“Хилофати исломӣ” – қудсияти динӣ надорад! (қисми I)

Нуқтаи  бо ҳам пайваст шудани арзишҳои динӣ ва миллӣ  ин ҳаёти  ин дунёии  инсон аст ва танҳо дар раванди ҳаёти воқеии инсон  нақш доранд. Ҳаёти инсон динро маънӣ медиҳад ва берун аз ҳаёти инсон дин моҳияту маъно пайдо карда наметавонад ва ҳатто охират инъикос ва ҷамъбасти аъмоли ин дунё аст
Бояд зикр намуд, ки ҳувияти миллӣ дар такя ба заминаҳои таърихи рушд меёбад ва дар раванди рушди иҷтимоӣ-сиёсии ҷомеа ва ташаккули шуури миллӣ нақши бориз дорад. Маҳз бо таҳкими ҳувияти миллӣ ҳар кас як ҷузъи миллат будани худро дарк мекунад ва дар амал татбиқ намудани  сиёсати давлати миллиро вазифаи худ бояд шуморад ва барои ягонагии миллат, худшиносӣ ва таҳкими истиқлолияти миллӣ кӯшиш намояд. Бояд зикр кард, ки  фарҳанг, забон, анъанаҳои миллӣ, ҷашну маросимҳо арзишҳое ҳастанд, ки  дар рафти  ҳаёти инсон ташаккул меёбанд ва онҳо таҷассумгарӣ ҳаёти ин ё он миллату қавм мебошанд ва сабаби бақои миллат  дар раванди таърих мебошанд. 
Нуқтаи  бо ҳам пайваст шудани арзишҳои динӣ ва миллӣ  ин ҳаёти  ин дунёии  инсон аст ва танҳо дар раванди ҳаёти воқеии инсон  нақш доранд. Ҳаёти инсон динро маънӣ медиҳад ва берун аз ҳаёти инсон дин моҳияту маъно пайдо карда наметавонад ва ҳатто охират инъикос ва ҷамъбасти аъмоли ин дунё аст. Шояд дар ягон олами малакути дин бошад, вале чун  мо бо он сару кор надорем, дар ин масъала баҳс ҳам ба мақсад мувофиқ намешуморем. Арзишҳои фарҳангӣ дар пайвастагӣ  бо  ҳаёти ҷамъиятии ин ё он қавм ташаккул меёбанд ва вобаста ба равандҳои сиёсӣ арзи ҳастӣ мекунанд. Дар умқи худ фарҳанг ба сиёсат пайваст намешавад, вале сиёсати миллиро ташаккул медиҳад.  Аз байн бурдани  фарҳанги  мардуми бумӣ  ва таҳмил намудани анъанаҳои миллии бегона болои мардуми кишварҳои ишғолнамуда ин воқеияти ҳаётӣ аст ва баъзе чунин амалро миссияи таърихии худ медонистанд. Ҳарчанд ин арзишҳо барои мардуми бумӣ бегона буданд, вале истилогарон аз тариқи истифодаи бартариятҳои  низомӣ ва динӣ-идеологӣ бар он кӯшиш доштанд. Аз ин рӯ, дар масъалаи зер миёни юнониҳову араб ва муғулу турк  дар муносибат бо тоҷикон ягон тафовут нест ва  ҳамаи инҳо  ҳодисаҳои таърихиро такрор карданд. Вале  фарҳанги миллӣ ҳамеша истодагарӣ кардан тавонист, зеро фарҳанги як миллат ин ҳастии этникӣ он миллат дар миёни дигарон аст ва  нест кардани фарҳанг маънои нест шудани он миллат аст. Бақои давлатдорӣ бо фарҳанги мардумӣ  вобаста аст ва анъанаҳои бегонае, ки аз тариқи истилоҳову зулм ё роҳҳои дигар ворид шудаанд ва бо фарҳанги маҳаллӣ омехта шуданд, наметавонанд ҷои арзишҳои асосиро гиранд. Тамоми ширину ҷазобияти  хондани суруди “Аллаи модар” бо забони тоҷикӣ аст. Чӣ арзиш аз он барои як тоҷик мемонад 
Пайванди дин бо сиёсат:
Дар динҳои қавмию миллии мардуми форсизабон ҳокимияти сиёсӣ аз ҳокимияти динӣ ҷудо буд ва он сареҳан дар Вандидоди Авасто таъкид шуда буд. Вале дар таърих дахолати руҳоният ба сиёсат ва кори давлатдорӣ ва ба даст гирифтани  лаҷоми ҳокимияти сиёсӣ аз ҷониби  руҳоният( мӯбадон)  ба амал омада будааст. Дар ҳам пайвастани ҳокимияти динию сиёсӣ барои бартарият додани диндории худ дар ҷомеа бар дигарон сабаби муноқишаҳои миёни рӯҳоният  ниҳоят ба ҷангу  ҷидол оварда расонда буд ва пояи давлат низ аз ин муноқишаҳои дохилӣ заъиф мешуд. (ниг. Китоби Фирдавсӣ ҳаёт ва осор ӯ). Дар натиҷа мардуми бумӣ аз дастгирии чунин низоми давлатдорӣ канорагирӣ намуда, истилоҳи бегонагонро барои халосӣ аз ин зулми дохилӣ дастгирӣ мекарданд. Ҳарчанд ин иштибоҳо баъдан бар сари ин мардум бадбахтиву зулми аз ин зиёдтар ва даҳшатовартар оварда буданд. Ниҳоятан масъала ба нест шудани онҳо ҳамчун қавми дорои фарҳангу анъанаҳои хоси худ оварда расонд.
Чуноне ки маълум аст, дар ҷомеаи асри миёнагӣ  андешаҳои динӣ  нисбат ба андешаҳои дунявӣ  қавитар буданд. Зеро зулми ҳокимияти сиёсиро диндорон ҳам дастгирӣ мекарданд. Аз тарафи дигар тобеъият аз истилогаронро аз нигоҳи дин асоснок мекарданд ва ҳар як низоми сиёсӣ бояд барои бақои дин хизмат кунад. Зеро рӯхоният аз динҳои ибтидои сар карда то динҳои ҷаҳонӣ худро як навъи вазифадор, меросбар  ва масъул дар тарғиби дин меҳисобад ва динро бошад моликияти худ медонад. Ҳамон коинон ва ё соҳибони дайру киништ ва ё раҳбонияти насронию муллоҳои исломӣ аввал худро намунаи шахсияти динӣ муаррифӣ мекунанд ва сониян  диндории пайравони ин ё он динро аз рӯи  ҳамон меъёрҳои муқарраркардаашон муайян карда, ҳамчун соҳибони дин метавонанд  дар ҳақи шахс ё гурӯҳи одамон ҳукми динӣ содир кунанд.  Сабаби  тақвият ёфтани чунин андешаҳо дар ҷомеаи мусулмонӣ  аз он иборат аст, ки дини ислом дини фаромиллӣ аст ва ҳар як руҳонӣ кӯшиш дорад, то рафтору кирдор, намуди зоҳирӣ ва гуфторашро бо шахсиятҳои маъруфи араб, ҳамчун намунаи олии мусулмонӣ мутобиқ созад ва он пайванди динию сиёсиро низ фаро мегирад. Ҳарчанд дин дар умқи худ аз сиёсатбозӣ орӣ аст, вале   ҳама гуна назарияҳои сиёсиро дар ниҳоят бо тасаввуротҳои динӣ  пайваст мекунанд ва дорои қудрат дар ҷомеа мегарданд. Бояд зикр кард, ки  фарҳанг, забон, анъанаҳои миллӣ, ҷашну маросимҳо арзишҳое ҳастанд, ки  дар рафти  ҳаёти ҷамъиятӣ  инсон ташаккул меёбанд ва онҳо таҷассумгарӣ ҳаёти ин ё он миллату қавм мебошанд ва сабаби бақои миллат  дар раванди таърих мебошанд. Аз таърих ба мо маълум аст, ки  бақо ва ташаккули арзишҳои фарҳангӣ  ба идеология низоми  сиёсӣ вобастагии зиёд дорад. Мумкин аст, ки дар сарзамине, ки  мардуми дорои  фарҳанги миллӣ таърихӣ ҳастанд,  новобаста аз иродаву хости он мардум бо зӯрии бегонагон низоми сиёсие  таъсис шавад, ки фарҳанги миллиро бо унсурҳои бегона омезиш диҳад ва ё кӯшиши барҳам задани тавофутҳои  фарҳангиро пеш гирад. Чунин ҳодисаҳои  дар таърихи мардуми форсу тоҷик кам набуданд. Аз байн бурдани  фарҳанги  мардуми бумӣ  ва таҳмил намудани анъанаҳои миллии бегона болои мардуми кишварҳои ишғолнамуда ин воқеияти ҳаётӣ аст ва баъзе чунин амалро миссияи таърихии худ медонистанд. Ҳарчанд ин арзишҳо барои мардуми бумӣ бегона буданд, вале истилогарон аз тариқи истифодаи бартариятҳои  низомӣ бар он кӯшиш доштанд. 
Чаҳордаҳ асри гузашта таърихи чист!
Таҷрибаи чаҳордаҳ қарни гузашта чӣ ҳаст. Оё метавон онро сирф таърихи ислом донист ё он таърихи ҳаёти мусулмон аст! Аввал бояд дақиқан пазирем, ки ин давра марбути таърихи мусулмонон аст, на ислом. Онро метавон таърихи таҷрибаи татбиқи ислом дар амал маҳсуб донист ва чунин назар ба ҳақиқат наздиктар аст. Зеро ислом ҳамчун идеяи динӣ бе инсоният, хусусан пайравони он мусулмонон арзи ҳастӣ намедошт. Он чизе ки минбаъд мавриди назар қарор дорем, ин таҷрибаи мусулмонон аст. Зеро дар ин таърих ҳодисаҳои зиёде ҳастанд, ки бо ислом ягон умумият надоранд, балки хоси ҳаёти мусулмонҳое, ки дорои  шаклҳои гуногуни давлатдорӣ, мероси фарҳангӣ, вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ буда, дар минтақаҳои мухталиф зиндагӣ доштанд ва аз ислом чунин баҳрабардорӣ кардаанд. Дар ҳаёти сиёсӣ ва танзими муносибати  ҷамъиятӣ меёрҳои зиёди ғайридиниро татбиқ мекарданд, ки куллан мухолифи таълимоти ислом буданд.  Бинобар ин аз рӯи таҷрибаи ҳаёти мусулмонон  шарҳу тафсири дин  кори саҳл ва нодуруст аст. Вале ин давраро метавон санҷиши мусулмонон аз адои аҳкоми динӣ маҳсуб донист ва онро ба хотири шикасту рез ва давраҳои дурахшони таърих омӯхт ва аз иштибоҳҳои гузашта панд гирифт. Вале ин маънои онро надорад, ки мо ҳамаи иштибоҳҳову нуқсонҳое, ки сабаби бӯҳрону низоъи миёни мусулмонон буданд аз нав зинда кунем, чунон чи имрӯз ин раванд эҳё шуда истодааст, боз оғоз бахшем. Барои араб ин раванд муҳим аст, зеро ҳанӯз  ҳазрати Умар гуфта буд: Мо мардуме будем, ки ба василаи ислом иззат ва қудрат ёфтем ва ҳар гоҳ агар хоҳем иззат аз роҳи дигар ёбем Худованд моро хору заъиф мегардонад, то ин ки боз ба ислом баргардем. Бинобар ин мо вақте ки дар бораи  ислом ҳарф мезанем ин як дин аст, вале агар дар бораи хилофат ҳарф занем, ин аллакай таҷрибаи давлатдории мусулмонон аст, пас аввал бояд воқеъияти таҷрибаи онро мавриди назар қарор диҳем. Дар сурати ғоиб будани Паёмбар вазифаи онро каси дигаре, ки  усули анҷом додани намозро мефаҳмид, анҷом медод. Дар ин маврид Паёмбар ба ин ё он шахс  чунин вазифаро  медод ва ин дар ихтиёри ӯ буд. Вале дар ҳеҷ маврид наметавонист рисолати Паёмбариашро ба каси дигар диҳад. Зеро баргузида шудани ӯ ҳамчун Паёмбар аллакай хосту иродаи ӯ набуд. Чун дар ҳар минтақаи мусулмоннишин олими дин  метавонист  маросимҳои диниро баргузор намояд ва аз лиҳози дин низ ин ягон мушкилот надошт. Яъне ҳар кас метавонист дар асоси дастуроти Қуръону суннат онро анҷом диҳад. Бинобар ин роҳбарияти ҷамъиятӣ-сиёсиро, ки аз лиҳози динӣ қудсият надошт, метавонист бидиҳад. Зеро ягон низоми сиёсӣ ва аз ҷумла хилофат ҳамчун шакли ягонаи низоми сиёсии динӣ дар назди Худованд  муқаддас набуд ва ҳукми илоҳӣ  ҷиҳати табиқи он низ   содир нашуда буд. Бинобар ин бо тамоми кори неку зишт, шикасту рез, зулму истибдод, ҷангу ғорат таназулу таҳаввул, ки фарогири таърихи мусулмонон аст, бархе онро таърихи дини ислом, ки сарчашмаи он Қуръон аст нисбат медиҳанд, мавриди баҳс аст. Зеро дар Қуръон сареҳан адои намоз ё додани закот таъкид шудааст, вале Қуръон бунёди хилофатро ҳамчун низоми ягонаи динӣ ҳукм накардааст, онро намепазирад. Шояд давраҳои муайянро ба хотири татбиқи баъзе аҳкоми динӣ метавон қабул кард, ки дар беҳдошти ҳаёти мусулмонон нақш доштанд. Вале дар умум сулолаҳое зиёде ҳокимият карданд ва зулму ғорат ва ҳаваси нафси худро бо шиорҳои исломӣ мепӯшонданд. Дар таҷрибаи амалии ҳаёти ҷомеаи мусулмонӣ чизе  амалӣ гардид, ки то ҳол идеяҳои зулму истибдоди сиёсӣ домангирӣ мусулмонон аст. Чун дар онҳо манфиати гурӯҳҳои муайян буду халос. Таърихи ислом бо ҳаёти мусулмонон дар ҳам печидааст ва ҳамаи ҳодисаҳои он аз нигоҳи ислом мавриди эътибор ва эътимод нестанд. Зеро ягон таърих, ҳатто таърихи сиёсии уммати исломӣ, хосатан дар назди илм ва дин, муқаддас нест ва зимнан аз назари худи сиёсат ва дин  низ, он масун ва маҳфуз аз хато намебошад.
Бояд қайд намуд, ки Қуръон вазифаи ҳамагуна низоми сиёсиро таъмини адолат, баробарӣ ва ҳифзи арзишҳои ахлоқие, ки Худованд бо онҳо инсонро халифа гардондааст, меҳисобад   ва  мухолифат бо амри Худро маҳкум мекунад. Яъне дар ҷомеаи мусулмонӣ  низ инсон аз ҳуқуқҳое, ки Худованд барои инсон-халифа муқаррар кардааст, бояд  бархӯрдор бошад. Аз рӯи ҳамин принсип адолати иҷтимоии илоҳӣ пойдор мегардад. Бинобар ин таҷовузи ҳудуди илоҳиро Худованд ҳамчун хиёнат бар қудсияти зоти худ ҷазо таъкид кардааст  ва ҳам онро хиёнат дар ҳақи инсон меҳисобад ва барои он ҷазои сазовор  ваъда кардааст. Дар баробари ин Худованд инсонро новобаста аз мансубияти диёнатӣ бо гирифтани таълим, илму маърифат, ташаккули беҳтарин арзишҳои ахлоқӣ, ки хоси махлуқи шарафманди худ инсон-халифа мехоҳад бинад, даъват мекунад. Худованд дар Қуръон барои шиносондани қудсияти Зоти худ бо некӣ ва маърифат 6-125 таъкид кардааст, аз куфру имон 18-29 хабар дода, башариятро дар интихоби куфру имон озодӣ ва ихтиёр додааст, имон овардан даъват кардааст, вале 2-256, маҷбур накардааст. Зеро  инсони озод дар пайравӣ аз арзишҳои инсонӣ-ахлоқӣ  вазифаи таърихӣ ё амонати Худовандро  метавонад амалӣ намояд. Ба таври мисол, хайру эҳсон бар волидайн, меҳнати ҳалол барои ризқу рӯзӣ, кӯмак кардани муҳтоҷу фақир, ахлоқи нек, нафақа додан ба зану фарзанд, некӣ бо ҳамсоягон,  дифоъ аз мулку мол ва тамоми дигар амалҳои аз дидгоҳи дин хайру савоб ҳастанд ва ҳамчун ибодат би зотии маҳсуб мешаванд, ҳамчуноне намозу рӯза ибодат дар назди Ӯст.
Пас суоле ба миён меояд, ки «арконе, ки дар ҳукмронӣ ва тадбири ҷомеа риоят ва ҳифз шаванд, то “ҳукумати исломӣ” ё “хилофат иисломӣ” айният ёбад, яъне низоми мутлақи исломӣ шавад, кадомҳоянд». Масалан барои адои намоз иҷро кардани аркони мазкур зикр шудааст ва амдан тарк кардани онҳо  намозро  ботил мекунад, яъне моҳият ва мақсади намоз ба пуррагӣ адо нагардид. Пас ҳукумати исломӣ бояд арконе хоҳад дошт ва бо мавҷудияти онҳо ҳамчун ҳукумати исломӣ пазируфта шавад ва агар костагӣ ё халале дар иҷрои он аркон падид ояд, он гоҳ  ҳукумати исломӣ нахоҳад буд. Пас аркони давлатдории исломӣ кадомҳоянд ва то ҳол мавриди татбиқи қарор доштанд ё не. Агар ғояи  ташкил кардани давлат берун аз таълимот ва тобеъияти динӣ буда, танҳо масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ  бошад, пас вазифаи ҳукумати динӣ ва аз ҷумла исломӣ  бояд бар асоси ҳидоят, ки фаротар аз идораи сиёсӣ аст, сомон гирад ва он аст, ки Худо мехоҳад. Аммо амали ҳокиму амирӣ бо ном роҳбари давлати исломӣ бар хилофи он чӣ Худо гуфтааст, бошад, чи ҳукм хоҳад гирифт. Илова бар ин масъалаҳои зиёде ҳастанд, ки ҳанӯз ҳам мавриди баҳсу мунозираи доираҳои илмию сиёсӣ қарор доранд. Албатта масъалаи сохтор ва сиёсати давлати исломӣ дар муносибат бо мусулмонони ғайриараб аллакай аз даврони уммавиён ва аббосиён аз меҳвари таълимоти ислом хеле дур рафта буд ва ҳокимият бо тамоми ҳастиаш  манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии  арабро дифоъ мекард. Чун ғайри мусулмон аз ҷумла тоҷику форс наметавонист роҳбари сиёсӣ ё халифа шавад ва манъ кардани иштироки онҳо дар сиёсат бошад, ҳукми динӣ дошт ва он бо ҳадиси «Нест ҳокимият магар барои Қурайш».  Асос мешуд. Минбаъд ҳар як мактаби идеологии исломӣ барои мусулмонон консепсияи сиёсии ҳифзи исломи худро пешкаш мекард, ки  дар татбиқи он манфиати ин гурӯҳхо нуҳуфта буду халос. 
Амирон ва ҳокимон  дар амал на аз рӯи он чи Қуръон ва Паёмбар (с) гуфтааст, балки он чи ман мепазирам амал карданд, ки чунин муносибат масъалаи ҳусни тафоҳуми миёни мусулмононро коста кард. Азбаски ислом дар тамоми масъалаҳои ҳаёти инсон, ахлоқ, ҳуқуқ, имон, эътиқод, амал, муносибатҳои оилавӣ, тиҷорат ва ғ. дахл дошт, арабҳо кӯшиш мекарданд, ки аз диди тафаккури худ онро дар байни мусулмонон амалӣ созанд. Вале на ҳамаи гуфтору кирдори арабҳо дар мантиқаҳои дигар дар доираи ислом буд. Азбаски ислом дар муҳити иҷтимоӣ-фарҳангии аъроб зуҳур ёфта ва Қуръону дигар муқаддасоти ислом бо забони арабӣ иншо гардида буд, ҳуввияти динии аъроб бевосита таҷассумгари  ҳуввияти миллии онҳост. Бинобар он дар сатҳи фарҳангию сиёсӣ ҳарчӣ қадаре ки  ҳуввияти худшиносии динии  арабҳо боло гирад, ҳуввияту худшиносии миллии онҳо низ инкишоф меёбад. Аз ин рӯ, дар аъроб ҳуввияти миллӣ дар нақшу симои ҳуввияти динӣ ифода меёбад. Ва ҳатто ин андешаи қавмиро мехоҳанд асоси динӣ диҳанд. Модоме ки ислом дар сатҳи назария миллатро ҳамчун умумияти этникӣ-фарҳангӣ намепазирад, пас дар доираи тафаккури исломӣ арзишҳои миллӣ низ ҳамчун падидаи мустақил аҳамияти хос пайдо намекунанд ва таъсиси ҳамагуна низоми сиёсии миллӣ ҳамчун муқобили дин маънидод мешуд. Барои арабҳо ҳуввияти миллӣ ба он маъное, ки ғайриарабҳо онро мефаҳманд, вуҷуд надорад. Аслан арабҳо калимаи миллатро бештар ҳаммаънои «қавм», «қабила» «гурӯҳ» медонистанд, зеро муноқишаҳои миёни арабҳо қабл аз ислом  дар заминаи ҳамин тақсимот ба вуқӯъ меомаданд. Дар даврони ислом  барои аз байн бурдани муноқишаҳои қабилавӣ ва авлодии миёни арабҳо  ҳамагуна омилҳо ва аломатҳои фарқкунандаи байни мардум ба мисли авлод, қабила, забон ва ғ. мавриди инкор қарор гирифтанд.  Вале табақаи нави салбиро ба вуҷуд овард, ки то имрӯз омили ҷангу низоъ дар миёни мусулмонон аст.
Бинобар ин барои халқҳои араб масъалаи ба арзишҳои динию миллӣ тасниф кардани фарҳанги миллӣ вуҷуд надорад. Аз ин назар ақидаи сарварону намояндагони мазҳабу ҳаракатҳои исломие чун ваҳобия, салафия, ҳизбуттаҳрир ва руҳониёне, ки миллатгароиро дар ислом бидъат ҳисобида, арзишҳои миллии халқҳои мухталифро барои ислом бегона ва куфр медонанд, дар асли худ низ  ҳаракату мазҳабҳои миллатгаро  буда, тавассути истифодаи дини ислом арзишҳои миллии халқҳои дигарро инкор карда, ҳифзи манофеи давлатҳои қудратталаби аъроб ва манфиатҳои гурӯҳӣ ҳадафи ниҳоии онҳо мебошад. Инсон дорои нафс ва ғурур аст, ки тафаккури инсонро ром месозанд ва мусулмонон низ аз ин орӣ нестанд. Боло гирифтани андешаҳои сиёсӣ ва қудратталабӣ бо истифода аз ислом ва шарҳу тафсири ислом вобаста ба манфитаҳои дунявӣ  қудсияти диниро  дар тафаккури мусулмонон беарзиш кард.
Бунёди Хилофат на масъалаи динӣ балки сиёсист!
Бунёди хилофат имрӯз масъалаи сиёсӣ ва идеологӣ ҳаст на масъалаи динӣ, вале кӯшиши тақдиси он аз ҷониби баъзе уламои дин анҷом меёбад. Вале ҷавоби комили  онҳоро мо аз забони ҳазрати Умар мегӯем, ки дар нишасте гуфт: Эй писари Аббос медонӣ барои чӣ қавми араб баъд аз Муҳаммад шуморо аз хилофат манъ карданд! Аббос гуфт: Агар ман надонам ҳазрати Умар маро огоҳ мекунад. Умар гуфт: Қавми араб нописанд доштанд, ки дар хонадони Шумо ҳам нубуват ва ҳам хилофат  муҷтамеъ оянд, то Шумо соҳибони хилофат бар қавми худ фахр ва мубоҳот кунед. Бинобар ин Қурайш барои худ халифа интихоб кард. Ва дар ин амал  мувафақ шуданд. Дорул маориф; Муҳаммад Абулфазли Иброҳим ҷ.4 саҳ 222; Табъ матбаъи Истиқомат Қоҳира ҷ.3 саҳ 288. Аз ин гуфтори халифаи дуввум дақиқан маълум мешавад, ки интихоби халифа, як масъалаи ҷомеаи мусулмонӣ будааст ва сониян ҳамчун таҷрибаи ҳаётии инсон наметавонад қудсият дошта бошад, зеро қудсият бахшидан мансуб ба зоти Худованд аст. Тибқи таълимоти ислом ҳокимияти олӣ дар дасти Худост 5:44  ва инсоният бояд онро амалӣ намояд. Дар ҷомеаи мусулмонӣ таҷрибаи татбиқи он дар низоми хилофат ва имомат мавриди амал қарор гирифтааст.
Имомат усули мероси аз аҳли байти  Паёмбар дар ҳифзи дин ва роҳбарият дар умури дунявӣ. Имомат мансубияти ҳокимияти динию сиёсиро марбути хонаводаи Алӣ медонанд ва онро ҳокимияти мутлақ медонанд. Имрӯз бошад дар низоми сиёсии шиа (асноашарӣ)  идеяи «консепсияи вилояти фақеҳ» ҳамчун аркони дин маҳсуб меёбад. Дар ҳоле ки дар ислом  ҳокимияти сиёсӣ  марбути масъалаи фиқҳӣ- ҳуқуқӣ аст на эътиқодӣ. ал-Мовардӣ. ал-Аҳкам ас-султанийа ва-л-вилайат ад-динийа. – Коҳира, 1973. – с. 12. 
Хилофат бошад  дар ду мазмун, яке  таъсиси шакли низоми сиёсӣ ки бевосита умури динӣ ва дунявиро роҳбарӣ мекунад,  ва  ҳадафи  дигари он фаро гирифтани тамоми мусулмонон дар зери  низоми  сиёсии исломӣ аст. Вале маънои хилофат ҳамчун ҳокимияти сиёсӣ,  ба он халифа, ки  намояндаи Худо аст, ягон рабте надорад, зеро  ҳар як инсон фарогири ҳамон халифаи Худо мебошад ва ҳар як инсон халифа аст, пас дорои ҳамин ҳуқуқ ҳаст. Зеро  тибқи  дастури Қуръон ҳокимияти мутлақ аз Худост.
(Давом дорад)
 
Маҳрами Анварзод, котиби илмии Маркази исломшиносӣ