Articles

«УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД…».

Садриддин Айнӣ тамоми умри бобаракаташро барои ҳамчун миллати қадимӣ эътироф гардидани тоҷикон сарф намудааст

Имрӯз зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ аст. Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик Устод Айнӣ шахсияте аст, ки бо асарҳояш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст.

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд

❗Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад,
Ин замин бо ӯ ба дунёе баробар мешавад.
То ба Айнӣ гарчи дарёи сухан шодоб буд,
То ба ӯ дар зиндагӣ пайроҳаи ноёб буд.
Мисли он рӯзе, ки онро метавон дар ёд дошт,
Дар лаби Вахшу Зарафшон мардуме бе об буд.
Ин ҳақиқат мекунад чашми маро ҳар бор тар:
Кас набуд дар Панҷрӯд аз Рӯдакӣ гумномтар.
Дар Бухоро бохабар буд мардум аз дунё агар,
Аз Алӣ буд бохабар, аз Бӯалӣ буд бехабар.

ДӮСТИ ЗИЁНКОР...

❗Дӯстат бошад зиёнкор, ай писар,
Ту тамаъ з-он дӯст бардор, ай писар.
Ҳар кӣ мегуяд бадиҳои ту фош,
Дӯст машмораш бад-ӯ ҳамдам мабош.
Дӯсти ҳаргиз макун бо бодахор,
Аз чунин кас хештанро дур дор.
Мӯъмине гар мекунад тарки закот,
Дур аз вай бош, то дорӣ ҳаёт.
Дур шав з-он кас кӣ хоҳад аз ту суд,
Гар сари худ бар қадамҳои ту суд.
Ай писар, аз судхӯрон кун ҳазар,
Хасми эшон шуд Худои додгар.
Он кӣ аз мардум ҳамегирад рибо,
Зинҳор ӯро магӯйи марҳабо.
✍️Фаридуддини Аттор.

Аз як ҳаким пурсиданд:

❗Аз як ҳаким пурсиданд:
- Чаро камбағалон нисбат ба сарватмандон дӯстона ва камтар бахиланд?
- Аз тиреза ба берун нигоҳ кунед, чӣ мебинед?
- Мебинам, ки бачаҳо дар саҳни ҳавлй бозй мекунанд.
- Акнун ба оина нигаред.
- Дар он ҷо чӣ мебинед?
- Худам.
- Мебинӣ. Ҳам тиреза ва ҳам оина аз шиша сохта шудаанд, аммо агар шумо каме нуқра илова кунед, шумо аллакай танҳо худро мебинед!

Гирдоварандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Садриддин Айнӣ ва заминаҳои иҷтимоии рушди забони адабӣ

Устод Садриддин Айнӣ дар арсаи фарҳангу адаби халқи тоҷик аз ҷеҳраҳои дуурахшон ва шахсияти намоёни миллӣ буда, дар давраи тақдирсози миллат хизмати бузурги таърихиро анҷом додааст. Дар як даврони пурихтилофу пуртаззоди таърих С.Айнӣ ба ҳайси шахсияти маъруфи фарҳангӣ ба хотири дифоъ аз арзишҳои миллӣ ва муаррифӣ сохтани таърихи миллати хеш ба майдони набарди шадиди мафкуравӣ ворид гардида, бо қатъияти тамом барои адолати иҷтимоӣ ва миллӣ мубориза бурдаааст.

Страницы

Яндекс.Метрика