хондан-ш набояд,
Вагар шаб рӯз шуд хӯш рӯзгор аст.
Ҳамоно к-ин диёр андар биҳишт аст,
Ки бас пурнуру рӯҳонӣ диёр аст.
Фалакро бо замин анбозӣ омад,
Ки расми ҳар ду тан дар як шумор аст.....
Гар аз фасли зимистон аст баҳман,
Чиро имшаб ҷаҳон чун лолазор аст?
Ба лола монад ин, лекин на лола аст,
Шарори оташи Намруду нор аст.
Ҳаме ҳар мавҷ дарёро бисӯзад,
Бад-он монад, ки хашми шаҳриёр аст...
Аз он зард аст доим рӯи динор,
Ки назди ҷуди ӯ динор хор аст.
Тавре дида мешавад, Унсурӣ дар тасвиру таҷлили ҷашни Сада аз ҳеч сухани баланд дареғ намеварзад.  
Аммо набояд аз як чизи муҳим дар ҳукуматҳои баъди сомонӣ ғафлат варзид ва он динзадагӣ ва таассуби шадиди Маҳмуду баъзе дигар аз шоҳони иртиҷоъӣ буд, ки иҷозат намедод, русуми тоисломии мардумӣ ва ҷашнҳои нозанин ба таври шоиста таҷлил гардад. Маҳмуд аз гирифтани ҳадяву нисорҳои ҷашнӣ, хушҳол буд ва нишон додани азамату шукӯҳи дарбори худро ба баҳонаи ин ҷашнҳо меписандид, вале дар айни ҳол ин ҷашнҳо ба бовари ӯ «русуми давраи ҷоҳилият» ва «бозмондаи габрҳо» ба шумор меомад. Унсурии маддоҳ, ки ҳар чӣ султонро хӯш ояд, ҳамонро мегуфт, гоҳе салиқаву завқи мамдуҳашро мадди назар дошта, бар хилофи қасидаҳои қаблан сурудааш ойинҳои тоисломии Меҳргону Садаро мазаммат мекунад. Дар яке аз қасидаҳои ӯ чунин омадааст:
                  Худойгоно! Гуфтам, ки таҳният гӯям,
                  Ба ҷашни деҳқонойин, ба зиннати баҳман...
                  Чунин ки дидам ойини ту қавитар буд,
                  Ба давлат андар з-ойини зусраву баҳман.
                  Ту мардӣ диниву, ин расм расми габрон аст,
                   Раво надорӣ бар расми габракон рафтан. 
Ин тарзи тафаккури нописанд танҳо хосси шоҳон набуд ва баъзе донишмандони замон низ ин равишро талқин мекарданд. Аҳмад ибни Ҳусайн ибни Яҳё машҳур ба Бадеъуззамони Ҳамадонӣ (968-1008 м.) донишманди аҳли ҳадис, ки Саъолибӣ вайро ягонаи рӯзгори худ дар улуми диниву адабӣ медонад, аз ҷумлаи чунин ашхос буд.  Вай низ таҷлили ҷашнҳои тоисломӣ, аз ҷумла Садаро дар Мовароуннаҳру Хуросон мушоҳида карда написандид. Ӯ, ки таассуби сахти мазҳабӣ дошт, ҷашну ойинҳои тоисломиро дар зумраи одобу одоти куффор мешумурд. Бадеъуззамон, ки сокини Ҳирот буд, дар номае ба раиси шаҳри Ҳирот Абў Омир Аднон ибни Муҳаммади Заббӣ, чунин навишт: «Ҷашни Сада гумроҳии бузург аст. Ин оташпарастон дар дунё идашон оташ аст ва Худо ононро дар қиёмат ба оташ бозгардонад. Ҷашни оташ, ҷашне беасл ва шиори оташ шиори ширк аст. Худованд Садаро ҳуҷҷати худ қарор надодааст ва Наврўзу Меҳргонро шарофат набахшида. Худо шамшери арабро бар Аҷам баркашид, зеро ойину оташҳояшонро намепасандид». Чунин арзёбии таассуббору нописандро ҳатто донишмандони араб ба худ раво намедиданд. 
Ҳамин тавр, тадриҷан зери таъсири мутассибон, ки дар раъси онҳо шоҳоне назири Маҳмуд қарор доштанд, миёни ҷашнҳои мусулмонӣ ва томусулмонӣ фарқ қоил шуда, ҷашнҳои тоисломиро гоҳе паст мезанданд. Дар ин байти Унсурӣ ба ҷашни Сада нишастани амири ғазнавиро ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки ин «ойини» Аҷам аст: 
   Ҷашни Сада ойини ҷаҳондор Фаридун,
Бар шоҳи ҷаҳондор фарӣ боду ҳумоюн (7, 234).
Фаррухии Систонӣ низ аз баргузории бошукўҳи ҷашни Сада хабар медиҳад. Ӯ борҳо дар қасидаҳои худ фарорасии ҷашни Садаро ба амиру вазиру дигар акобири даргоҳ табрик мегӯяд. Аз ҷумла, дар қасидае, ки ба вазири маъруфи Ғазнавиён Ҳасани Маймандӣ бахшидааст, васфи барпо доштани ҷашни Садаро, ки бо афрӯхтани оташ шаб мисли рӯз шудааст, тазаккур медиҳад: 
Гар на ойини ҷаҳон аз сар ҳаме дигар шавад,
Чун шаби торӣ ҳаме аз рӯз равшантар шавад.
Рӯшаноӣ осмонро бошаду имшаб ҳаме,
Рӯшанӣ бар осмон аз хоки тира бар шавад.
Рушанӣ бар осмон з-ин отшаи ҷашни Садаст,
К-аз сарои Хоҷа бо гардун ҳаме ҳамсар шавад.
Оташе кардаст хоҷа к-аз фаровон муъҷизот,
Ҳар замон гирад ниҳоде ҳар замон дигар шавад.
Дар қасидаи дигари худ Фаррухӣ мамдуҳро дар фасли сармо ба гиромидошти ҷашни Сада фаро хонда, мегӯд:
Шаби Садаст яке оташи баланд афрӯз,
Ҳаққ аст мар садаро бар ту ҳаққи он бигузор (9, 123).
Дар байти дигари Фаррухӣ боз мо аз санаи баргузории ҷашни Сада дар замони Ғазнавиён, яъне даҳуми баҳманмоҳ огоҳ мешавем:
Аз пайи таҳнияти рӯзи ту омад бар шоҳ,
Садаи фаррухрӯз даҳуми баҳманмоҳ.
Аз матни қасидаҳои Фаррухӣ, ки ба муносибати ҷашни Сада гуфтааст, дармеёбем, ки ороста кардани либос ва шона задани мӯй ва хӯшбӯй кардан аз дигар ойинҳои ҷашнӣ будааст. Дар қасидаи 183-уми девони Фаррухӣ, пас аз зикри омодагиҳои зиёд барои баргузории ин ҷашн зимни таманниёти ҷашнӣ чунин мефармояд:
Фаррухаш боду худованд-ш фархунда кунод,
Иди фархундаи Баҳманҷинаи баҳманмоҳ.
Давлат ӯро ба ҳама кому ҳаво роҳнамой,
Эзад ӯро ба ҳама ҳодисаҳо пушту паноҳ.
Султон Масъуд нисбат ба падараш таассуби камтар нишон медод. Муносибати ӯ бо ҷашну ойинҳои тоисломӣ аз сираи падар фарқ мекард ва беҳтар буд. Шоҳиди рӯзгори салтанати ӯ Байҳақӣ дар як маврид аз фаро расидани ҷашни Сада ёдовар мешавад. Байҳақӣ аз маҷлисе, ки рӯзи 17-уми сафари соли 426 (баробар бо рӯзи 23-уми декабри соли 1034) дар ҳузури амир шуда, гузориш медиҳад, ки дар он аъёну ашрофи дарбор ҷамъ омада, бар сари корҳои пешомад баҳс мекарданд. Қарор шуд, ки ба сабаби нооромиҳое ки бар асари ҷунбиши туркмонҳои салҷуқӣ сар зада буд, амир ба самти Марв равона шавад. Сипас Байҳақӣ чунин менависад: «Ва Сада наздик буд, уштурони султониро ва аз они ҳамаи лашкар ба саҳро бурданду газ кашидан гирифтанд, то Сада карда ояд ва пас аз он ҳаракат карда ояд. Ва газ меоварданду дар саҳрое, ки ҷўйи оби бузург буд пур аз барф меафканданд, то ба болои қалъате баромад. Ва чаҳортоқҳо бисохтанд аз чўб сахт баланд ва онро ба газ биёганданд. Ва гази дигар ҷамъ карданд, ки сахт бисёр буд ва ба болои кўҳе баромад бузург. Ва алуҳ (уқоб – С.М.)-и бисёр ва кабутар ва он чӣ расм аст аз дорот (шукӯҳу азамат –С.М.)-и ин шаб ба даст карданд». Газ, ки ба навиштаи Байҳақӣ яке аз василаҳои баргузории ҷашни Сада буда, номи дарахтча будааст, ки шохҳои нозуку баргҳои рез дошта, бештар дар канори ботлоқҳову заминҳои шўр мерўидааст. Дар ҷамъоварии газ ҳамаи мардум боястӣ ширкат мекарданд, то саҳми худро дар ин ҷашн бигузоранд. 
Тавре мушоҳида мешавад, Сада низ чун Меҳргон дар шумули ҷашнҳои расмии Ғазнавиён будааст. Барои барпо доштани ин ҷашн ҳатто сафари зарурии амирро, ки барои таъмини марзҳои кишвар анҷом медод, ба таъхир меандозанд. Аз гузориши Байҳақии дабир чунин бармеояд, ки ин ҷашни Садаро дарбори Ғазнин дар даҳаи аввали моҳи январ баргузор кардаанд. Байҳақӣ менависад: «Ва Сада фароз омад. Нахустшаб Амир бар он лаби ҷўйи об, ки шароъӣ зада буданд, бинишаст ва надимону мутрибон биёмаданду оташ ба ҳезум заданд. Ва пас аз он шунидам, ки қариб даҳ фарсанг фурўӯғи он оташ бидида буданд ва кабутарони нафтандуд бигузоштанд ва дадгони барфандуд ва оташ зада давидан гирифтанд. Ва чунон Садае буд, ки дигар ончунон надидам ва он ба хуррамӣ ба поён омад». 
Ҳамин тавр, аз он чӣ гуфта омад, метавон ба натиҷае расид, ки баргузории ҷашнҳои тоисломии мардуми тоҷик пас аз густариши ислом низ идома ёфта, ҳатто дар аҳди ҳукуматҳои исломгарое назири Ғазнавиён низ идома дошта, ҳукумати давр ин ҷашнҳоро ба хотири ҳамнавоӣ бо мардуми бумӣ ва баҳонае барои қабули ҳадяҳову нисорҳо баргузор мекардааст. Шоирони мутааххир, аз қабили Низомӣ, Хоқонӣ, Сӯзанӣ низ дар бораи гиромидошти Сада дар асри XII ҳикоят кардаанд. Ҳамлаи муғул, ба фарҳангу тамаддун ва давлатдории тоҷик зарбаи ҷуброннопазир ворид карда, яке аз омилҳои ба боди фаромӯшӣ супурдани ин ҷашни зебои ниёгон гардид.
Сайфуллоҳи Муллоҷон
Яндекс.Метрика