Ҷойгоҳи имом Табарӣ дар фарҳанги исломӣ

Фарҳанги исломӣ ҳарчанд дар нимҷазираи Арабистон пайдо ва густариш ёфта бошад ҳам, вале дар марҳилаҳои минбаъда дар ташаккул ва такомули бинои устувори он халқу қавмиятҳои дигар низ иштироки фаъол доштанд. Дарк ва баҳоди¬ҳии дурусти вазъи сиёсию иҷтимоии пайравони ойини муҳаммадиро дар маҷмӯъи фарҳанги мусулмонии гуногунзабона баррасӣ намудан дуруст хоҳад буд. Нахуст асоси ин маҷмӯъи томро адабиёти арабизабон ташкил медод, бо мурури замон забони форсии тоҷикӣ боло гирифт ва дар марҳилаҳои дигар забони туркӣ низ нақши муаасир касб намуд. Шинохти дурусти гузаштаи фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ ба омӯзиши осори асримиёнагии исломии Мовароуннаҳр ва Хуросон сахт марбут аст. Минтақаи фарҳангии Осиёи Марказӣ тӯли қарнҳои зиёд одату анъана ва суннатҳои бумии худро ташаккул дода, то футӯҳоти сипоҳи исломовари араб онро ба таври мукаммал ҳифз намуд. Ба ифодаи академик Б. Ғафуров ин минтақа дорои «фарҳанги рушдёфтаи зироатко¬рии деҳқонӣ ва протошаҳрӣ» [2, 26] буд. Муаллифони адабиёти ба ин забонҳо офаридашуда дар доираи сохтори давлатҳои гуногун фарҳанги умумии аҳамияти ҷаҳонӣ дошта бунёд намуданд. Академик Крачковский И. Ю. оид ба хизматҳои намояндагони минтақаҳои гуногуни Хилофат дар инкишофи бахшҳои мухталифи илму фарҳанги мусулмонӣ ақидаи бисёр ҷолиб баён намудааст: «Ба ҳамагон маълум аст, ки адабиёти араб, балки тамоми фарҳанги арабӣ дар ташаккулёбии худ мадюни на танҳо арабҳо, инчунин намояндагони гурӯҳи бузурги халқҳои дигар низ ҳаст» [5, 569]. Бояд махсус таъкид намуд, ки ин фарҳанги том натиҷаи таъсири мутақобилаи мураккаб ва коркарди низоми фарҳангсолории минтақавӣ мебошад, ки ба қаробати таърихӣ ва ҳудудии халқҳои офарандаи он марбут аст. Муҳаққиқон бар он ақида¬анд, ки фазои фарҳангии қарни сеюми ҳиҷрӣ ҷавлонгоҳи дониш ва зеҳ¬ния¬ти мусулмони порснажод имом ат-Табарӣ будааст. Дар ин қарн пояи аксари илмҳо тарҳрезӣ шуда, илму фарҳанги исломӣ дар роҳи наҳзати худвежагӣ, баҳсу андешаварии амиқ ва омезиш бо тамаддунҳои берунӣ пешрафтҳои назаррасе касб кардааст. Дар ин такомули вежа таълифоти илмӣ-динӣ ва таърихии имом Табарӣ мақоми барҷаста дорад.       

Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язид ибни Касир ат-Табарӣ ал-Омулӣ ал-Бағдодӣ дар шаҳри Омули Табаристони таърихӣ дар охири соли 224 ё аввали соли 225 ҳиҷрӣ (зимистони соли 839 мелодӣ) та¬вал¬луд шудааст. Аксари олимоне, ки дар минтақаи бузурги Табарис¬тон таваллуд шудаанд, ҳатман кунияи ат-Табарӣ дар номашон афзуда мешуд. Абӯҷаъфар ҳанӯз дар синни ҳафтсолагӣ Қуръонро ҳифз карда буд, дар 8-солагӣ дар намози ҷамоат иштирок мекард ва аз синни 9-солагӣ ба китобат ва омӯзиши аҳодиси пайғамбари ислом оғоз намуд. Дар китоби «Мӯъҷаму-л-удабо»-и Ёқути Ҳамавӣ аз забони Абӯбакр ибни Комил оварда мешавад, ки худи Табарӣ чунин нақл карда будааст: «Падарам дар хоб мебинад, ки ман дар назди пайғамбари Худо ни¬шастаам ва дар пеши ман анбоне пур аз сангча воқеъ аст, ки он¬ҳоро пеш меандозам». Ин ҳолатро донишмандон чунин таъбир карданд, ки ин писар чун бузург шавад, дар дини пайғамбар ба насиҳати мардумон пар¬дозад ва аз шариати ӯ дифоъ кунад» [3, 48]. Пас аз ин падари Абӯҷаъфар ба таълиму тарбия ва пардохтани харҷи таҳсили писараш мепардозад. 

Табарӣ таҳсилоти нахустинро дар зодгоҳаш шаҳри Омул фаро гирифт. Ба ақидаи Ибни Комил нахустин устодони ӯ Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳумайд ар-Розӣ ва Мусанно ибни Иброҳим буданд. Ӯ дар назди Ҳумайд аслан машғули омӯзиш ва китобати ҳадис буду шабона навиштаҳояшро такрор мекард. Пас аз он ба деҳаи Дӯлоб, ки тобеи Рай буд, раҳсипор мешавад ва он ҷо аз Аҳмад ибни Ҳаммод дарс мегирад. Дар ин муддат Табарӣ омӯзиши китоби «ал-Мубтадо»-ро аз Аҳмад ибни Ҳаммод ва китоби «Мағозӣ»-и Ибни Исҳоқро аз Салама ибни Муфаззал таълим мегирад. Бояд гуфт, ки матолиби арзишманди ин китобҳоро баъдтар Табарӣ дар матни  асари таърихии худ истифода мебарад. Ривоят мекунанд, ки ӯ аз Ҳумайд сад ҳазор ҳадис шунида, усули тафсир ва қироати Қуръонро фаро гирифтааст. Баъд аз Рай ӯ роҳи Бағдодро пеш гирифт ва мехост аз Аҳмад ибни Ҳанбал ҳадис истимоъ кунад, аммо имом Аҳмад каме пештар аз омадани ӯ вафот мекунад. Вале Табарӣ дар Бағдод сукунати доимӣ ихтиёр мекунад, аз шайхони зиёде дониши фаровон мегирад ва ҳар чизи барояш заруриро китобат мекунад.

Пас аз он ба Басра рӯй оварда, дар он ҷо аз чунин донишмандон, ба мисли Муҳаммад ибни Мӯсо ал-Ҳарашӣ, Имод ибни Мӯсо ал-Қаззоз, Муҳам-мад ибни Абдулаъло ас-Санъонӣ, Бишр ибни Муъоз, Абӯашъас, Муҳам¬мад ибни Башшор, Муҳаммад ибни ал-Муъалло ҳадис меомӯзад. Баъд аз фаро гирифтани маълумоти фақеҳон ва муҳаддисони дар боло зикршуда Табарӣ муддате адр шаҳри Восит ва Куфа зиста, аз Абӯкурайб Муҳам-мад ибни ал-Аъло, Исмоил ибни Мӯсо ва дигарон ҳадис шунида, онҳоро китобат кардааст. Абӯкурайб шахси тундхӯ бошад ҳам, вале донандаи бузурги ҳадис буд ва Табарӣ аз ӯ 100 ҳазор ҳадис гирифтааст. Пас аз он имоми донишманд ба Бағдод бармегардад ва муддате машғули омӯхтани китобати ҳадис шуда, фиқҳу улуми қуръониро фаро гирифта¬аст. Сипас сӯи Миср раҳсипоршуда, дар роҳ муддате дар Бейруту Шом иқомат меку¬над ва бо Аббос ибни Валид мулоқотҳои тӯлонӣ менамояд. Дар ин сафар ӯ ҳафт шабонарӯз дар масҷиди ҷомеи Шом таваққуф намуда, Қуръ¬он¬ро ба ривоят ва тиловати шомиён хатм мекунад.

Ба  ҳамаи донишҳои андӯхтаи худ қаноат накарда, Табарӣ соли 253 ҳиҷрӣ дар талаби илм ба сӯи шаҳри Фустоти Миср ҳаракат менамояд, то аз шайхони донишманди ин кишвар, ки ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданд, дар бораи фиқҳи моликӣ ва шофеъӣ, инчунин ахбори «Китоби исроилиёт»-и Ваҳб ибни Мунаббеҳ донишҳои заруриро фаро бигирад. Пас аз ин ӯ зуд ба Шом бармегардад. Баъди гузаштани чанд муддат ӯ бори дигар қасди сафари сарзамини Миср мекунад, зеро дар он рӯзгор донишманди фозилу номдор Абулҳасан Алӣ ибни Сироҷи Мисрӣ машҳур гашта буд ва ҳар олиме, ки меҳмони ин кишвар мешуд, маъмулан бо ӯ дидор ва мубоҳисаҳои илмӣ меоростанд. Вақте ки Муҳаммад ибни Ҷарир дубора ба Миср меояд, овозаи фазлу дониши ӯ дар бобати улуми Қуръону фиқҳ, ҳадис, луғату наҳв ва шеър саросари кишварро фаро мегирад. Чунин иттифоқ меафтад, ки Абулҳасан ибни Сироҷ худаш ба дидори ӯ меояд ва доир ба масъала¬ҳои гуногун байни онҳо мубоҳисаҳои илмӣ баргузор мегардад. Ӯ меҳмонро дар ҳақиқат фозилу донишманд дармеёбад. Абулҳасан дар бораи шеъри Тир¬римоҳ – шоири аҳли байт суол мекунад. Бо вуҷуди он ки ҳофизону ноқилони ин шоир нодир буданд, вале маълум мешавад, ки Табарӣ ашъори ӯро ҳифз карда буда¬аст. Ин ҳолатро дида аҳли маҷлис аз Табарӣ хоҳиш менамоянд, ки ашъори нодири Тирримоҳро аз тариқи ҳифзи ӯ дар масҷиди ҷомеи Фустот китобат намоянд [3, 53].  Баъд дар байни имом ва Исмоил ибни Яҳё ал-Мазанӣ баҳсҳои илмӣ доир мегардад, ки мардум аз донишҳои фарогири Табарӣ дар ҳайрат ме¬мо¬нанд. Дар бораи баҳсу муҷодалаҳои илмии Табарӣ бо Мазанӣ дар ада¬биёти илмӣ сухану ривоятҳои зиёде гуфтаанд ва гоҳо шогирдони Маза¬нӣ дар муносибат ба имом тундравӣ ва беэҳтиромиро низ раво дидаанд, ки боиси муддате қатъ гардидани робитаи байни онҳо гардидааст. Вале баъди фурсате Мазанӣ худ боз ба зиёрати Табарӣ омада, барои хатоҳои ёрону шогирдонаш бахшиш мепурсад ва дар қалби ин олими олиқадр нуру сафоро боз меоварад. Ин дафъа Табарӣ муддати тӯлонӣ дар Миср боқӣ мемонад, сипас боз ба Бағдод меояд ва аз он ҷо азми ёру диёр – Табаристон намуда, чанд вақт дар зодгоҳаш иқомат мегузинад. Бозгаш¬ти дубораи ӯ ба зодгоҳаш соли 290 ҳиҷрӣ ба вуқӯъ пай¬вас¬та¬аст, ки ӯ дар Динавар бо гурӯҳе аз донишмандон ба баҳс менишинад ва бар онҳо пирӯзӣ меёбад. Пас аз ин ӯ боз рӯ ба Бағдод меорад ва дар маҳаллаи «Қантарату-л-бардон»-и шаҳр сукунат ихтиёр мекунад, ки он мавзеъ ҳамчун маркази донишмандони сарфу наҳв ва адабиёт машҳур буд. Аз ин ҷо овозаи донишу фазилаташ атрофу акнофро фаро мегирад ва умри боқимондаи худро ба таълифу тадвини асарҳои машҳураш мебахшад.

Дар сарчашмаҳои гуногуни илмию адабӣ ва таърихӣ бештар аз 35 тан шайхони Табариро ном бурдаанд, ки аз миёни онҳо Аҳмад ибни Ҳаммод ад-Дӯлобӣ, Аҳмад ал-Бағавӣ, Исҳоқ ибни Абӯисроили Марвазӣ, Абӯиброҳими Мазанӣ, Бишр ибни Муъоз, Абӯҷурайҷ, Абӯҳотами Сиҷистонӣ, Муҳаммад ибни Башшор ва амсоли онҳо буданд, ки дар ривояти ҳадис байни фақеҳону донишмандон машҳур буданд. Бояд зикр намуд, ки дар бораи рӯзгор, ному насаб, айёми наврасӣ, талаби илм, устодону шогирдон ва мероси илмию динии имом Табарӣ манбаъҳои ада¬бӣ ва таърихии арабизабон иттилоот ва ахбори фаровон фароҳам овардаанд. Маъхазҳои мӯътамад, монанди «Феҳрист»-и Ибни Надим, «Таъ¬ри¬хи Бағдод»-и Хатиби Бағдодӣ, «ал-Комил фӣ-т-таърих»-и Ибни ал-Асир, «Мӯъҷаму-л-удабо»-и Ёқути Ҳамавӣ, «Вафиёту-л-аъён ва анбоу абнои-з-замон»-и Ибни Халликон, «Сияру аъломи-н-нубало»-и Аҳмад аз-Заҳабӣ, «Табақоту-ш-шофиъияти-кубро»-и ас-Субкӣ, «Лубу-л-албоб фӣ таҳрири-л-ансоб» ва «ал-Иттиқону фӣ улуми-л-Қуръон»-и аллома ас-Суютӣ, «Кашфу-з-зунун ан асомӣ-л-кутуби ва-л-фунун»-и Ҳоҷӣ Халифа перомуни шахсияти ин абармарди илму дин, нақши ӯ дар ташаккули илми адаб ва ба хусус мақому мартабаи китобҳои «Тафсир» ва «Таърих»-и ӯ дар ташаккули тамаддуни исломӣ фикрҳои ҷолиб ва суханони писан¬ди¬да матраҳ намудаанд. Аксари манбаъҳои фавқуззикр ҳикоят аз он доранд, ки имом Табарӣ соири улуми замони хешро фаро гирифта, як донишманди энсиклопедӣ ва фақеи шофеъии соҳиби мазҳаби фиқҳии мустақил бо номи «мазҳаби ҷарирӣ» будааст. Ба ақидаи академик Бартолд ӯ дар замони худ олиме буд, ки «метавонист дар як вақт муваффақона ба чанд илм машғул шавад ва дар айни замон фароғати худро ба корҳои адабӣ бибахшад» [1, 180]. Ҳамин мазҳаби ӯ то охири қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ барқарор буда, пайравон ва шогирдон доштааст. Бояд гуфт, ки дар нигориши муаллифони гуногун китобҳои «Тафсир» ва «Таърих»-и имом Табарӣ бештар ҷиҳати ситоиш ва пазироӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла Ибни Надим чунин меоварад: «Писари Ҷарир аллома ва имоми асри худ ва фақеҳи замони худ буд. Вай тамоми илмҳои замони хеш – илми Қуръон ва наҳву шеър ва луғату фиқҳро омӯхта буд» [4, 312]. Дар «Таърихи Бағдод» чунин омадааст: «Писари Ҷарир ҳофизи Китобуллоҳ, донандаи қироат, бинандаи маонӣ, фақеҳи аҳкоми Қуръону суннат ва гирдоварандаи ахбори саҳобаву тобеин ва мардумон аст». Ҳамчунин Хатиби Бағдодӣ аз забони имом Абӯбакр ибни Хузайма чунин мегӯяд: «Аз оғоз то анҷом ба он («Тафсир»-и Табарӣ – Ф.Б.) назар кардам. Дар рӯи замин касе донишмандтар аз Муҳаммад ибни Ҷарир ёд надорам» [10, 465].

Аллома Суютӣ заминаҳо ва зарурати пайдоиши илми тафсир ва фиқҳро дар қуруни вусто таҳлил намуда, аҳли тафсирро ба се табақа – са¬ҳо¬ба, тобеин ва муфассирин гурӯҳбандӣ мекунад. Баъд аз ин дар бораи му¬фассирони мо қабл ва мо баъди Табарӣ ва китобҳояшон сухан ронда, чу¬нин хулоса мебарорад: «Китоби Ибни Ҷарири Табарӣ беҳтарини тафсирҳост» [6, 190].   

Ин фақеҳ, муфассир ва муаррихи бузург аз худ таълифоти зиёде ба мерос гузоштааст, ки аз байни онҳо китобҳои машҳуртарин инҳоянд: Ҷомеъу-л-баён ан таъвили-л-Қуръон ё «Тафсир»-и Табарӣ; Таъриху-р-русул ва-л-мулук» ё «Таърих»-и Табарӣ; Китобу ихтилофи-л-фуқаҳо; Китобу таҳзиби-л-осор; Одобу-л-қузот ва-л-маҳозири ва-с-сиҷиллот; Ал-мустаршид фӣ улуми-д-дин; Ҷузъун фӣ-л-эътиқод; Ал-қироот.

Вале ду асари нахустин, яъне китобҳои «Тафсир» ва «Таърих»-и имом Табарӣ, дар фарҳанги исломӣ аз оғоз то ба имрӯз пурхонандатарин китобҳо маҳсуб мешаванд ва ба муаллифи он шӯҳрати ҷаҳонӣ ва умри ҷовидонӣ бахшидаанд. Кор то ба ҷое расидааст, ки ин ду асар бо сабаби истеъмоли васеъ ва мавриди истифодаи доимӣ қарор доштанашон дар маъхазҳои арабию форсӣ ва пас аз он дар адабиёти аврупоӣ бо номи «Тафсир» ва «Таърих»-и Табарӣ ёд мешавад. Сазовори ёдовар шудан аст, ки китоби «Тафсир»-и имом Табарӣ дар манбаъҳои илмию таърихӣ бо ду ном – «Ҷомеъу-л-баён ан таъви¬ли-л-Қуръон» ва Ҷомеъу-л-баён ан таъвили оййи-л-Қуръон» ном бурда мешавад. Бегумон аст, ки нахустин нусхаи ин китобро дар Бағдод шо¬гир¬дони муаллиф дар байни солҳои 283-290 ҳиҷрӣ (896-903) хушнависӣ кардаанд. Бино бар маълумоти манбаъҳои зикршуда Табарӣ тафсири худро аз сӣ ҳазор варақ то се ҳазор варақ ихтисор кардааст. Ва ду нусхаи дигари онро ба Наҷду Ҳалаб фиристодаанд. Ҳоло нусхаҳои зиёди ин китоб дар китобхонаи Оя Сафия ва Нури усмонияи Туркия, инчунин китобхонаи Хидевияи Миср маҳфуз аст. Матни пурраи ин тафсир баъди гузашти ҳазор сол аз таълифи он бо саъю кӯшиши бародарон – Мустафо, Бакрӣ ва Исо ал-Ҳалабӣ мунташир шуд [8, 67]. Нашри аввали ҳамин тафсир дар 30 ҷилд соли 1902 аз тариқи чопхонаи «ал-Маймания» ба табъ расид. Баъди андак муддате соли 2004 чопхонаи ҳукуматии «ал-Амирия» дар Қоҳира нашри дуюми китобро ба ӯҳда гирифт. Нашри сеюми асар соли 1954 иттифоқ афтод, ки дар ҳақиқат таҷдиди назар андохтан ба ҳамон чопи «ал-Маймания» аст. Танҳо фарқ дар он буд, ки як гурӯҳ донишмандони мисрӣ бо назорати устод Мустафо Сақо китоби нашри «ал-Маймания»-ро бо дастнависҳои дар китобхонаҳои Миср маҳфузбуда муқоиса намуда, баъди тасҳеҳоти зарурӣ ба табъ расониданд, ки он низ аз 30 ҷилд иборат буд. Ва ниҳоят омода намудани нашри илмӣ-интиқо¬дии ин тафсири мӯътабар ба бародарони донишманди мисрӣ – Маҳмуд Муҳаммад Шокир ва Аҳмад Муҳаммад Шокир насиб гардид. Онҳо бештар аз панҷоҳ сол ба омӯзиши тамоми нусхаҳои мавҷудбудаи асар бипардохтанд, барои тасҳеҳи матолиби нохоно ин донишмандон аз китобҳои дигари тафсир, луғатномаҳо, фарҳангҳо ва девони зиёди ашъор истифода карданд. Ва ҳамин нашри дақиқтарин ва комилтарини «Таф¬сир»-и Табарӣ солҳои 1960-1968 дар 16 ҷилд аз чоп баромад ва дар ихтиёри муҳаққиқони чаҳон қарор гирифт [8]. Дар шароити имконият¬ҳои фаровони илму фановарӣ матни комили ин тафсир ҳам дар шакли чопии дорои сифати баланд ва ҳам дар шакли сабти электронӣ дастраси ҳаводорони каломи раббонӣ карда мешавад. Муҳаққиқи араб Абдуллоҳ ибни Абдулмӯҳсин ат-Туркӣ яке аз беҳтарин донандагони ҳамин тафсир эътироф шудааст. Ӯ тамоми нусхаҳои дар китобхонаҳои ҷаҳон мавчудбудаи ин сармояи бузурги фарҳангиро ба таври мукаммал омӯхта, дар асоси он матни илмӣ-интиқодии тозаро бо овардани радду бадали нусхаҳо дар китоби 30-ҷилдаи «Ҷомеъу-л-баён ан таъвили оййи-л-Қуръон» соли 2001 ба табъ расонид [9].  

Агар манбаҳои таърихию адабӣ китоби Табариро аз ҷумлаи таф¬сир¬ҳои беҳтарини Қуръони карим дониста бошанд, пас мақому манзалат ва аҳамияти ин китоб дар таърихи мероси гаронбаҳои исломӣ аз чӣ ибо¬рат аст? 

Бояд гуфт, ки дар қарни сеюми ҳиҷрӣ як идда донишмандони бах¬ши тафсир, ҳадис ва фиқҳ ба таълифу тадвини китобҳои худ пардохтанд. Аллома Суютӣ 18 тан аз муфассирони ҳамасри Табариро ёдовар меша¬вад [6, 121]. Ин худ гувоҳи он аст, ки дар ҳавзаи илмии он давра эҳтиёҷу ниёз¬ман¬дии зиёд ба навиштани тафсирҳои Қуръон ва шарҳу баёни ҳадису суннат ва қиссаҳои қуръонӣ ба миён омада буд. Пас аз густариши ислом берун аз Ҷазирату-л-араб мусулмонон ғайриараб низ ба омӯзиш, бозгӯ ва шарҳи алфозу маъонӣ ва матолиби Қуръону ҳадис пардохтанд. Ба пиндори мо ин ҷо чанд омили умдае ҳаст, ки зарурати тадвини китобе чун «Ҷомеъу-л-баён ан таъвили оёти-л-Қуръон»-ро ногузир сохт:

1. Қуръон «би лисонин арабиййин мубин» (забони арабии равшан) нозил шуд. Саҳобагон онро ҳифзу гирдоварӣ менамуданд ва дар сатҳи донишу салиқаи худ онро фаҳму идрок мекарданд. Агар маънии лафзе фаромӯш мешуд, онҳо аз ҳамдигар пурсон мешуданд ва дар ҳолатҳои зарурӣ бевосита ба пайғамбари Худо (с) муроҷиат мекарданд.

2. Дар замони нузули Қуръон худи пайғамбар (с) ақоиду аҳкоми ша¬ръ¬ии Қуръон ва асбоби нузул, носиху мансух ва хоссу омро ба саҳоба сароҳатан баён мекард. Дар натиҷаи баҳсу муҷодала ва табодули назар бо он ҳазрат саҳобагон ба омӯхтани Қуръону ҳифз намудани ахборе, ки шунида буданд, рағбат менамуданд, то нахустин муфассирони каломи раббонӣ гаштанд. Пас аз он, тобеин кори онҳоро идома доданд.

3. Амонати илмӣ тақозо мекард, ки саҳобагон ва тобеин ахбори андӯхтаи худро барои наслҳои оянда нақл кунанд. Бархе аз олимони му¬сул¬мон аҳодис ва тафсирҳои фарогирифтаи тобеинро мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода, ба тадвини ҳадисҳои исноддор пардохтанд.

4. Дар байни саҳобагон ва тобеин яҳудиёну насрониёни исломовар¬да низ бисёр буданд. Онҳо шарҳи баъзе қиссаҳои пайғамбарон ва ахбори таърихиро, ки дар китобҳояшон мавҷуд буд, медонистанд. Ин қабил асар¬ҳо бо эътиқод ва усули дин иртиботе надошт. Ҳамин ҷиҳати масъала дар илми тафсир моддаи наверо афзуд, аҳли илм онро вобаста ба мансубияти онҳо ба қавму халқҳои гуногун «Исроилиёт», «Румиёт», «Фурсиёт» ва ғайра меномиданд. Албатта, саҳобагон ин қиссаҳоро бо ҳусни нияти нек ва ҳамчун унсури бозгӯкунандаи маонии Қуръони муҳаммадӣ ва тавҳиди исломӣ нақл мекарданд.

5. Берун аз ҳудуди нимҷазираи Арабистон ҳам мардумони зиёде ислом оварданд, ки на забони арабӣ медонис¬танду на Қуръонро бе тафсир мефаҳмиданд. Аз ин лиҳоз тадвину гирдо¬варӣ ва тафсири алфозу маонии оёти Қуръон ба коре ногузиру ҳатмӣ мубаддал гашт.

Бегумон дар ин вазъу аҳвол иҷтиҳоди муфассироне монанди имом Табарӣ зарур буд, то зимни шарҳу тафсири ҳар лафзи каломи раббонӣ ва моддаи таърихии мансуб ба он ҳамаи қиссаву ривоятҳои китобию шифо¬ҳии роиҷро гирд оварад ва силсилаи иснодро бо зикри номи ровиён то замони рисолат овардани хотаму-л-анбиё бирасонад. Ва Муҳаммад ибни Ҷарир ҳамчунин ҳам кард. Ҷаззобият ва сиқати нигориши «Тафсир»-и Табарӣ ҳам дар он аст, ки ӯ тамоми ахбору ривоёти гузаштагонро ҳамчу¬нон бе каму кост, бо ҳамаи баду некаш ёд кардааст. Ояндагон метаво¬нанд дар сатҳи донишу салиқаи худ асилро аз дахил ва саҳеҳро аз заъиф тамйиз диҳанд. Беҳуда нест, ки сабаби ихтисори ҳаҷми ин тафсир¬ро аз сӣ ҳазор то се ҳазор варақ дар калонҳаҷмии асар ва анбӯҳи исноду ривоят¬ҳои печ дар печ медонанд. Муаллифи «Мӯъҷаму-л-удабо» мегӯяд: «Ахбори мухтасаршуда аслан иборат аз қиссаи анбиёву исроилиёт ва зикри асотиру хурофоти эшон будааст» [3, 122].

Бояд гуфт, ки ин тафсир дар эҳёи нави забони порсии тоҷикӣ ва ташак¬кули фарҳанги нави исломии эронитаборон нақши муассир доштааст. Бори нахуст ҳамин тафсири бузург бо ҳазфи иснодҳо ва мухта¬сар намудани матолиби такроршуда ба забони форсии дарӣ дар аҳди Сомониён тарҷума шудааст. Аз мутолиаи муқаддимаи порсии «Тафсир»-и Табарӣ чанд хулосаи муҳимро берун овардан мумкин аст: а) андеши¬дани тадбири муҳими фарҳангӣ монанди тарҷумаи тафсири бузург дар сатҳи баланди давлатӣ аз табаддулоти фикрии исломӣ дар ҳаёти маънавии ҷомеаи навини давраи сомонӣ дарак медиҳад; б) фатвои тарҷумаро дар ҳақиқат бояд фатвое барои эҷоду эҷози таълифоти тоза бо назардошти воқеияти нави исломӣ ва эътирофи мувофиқ будани таълимоти ойини тозабунёди исломӣ донист; в) тарҷумаи китобе чун «Тафсири кабир» метавонист (ва ҳамин тавр ҳам шуд) ҳамсангии воқеии забони порсии тоҷикиро бо забони арабӣ дар сиёсату тамаддуни ислом таъмин намояд ва собит кунад, «ки дар баробари арабӣ порсӣ ҳам забони адабиёти динӣ ва илоҳиёт шуда метавонад» [1, 178].

Дар асли арабӣ ва тарҷумаи форсии худ китобҳои «Ҷомеъу-л-баён ан таъвили оёти-л-Қуръон» ва «Таъриху-р-русул ва-л-мулук» ду асари ба ҳам тавъам, ду тарафи як чизанд. Дар онҳо тадвини иснод ва нақли қиссаву ривоятҳои тӯлонӣ дар атрофи як ҳақиқати бебаҳс – оёти каломи раббонӣ сурат мегирад. Масъулияти имом Табарӣ дар ки¬то¬би «Тафсир» фавқулода баланд аст. Ӯ барои бозгӯию шарҳи маънии алфоз ва гоҳе калимоти ҷудогонаи Қуръон ба манбаъҳои мухталифи таъ¬ри¬хию адабӣ ва сарфию наҳвӣ муроҷиат карда, фаҳмиш ва таъбири ба назари худ беҳтаринро тақдими хонанда мекунад. Тартиби тафсири оятҳо дар китоб чунин аст: муаллиф пеш аз оғози ҳар сура номи онро «Гуфтор дар тафсири сура» гӯён ибтидо мекунад. Сипас ҳар оят ба қисматҳо тақсим гардида, ақволи фақеҳон, муфассирон, муҳаддисон ва ҳар ровию гӯяндае, ки дар иртибот ба мавзӯи мавриди назар чизе гуфта¬аст, паиҳам оварда мешавад. Дар ниҳояти кор имом Табарӣ гуна ва тарзи фаҳ¬ми¬ши маънои ҳар калима, ибора ва оятро аз нигоҳи худ пеш¬ниҳод менамояд. Зимни таъви¬лу тафсири сураҳои калонҳаҷм матолиб ва тавзе¬ҳоти таърихии хурд-хурд фаровон оварда мешаванд, ки дарки маънии оят¬ро осон мегардонад. Ҳаҷ¬ми маҳдуди ахбору матолиби ҳар оят барои му¬ал¬лиф маҷоли пардози суханро танг карда буд, аз ин рӯ афзудани ахборе берун аз тафсир камтар ба назар мерасад ва ҳам бо сабаби мухтасару умумӣ буданаш аҳамиятеро барои мавзӯъ доро нест. Вале шарҳи матолиби таърихӣ маҳорати таърихнигории имом Табариро сайқал додааст. Қусури ин маҳдудият ва маҳрумиятро Муҳаммад ибни Ҷарир дар таърихномаи бузурги худ баробар кардааст.

«Таъриху-р-русул ва-л-мулук» (Таърихи пайғамбарон ва подшо¬ҳон) ҳамчун намунаи асари насрӣ дар мавзӯи таърихӣ аз рӯи мазмуну мундариҷа ва услуби тасвири бадеӣ анбӯҳи бузурги рӯйдодҳои таърихӣ, қиссаву ривоятҳои асотирӣ дар бораи ойини нав аст, ки дар асоси хроно¬ло¬ги¬яи ҳаматарафа ва томияти дохилӣ тибқи далолати оятҳои Қуръон таъ¬лиф гардидааст. Суннату анъанаҳои ахлоқӣ-маънавии мардумони қа¬лам¬рави Хилофат дар обуранги арабӣ-мусулмонӣ тавсиф ёфта, дар таҳ¬ли¬ли муқоисавӣ бо таърихнигории аҳди ҳелинистӣ ва анъанаҳои шифо¬ҳии қабилаҳои арабӣ дастраси оммаи васеи хонандагони он давра мегар¬данд. Дар таърихнома маълумотҳои таърихӣ ва асотирии зиёд дар бораи халқҳои порсизабону туркзабон, фарҳанги маънавӣ, шаҳрҳо, анъанаву одатҳои онҳо аз замонҳои қадим то соли 302 ҳиҷрӣ (915) сабт гардидааст. Ин ахбор аз ганҷинаи фарҳанги мусулмонӣ, ки дорои аҳамияти бузурги илмӣ-адабӣ ва таърихӣ-ҷуғрофӣ буданд, берун оварда шудаанд. Дар мат¬ни ин асар иқтидори иҷтимоӣ ва фарҳангсолори мардумони Осиёи Мар¬ка¬зӣ ба ваҷҳи некӯ ҷойгузин шуданд.  

Дар таърихнома, ки дар илми ҷаҳонӣ мухтасаран бо номи «Таърих»-и Табарӣ машҳур аст, таносуби истифодаи стандарти дугона ба чашм мерасад. Якум, дар матни асар далелҳои зиёде аз иқтибоси намуна, шакл ва мавзӯъҳои алоҳидаи бадеӣ, сарчашмаҳои динҳои яҳудӣ ва насронӣ, фарҳангҳои Риму Юнон, порсии қадим ва ҳиндӣ, инчунин назми тоисломии араб баён гардидаанд. Дуюм, интиқоли бунёдии сарчашма¬ҳои хаттӣ ва шифоҳии фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ ва мувофиқ сохтани он ба шароити нави анъанаҳои адабии арабӣ дар шакли нисба¬тан тағйирёфта ба мушоҳида мерасад. Бояд зикр намуд, ки механизми фарҳангсолорӣ ва низоми яккахудоии мардумони Осиёи Марказӣ нисбат ба дигар фарҳангҳои қурунивустоӣ омода будани худро барои қабул ва аз худ намудани идеологияи нави динӣ нишон дод, ки гузаштани онҳоро ба воқеияти нав осон гардонид. Аз ҳамин сабаб будааст, ки олимони ин сарзамин асосгузорони бахшу қисматҳои мухталифи илму фарҳанги мусул-монӣ гардиданд. 

Пас хизмати имом Табарӣ дар ташаккули таърихнигории мусулмо¬нӣ ва ҳифзи худвежагии фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ дар чист?

1. Услуби асосии таърихномаи Табарӣ дар ҷобаҷогузории оятҳои қуръ¬о¬нӣ аз рӯи тартиби хронологӣ, аз як тараф ва таҳия намудани маҷмӯи мукаммали маводди тамоми гӯяндагони тоисломии араб доир ба ҳар як далел ва ҳодисаи таърихӣ бо зикри ҳалқаи номҳои ровиён, аз та¬ра¬фи дигар, ифода меёбад. Эътимодбахш будани нақлу ривояти таъри¬хии арабҳо дар асар то дараҷае мукаммал буд, ки минбаъд ҳеҷ як муал¬лиф мақсади аз нав гирдоварӣ намудани нақлу ривоятҳои тоисломиро доир ба таърих пеши худ нагузошт ва агар ба ин кор даст зада бошад ҳам, ҳеҷ чизи ҷиддие ба маълумоти Табарӣ афзуда натавонистааст. 

2. Хронологияи рӯйдодҳои таърихӣ дар ин сарчашма ба рушди мутта¬сили ҳаракати нубувват ва баёни марҳила ба марҳилаи ҳукмронии банӣ Одам дар рӯи замин асос гузоштааст.

3. Дар харитаи қуръонии таърихи ҷаҳонӣ таърихи сулолавии мар¬ду¬мони порсизабон ва таълимоти динии қадимаи халқҳои Осиёи Марка¬зӣ бозтоби равшан касб намудааст. Дар асар муҳокимарониҳои ҷолиб дар бораи решаҳои пайдоиши ҳокимияти давлатӣ, шахсиятҳои таърихию асотирии эътиқодоти гуногун ва табақаҳои динӣ ҳамчун унсурҳои васл¬га¬ри таълимоти тавҳид ба чашм мерасад. Дар матни нигориши ҳодиса¬ҳои таърихӣ муаллиф кӯшидааст ба таври бадеӣ муттасил будани анъанаҳои сулолавии давлатдории эрониёнро дар алоқаманди зич бо ахбори сарчашмаҳои арабӣ, румӣ, ҳиндӣ, юнонӣ ва туркӣ бозгӯ намояд. Дар муносибат ба ин масъала Табарӣ чунин меорад: «Дар олам аз ғайри миллати порсиён дигареро зикр намекунанд, ки наслҳои сулолавии онҳо марҳила ба марҳила то ба Одам, алайҳи-с-салом, рафта расад. Аз ин рӯ, нигориши таърихи ҷаҳон дар асоси вақти ҳукмронии подшоҳони онҳо аз ҳама дуруст ва возеҳ хоҳад буд» [7, 93].

Маҳорати баланди таърихнигории ин донишманд, ки мабно ба тавҳиди исломӣ ва фаҳмиши баланди алфозу маонии Қуръон буд, барои ҷойгир кардани ҷаҳонбинии яккахудоии ойини зардуштӣ ва барҷаста нишон додани иқтидори тарбиявӣ ва ахлоқии дин дар ҷамъият дар матни асар имконияти васеъ фароҳам овардааст. Муаллиф бад-ин васила дар шароити забткориҳои сипоҳи араб ба бедор шудани шуури миллии халқҳои Осиёи Марказӣ, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи суннату қаҳрамониҳои гузаштагон ва наздик шудани таърихнигории исломӣ бо таърихи антиқа мусоидат кардааст. Арзиши баланди таърихӣ-маърифа¬тии ин сарчашма дар он аст, ки Табарӣ тавонист ҷаззобият ва созгории анъанаҳои фарҳангӣ ва таърихнигории халқҳои минтақаро ба талаботи дини нав исбот кунад. Дар анаъанаи таърихнигории араб ин асарро сарчашмаи асосӣ оид ба таърихи умумӣ ва таърихнигории арабии се садаи нахустини ислом медонанд.

«Таърих»-и Табарӣ баъди таъсиси давлати муқтадири Сомониён эҳёи тоза касб намуд, зеро он дар шакли таҳриршуда ва бо афзудани ма¬то¬ли¬би нав ба забони порсии дарӣ тарҷума гардид. Дар таҳрири форсӣ-тоҷикӣ ҳалқаи ровиён ва гӯяндагон партофта шуда, ҳар як рӯйдо¬ди таърихӣ алоҳида дар шакли қиссаи насри таърихии анҷомёфта оварда мешавад. Дар тарҷума асосан сохтори қолабии асли арабӣ нигоҳ дошта шудааст, вале дар баробари қиссаву ривоятҳои қуръонӣ таърихи асотирӣ ва воқеии мардумони Осиёи Марказӣ барқарор карда мешавад. Ин асар амалан ба ҳайси хамирмояи методологии фаҳмиши таърихии исломӣ ва сарчашмаи намунавӣ барои рушди насри таърихӣ ва бахшҳои дигари илм дар забони фор¬сии дарӣ эътироф гардид. Муқаррароти таърихӣ-фарҳангсо¬лории ин сар¬чашма марҷаияти методологии худро дар минтақа то ибтидои асри ХХ нигоҳ дошт.  

 

Файзулло БОБОЕВ

 

Адабиёт: 

 

1. Бартольд В.В. Персидская культура и ее влияние на другие страны. – М.: «Наука», 1966. – Т. 6. – С. 174-183. 

2. Гафуров Б.Г. Таджики. – М: «Наука», 1972. – 563 с.

3. Ёқут ал-Ҳамавӣ. Мӯъҷаму-л-удабо. – Қоҳира, «Маъмун», 1938.– Ҷ.8. – 480 с.

4. Ибни Надим. Ал-Феҳрист. – Байрут, «Дору-л-маърифат», 1979. – 518 с.

5. Крачковский И.Ю. Избранные сочинения. – М.-Л., 1956. – Т.2. – 760 с.

6. Суютӣ Абдурраҳмон. Ал-иттиқону фӣ улуми-л-Қуръон. – Қоҳира, 1969. – 390 с.

7. Табарӣ Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир. Таъриху-р-русул ва-л-мулук. – Байрут, «Дору-л-кутуби-л-илмия», 1988. – Ҷ.1. – 579 с.

8. Тафсиру-т-Табарӣ ли Абиҷаъфар Муҳаммад ибн Ҷарир ат-Табарӣ / Таҳқиқу-д-устоз Маҳмуд Муҳаммад Шокир ва муроҷаату-ш-шайх Аҳмад Муҳаммад Шокир. – Қоҳира, «Дору-л-маориф», 1960-1968. – Дар 16 ҷузъ.

9. Тафсиру-т-Табарӣ ли Абиҷаъфар Муҳаммад ибн Ҷарир ат-Табарӣ (224-310 ҳ.) / Таҳқиқу-д-дуктур Абдуллоҳ ибни Абдулмӯҳсин ат-Туркӣ. –Қоҳира, «Дору-л-Ҳиҷр», 2001. – Дар 30 ҷилд. 

10. Хатиб ал-Бағдодӣ. Таъриху Бағдод. – Бейрут, «Дору-л-кутуби-л-арабӣ», 1973. – Ҷ. 2. – 465 с.

Яндекс.Метрика