Articles

Директори Маркази исломшиносӣ: «Садоқат ба Ватан аз назари худшиносии динӣ ва ҳам миллӣ калиди саодат ва амнияти имрӯзу фардои миллат аст».

Риояи қатъии талаботи Конститутсия дар масъалаи ҷудоии иттиҳодияҳои динӣ аз давлат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ ва муттаҳидии неруҳои сиёсӣ атрофи арзишҳои конститутсионӣ, садоқат ба миллат, ба Ватан ва сиёсати Пешвои миллат ҳам аз назари худшиносии динӣ ва ҳам миллӣ калиди саодат ва амнияти имрӯзу фардои миллати мо аст. Чунин изҳори назар намудааст Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.

НАСИҲАТИ ПАДАР ДАР ГӮШ

“Хон! Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон, одам шав! Лекин қозӣ, раис ва имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлат!”

Насиҳати Сайидмуродҳоҷа ба писараш Садриддин

Дар акс: Устод Садриддин Айнӣ бо фарзандонашон.

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

ДАР ҲОШИЯИ СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Санаи 18 - уми апрели соли равон дар кафедраи тибби ҳарбӣ машварат-вохӯрии судманд бо иштироки сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломишиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Азимова М.М., донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ, факултети тиббӣ-профилактикӣ, факултети стоматологӣ, афсарон-омӯзгорони кафедраи тибби ҳарбӣ ва омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ гузаронида шуд.

ШАРМУ ҲАЁ ЗИНАТИ ИНСОН АСТ

Ҳар шахсе, ки бо шарму ҳаё аст ҳамеша аз хислати ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва фарҳангу ҳунар бархурдор аст.

Ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Фурӯтаниву боҳимматӣ тоҷи сари шахси бошарму ҳаё буда, ба ҳусни ӯ ҳусни дигаре зам мекунад.

Шарму ҳаё ба зебогии духтарон ҳусни дучанд зам намуда, онҳоро боз ҳам зеботару дилкаш месозанд.

Аз ин рӯ, аз чеҳари шахсоне, ки ба худ фурӯтаниву боҳимматиро пеша карданд, мудом нур меборанд.

Нуре, ки онро ҳамчун нури адаб эътирофаш карданд.

РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ ШОИРИ ФОРСУ ТОҶИК - САЪДИИ ШЕРОЗӢ ХУҶАСТА БОД!

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам бо дилситонам меравад.
Ман мондаам маҳҷур аз ӯ бечораву ранҷур аз ӯ,
Гӯӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад.
Гуфтам ба найрангу фусун пинҳон кунам рози дарун,
Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад.
Маҳмил бидор, эй сорбон, тундӣ макун бо корвон,
К-аз ишқи он сарви равон, гӯӣ, равонам меравад.
Ӯ меравад доманкашон, ман заҳри танҳоӣ чашон,
Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад.
Баргашт ёри саркашам, бигзошт айши нохушам.

Страницы

Яндекс.Метрика