Мақола

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ МАЪНАВИЁТИ ҶАВОНОН

Ҷавонон қувваи бузург, ояндаи давлату миллат, неруи ояндасозу умеди калонсолон, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд. Насли наврасу ҷавонро мебояд, зери ин шиорҳои умедворона қадам ниҳода кору фаъолият намоянд. 
Дар ҷомеаи имрӯзаи мо дар пешбурди соҳаҳои мухталифи кишвар мавқеи ҷавонон хеле назаррас аст. Ин қишри ҷомеа дорои афкори наву тоза, неруи муҳими таҳрикдиҳандаи иқтисод мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.

Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Самити муштараки изтирории сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ

Имрӯзҳо дар аксари сомонаҳои гуногуни интернетӣ вобаста ба ҷанги Давлати Исроил ва Давлати Фаластин ҳар гуна навиштаю нигоштаҳо, аксу видио тасвирҳо дарҷ шуда ва ба маърази бинандагон ва хонандагон вогузошта шудааст. Қисмате аз бинандагон ва хонандагони ин расонаҳо ба мақсаду ҳадафҳои асосии ин ҷанг сарфаҳм нарафта ва ё баҳогузории дуруст карда натавониста, ба эҳсосот роҳ медиҳанд ва ҳамоишҳои ғайриқонуниро баргузор менамоянд.

ИҶЛОСИЯИ 16-УМ - САРОҒОЗИ СОЗАНДАГӢ ВА БУНЁДКОРӢ (БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН)

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни саодатофар барои мардуми кишвар

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2016 Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд. Парлумони Тоҷикистон соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзҳои ид” тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки дар асоси он санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
 

ЁДИ "ШАЙХИ ШАРҚШИНОСОН" -И РУС ГИРОМӢ БОД!

Василий Владимирович Бартолд 15 ноябри соли 1869 дар шаҳри Санкт Петербург дар хонаводаи шахси доро ба дунё омадааст.
Асли аҷдодаш аз Ҳамбург буда, ба Россия муҳоҷир шудаанд. Ниёгони падарияш аз мардуми минтақаи соҳили дарёи Балтик будаанд.

Ҷашни худшиносӣ, бозгашт ба асолати миллӣ ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Пешвои миллат

16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, зимни он фарзанди ҷасуру диловари миллат – Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ дар шаҳри Риёз

Санаи 11 – уми  ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ доир гардид ва дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Амнияти Ватан неъматест, ки сазовори шукр аст (ДАР ҲОШИЯИ СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР САММИТИ МУШТАРАКИ ИЗТИРОРИИ АРАБИЮ ИСЛОМӢ, КИ ДАР ШАҲРИ РИЁЗИ АРАБИСТОНИ САУДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД)

Сулҳу субот беҳтарин дастовард барои инсоният дар ҳар давру замон маҳсуб мешавад. 
 
Иштироки Пешвои миллат ва ибтикороту пешниҳодоте, ки дар дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ доштанд, ҳам барои ҷомеаи башарӣ ва ҳам барои ҳимояи мардуми мазлуми Фаластин саривақтӣ судманд буд.
 

Страницы

Яндекс.Метрика