«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд. Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад». Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Китобхона

Қуръони карим

КоранҚуръони карим
Матни асл ва тарҷумаи маъноҳои он бо забони тоҷикӣ
Матни тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳоти Муҳаммадҷон Умаров
Ин мусҳафи шариф бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума ва дар нашриёти «ЭР-граф» бо зевари табъ ороста шуд.
 

ЧИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ

"Чил ҳадиси набавӣ" фишурдаи ҳадисҳое мебошанд, ки пояҳои асосии дини исломро баён менамоянд ва онҳо асосан аз матни китобҳои "Кутби ситта" гирифта шудаанд. Китоб барои доираи васеъи хонандагон, хусусан наврасону ҷавонон, ҳамчун воситаи муҳими тарбияи ахлоқи ҳамида тақдим мешавад.     

Фарҳанги рӯзадорӣ

Баротзода Файзулло. Фарҳанги рӯзадорӣ (очерки илмӣ-оммавӣ). - Душанбе, «Паёми ошно», 2016. - 60 саҳ.
Дар очерки мазкур тахлили фарогири фарханги рӯзадорӣ дар анъанаҳои халқу миллат ва динҳои гуногун мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Ҳамчунин вежагиҳои рӯзаи исломӣ, ҷузъиёти фарз гардидан, одоби риоя ва фазилатҳои он дар моҳи шарифи Рамазон бо далелхои илмӣ нишон дода шудааст. Дар бораи ҷойгузин шудани ин падидаи муҳими тақводорию парҳезкорӣ дар фарҳанги миллии тоҷикӣ аз замони Сомониён то даврони истиқлолияти давлатӣ низ маводи муҳим дарҷ шудааст. Китоб барои истифодаи оммаи васеи хонандагон пешкаш мегардад.

Саҳеҳи ал-Бухорӣ

Саҳеҳи ал-Бухорӣ
Аз арабӣ тарҷумаи Муҳаммадҷон УМАРОВ ва Файзулло БОБОЕВ
Муҳаррирон: Саиднуриддин ШАҲОБУДДИНОВ ва Салоҳуддин СОЛЕҲОВ
Ал-Бухорӣ, Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил. Саҳеҳи ал-Бухорӣ. Дар 6 ҷилд / Аз арабӣ тарҷумаи Умаров М. ва Бобоев Ф. – М.: Наука. – 2002. – Ҷ.1

Шаҷараи мансуб ба Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ

Муҳаррири масъул: Р. Азизӣ
Шаҷараи мансуб ба Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ/ Таҳияи матн,
муқаддима ва тавзеҳоти Ф. Баротзода ва А. Шарифзода –
Душанбе, «Дониш», 2015. – 36 с.
ISBN 978-99975-44-53-7

Ин матни шаҷараи насабии олим ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ дар шакли асл ва баргардони он ба алифбои имрӯзаи тоҷикї бо шарҳу тавзеҳоти зарурӣ мебошад. Мо умедворем, ки маълумоти ин шаҷаранома барои муҳаққиқони осори ин орифи тавоно ва оммаи васеи хонандагон муфид хоҳад буд.

Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Ҳайати таҳририя: А. Раҳмонзода (раис), Ф. Баротзода(муовини раис), О. Вализода, Р. Азизӣ, М. Марамбеков
Муҳаррири масъул: Ф. Баротзода
Дар ин маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ масъалаҳое баррасӣ гардидаанд, ки дар доираи иҷрои лоиҳаи Барномаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзӯи «Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 2015-2019) пешбинӣ шудааст. Дар зимни он ҷойгоҳи ислом ҳамчун як унсури муҳими фарҳанги миллӣ дар ҳаёти гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистон, таносуби миллият ва диният дар худшиносии миллат, роҳҳои аз тариқи безарар, мусолиматомез ва бо ҳифзи асолати миллӣ ва динӣ гузаштан ба марҳилаи сифатан нави эҳёи фарҳангӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами марбут ба мақом ва нақши ислом дар ҳаёти динӣ-фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеаи муосири Тоҷикистон тањлилу таҳқиқ шудаанд. Итминон дорем

Ифротгароии салафӣ: масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ

Ҳайати таҳририя: А. Раҳмонзода (раис), Ф. Баротзода (муовини раис), Р. Азизӣ, М. Марамбеков 
Муҳаррири масъул: Ф. Баротзода
Маҷмўаи мақолаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Ифротгароии салафӣ: масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ» (ш. Душанбе, 27 майи соли 2015). – Душанбе, «Дониш», 2015. – 218 с.
Дар ин маҷмӯа мақолаҳое ҷой дода шудаанд, ки ҳангоми баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Ифротгароии салафӣ: масъала-ҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ» (ш. Душанбе, 27 майи соли 2015) пешниҳод гардида буданд. Ҷанбаҳои мухталифи пайдоиш ва паҳншавии ҳаракати салафия, тобишҳои сиёсии он дар замони муосир, заминаҳои ихтилофи фиқҳӣ ва эътиқодии он бо мазҳабҳои маъмул дар киш-варҳои исломӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои назариявию амалии бартараф кардани зуҳуроти бегонаи ифротгароӣ ва пешгирии 

Усули дин

Номи китоб: Усули дин 
Муаллиф: Имом Абулюср Муҳаммади Баздавӣ
Таҳқиқи доктор Ҳанс Петер Линс
Бо таҳия ва таълиқоти доктор Аҳмад Ҳиҷозӣ ас-Саққо
Ҳайати таҳририя: А. Раҳмонзода (раис), Ф. Баротзода (муовини раис), М. Давлатзода, С Шаҳобуддинов, М. Маҳрамбеков, К. Хоҷаев, А. Бобоев, М. Алиев
Муҳаррири масъул: Ф. Баротзода
Муҳаррир: Қиёмиддин Сатторов
 «Усули дин»-и имом Баздавӣ яке аз сарчашмаҳои каломии боэътимод ва бисёр муҳимми аҳли суннат ва ҷамоат буда, со-ли 1088 милодӣ дар Самарқанд ба  забони арабӣ таълиф  шу-дааст. Муаллиф дар ин  асар мавқеи аҳли суннатро дар 96 масъалаи каломию эътиқодӣ бо далелу бурҳонҳои ақлию нақлӣ ва ба сабки бисёр равону сода баён кардааст. Тарҷумаи тоҷикии ин китоби мўътабар бо таҳқиқ ва таълиқоти лозимаи мутарҷим бори аввал дар ихтиёри

Страницы