“Ихвону-л-муслимин” ва моҳияти иртиҷоии он

“Ихвону-л-муслимин” (минбаъд “Бародарони мусалмон”) созмони динӣ-сиёсиест, ки соли 1928 дар Миср аз ҷониби муаллим Ҳасан ал-Банно таъсис ёфтааст. “Бародарони мусалмон” як равияи идеологии навъи нав дар ислом буда, дар баъзе сарчашмаҳои илмӣ ҳамчун “парастиши динии нав” ва “бунёдгароии исломӣ” шинохта мешавад. Сарчашмаи ақидавии онро асосан идеяҳои панисломистӣ (исломгароӣ) ташкил медиҳанд. Вале ақидаҳои панисломистӣ дар идеология ва амалияи “Бародарони мусалмон” хусусияти ифротӣ касб намудаанд, ба хусус андешаи панисломистӣ доир ба таъсиси хилофат. Ҳарчанд “Бародарони мусалмон” худро як ҳаракати зиддиғарбӣ ва “озодихоҳии мусалмонон” ба қалам медиҳанд, аммо дар асл он хусусияти зиддимусулмонӣ, ҳатто зиддиисломӣ дошта, аз ҷониби Ѓарби дунявӣ ба хотири таъмини амният ва аз ҳисоби захираҳои табиии ҷаҳони ислом ҷуброн сохтани костагиҳои иқтисодии он таъсис ёфтааст ва аз ҷониби Ѓарб пуштибонӣ мегардад.
Ҳифзи манфиатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодии Ѓарб дар ҷаҳони ислом онро водор сохт, ки андешаи хилофати исломиро аз нав эҳё ва дар асоси таҷрибаи теократияи асримиёнагии масеҳӣ, ки ифротитарин шакли теократия буд, таҷдид намояд. Теократияи масеҳӣ, ки бунёди идеологияшро андешаҳои динӣ-сиёсии ниҳоят ифротишудаи калисои католикӣ ташкил медод, баъди рукути илму фалсафаи Юнуни қадим ва зуҳури дини масеҳӣ тўли садсолаҳо Ғарбро дар ҳолати карахтӣ ва бозмондагӣ нигоҳ дошта буд. Имрӯз маҳз ҳамин шакли теократияи масеҳиро дар либоси исломӣ эҳёву таҷдид намудан барои пиёда сохтани манфиатҳои геосиёсии Ғарб дар Шарқи исломӣ созгор мебошад.
Дар айни замон, барои дар асоси таҷрибаи теократияи масеҳӣ таъсис додани ифротитарин шакли хилофати исломӣ, ақидаҳои динӣ-сиёсии ислом, ба хусус андешаҳо дар мавриди “куфр” хондани ҳама гуна ақидаҳои ғайри исломӣ ва “ҷиҳод”, ки бештар хоси исломи бунёдї аст, низ мусоидат менамояд. Ҳоло Ғарб тавонист, ки табиати сиёсии исломи бунёдиро бо теократияи масеҳӣ дар симои “Бародарони мусалмон” бо ҳам омезиш диҳад, то ки ҷаҳони ислом чун Ғарби масеҳии асримиёнагӣ дар ҳолати рукут ва бозмондагӣ қарор дошта бошад. Ҳамин тариқ, созмони “Бародарони мусалмон” имрӯз таҷассумгари хилофати исломии дар асоси таҷрибаи теократияи масеҳӣ буёндшаванда мебошад, ки намунаашро мо дар мисоли давлати теократи (“вилояти фақеҳ”)и Ҷумҳурии Исломии Эрон баръало мушоҳида мекунем. Беҳуда нест, ки “Бародарони мусалмон” бо поягузори ҶИЭ Имом Хумайнӣ ҳамкорӣ дошт ва ҳоло ин ҳамкориро бо Ҳукумати исломии ҶИЭ ва ТЭТ ҲНИ идома медиҳад.
Бинобар он мувофиқи барномаи сиёсии аз Ғарб иқтибоскардаи худ барои таъсиси хилофати исломӣ “Бародарони мусалмон” бояд пеш аз ҳама аз роҳи ҷиҳоди идеологӣ (таълимоти Ҳасан ал-Банно) ҳуввият, худшиносӣ ва ифтихори миллии халқҳои мусулмонро дар зери парчами “миллати ислом” шикаста, ҳама гуна низоми дунявиро ҳамчун низоми зиддиисломӣ дар зеҳни мусулмонон ҷойгузин созанд, то ки заминаи ақидавӣ барои бунёди давлати теократӣ ва хилофати теократӣ омода гардад. Барои пиёда сохтани ин барномаи худ созмони мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки нахуст зиёиёну донишҷӯёнро ба сафи худ ҷалб созад.
Давраи ниҳоии фаъолияти “Ихвониҳо”-ро амали “ҷиҳод” ташкил медиҳад, ки онро созмони мазкур дар фаъолиятҳои террористӣ, табаддулоти давлатӣ дар Миср соли 2011 ва дар бунёди “Давлати исломи”и Ироқу Сурия ба намоиш гузошт. Ҳамин тариқ, созмони “Бародарони мусалмон” яке аз ифротитарин ҳаракатҳо дар ҷаҳони ислом буда, аз ҷониби Ғарби дунявӣ бо мақсади дар ҳолати рукуту бозмондагӣ нигоҳ доштани ҷаҳони ислом ва пиёда сохтани манофеи геосиёсии он пуштибонӣ карда мешавад.
Нурулҳақов Қ.

Яндекс.Метрика