“Саҳеҳ”-и Имом ал-Бухорӣ ва вежагиҳои тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ

I

Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни ал-Муғира ибни Бардизбеҳ ибни ал-Аҳнаф ал-Ҷуъфӣ ал-Бухорӣ, машҳур ба Имом ал-Бухорӣ 13 шавволи соли 194 ҳиҷрии қамарӣ (21 июли соли 810) рӯзи ҷумъа дар Бухоро дар хонадони бухороии тоҷик таваллуд шудааст. Ниёгони ӯ пайравони дини зардуштия буданд, нахуст бобои падараш ал-Муғира ислом пазируфт. Падараш низ олими ҳадис будааст, вале ҳанӯз дар овони кӯдакии ал-Бухорӣ вафот мекунад ва тарбияи ӯро модараш, ки аз занони бомаърифати замони худ буд, ба ӯҳда мегирад. Ал-Бухорӣ аз синни даҳсолагӣ ба фаро гирифтани улум ва ҳифзу омӯзиши ҳадиси набавӣ пардохтааст. ӯ таҳсили илмро нахуст дар назди шайхони Бухоро Муҳаммад ибни Саломи Байкандӣ, Муҳаммад ибни Юсуфи Байкандӣ, Абдуллоҳ ибни Аҳмади Маснадӣ, Иброҳим ибни Ашъас ва дигарон оғоз кард. Ва дере нагузашт, ки ал-Бухорӣ ҳамчун олими шинохта ва варзи¬даи шаҳри худ маъруфият пайдо кард, то ҷое, ки баъзе муаллифон аз ҷумлаи шайхони худи Имом (чун Муҳаммад ибни Саломи Байкандӣ) китобҳояшонро аз назари ӯ мегузарониданд. Дар ин бора ал-Бухорӣ чунин навиштааст: “Вақте ки ба синни 16-солагӣ расидам, китобҳои Ибни ал-Муборак ва Вакеъро аз бар кардам ва ба каломи асҳоби раъй сарфаҳм рафтам. Баъди он ҳамроҳи модару бародарам ба сафари ҳаҷ баромадам”. Баъди адои маносики ҳаҷ модару бародари Имом ба ватан баргаштанд, вале худи ӯ дар он ҷо барои идомаи таҳсили илм монд ва дар назди шайхони Макка, аз қабили Имом Абулвалид Аҳмад ибни ал-Азрақӣ, Абдуллоҳ ибни Язид, Исмоил ибни Солим ас-Соиғ, Абӯбакр Абдуллоҳ ибни аз-Зубайр, Аллома ал-Ҳумайдӣ ва дигарон дарс хонд. Баъди он дар синни 18-солагӣ рӯй ба Мадина ниҳод ва илми худро дар назди Иброҳим ибни ал-Мунзир, Мутарраф ибни Абдуллоҳ, Иброҳим ибни Ҳамза, Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ал-Увайсӣ ва дигарон такмил дод. Дар ин сафар мусаввадаи китоби “ат-Таъриху-л-кабир фӣ лаёлӣ-л-муқмира” (Таърихи бузург дар шабҳои моҳтобӣ)-ро ба анҷом расонид.
Сипас ба Басра мусофират кард ва дар он ҷо аз Абӯосим ан-Набил, Сафвон ибни Исо, Бадал ибни Муҳаббар, Ҳарамӣ, Аффон ибни Муслим, Абулвалид ат-Таёлисӣ, Орим ва дигарон ҳадис шунид. ӯ чаҳор маротиба ба Басра сафар кардааст. Ҳамчунин ба Куфа рафта, аз Абдуллоҳ ибни Мӯсо, Исмоил ибни Абон, Абӯғассон ва доираи илмии онҳо дарси ҳадис гирифт. Баъд аз он муҳаддиси бузург вориди Бағдод шуд ва дар он ҷо аз Аҳмад ибни Ҳанбал, Муҳаммад ибни Исо ас-Саббоғ, Шурайҳ ибни ан-Нӯъмон ва доираи илмии онҳо ҳадис шунид. Чун барои видоъ назди Имом Аҳмад ибни Ҳанбал рафт, ӯ бо дарду алам гуфт: “Илму аҳл (илми ин ҷо)-ро тарк карда, ба Хуросон меравӣ”. Дар марҳилаи баъдӣ сафари ӯ ба Шом идома мепазирад ва дар он ҷо аз ал-Фарёбӣ, Одам ибни Иёс, Ҳаёт ибни Шурайҳ ва дигарон дарс мегирад. Сипас Имом ба Миср раҳсипор шуда, дар назди Усмон ас-Соиғ, Саъид ибни Абӯмарям, Абдуллоҳ ибни Букайр, Аҳмад ибни Шабиб, Асбағ ибни ал-Фараҷ ва дигарон дарси ҳадис мехонад.
ӯ ҳамчунин дар ал-Ҷазира (шимоли Сурия) низ будааст ва аз дарси Аҳмад ибни Абдулмалик ал-Ҳарронӣ, Аҳмад ибни Язид ал-Ҳарронӣ, Амр ибни Халаф, Исмоил ибни Абдуллоҳ ар-Раққӣ ва дигарон баҳра бардоштааст. Аз шаҳру ноҳияҳои Хуросону Ироқи Аҷам – монанди Марв, Балх, Ҳирот, Нишопур, Рай, Кӯҳистони Хуросон ва манотиқи дигар тақрибан ҷое намондааст, ки ӯ нарафта ва аз олимони он ҷойҳо ҳадис нашунида бошад. Ва худ чунин иқрор шудааст: “Аз ҳазор бештаранд шайхоне, ки ман аз онҳо ҳадис шунидаам. Ва назди ман ҳадисе нест, ки исноди онро дар ёд надошта бошам”.
Ниҳоят, Имом ал-Бухорӣ ба ватани худ – Бухоро баргашта, ба таҳқиқу тадрису таълиф машғул гардид, вале дар чанд масъала миёни ӯву ҳокимони ондавраи Бухоро ихтилофоте пайдо мешаванд, ки ӯро ба  тарки ватан кардан маҷбур месозад. Азбаски мардуми Cамарқанд чандин бор намоянда фиристода ӯро барои таҳқиқу тадрис ба шаҳри худ даъват карда буданд, ӯ аз зодгоҳаш роҳ ба сӯйи ин шаҳр пеш мегирад. Имом дар деҳаи Хартанг, воқеъ дар дуфарсахии Самарқанд, ки роҳ аз он мегузашт, дар хонаи яке аз хешовандонаш таваққуф мекунад, вале мусофирати худро ба поён нарасонида, дар ҳамон деҳа рӯзи 30 рамазон (шаби иди Фитр)-и соли 256 ҳиҷрии қамарӣ (31 августи 870) дунёи фониро падруд мегӯяд. Рӯзи ид баъди намози пешин ӯро ба хок супурдаанд. Баъдтар ин мавзеъ Пойариқ ном гирифт, мазори Имом дар он ҷо то алҳол мавҷуд аст. Дар оғози асри XXI ҳудуди мазор ниҳоят васеъ гардид, ба макони хурраму ободон табдил ёфт ва ниҳоятан номи ба худ бисёр муносиб – Хоҷа Исмоилро гирифт. Ин ҷой дар Осиёи Марказӣ ягона мазорест, ки дар тамоми олами ислом маъруф буда, зиёрати онро ҳар як мусулмон барои худ шарафи бузург медонад.  
Дар бораи Имом ал-Бухорӣ сарчашмаҳо ҳам аз забони худи ӯ ва ҳам ба гуфтаи олимони мавриди эътимод нақлу ривоятҳои зиёде овардаанд. Аз ҷумла нақл кардаанд, ки ӯ дар кӯдакияш кӯр шуд ва табибон аз муолиҷааш оҷиз монданд. Модараш дар хоб ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳро дид, ки ба ӯ гуфт: “Ба шарофати дуоҳои бисёрат Худо ба писарат биноияшро бозгардонид”. Модар чун ҳамон шаб аз хоб бархост, дид, ки биноии писараш – Муҳаммад барқарор шуда, нур ба чашмонаш баргаштааст. Аз забони худи Имом чунин овардаанд, ки ӯ дар хоб дид, магас аз рӯи пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, меронад. Баъд ин хоби ӯро чунин таъбир карданд, ки ӯ аз ҷумлаи ҳадисҳои мансуб ба пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, тамоми дурӯғ, маҷъулу машкукро дур ронда, аз байни онҳо фақат ҳадису суннати саҳеҳро ҷудо хоҳад кард. Ҳамчунин қиссаи аз сахттарин имтиҳони олимони Бағдод сарбаландона гузаштан ва ҳамаро дар ҳайрат гузоштани ӯ дар аксари сарчашмаҳо дарҷ аст. Боз ривоят кардаанд, ки аз хоки марқади ӯ муддати мадиде монанди мушк бӯи хуше меомад.
Хатиби Табрезӣ аз Абдулвоҳид ибни Одам ат-Тавовисӣ нақл мекунад, ки гуфтааст: “Дар хоб пайғамбарро, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, дидам, як гурӯҳ саҳобагон ҳамроҳаш буданд ва ӯ дар мавзеъе мунтазир меистод. Ман ба ӯ салом додам, ӯ ҷавоби саломи маро баргардонид, пас гуфтам: “Эй пайғамбари Худо, чаро ин ҷо (мунтазир) истодаӣ?” Гуфт: “Муҳаммад ибни Исмоил ал-Бухориро мунтазирам”. Ва чун баъди гузашти айёме хабари марги ӯ ба ман расид, нигаристам ва чунин (ҳақиқатро) дарёфтам: ӯ дақиқан дар ҳамон соате вафот кардааст, ки ман дар он пайғамбарро, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, (дар хоб) дида будам”. Ва боз чанде дигар аз ин қабил нақлу ривоятҳо дар манбаъҳо сабтанд. Вале аз пояҳои воқеии ин нақлу ривоятҳо як ҷанбаи дигари онҳо барои мо аҳамияти бештаре дорад. Барои касоне, ки дар тӯли таърихи тақрибан 1200-сола бо “ал-Ҷомеъу-с-Саҳеҳ”-и Имом ал-Бухорӣ cару кор доштанду доранд, сабку услуб ва усули эҷоди ин асар мисли як мӯъҷиза ҷилвагар аст. Аз нигоҳи ҳамаи олимони исломию ғайриисломӣ (бидуни ҷонибдорӣ ё кинадории мазҳабӣ нисбат ба “Cаҳеҳ“) ин кори бузургро танҳо шахсе ба анҷом расонида метавонист, ки илова ба истеъдод, қариҳа ва қудрати азими эҷодкорӣ боз бархурдори таъйиди илоҳӣ бошад. Ва Худо аз соҳиби ин китоби “Cаҳеҳ” хушнуду бар равони ӯ меҳрубон бод, ки имоми олимони ислом дар ҳамаи давру замон буда, китобаш “Аҷаллу кутуби-л-ислом ва афзалуҳо баъда Китоби-л-Лоҳи Таъоло” – “Ҷалилтарин ва беҳтарин кутуби ислом баъди Китоби Худои Таъоло” аст.

II

Имом ал-Бухорӣ боре суханронии шайхаш Исҳоқ ибни Роҳавайҳро шунид, ки ба шогирдон мегуфт: “Кошки шумо китоби мухтасари суннати саҳеҳи пайғамбари Худоро, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ҷамъ меовардед!” Ал-Бухорӣ гуфтааст: “Ин сухан дар дили ман ҷой гирифт ва ба ҷамъ овардани (китоби) “ал-Ҷомеъу-с-Саҳеҳ“ пардохтам”. Имом 16 соли умри азизашро дар роҳи ҷамъоварӣ, гузиниш ва нигориши ҳадисҳои ин китоб сипарӣ кардааст. Ва ҳар ҳадисеро, ки бо дақиқтарин усулу шурут бар мегузид, танҳо баъди ғусл карда, ду ракъат намоз хонда аз Худо истихора намудан дар китобаш ҷой додааст. Ал-Бухорӣ ба китобаш фақат ҳамон аҳодисеро аз пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, дохил кардааст, ки аз назари худаш саҳеҳ, санадҳоя¬шон муттасил ва ровиёнашон ба сидқ, адолат ва инзибот машҳур бошанд. ӯ фақат бо шунидани ягон ҳадиси устоди муосир аз забони шогирд иктифо нанамуда, худ рафта он устодро дида, аз забонаш шунида, баъд ба саҳеҳ будан ё набудани ин ё он ҳадис мутмаин гардидааст. Бинобар ин китоби ӯ ҳам аз лиҳози вақту замон, ҳам аз ҷиҳати мақому манзалат ва ҳам аз нуқтаи назари қимати илмӣ нахустин, беҳтарин ва дурусттарин китоби суннат буд, ки дар он фақат ҳадисҳои саҳеҳи пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, бо усули дақиқ ва шартҳои махсус баргузидаву дарҷ гардидаанд.
Муҳаққиқон дар мавриди ба шӯъбаву шохаҳо тақсим шудани илм, ба хусус илми фиқҳ аз як тараф ва ба китобҳо ва бобҳо дастабандӣ гардидани “Саҳеҳ”-и Имом ал-Бухорӣ аз тарафи дигар, мувофиқату ҳамоҳангиро ба мушоҳида гирифтаанд. Дар ин ҷо низ дақиқкорию борикбинии Имом зоҳир аст: ӯ китобҳо ва бобҳои “Саҳеҳ”-ро чунон номгузорӣ намудааст, ки муҳтавои ҳадис ё ҳадисҳои ҳар боб бо унвони он мувофиқати комил дорад. Фақат дар баъзе ҳолатҳо хонанда дар асоси ҳамин мувофиқати номи бобу муҳтавои аҳодис ҳадисеро дар бобе ҷустуҷӯ мекунад, вале ғайри чашмдошт онро аз боби дигар меёбад. Ин ҳолат ва рабти мантиқии онҳоро шореҳони сершумори “Саҳеҳ” ба дараҷаи қонеъкунанда тавзеҳ додаанд. Имом бисёре аз калимаву иборот ва мазмуни ҳадисҳоро худ шарҳ дода, пайванди маъноии байни ҳадис ва оёти қуръониро тафсир кардааст. Ин шарҳу тафсирҳои Имом ал-Бухорӣ дар матни китоб бештар баъди ибораи «Абӯабдуллоҳ гуфт» омадааст. Фатвову баёноти саҳобагон, тобеин ва фикру андешаҳои олимон низ барои тақвияти матлаб оварда шудаанд. Баъзан ал-Бухорӣ ҳадисеро ба чанд порча тақсим карда, ҳар якеи онро аз рӯйи мавзӯъ дар боби муносибу мувофиқ дарҷ намудааст. Маъмулан теъдоди ҳадисҳои “ал-Ҷомеъу-с-Саҳеҳ”-и Имом ал-Бухориро аз 7200 то 7400 нишон додаанд. Вале дар нашри 15 ҷилдаи академикии “Фатҳу-л-Борӣ би шарҳи “Саҳеҳи-л-Бухорӣ” ли-л-Ҳофиз Аҳмад ибни Алӣ ибни Ҳаҷар ал-Асқалонӣ (Байрут, “Дору-л-Фикр”. – 1990) ин теъдод 7563 ҳадис ва ба истиснои ҳадисҳои такроршуда 4000 ҳадис мебошад. Имом ал-Бухорӣ, ба эътирофи худаш, ин теъдодро аз миёни 600000 ҳадис, ки 200000 онро аз ёд медонистааст, баргузида, дар нӯҳ ҷузъ (ҷилд), 97 китоб ва 3450 боб дастабандӣ кардааст. Китоби Имом ал-Бухорӣ бо номи “Саҳеҳ” ё “ал-Ҷомеъу-с-Саҳеҳ” машҳур шуда бошад ҳам, вале унвони пур¬раи он чунин аст: “ал-Ҷомеъу-л-муснаду-с-саҳеҳу-л-мухтасар мин умури расули-л-Лоҳи, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам ва сунаниҳи ва айёмиҳи” (Маҷмӯаи мухтасари исноддори дуруст аз умур, суннатҳо ва рӯзгори пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам). Китоби Имом ал-Бухорӣ аз вақти навишта шуданаш то имрӯз аз тарафи олимони исломӣ (ва ғайри исломӣ низ) мавриди иноят, омӯзиш, баррасӣ, шарҳу тавзеҳ, ихтисору интихоб қарор гирифт. Танҳо адади шарҳҳои ин асар болиғ ба 82 аст, ки 11-тои он ба чоп расидааст. Ва то ҳол 28 нафар бар “Саҳеҳ”-и ал-Бухорӣ тавзеҳот навиштаанд, 15 нафари дигар онро хулоса намуда, 16 нафар бар он муқаддима навиштаанд. Мухтасари “Саҳеҳ” ё мунтахаби ҳадисҳои он аз қадим то имрӯз ба забони форсӣ-тоҷикӣ борҳо тарҷума ва шарҳу тавзеҳ шудааст. Чанде аз шарҳҳои машҳури “Саҳеҳ”-и ал-Бухориро дар ин ҷо феҳриствор номбар мекунем:
1. “Фатҳу-л-Борӣ би шарҳи “Саҳеҳи-л-Бухорӣ”-и Ибни Ҳаҷар ал-Асқалонӣ (ваф. соли 1428).
2. “Умдату-л-қорӣ фӣ шарҳи-л-Бухорӣ”-и Маҳмуд Бадруддин ал-Айнӣ (ваф. соли 1451).
3. “Ат-тавшеҳ ала-л-Ҷомеъи-с-Саҳеҳ“-и Ҷалолуддин ас-Суютӣ (ваф. соли 1505).
4. “Иршоду-с-сорӣ ли шарҳи “Саҳеҳи-л-Бухорӣ”-и Абулаббос ал-Қасталонӣ (ваф. соли 1517).
Баъд аз Имом ал-Бухорӣ шогирдону пайравонаш кори ӯро идома доданд ва худ маҷмӯаҳои аҳодиси набавӣ – баъзе бо номи “Саҳеҳ” ва бархеи дигар бо номи “Сунан” таълиф кардаанд. Аз байни ҳамаи ин таълифот 5 китоб машҳур аст, ки дар маҷмӯъ бо “Саҳеҳ”-и ал-Бухорӣ” “Сиҳоҳи Ситта” – “Шаш Китоби “Саҳеҳ”-ро ташкил медиҳанд. Ва ин шаш китоби ҳадиси аҳли суннат ва ҷамоат аст, олимон, фақеҳон, муҳаддисон бар он эътимод доранд ва аркони асосии илми ҳадис аст. Ва он панҷи дигар ин аст:
1. “Ал-муснаду-с-саҳеҳу-л-мухтасар мина-с-сунан би нақли-л-адли ани-л-адли ан расули-л-Лоҳи, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам” (Китоби исноддори саҳеҳи мухтасар аз суннатҳо бо нақли ровии одил аз ровии одил, аз пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам)-и Имом Абулҳусайн ибни ал-Ҳаҷҷоҷ ибни Муслим ибни Вард ибни Кӯсоз ал-Қушайрӣ ан-Нисобурӣ (ваф. соли 875), ки бо номҳои мухтасари “Саҳеҳ”-и Муслим ва “ал-Муснаду-л-Кабир” машҳур аст.
2. “Ал-Ҷомеъу-л-Кабир”-и Имом Абӯисо Муҳаммад ибни Исо ибни Сура ибни Мӯсо ас-Суламӣ ал-Буғӣ ат-Тирмизӣ (ваф. соли 892), ки бо номҳои мухтасари “Саҳеҳ”-и ат-Тирмизӣ ва “аc-Cунан”-и ат-Тирмизӣ машҳур аст.
3. “Китобу-с-Сунан”-и Имом Абӯдовуд Сулаймон ибни ал-Ашъас ибни Исҳоқ ибни Башир ал-Аздӣ ас-Сиҷиcтонӣ (ваф. соли 889), ки бо номи “ас-Сунан”-и Абӯдовуд машҳур аст.
4. “Китобу-с-Сунани-л-Кубро”-и Имом Абӯабдурраҳмон Аҳмад ибни Шуъайб ибни Алӣ ибни Синон ибни Баҳр ибни Динор ал-Хуросонӣ ан-Насоӣ (ваф. соли 915), ки бо номи “аc-Cунан”-и ан-Насоӣ машҳур аст.
5. “Китобу-с-Сунан”-и Имом Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Язид ибни Моҷа ар-Рабъӣ ал-Қазвинӣ (ваф. соли 887), ки бо номи “аc-Cунан”-и Ибни Моҷа машҳур аст.
Албатта, гули сари сабади ин “Сиҳоҳи Ситта” ба эътирофи умум китоби “ал-Ҷомеъу-с-Саҳеҳ”-и Имом ал-Бухорӣ мебошад. Аз ин мавқеъ олимон ҳамаи ҳадисҳоеро, ки саҳеҳ (яъне дуруст) дониста шудаанд, ба 7 намуд тақсим кардаанд: 1) ҳадисҳое, ки онҳоро ҳам Имом ал-Бухорӣ ва ҳам Имом Муслим ривоят кардаанд; 2) ҳадисҳое, ки онҳоро фақат Имом ал-Бухорӣ ривоят кардааст; 3) ҳадисҳое, ки онҳоро фақат Имом Муслим ривоят кардааст; 4) ҳадисҳое, ки онҳоро на Имом ал-Бухорӣ ва на Имом Муслим ривоят накардаанд, лекин ҷавобгӯи шартҳои ҳар ду имом мебошанд; 5) ҳадисҳое, ки ҷавобгӯи шартҳои Имом ал-Бухорӣ мебошанд; 6) ҳадисҳое, ки ҷавобгӯи шартҳои Имом Муслим мебошанд; 7) ҳадисҳое, ки онҳоро имомони дигар “саҳеҳ” гуфтаанд. Олимон фазилати Имом ал-Бухорӣ ва баъди ӯ Имом Муслимро дар он мебинанд, ки онҳо дар таълифи китоби худ танҳо ба ҳадиси саҳеҳ эътимод кардаанд. Бинобар ин китоби ҳар дуро дар якҷоягӣ “Саҳеҳайн” ва худашонро Шайхайн мегӯянд. Ин чунин маъно дорад, ки ба ҷуз саҳеҳ боз ҳадис будааст. Бинобар ин аз ҷиҳати радду қабул ҳамаи ҳадисҳоро ба се қисм ҷудо кардаанд: cаҳеҳ (дуруст), ҳасан (хуб) ва заиф (суст).
1. Саҳеҳ. Барои ҳадиси саҳеҳ ба ғайр аз он 7 намуди дар боло зикршуда, ки бо номи Имом ал-Бухорӣ ва “Саҳеҳ“-и ӯ иртибот дорад, боз чунин таъриф овардаанд, ки силсилаи санадаш мушаххас бошад ва ровии одили дақиқ аз ровии одили дақиқи дигар нақл кунад то ба пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ё манбаи аслии он – саҳобӣ ё поинтар аз он – тобеъӣ интиҳо ёбад бад-он шарт, ки шозз ё маъюб набошад. Шозз – ҳадисест, ки ровии он шахси мавриди бовар ва эътимод бошад, аммо ривояти ӯ аз ривояти ровиёни дигар, ки низ ҳама мавриди бовар ва эътимод ҳастанд, фарқ дошта бошанд; маъюб (муаллал) – ҳадисест, ки он як айби махфӣ дошта бошад, чунончи ровӣ аз касе ривоят кунад, ки ҳаргиз ӯро надидааст. Олимони ҳадисшинос монанди ин боз айбҳои дигарро номбар кардаанд.
 Ҳадиси саҳеҳ ду навъ аст: саҳеҳи зотӣ, ки худ ба худ саҳеҳ аст; саҳеҳи аразӣ, ки қаринае ё амре берунӣ саҳеҳ будани ҳадисро эҷоб кунад.
2. Ҳасан – ҳадисест, ки силсилаи санадаш ба воситаи ровиёни одил яке пас аз дигаре то ба пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам ё саҳобӣ расад ва ровиёни ин гуна аҳодис ба дараҷаи диққат ва муҳкамкории ровиёни ҳадиси саҳеҳ наздик бошанду ҳадисашон шозз ва маъюб набошад. Ҳадиси ҳасан низ ду навъ аст: ҳасани зотӣ, яъне худ ба худ ҳасан (хуб) аст; ҳасани аразӣ, ки амри берунӣ мӯҷиби мақбул будани ҳадис бошад, чунон ки яке аз ровиёнаш маҷҳул бошад, яъне шоистагӣ ё ношоистагии ӯ собит нашуда бошад, вале ба ғафлату дурӯғ муттаҳам набошад. Илова ба ин ривояти дигар аз ҷиҳати алфоз ё маъно он ҳадисро тасдиқ кунад.
3. Заиф – ҳадисе аст, ки ҷавобгӯи шартҳои дар ҳадисҳои саҳеҳ ва ҳасан зикршуда набошад. Ҳадисро ба он сабаб заиф номидаанд, ки ё дар иснод ва ё дар матнаш маншаи заъф вуҷуд дорад. Ҳадиси заиф чандин навъ дорад, чунончи: мурсал, мунқатеъ, шозз, мункар, муаллал, музтариб, мақлуб ва ғайра. Ҳамаи онҳо дар китобҳои илми ҳадис муфассал баён шудаанд. Байни муҳаддисон маъруф аст, ки қабл аз Имом ат-Тирмизӣ тақсимбандии аҳодис ба ақсоми сегона вуҷуд надошт. Имом ат-Тирмизӣ ҳангоми таълифи “ал-Ҷомеъу-с-Саҳеҳ”-и худ ҳадисро ба ақсоми сегонаи мазкур тақсимбандӣ кард.
Матни китоби “Саҳеҳ”-и ал-Бухорӣ, шарҳҳои мухталифи он, мухтасару мунтахаботи он, тарҷумаҳои он ба забонҳои гуногуни ҷаҳон ҳамасола дар олами ислом ва берун аз он бо теъдоди зиёд чоп мешавад. Омӯзиши “Саҳеҳ”-и ал-Бухорӣ ба барномаи таълимии тамоми муассисаҳои олию миёнаи исломии ҷаҳон дохил шудааст. Ба ғайр аз китоби “ал-Ҷомеъу-л-муснаду-с-саҳеҳу-л-мухтасар мин умури расули-л-Лоҳи, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам ва сунаниҳи ва айёмиҳи” боз таълифоти зерин ба қалами Имом ал-Бухорӣ тааллуқ дорад: Таъриху-л-Кабир; Таъриху-л-Авсат; Таъриху-с-Cағир; ал-Ҷомеъу-л-Кабир; Халқу афъоли-л-ибод (Халқи кирдорҳои бандагон); Китобу-з-зуафои-с-Сағир; ал-Муснаду-л-Кабир; ат-Тафсиру-л-Кабир; Китобу-л-ҳиба (бахшоиш); Асомӣ-с-саҳоба; Китобу-л-вуҳдон (соҳибо¬ни як ҳадис); Китобу-л-илал; Китобу-л-куно (куняҳо); Китобу-л-фавоид; Китобу-л-мабсут; ал-Адабу-л-муфрад; Ҷузъу рафъи-л-ядайн (Ҷузъ дар бораи бардоштани ду даст); Бирру-л-волидайн (Некӯии падару модар); Китобу-л-ашриба (Нӯшокиҳо); Ҷузъу-л-қироати халфа-л-имом (Ҷузъи қироат (дар намоз) аз пушти сари имом); Китобу-р-риқоқ (Бандагон).

III

Фикри тарҷума ва нашри “ал-Ҷомеъу-с-Саҳеҳ”-и Имом ал-Бухорӣ ва онро ҳамчун намунаи олии муқаддасоти мусулмонони ҷаҳон ва мероси тиллоии илму фарҳанг ва оини ниёгон дар дастраси тоҷикон қарор додан дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гардид. Чунон ки зикр шуд, матни “Саҳеҳ”-и ал-Бухорӣ, шарҳ, хулоса ва тарҷумаҳои он нусхаҳои дастхату чопии бешумор низ доранд. Аз ин рӯ ҳангоми тарҷума кардани матни “Саҳеҳ“ ба забони тоҷикӣ барои интихоби нусха ва эътимоду иттико бар он мушкилие ба миён наомад. Ҳангоми тарҷума асосан ба матни ду чопи академикии шарҳи он “Фатҳу-л-Борӣ”-и Ибни Ҳаҷар ал-Асқалонӣ эътимод карда шуд:
1. “Фатҳу-л-Борӣ би шарҳи “Саҳеҳи-л-Бухорӣ” ли-л-Ҳофиз Аҳмад ибни Алӣ ибни Ҳаҷар ал-Асқалонӣ (773-852 ҳ./ 1362-1449 м.) / Табъатун мусаҳҳаҳатун ало иддати нусахин ва ани-н-нусхати-л-латӣ ҳаққақа усулаҳо ва аҷозаҳо-ш-Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз, “Дору-л-Фикр” ли-т-тибоати ва-н-нашри ва-т-тавзеъ. – Байрут, Лубнон. – 1411 ҳ./ 1991 м. – 15 муҷалладан. (“Кушоиши Худо ба шарҳи “Саҳеҳ”-и ал-Бухорӣ”-и Ҳофиз Аҳмад ибни Алӣ ибни Ҳаҷар ал-Асқалонӣ (773-852 ҳ./ 1362-1449 м.) / Чопи тасҳеҳшуда бар якчанд нусха ва аз нусхае, ки Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз усули онро таҳқиқ карда (ба чоп) иҷозат додааст, (муассисаи) “Дору-л-Фикр” барои чоп, нашр ва паҳн кардан. – Байрут, Лубнон. – 1411 ҳ./ 1991 м. – 15 ҷилд.).
2. “Фатҳу-л-Борӣ би шарҳи “Саҳеҳи-л-Бухорӣ” ли-л-Имоми-л-Ҳофиз Абилфазл Аҳмад ибни Алӣ ибни Ҳаҷар ал-Асқалонӣ (773-852 ҳ./ 1362-1449 м.) / Тамма-т-таҳқиқу ва-л-муроҷаъату ва-л-фаҳрасату. Ал-Қоҳира, “Дору Абӣ Ҳайён”. – 1416 ҳ./ 1996 м. – 16 муҷалладан. (“Кушоиши Худо ба шарҳи “Саҳеҳ”-и ал-Бухорӣ”-и Имоми Ҳофиз Абулфазл Аҳмад ибни Алӣ ибни Ҳаҷар ал-Асқалонӣ (773-852 ҳ./ 1362-1449 м.) / Бо таҳқиқи матн, муроҷиат (ба сарчашмаҳо) ва таҳияи феҳристҳо. – Қоҳира, “Дору Абӣ Ҳайён”. – 1416 ҳ./ 1996 м. – 16 ҷилд).
Табиист, ки ин ду чоп ба унвони матни асл аст ва доираи сарчашмаҳои мавриди истифодаву эътимод ҳаргиз ба он маҳдуд набудааст. Зеро мусаллам аст, ки анҷом додани коре мисли тарҷумаи “Саҳеҳ”-и ал-Бухорӣ ба забони тоҷикӣ бидуни эътимод ба тамоми нусхаҳову шарҳҳои дастраси матн, бидуни ҷалби матни тарҷумаи китоб ба забонҳои мухталиф, аз қабили англисию ӯзбекӣ (ҳар ду тарҷумаи матни комил) ва русию форсӣ (ҳар ду тарҷумаи ҳадисҳои мунтахаб) имконпазир нест. Вале дар ҳамаи тарҷумаҳо, бе истисно, фақат матни ҳадис бо зикри номи охирин манбаи аслии пеш аз пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам – саҳобӣ ё тобеъӣ оварда шудааст. Мо дар ин кори худ бори аввал ҳамроҳ бо матни ҳадис исноди онро низ тарҷума кардем. Илова бар он, Имом ал-Бухорӣ дар бисёр мавридҳо бевосита баъди унвони боб баъзе фатвоҳову баёноти саҳобагон, тафсиру шарҳ, тавзеҳи худаш ё аз они ин ё он олими машҳурро овардааст, ки мо ин порчаҳоро низ тарҷума кардем. Яъне бар хилофи ҳамаи тарҷумаҳои дигар мо фақат бо матни ҳадис маҳдуд нашуда, тамоми матни “ал-Ҷомеъу-с-Саҳеҳ” – номи китобҳо, унвони бобҳо, тафсир, шарҳ, тавзеҳот, иснод, таҳвилҳои иснод – қабл аз матни ҳадис; таълиқот ё эзоҳоти ровиён ё худи муаллиф дар зимни матни ҳадис; пайравиҳои айнӣ ё бо каме тағйироти ровиён дар ривояти ин ё он ҳадис ё ҷузъи ҳадис ба якдигар – баъди матни ҳадисро аз ғайри ихтисор кардан бе каму кост тарҷума намудем. Албатта, барои тарҷумаи иснод ва таҳвилҳои он малакаву маҳорати зиёди тарҷумонӣ даркор нест ва барои оммаи васеи хонандагон ин кор шояд лузуме ҳам надошта бошад. Лекин бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, ки иснод худ яке аз нишондиҳанда ва шартҳои асосии саҳеҳ ё ғайри саҳеҳ будани ин ё он ҳадис аст; ва низ азбаски гоҳо дар зимни иснод барои ҳадис маълумоти хеле муҳиму муфид оварда мешавад; ва дар ниҳояти кор иснод, тафсир, шарҳ, тавзеҳот, таълиқот ва маънидодҳои иловагии ҳошияи ҳадис низ ҷузъи ногусастании матни китоби “Саҳеҳ”-и Имом ал-Бухорӣ аст, мо тарҷумаи онро зарур донистем.
Олимон, муҳақиқон ва пажӯҳишгарони илми ҳадис медонанд, ки ҳар як ҳадис ва суннати пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, зимни хутбае, бинобар муносибате, вобаста ба ҳодисае, ҷавобан ба суоле, вокуниш ба амале ва ҳаракате ба вуҷуд омадааст. Ва то замоне ки ҳадис алоқамандона бо хутба, ҳодиса, пурсиш, падида, амал ва ассотсиатсияҳои дигари худ дар ҳофизаҳо монда буд, мардум онро мефаҳмиданд ва ниёзе ба шарҳу тавзеҳи иловагӣ набуд. Вале бо мурури замон ин нуктаҳо аз ёдҳо сутурда шуданд ва ҳам касоне, ки онҳоро дар ёд доштанд, аз миён рафтанд. Дар ин мавқеъ аксари ҳадисҳо бидуни шарҳ, тавзеҳу маънидоди иловагӣ номафҳум гардид. Шарҳҳои бешумори “Саҳеҳ”-и ал-Бухорӣ ва умуман “Сиҳоҳи Ситта”, ба фикри мо, дар радифи сабабҳои дигар ба тақозо ва эҷоби чунин вазъият низ навишта шудаанд. Аз ин ҷиҳат тарҷумаи хушки матни ҳадис бо вуҷуди аз лиҳози ҳар ду забон – аслу тарҷумашаванда – дурусту саҳеҳ будан бе калимоту ибороти тавзеҳӣ барои хонандаи имрӯза чандон фаҳмо нахоҳад буд. Дар ҳамаи тарҷумаҳои забонҳои мухталиф дар зимни матни ҳадис ё берун аз он дар шакли ёддоштҳо дар поварақӣ ё охири китоб шарҳу тавзеҳоте аз тарафи тарҷумонон оварда шудааст. Мо ҳам аз ин кор гузир надоштем ва ҳар як калимаву ибораи барои ин ё он калимаву ибораи тавзеҳталаби ҳадис афзудаамон ва ҳар як тарҷумаи порчаҳои арабии дар матни тоҷикӣ бударо (гоҳо такроран) дар ҳамон мавқеи истифода шуданаш дар байни қавсайн ҷой додем. Ин кор барои мо душвории дигар ба миён овард: мо назди худ шарт гузоштем, ки дар сурати бо ё бе афзудаҳои байни қавсайни мо хондани матн ҳам ҷумлаҳои аз лиҳози сарфу наҳв ва мантиқ ба ҳам марбут ба даст ояд. Он ҳама “-и”-ҳои изофӣ ва пасванду пешвандҳои дигар, ки ба воситаи дефис аз калимаи асосӣ ҷудо шуда ё байни қавсайн ё берун аз он ҷой гирифтаанд, ба хотири ҷавобгӯи ҳамин шарт будан ба вуҷуд омаданд. Дар ин раванд як “васваса” ҳам пайдо шуд, ки ҳамон афзудаҳои худамонро бе қавс нависем. Аз як нигоҳ ин “васваса” бе асос ҳам набуд: он афзудаҳо, ки мо бо даҳони пур “аз они мо” мегӯем, чандон аз они мо нест. Асли ҳақиқат дар он аст, ки барои ҳар як калима, ибора, ҷумла, ном ва умуман матни шарҳталаби ҳадис дар китобҳо чандин варианти шарҳу тавзеҳ овардаанд ва мо аз рӯи фаҳмиш ва салоҳдиди худ яке аз он вариантҳоро маъқулу мақбул шумурда, ба унвони афзудаҳои худамон ба матни тарҷума дохил кардем. Ва дар сурати бе қавс навиштани он афзуда мо муртакиби ду амали нораво хоҳем буд: 1) тағйири матни асл; 2) таҳмили фаҳмиши худамон ба хонанда. Бо ин мулоҳиза қарор додем, ки он афзудаҳоро “аз они мо” гӯем ва дар байни қавсайн ҷой диҳем. Мунтаҳо, бо ин кор мо лоақалл ба хонанда як варианти шарҳ (ё фаҳмиш)-ро пешниҳод мекунем. Барои ифодаи ду калимаи арабӣ – “расул” ва “набӣ” як муодили тоҷикии онҳо – “пайғамбар” кор фармуда шуд; ва марбут ба ин нукта “расулу-л-Лоҳ” ва “набийю-л-Лоҳ” низ бо як ибора – “пайғамбари Худо” тарҷума гардид. Дар ҳама ҷо “пайғамбар” ва “пайғамбари Худо” (ба истиснои ҷонишини “ӯ” ё “вай”, ки ба пайғамбар оид аст) бо “салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам” ҳамроҳ омадаанд. Ҳамаи оятҳои қуръонии дар “Саҳеҳ” омадаро мутобиқи мавзӯи матни аҳодис тарҷума намудем. Китобҳо, бобҳо ва ҳадисҳои “Саҳеҳ”-и ал-Бухорӣ дар асоси матни “Фатҳу-л-Борӣ”-и Ибни Ҳаҷар ал-Асқалонӣ рақамгузорӣ карда шуд. Дар матни тарҷума китобҳо бо рақами римӣ ва бобу ҳадисҳо бо рақами арабӣ ишора шуданд. Роҷеъ ба бобҳо бояд тазаккур дод, ки онҳо дар дастхату чопҳои мӯътабари собиқ рақам надоранд. Бинобар ин дар баъзе чопу тарҷумаҳои навин рақами бобҳо дар қавсайн ҷой дода шудаанд. Мо низ ҳамчунин кардем. Бояд тазаккур диҳем, ки роҳбарии бевосита ва назорати илмии ин кор ҳамеша ба уҳдаи Саиднуриддин Шаҳобуддинов мебошад. Устод ҷилдҳои нашршударо бо диққату ҳавсалаи тамом, бо қалами дар ин гуна мавридҳо “бераҳми” ба аҳли илм маълуми худ хонда, таҳрир карданд ва қадами моро аз лағзишу заллатҳо эмин доштанд. Дар таҳрири матни тоҷикӣ ва аз нигоҳи услубшиносӣ хонданбоб шудани ду ҷилди аввали он устоди зиндаёд Салоҳ Солеҳов дастгиру мададгори мо буданд. Таҳрири чаҳор ҷилди боқимондаро устод Ҷумъабой Азизқулов бо камоли хушнудӣ ба зимма гирифтанд. Ба нақша гирифта будем, ки матни комили “ал-Ҷомеъу-с-Саҳеҳ”-и Имом ал-Бухорӣ дар 6 ҷилд чопу нашр шавад. То имрӯз чаҳор ҷилди ин китоби бузург дар шакли тарҷумаи тоҷикии он дастраси хонандагон гардид. Ҳоло ҷилди панҷуми он омодаи чоп аст, ки бо ҳадиси рақами 6411 анҷом меёбад ва ҷилди шашум дар иҷрои муваффақонаи ин кори писандида нуқтаи “таммат билхайр” хоҳад гузошт. “Ва охиру даъвоно ани-л-ҳамду ли-л-Лоҳи Рабби-л-оламин” – “Ва поёни дуоямон сипосу ситоиш Худорост – Парвардигори оламҳо”.

Муҳаммадҷон УМАРОВ
Файзулло БАРОТЗОДА
моҳи майи соли 2015