16 НОЯБР-РӮЗИ ПУРБАРАКОТ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Мо бояд шукрона кунем, ки Худованд барои мо баъди беш аз ҳазор сол боз неъмати давлати соҳибистиқлолро насиб гардонид. Шукронаи неъматҳои истиқлол, ки имрӯзҳо халқи ободкору созанда ва меҳанпарвару меҳнатдӯсти мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувор гузошта, онро боз ҳам барои ҳосил кардани ваҳдати миллии комил, амнияту сулҳу субот, пешрафтҳои иқтисодӣ ва ободиву шукуфоии ватани маҳбубамон қарзи шаҳрвандӣ ҳисоб мекунад. Паямбари ислом (с) мефармоянд: “ҳуббул Ватани минал имон”, яъне дӯст доштани ватан аз имон аст. Яъне Ҳуббул-ватан ин муҳофизат кардани марзу буми Ватан аст. Хизмати шоиста бар Ватан-модар кардан аст. Ин садоқат ва ростӣ аст. Ин ободу гулгулшукуфо кардани Ватан аст. Маҳз ба хотири пойдорӣ, устуворӣ, бақо ва пешрафту гулгулшукуфоии ватанамон мо бояд аз сиёсату низому дастуроти Пешвои миллат ҷонибдорӣ кунем. Мувофиқи таълимоти дини мубини ислом итоат ба Худо ва паямбару фармонравоён воҷиб аст. Шукрона кунем, ки Худованд бар мо Пешвои боадлу хирад ва одилро арзонӣ фармуд.

Худованд ба мардуми Тоҷикистон меҳрубонӣ намуда, барояш роҳбареро сари давлат овард, ки бо ҷоннисориву фидокорӣ миллати моро аз вартаи ҳалокат ва фаношавӣ наҷот дод. Худованд бар мо Пешвоеро ато кард, ки ғамхори мардмуми кишвар мебошанд. Он кас тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, ки мардуми кишвар тинҷу осуда ва зиндагии шоиста дошта бошанд. Бо ҷоннисорӣ, далериву шуҷоат, ақлу тадбир ва хиради худододи Пешвои миллат тоҷиконро сарҷамъ ва дар як мизи мудаввари сулҳ шинонида, сулҳи ногузир ва нодирро барои тамоми ҷаҳон нишон ва таълим доданд.

Сарвари давлат бо зиракии хеш дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро барои дидаи мардуми ҷаҳон, ҳамчун давлати тинҷу орому тараққикарда ва миллати тоҷикро сулҳпарвар ва меҳмондӯст муаррифӣ намуданд. Дар робита ба дини мубини ислом, чи гуна таҳаммулпазир ва сулҳҷӯ будани он ва дифо аз шаъну шарафи он, аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид ба тамоми ҷаҳон арза доштанд, ки террорист ватан, миллат ва дин надорад. Роҳбари давлат дар дохили Байтуллоҳ даст ба дуо бардошта, дар ҳаққи ватану миллат дуои хайр карданд. Имоми Аъзам мефармоянд: Ба подшоҳ ва ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияти ӯро бузург дор ва дар баъди вай дурӯғ нагӯ!

Инак, баъди заҳматҳои зиёд, рӯзи 16-уми ноябр дар рӯзи фархунда, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин чархаи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иштироки Пешвои миллат ба гардиш медарояд. Мо бо Президенти худ ифтихор дорем ва шукрона мекунем, ки Худованд бароямон чунин Пешвои додгустарро арзонӣ дошт.

Президенти мо барои мардуми тоҷик Пешво, роҳбар ва мояи ифтихори миллат мебошанд. Таманно аз даргоҳи Худованд дорем, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи Ватани маҳбубамонро абадӣ гардонад ва сарзамини биҳиштосои моро ҳамеша дар паноҳи офияташ нигоҳ дорад.

Юсуф Баротов,

имомхати масҷиди ҷомеи “Ихлос”-и шаҳри Хуҷанд

Яндекс.Метрика