Articles

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 15 апрели соли 2024 №212
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми
вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Носирзода Ҷаббор

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Носирзода Ҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 15 апрели соли 2024 №213
ш. Душанбе

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ

Имрӯз бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Исломиддин Хайриддин сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

ФАРМОНҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор
озод намудани Қосим Роҳбар

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 апрели соли 2024
№805

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури
шаҳри Душанбе озод намудани Билол И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

ҒАЗАЛИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАВЛУДАШОН.

ГУЛИ СУРХ

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам.

Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон,
Гар зи васли як парирӯ марҳаме медоштам.

Меҳнати гетӣ ба талхӣ кай рабудӣ ҷони ман,
Бӯсае гар аз лаби исодаме медоштам.

Менашуд як лаҳза фориғ ёр аз ғамхориям,
Булҳавасосо на гар тоби ғаме медоштам.

Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо,
Гар ба каф, чун аҳли олам, дирҳаме медоштам!

Тиргон - ҷашни бузурги ниёгон

Ҷашни Тиргон ба монанди Наврӯз, Меҳргон ва Садда яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор буда, аз замонҳои қадим дар миёни ин мардумон бо шукуҳ ҷашн гирифта мешуд. Оиди ин ҷашн дар сарчашмаҳои илмӣ маълмотҳои зиёде ба тариқи достону ривоятҳо нақл шудаанд. Дар гузашта ин ҷашн миёни мардумони ориёӣ бо шукуҳу шаҳомат ва шавқу шури бениҳоят таҷлил мегардид.

Страницы

Яндекс.Метрика