Китобхона

Шаҷараи мансуб ба Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ

Ин матни шаҷараи насабии олим ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ дар шакли асл ва баргардони он ба алифбои имрўзаи тоҷикӣ бо шарҳу тавзеҳоти зарурӣ  мебошад. Мо умедворем, ки маълумоти ин шаҷаранома барои муҳақкиқони осори ин орифи тавоно ва оммаи васеи хонандагон муфид хоҳад буд.

Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар маҷмўаи сеюми мақолаҳои илмӣ масъалаҳое баррасӣ гардидаанд, ки дар доираи иҷрои лоиҳаи Барномаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзўи «Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 2015-2019) пешбинӣ шудааст. Дар зимни он ҷойгоҳи фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар ислом, ҳадафҳо ва заминаҳои пайдоиши ҳизбҳои

Чил ҳадиси набавӣ

Яҳё ибни Шарафуддин ан-Нававӣ 
Чил ҳадиси набавӣ / Аз арабӣ тарҷумаи Мутеъуллоҳ Наҷотзода – Душанбе, 2017. 
"Чил ҳадиси набавӣ" фишурдаи ҳадисҳое мебошанд, ки пояҳои асосии дини исломро баён менамоянд ва онҳо асосан аз матни китобҳои "Кутби ситта" гирифта шудаанд. Китоб барои доираи васеъи хонандагон, хусусан наврасону ҷавонон, ҳамчун воситаи муҳими тарбияи ахлоқи ҳамида тақдим мешавад.

Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ин маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ масъалаҳое баррасӣгардидаанд, ки дар доираи иҷрои лоиҳаи Барномаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзӯи «Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 2015-2019) пешбинӣ шудааст. Дар зимни он ҷойгоҳи ислом ҳамчун як унсури муҳими фарҳанги миллӣ дар ҳаёти гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистон 

Вазифаҳои Маркази исломшиносӣ дар китоби тозанашри Пешвои миллат «Уфуқҳои Истиқлол»

Вазифаҳои Маркази исломшиносӣ дар китоби тозанашри Пешвои миллат «Уфуқҳои Истиқлол»

Қуръони карим

Қуръони карим
Ин мусҳафи шариф бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума ва дар нашриёти «ЭР-граф» бо зевари табъ ороста шуд.

Хусусиятҳои равандҳо ва характерҳои сиёсӣ-идеологии исломи муосир ва масъалаи рушди давлатдории миллӣ

Дар ин маҷмўа натиҷаи таҳқиқоти илмии кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардидааст. Ҷанбаҳои мухталифи ҷараён ва равандҳои сиёсӣ ва идеологӣ дар замони муосир, заминаҳои ихтилоф ва бархўрдҳои сиёсӣ дар кишвар-ҳои исломӣ, ҷустуҷўи роҳҳои назариявию амалии бар-тараф кардани таъсири манфии бархўрди унсурҳои мил-лӣ ва динӣ дар фазои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-динии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасии ҳама-ҷонибаи гузоришҳо қарор гирифтаанд. Мо умедворем, ки маводи ин китоб барои коршиносони бахшҳои дин-шиносӣ, шарқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, таъриху адабиёт ва оммаи васеи хонандагон муфид хоҳад буд.
 
Ҳайати таҳририя: А. Раҳмонзода (раис), Ф. Баротзода (муовини раис), Р. Азизӣ, М. Маҳрамбеков
Макони чоп: Душанбе
Соли чоп: 2015